
Ҷаласаи панелӣ дар мавзӯи «Чӣ гуна занони соҳибкор метавонанд маҳсулоти маҳаллиро ба имкониятҳои минтақавии соҳибкорӣ табдил диҳанд»
18 июни соли 2026 дар доираи Намоишгоҳи байналмилалии савдо «Суғд-2026» Дафтари барномавии САҲА дар Душанбе чорабинии ҳамзамонро таҳти унвони «Аз МОИ то содироти онлайн» баргузор намуд, ки ба омӯзиши роҳҳои амалии густариши фаъолияти соҳибкории таҳти роҳбарии занон тавассути тиҷорати электронии фаромарзӣ бахшида шуда буд.
Дар ҷаласаи панелӣ намояндагони соҳибкорӣ аз кишварҳои Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон, инчунин намояндагони Маъмурияти МОИ «Суғд» ва занони соҳибкоре, ки фаъолияти худро дар ҳудуди МОИ «Суғд» ба роҳ мондаанд, иштирок ва суханронӣ намуданд.
Қаюмова М., сардори шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ ва ҷалби сармоягузории Маъмурияти МОИ «Суғд», ҳамчун намояндаи Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» зимни суханронии худ қайд намуд, ки МОИ танҳо ҳудудҳои дорои имтиёзҳо нестанд, балки платформаҳои омода барои воридшавии бемамониат ба бозорҳои байналмилалӣ мебошанд. Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки рушди соҳибкории таҳти роҳбарии занон тавассути тиҷорати электронии фаромарзӣ имрӯз ба яке аз масъалаҳои мубрам табдил ёфта, фурӯши маҳсулот тавассути маркетплейсҳо имкониятҳои бештарро барои пешбурди фаъолияти тиҷоратӣ фароҳам меорад.
Ҳамчунин дар ҷаласаи панелӣ Файзуллоева Ш. бо муаррифии муфассал оид ба имтиёзҳо ва афзалиятҳои пешниҳоднамудаи Маъмурияти МОИ «Суғд» баромад намуд.
Инчунин роҳбари ҶДММ «Донаи Алмос» Хазратзода О. рӯнамоии муфассалро оид ба фаъолияти кунунӣ ва дурнамои рушди корхона пешниҳод намуд.
Бо дастгирии занони соҳибкор тавассути дониш, робитаҳои корӣ ва дастрасӣ ба имкониятҳои тиҷорати рақамӣ, САҲА ба таҳкими ҳуқуқу имкониятҳои иқтисодии занон ва рушди ҳамкориҳои иқтисодии минтақавӣ мусоидат намуд.






