Макон

МОИ “Суғд” дар минтақаи саноатии ҷанубу-ғарбии ш. Хуҷанд ҷойгир аст.

Маконии ҷойгиршавии МОИ бо назардошти мавҷудияти инфрасохтори саноатӣ ва хатҳои алоқа, наздикии макони зисти сокинони ш. Хуҷанд, мавҷудияти купуки нав дар дарёи Сир ва имконияти дар оянда кашидани хати роҳи оҳан барои пайвасткунии МОИ “Суғд”интихоб карда шудааст.

Яке аз хусусиятҳои муҳим дар интихоби ҷой барои ташкили бизнес, мавқеи ҷуғрофӣ ба ҳисоб меравад. МОИ “Суғд” барои он корхонаҳое, ки мехоҳанд бо содироти мол машғул шаванд, муносиб аст. Шабакаи роҳҳои нақлиётии ш.Хуҷанд барои содироти молу маҳсулот ва тиҷорат бо давлатҳои хориҷи дуру наздик имконият медиҳад.

Шоҳроҳи нави автомобилгард аз назди даромадгоҳи асосии МОИ мегузарад.

loading