Category: Ахборот

ҶУСТУҶӮИ ИМКОНИЯТҲОИ ШАРИКӢ БО ШИРКАТҲОИ ЧИНӢ

ҶУСТУҶӮИ ИМКОНИЯТҲОИ ШАРИКӢ БО ШИРКАТҲОИ ЧИНӢ

Санаи 14 майи соли ҷорӣ, дар музофоти Синзяни Чин, Форуми байнулмилалии иқтисодӣ бо мақсади дарёфт ва роҳандозии шарикӣ бо соҳибкорон ва гурӯҳҳои тиҷоратии кишварҳои хориҷи дуру наздик, инчунин намоиши дастовардҳои корхонаҳои маҳаллӣ дар истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир, ки бо ташаббуси Yiwu International Trade Group Co. (Ассотсиатсияи ширкатҳои тиҷоратии шаҳри Иу) созмон дода шудааст, оғоз гардид

Ҷиҳати ширкат дар ин ҳамоиш дар қатори шумораи зиёди вакилони кишваҳои хориҷӣ, Роҳбари маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии Суғд – Муҳаммадзода Муҳаммад Султон низ даъват шуда буд.

Дар рӯзи нахустини Форум, пас аз маросими ифтитоҳӣ, меҳмонон аз Минтақаи озоди иқтисодии шаҳри Қашғар дидан намуданд, ки дар он байни роҳбарияти МОИ «Суғд» ва МОИ «Қашғар» ёддошти тафоҳум таҳти омӯзиш ва ҷустуҷӯи имкониятҳои роҳандозии ҳамкорӣ ба имзо расид.

Баъдан, вохӯрии иштирокчиёни Форум бо шахсони расмӣ ва соҳибкорони шаҳри Қашғар баргузор гардид, ки дар он имкониятҳои барпосозии ҳамкории ширкатҳои маҳаллӣ бо мамлакатҳои вакил, аз ҷумла бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар самти савдои мутақобилан судманд ва истеҳсоли маҳсулоти дорои сифати баланд ва серталаб муҳокима карда шуд. Дар рафти нишастҳои мушаххасии B2B Роҳбари МОИ «Сугд» гуфтугузор бо якчанд соҳибкорон ва намояндагони ширкатҳои чинӣ баргузор намуд, ки дар онҳо имкониятҳо ва истиқболи ҳамкорӣ ҷиҳати ташкили корхонаҳои муштараки саноатӣ дар ҳудуди МОИ «Сугд» баррасӣ карда шуданд. 

Дар охири рӯзи нахустини Форум ҷаласаи васеъи корӣ байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистону Чин ташкил карда шуда, дар он масъалаҳои муҳими барпо намудани ҳамкории дуҷониба муҳокима карда шуданд. Ҳамчунин, дар анҷоми ҷаласа якчанд ёддоштҳои тафоҳум ва созишномаҳои ҳамкорӣ байни намояндагони ду кишвари ба ҳам дӯст баста шуанд.

Кори Форум то санаи 21-уми май соли 2024 идома меёбад…

Маълумоти бештар
АЁДАТИ ИШТИРОКЧИЁНИ АҚИБГОҲИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ ДАР НОҲИЯИ Б. ҒАФУРОВ

АЁДАТИ ИШТИРОКЧИЁНИ АҚИБГОҲИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ ДАР НОҲИЯИ Б. ҒАФУРОВ

Санаи 9-уми майи соли 2024 дар  асоси дастуру супоришҳои Раиси вилояти Суғд мӯҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Муҳаммадзода Муҳаммад Султон бахшида ба таҷлили ҷашни 79-умин солгарди Иди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ иштирокчиёни ақибгоҳ дар Ҷанги Бузурги Ватаниро аёдат намуданд.

Дар ҷараёни аёдат Муҳаммадзода Муҳаммад Султон зикр намуд, ки ҳеҷ гоҳ хизмату ҷонбозиҳои иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ фаромӯш намешавад ва онҳо пайваста зери таваҷҷӯҳи доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд ва зимни суханронӣ инчунин табрикоти Раиси вилояти Суғдро ба онҳо расонид.

Иштирокчиёни ақибгоҳи ҷанг аз ин ғамхорӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд мӯҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода миннатдории худро баён дошта ва ҷиҳати ободии Ватан ва пешрафту тараққиёти он  дуои нек карданд.

Зимни аёдат ба онҳо кӯмаки молиявӣ расонида шуд.

