Шиносоии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз корхонаҳои ифтитоҳшуда дар Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд”

Шиносоии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз корхонаҳои ифтитоҳшуда дар Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд”

Шиносоии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз корхонаҳои ифтитоҳшуда дар Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд”

 
8 июли соли 2026 Вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ зимни сафари корӣ ба вилояти Суғд аз корхонаҳои ифтитоҳшуда дар Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд”, аз ҷумла аз ҶДММ “Суғд Агро Трейд”, ҶДММ “Синтай Метал Суғд” ва ҶДММ “Сомон Кейс” дидан намуд.
Зимни боздид аз корхонаҳои мазкур ва мулоқот бо роҳбарону намояндагони онҳо Вазири рушди иқтисод ва савдо қайд кард, ки бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар тамоми шароитҳо ба соҳибкорону сармоягузорони дохилию хориҷӣ барои таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ фароҳам оварда шудааст.
Корхонаҳои қайдгардида ба истеҳсол, коркард ва банду басти инноватсионии молу маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда машғул буда, зиёда аз 180 чойҳои нави кориро таъсис доданд.
Аз ҷумла ҶДММ “Суғд Агро Трейд” самти фаъолияташ истеҳсол, коркард ва банду басти инноватсионии биринҷ буда, имконият дорад, ки дар як сол то 30 ҳазор тонна биринҷро коркард намояд.
ҶДММ “Синтай Метал Суғд” бошад ба коркарди дуюмдараҷаи хокаи кимиёвӣ машғул буда, имконияти коркарди 3000 тонна марганетс ва сурмаро дар як сол дорад.
Инчунин самти фаъолияти ҶДММ “Сомон Кейс” истеҳсоли чувздони мактабӣ буда, то 3000 дона ҷувздонро дар як моҳ истеҳсол менамояд.
 
 
 
 
loading