
ТАЪСИСИ ДУ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲХДТ ДАР МОИ “СУҒД”
Дар доираи татбиқи ҳадафҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, санаи 30-юми июни соли 2026 дар маҷлисгоҳи Маъмурияти МОИ “Суғд” маҷлиси муассисони ҶДММ КФ “Фортуна-Ко” ва ҶДММ “Тоҷпанел” баргузор гардида, ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ бо номҳои “Фортуна-Ко” ва “Тоҷпанел” таъсис дода шуданд.
Дар маҷлис Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Муҳаммадзода Муҳаммад Султон, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Мунзифа Ҷабборӣ, кормандони Маъмурияти МОИ “Суғд”, роҳбари корхонаҳо, фаъолони ҳизб ва кормандони субъектҳои МОИ “Суғд” иштирок намуданд.
Ҳамзамон дар идомаи маҷлис интихоби роҳбарияти ташкилотҳои ибтидоии навтаъсис ва тасдиқи ҳайат мавриди баррасӣ қарор гирифта, қарорҳои дахлдор якдилона қабул шуданд. Ҳамчунин дар фазои тантанавӣ 60 нафар кормандони фаъоли субъектҳои МОИ “Суғд” ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қабул гардида, ба онҳо шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.
Дар анҷоми чорабинӣ роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ва роҳбарияти Маъмурияти МОИ “Суғд” аъзоёни нави ҳизбро самимона табрик намуда, баҳри рушди истеҳсолот ва пешрафти иқтисодиву иҷтимоии мамлакат саҳми назаррас гузоштанро қайд намуданд.