    

Маълумоти бештар
МАРОСИМИ ГУЛЧАМБАРГУЗОРӢ БАХШИДА БА 79-УМИН СОЛГАРДИ РӮЗИ ҒАЛАБА

МАРОСИМИ ГУЛЧАМБАРГУЗОРӢ БАХШИДА БА 79-УМИН СОЛГАРДИ РӮЗИ ҒАЛАБА

Субҳи имрӯз санаи 08 майи соли 2024 дар назди Муҷассамаи ёдгориҳои шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, воқеъ дар маркази шаҳри Хуҷанд, чорабинии тантанавӣ бахшида ба таҷлили 79-умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 баргузор гардид, ки Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Муҳаммадзода Муҳаммад Султон бо намояндагони маъмурият дар ин чорабинӣ иштирок намуданд.

Ба ин муносибат дар чорабинии роҳбарону намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд, собиқадорони ҷангу меҳнат, роҳбарони моқамоти ҳифзи ҳуқуқ, фаъолони шаҳр, кормандони муассисаҳову ташкилотҳо иштирок доштанд.

Дар маросими гулчамбаргузорӣ, бо мақсади гиромидошти хотираи шаҳидони ҷанг, роҳбарияти Маъмурияти МОИ “Суғд” дар пояи муҷассамаи ёдгории  шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, санги ёдгории ҷанговарони байналмиллал ва бақароркунандагони сохти конститутсионӣ гулчамбар гузошта, бо лаҳзаи хомӯши хотираи қурбониёнро пос доштанд.    

Маълумоти бештар
СУПОРИДАНИ ТАСДИҚНОМА БАРОИ ҲУҚУКИ ИСТИФОДА АЗ ИМТИЁЗҲОИ  МОИ «СУҒД» БА ҶДММ “СОМОНӢ ШАҲРСОЗ”

СУПОРИДАНИ ТАСДИҚНОМА БАРОИ ҲУҚУКИ ИСТИФОДА АЗ ИМТИЁЗҲОИ МОИ «СУҒД» БА ҶДММ “СОМОНӢ ШАҲРСОЗ”

Санаи 4 майи соли 2024 дар Маъмурияти МОИ «Суғд» маросими супоридани Тасдиқнома ба корхонаи нав, ки мақоми субъекти МОИ «Суғд»-ро тасдиқ мекунад, баргузор гардид.

Фаъолияти ҶДММ “Сомонӣ Шаҳрсоз” афзалиятнок ва  иноватсионӣ буда, ба шартҳои МОИ “Суғд” ҷавобгӯ мебошад.

Тибқи Лоиҳа ҶДММ “Сомонӣ Шаҳрсоз” истеҳсоли батареяҳои офтобӣ, автомобилӣ ва пешниҳоди ҳаргуна намудҳои хизматрасониро роҳандозӣ менамояд.

Дар фарҷом роҳбари Маъмурияти МОИ «Суғд» Муҳаммадзода Муҳаммад Султон ба директори Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Сомомнӣ Шаҳрсоз» дар фаъолияташ муваффақиятҳо ва натиҷаҳои назаррасро орзу намуд.

Маълумоти бештар
ИШТИРОКИ СУБЪЕКТОНИ МОИ “СУҒД” ДАР НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ УНИВЕРСАЛИИ “ТОҶИКИСТОН-2024”.

ИШТИРОКИ СУБЪЕКТОНИ МОИ “СУҒД” ДАР НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ УНИВЕРСАЛИИ “ТОҶИКИСТОН-2024”.

Санаи 3 майи соли 2024 дар маҷмааи «Манеж»-и шаҳри Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2024» ифтитоҳ гардид, ки дар он молу маҳсулоти  65 ширкату корхонаҳои ватанӣ ва хориҷӣ ба намоиш гузошта шудаанд.

Намоишгоҳ аз ҷониби Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуда, то 5 май идома менамояд. Дар он ширкатҳои ватаниву хориҷӣ, аз ҷумла  Русия, Беларус, Узбекистон, Чин, Покистон ва  Туркия намунаи маҳсулоти мошинсозӣ, маводи кимиё, саноати сабук, нассоҷӣ, дорусозӣ, инчунин масолеҳи сохтмониро муаррифӣ доранд.

Ҳадаф аз баргузории намоишгоҳ ин муаррифии молу маҳсулоти ватанӣ, ворид намудани технологияи нав, ҷалби сармоя ва таъсиси корхонаҳои муштарак мебошад.

