Category: Ахборот

ТАШРИФИ ҲАЙАТИ НАМОЯНДАГОНИ ВАЗОРАТИ САНОАТ ВА САВДОИ ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ ВА ШӮРОИ ДОИРАҲОИ СОҲИБКОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ФЕДЕРАТСИЯИ  РОССИЯ    БА МАЪМУРИЯТИ МОИ “СУҒД”

ТАШРИФИ ҲАЙАТИ НАМОЯНДАГОНИ ВАЗОРАТИ САНОАТ ВА САВДОИ ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ ВА ШӮРОИ ДОИРАҲОИ СОҲИБКОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ БА МАЪМУРИЯТИ МОИ “СУҒД”

18  январи соли ҷорӣ ба МОИ «Суғд» таҳди роҳбарии муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ , ҳайати намояндагони Вазорати саноат ва савдои Федератсияи Россия ва Шӯрои доираҳои соҳибкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия  бо мақсади шиносоӣ аз фаъолияти МОИ “Суғд” ва густариши робитаҳои сармоягузорӣ ва истеҳсолию тиҷоратӣ ташриф оварданд. 

 Роҳбари маъмурияти МОИ “Суғд” Камолиддинзода И. дар даромадгоҳи МОИ “Суғд” меҳмононро хуш пазируфта, ба меҳмонон оиди фаъолият, имтиёз ва бартариҳои МОИ “Суғд” маълумоти мушаххас доданд.

Сипас, меҳмонон аз як қатор субъектҳоии МОИ “Суғд” аз ҷумла: ҶДММ КМ ТТ “Таҷпроф” ,  ҶДММ “Азияполитекс”, ва  ҶДММ КФ “Фартуна Ко” дидан намуда, бо масъулини корхонаҳо ҳамсуҳбат шуданд.

Маълумоти бештар
ТАШРИФИ ҲАЙАТИ СОҲИБКОРОНИ ҶУМҲУРИИ ХАЛҚИИ ХИТОЙ БА МАЪМУРИЯТИ МОИ “СУҒД”

ТАШРИФИ ҲАЙАТИ СОҲИБКОРОНИ ҶУМҲУРИИ ХАЛҚИИ ХИТОЙ БА МАЪМУРИЯТИ МОИ “СУҒД”

18  январи соли ҷорӣ ба МОИ «Суғд» ҳайати соҳибкорони Ҷумҳурии Халқии Хитой бо мақсади шиносоӣ аз фаъолияти МОИ “Суғд” ва  ҳамкорӣ намудан ташриф оварданд. 

 Намояндагони маъмурияти МОИ “Суғд” дар маҷлисгоҳи МОИ “Суғд” меҳмононро хуш пазируфта, ба меҳмонон оиди фаъолият, имтиёз ва бартариҳои МОИ “Суғд” маълумоти мушаххас доданд. Пас аз мулоқоти судманд соҳибкорони Ҷумҳурии Халқии Хитой қайд намуданд, ки дар оянда хоҳиши субъекти МОИ “Суғд”  шуданро доранд.

Сипас, меҳмонон аз корхонаҳои МОИ “Суғд” аз ҷумла: ҶДММ “Азияполитекс”,  ва ҶДММ КФ “Фортуна Ко” дидан намуда, бо масъулини корхонаҳо ҳамсуҳбат шуданд.

Маълумоти бештар
ТАШРИФИ ҲАЙАТИ СОҲИБКОРОНИ ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ БА МАЪМУРИЯТИ МОИ “СУҒД”

ТАШРИФИ ҲАЙАТИ СОҲИБКОРОНИ ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ БА МАЪМУРИЯТИ МОИ “СУҒД”

12  январи соли ҷорӣ ба МОИ «Суғд» ҳайати соҳибкорони Федератсияи Россия бо мақсади шиносоӣ аз фаъолияти МОИ “Суғд” ва  ҳамкорӣ намудан ташриф оварданд.  

 Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Камолиддинзода И.Ҷ. дар даромадгоҳи МОИ “Суғд” меҳмононро хуш пазируфта, ба меҳмонон оиди фаъолият, имтиёз ва бартариҳои МОИ “Суғд” маълумоти мушаххас доданд.

Сипас, меҳмонон аз як қатор корхонаҳои МОИ “Суғд” аз ҷумла: ҶДММ “Азияполитекс”,  ҶДММ КФ “Фартуна Ко” ва ҶДММ КМ ТТ “Таҷпроф” дидан намуда, бо масъулини корхонаҳо ҳамсуҳбат шуданд.

Маълумоти бештар
ТАШРИФИ ҲАЙАТИ ВАКИЛОНИ ИНСТИТУТИ ХИМИЯ-ТЕХНОЛОГИИ ШАҲРИ ТОШКАНДИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН БА МАЪМУРИЯТИ МОИ “СУҒД”

ТАШРИФИ ҲАЙАТИ ВАКИЛОНИ ИНСТИТУТИ ХИМИЯ-ТЕХНОЛОГИИ ШАҲРИ ТОШКАНДИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН БА МАЪМУРИЯТИ МОИ “СУҒД”

15  декабри соли ҷорӣ ба МОИ «Суғд» доираи вакилони Институти химия-технологии шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳти роҳбарии муовини ректор Шернаев А.Н. бо мақсади шиносоӣ аз фаъолияти МОИ “Суғд” ва  ҳамкорӣ намудан ташриф оварданд.  

Муовини Роҳбари маъмурияти МОИ “Суғд” Ҳакимов Н.А. меҳмононро хуш пазируфта, дар толори Донишкадаи саноат ва хизматрасонӣ мулоқоти судманд гузаронида шуд, ки дар он тариқи рӯнамо ба меҳмонон оиди фаъолият, имтиёз ва бартариҳои МОИ “Суғд” маълумот пешкаш карда шуд.

Сипас, меҳмонон аз як қатор корхонаҳои МОИ “Суғд” аз ҷумла: ҶДММ “Азияполитекс”,  ҶДММ КФ “Фортуна Ко”, ҶДММ КМ ТТ “Арча мебел” ва ҶДММ КМ ТТ “Силкоат бойя” дидан намуда, бо масъулини корхонаҳо ҳамсуҳбат шуданд.

 

Маълумоти бештар
СУПОРИДАНИ ШАҲОДАТНОМАИ НАВБАТӢ БА СУБЪЕКТИ НАВИ МОИ “СУҒД” – ҶДММ “САЙР СУҒД”

СУПОРИДАНИ ШАҲОДАТНОМАИ НАВБАТӢ БА СУБЪЕКТИ НАВИ МОИ “СУҒД” – ҶДММ “САЙР СУҒД”

Маъмурияти МОИ “Суғд” Шаҳодатнома барои фаъолият ба субъекти навбатии худ, ба  ҶДММ “Сайри Суғд” тақдим намуд.

Роҳбари ҷамъияти мазкур Умаров Мирзоҷон Якубович мебошад. Ҳудуди корхона 5 гектарро ташкил намуда,  дар оянда асосан истеҳсоли маҳсулотҳо аз  металлу  пластмасса ба монанди дучархаҳои хурд ва калон ба роҳ монда шуда, ҳаҷми истеҳсоли молҳои воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда бо иқтидори 50 ҳазор адад дар як сол ташкил медиҳад.      

Корхонаи мазкур дар оянда нақша дорад, ки маҳсулоти худро ба Ҷумҳуриҳои Узбекистон, Қазоқистон, Россия ва Қирғизистон содирот намояд.  

Маълумоти бештар
ТАШРИФИ  ҲАЙАТИ НАМОЯНДАГОНИ ВИЛОЯТИ СВЕРДЛОВСКИ ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ БА МОИ “СУҒД”

ТАШРИФИ ҲАЙАТИ НАМОЯНДАГОНИ ВИЛОЯТИ СВЕРДЛОВСКИ ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ БА МОИ “СУҒД”

30 Ноябри соли ҷорӣ ба МОИ “Суғд” соҳибкорони вилояти Свердловски Федератсияи Россия таҳти роҳбарии муовини директори генералӣ оид ба ҷалби сармоягузории вилояти Свердловски Федератсияи Россия, ҷаноби Евгений Тарасевич бо мақсади шиносоӣ аз фаъолияти МОИ “Суғд” ва ҳамкорӣ намудан ташриф оварданд.