Барои тақвият додани ҳамкориҳо дар соҳаи саноатӣ, истеҳсолот ва хизматрасонӣ дар Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2024» дар қатори корхонаҳои бонуфузи истеҳсолии кишвар, субъектони МОИ “Суғд” аз лиҳози ҶДММ КМ ТТ “Арча-мебел”, ҶДММ “КФ Фартуна-Ко”, ҶДММ КМ “Силкоат Бойя” ва ҶДММ “Стар Пласт” иштирок намуда, маҳсулоти истеҳсолкардаи худро муаррифӣ намуданд.

 

Аксҳо аз ҷараёни баргузории намоишгоҳ

Маълумоти бештар
ТАШРИФИ НАМОЯНДАГОНИ ПАРЛУМОНИ ҶУМҲУРИИ ФЕДЕРАЛИИ ОЛМОН БА МАЪМУРИЯТИ МОИ “СУҒД”

ТАШРИФИ НАМОЯНДАГОНИ ПАРЛУМОНИ ҶУМҲУРИИ ФЕДЕРАЛИИ ОЛМОН БА МАЪМУРИЯТИ МОИ “СУҒД”

2 майи соли 2024 ба МОИ «Суғд» намояндагони парлумони Ҷумҳурии Федералии Олмон таҳти роҳбарии муовини Сафири Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади шиносоӣ аз фаъолияти МОИ “Суғд” ташриф оварданд. 

     Роҳбари маъмурияти МОИ “Суғд” Муҳаммадзода Муҳаммад Султон, дар даромадгоҳи МОИ “Суғд” меҳмонони олиқадрро хуш пазируфта, оиди фаъолият, имтиёз ва бартариҳои МОИ “Суғд” маълумоти мушаххас доданд.

 

     Сипас, меҳмонон аз субъекти МОИ “Суғд” ,ҶДММ КМ ТТ “Арча-мебел” дидан намуда, бо роҳбарияти корхона ҳамсӯҳбат гардидаанд.

Маълумоти бештар
Вохурии намояндагони Маъмурияти МОИ “Суғд” бо устодон ва донишҷуёни Муассисаи таълимии ғайридавлатии “Донишкадаи саноат ва хизматратрасонӣ” ва намояндагони субъектони МОИ “Суғд”.

Вохурии намояндагони Маъмурияти МОИ “Суғд” бо устодон ва донишҷуёни Муассисаи таълимии ғайридавлатии “Донишкадаи саноат ва хизматратрасонӣ” ва намояндагони субъектони МОИ “Суғд”.

Санаҳои  17-18 апрели соли 2024 дар асоси фармоиши Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” аз 11 апрели соли 2024 таҳти №06, намояндагони Маъмурияти МОИ “Суғд” дар толори Муассисаи таълимии ғайридавлатии “Донишкадаи саноат ва хизматрасони” бо  устодон ва донишҷӯёни донишкадаи мазкур ва санаи 18 апрели соли 2024 бо намояндагони субъектони МОИ “Суғд” оиди суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар, ки дар Кохи Ваҳдати шаҳри Душанбе санаи 9 марти соли 2024  баргузор гардида буд, вохурӣ баргузор намуданд.

Ректори “Донишкадаи саноат ва хизматрасонӣ”, Холиқов М., сухани ифтитоҳиро оғоз бахшида ҳозиринро бо рӯзномаи ҷаласа шинос намуд ва суханро ба муовини якуми Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд”, Зикриёзода С., дод.

Сипас Зикриёзода С. доир ба паҳлуҳои асосии суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар, ки дар Кохи Ваҳдати шаҳри Душанбе санаи 9 марти соли 2024 баргузор гардида буд, баромад намуд. Ҳамчунин ҳуқуқшиноси Маъмурияти МОИ “Суғд” Носиров М., доир ба  риояи Қонунгузориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон: “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи танзиму анъана ва ҷашну маросимҳо”, “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” ҳамчунин доир ба соли 2024 эълон гаштани соли маърифати ҳуқуқӣ баромад намуд.

Инчунин дар рафти вохури оид ба  моҳияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат бо коррупсия ” масъалаҳои хавфҳои  коррупсионӣ ва пешгирии он мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дода шуданд.

Маълумоти бештар
Ҷаласаи кории Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” доир ба “Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар” бо кормандони Маъмурияти МОИ “Суғд”

Ҷаласаи кории Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” доир ба “Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар” бо кормандони Маъмурияти МОИ “Суғд”

Санаи 11 апрели соли 2024 дар маҷлисгоҳи Маъмурияти МОИ “Суғд” Роҳбари Маъмурият Муҳаммадзода  Муҳамад Султон  доир ба “Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар” ки санаи 9 марти соли 2024 баргузор гардида буд, ба аҳли кормандони Маъмурияти МОИ “Суғд” оид ба мӯҳтавои ин баромади муҳим суханронӣ намуданд.