 Муовини Роҳбари маъмурияти МОИ “Суғд” Ҳакимов Н.А. меҳмононро хуш пазируфта, бо фаъолияти якчанд субъектҳои минтақа, аз ҷумла: ҶДММ “Азияполитекс” ва ҶДММ КФ “Фортуна Ко”  шинос намуданд.

 

Ҳангоми боздид меҳмонон бо масъулини корхонаҳо ҳамсӯҳбат шуда, хоҳиши дар оянда ҳамкорӣ карданро қайд намуданд.

 

   

Маълумоти бештар
Ташрифи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба МОИ “Суғд”

Ташрифи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба МОИ “Суғд”

09 ноябри соли 2023 Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарама Элза Пинёл ба МОИ “Суғд” ташриф оварданд.  Муовини якуми роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд”  Зикриёзода Суҳроб меҳмононро бо фаъолият ва шароиту имкониятҳои МОИ “Суғд” шинос намуда, иброз гардид, ки ҳамкориҳоро бо доираҳои тиҷоратии Фаронса вусъат дода мешавад.

Дар навбати худ Сафир, Элза Пинёл иброз намуд, ки барои густаришӣ ҳамкории дуҷониба кӯшиш намуда, дар ин самт бо доираи соҳибкории фаронса корбарӣ менамояд.

Сипас меҳмонон аз фаъолияти ва маҳсулоти истеҳсолшавандаи ширкатҳо аз ҷумла  ҶДММ “Азияполитекс”,  ҶДММ “КФ Фартуна-Ко” дидан  намуданд.

Маълумоти бештар
Ташрифи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба МОИ “Суғд”

Ташрифи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба МОИ “Суғд”

Санаи 09 ноябри соли 2023 Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Туреханов В.А. якҷо бо намояндагони сафорати мазкур ба МОИ “Суғд” ташриф оварданд. 

Муовини якуми роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Зикриёзода С. меҳмононро бо фаъолият ва шароиту имкониятҳои МОИ “Суғд” шинос намуд.

Сипас меҳмонон аз фаъолияти  ҶДММ “Азияполитекс”,  ҶДММ “КФ Фартуна-Ко” ҶДММ “Арча мебел” ва ҶДММ “Силкоат Бойя” дидан  намуданд.  

Маълумоти бештар
Маъмурияти МОИ “Суғд” бо ҶДММ “Ширкати машваратии мушовирон” Ёддошти тафоҳум ба имзо расонид

Маъмурияти МОИ “Суғд” бо ҶДММ “Ширкати машваратии мушовирон” Ёддошти тафоҳум ба имзо расонид

Санаи 7 ноябри соли 2023 роҳбари Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” Камолиддтнзода Илёсиддин бо роҳбари ҶДММ “Ширкати машваратии мушовирон” Бурҳонов Меҳрубон Саидакобирович, Ёддошти тафоҳуми ба имзо расонидаанд.

Мақсади асосии ба имзо расонидани Ёддошти тафоҳуми фаъолияти муштарак ва вусъат додани ҳамкории дуҷониба барои дар якҷоягӣ рақамикунонии соҳаҳо, рушди инноватсия, омодасозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ, машваратдиҳӣ дар соҳаҳои гуногуни тиҷорат, махсусан машварат барои рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва рақамикунонии соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт мебошад.

Маъмурияти Минтақаи  озоди иқтисодии «Суғд» барои рушди фаъолияти дуҷониба дар доираи ҳуҷҷати мазкур чораҳо андешида барои ҷалби сармоягузорони ватанию хориҷӣ татбирҳои зарури  ба нақша гирифта истодаанд.

Маълумоти бештар
loading