Ҳамчунин Роҳбари Маъмурият қайд намуданд, ки ҳар яки мо бояд ҳисси баланди вадтандӯстӣ дошта бошем ва ба аҳли ҷомеа бояд корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронем то ватану миллати хешро дӯст доранд ва барои ояндаи Ватан, давлат миллат масъулияти баланд дошта бошанд. Чи тавре, ки Пешвои миллат  дар суханрониашон қайд намуданд: “Мо бояд иттиходу ҳамбастагӣ, сулҳу суботи ҷомеа ва ваҳдати миллиамонро, ки ҷавшани миллии мо дар муқобили хатарҳои замони муосир мебошанд, чун гавҳараки чашм ҳифз кунем, зеро қудрати мо дар иттиҳоду сарҷамъӣ, ватандӯстӣ ва заҳмати содиқонаи мо ба хотири ободии Ватан ва рушди давлатамон аст”.

Дар рафти ҷаласса ба масъулин супориш вогузор намуд, ки шахсони мутассади ва гуруҳи кори тибқи фармон таъин карда шуда ба корхонаҳои ҳудуди МОИ “Суғд” оиди суханони презеденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар ба пурраги шинос намуда корҳои фаҳмондадиҳи гузаронида шавад.

Дар хотимаи ҷаласа Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Муҳаммадзода Муҳаммад Султон хоҳиш ва иброз намуд, ки ҳар як корманди маъмурият масъулияти баланди ватанпарастиву ватандӯстиро ҳис намуда, баҳри сулҳу субот ва ороми дар кишвар якумин аз оилаи худ, ба фарзандону, наберагон, хеше ақрабову ҳамсоягон корҳои фахмондадиҳӣ ташкил намоянд.

Маълумоти бештар
Сухани табрикотии Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” ба мардуми шаҳри Истиқлол

Сухани табрикотии Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” ба мардуми шаҳри Истиқлол

Санаи 10 апрели соли 2024 Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Муҳаммадзода Муҳаммад Султон Паёми табрикотии Раиси вилояти Суғд мӯҳтарам Раҷаббой Аҳмадзодаро ба мардуми шаҳри Истиқлол баён намуда, чунин таманиётҳоро зикр намуд.

Иди саиди Фитр ифодагари беҳтарин арзишҳои олии инсонӣ – сабру таҳаммул, накўкорӣ, раҳму шафқат ва меҳру муҳаббат буда, ҳамасола дар кишвари соҳибистиқлоли мо бо ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва шарофати озодиву соҳибистиқлолии Ватани маҳбубамон дар сатҳи баланд таҷлил мегардад.

 

Дар рафти суханронӣ Муҳаммадзода Муҳаммад Султон қайд кард, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоташон бо намояндагони ҷомеа, фаъолон ва ходимони дини ҷумҳурӣ ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон роҷеъ ба фазилатҳои ин моҳи муборак, аз ҷумла чунин таъкид намуданд: “Ин моҳи муборак барои мусулмонон василаи эътиқодии муҳим ҷиҳати анҷом додани корҳои хайру савоб, амалҳои писандида, дасту забони пок доштан, гузашт кардану бахшидан, бо сабру таҳаммул будан ва дигар хислатҳои ҳамидаи инсонӣ маҳсуб мешавад”.

Воқеан ҳам, бунёд ва таъмиру азнавсозӣ намудани роҳу пулҳо, беморхонаву бунгоҳҳои тиббӣ, марказҳои хизматрасонӣ, мактабу кӯдакистон, кофтани чоҳҳои амудӣ ва обёрӣ намудани заминҳо аз ҷумлаи садақаи ҷория мебошад, ки анҷомдиҳандаи ин иқдом ҳам дар дунё ва ҳам дар охират аз ин амалҳои хайр савоб мегирад.

Муҳаммадзода Муҳаммад Султон дар идомаи суханони табрикотӣ иброз кард, ки боварии комил дорам, ки сокинони сарбаланди вилоят дар оянда низ баҳри рушду шукуфоӣ ва ободии Ватани азизамон заҳмат кашида, барои дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои созандаи давлату Ҳукумат ва болоравии сатҳу сифати зиндагии мардум аз ҳарвақта бештар  талош меварзанд.

Бо ҳамин ниятҳои нек, ба самми иштирокдорону ҳамватанони гиромиро боз як бори дигар бо фарорасии Иди саиди Фитр табрик гуфта, сиҳату саломатӣ, зиндагии орому осуда, хонаи обод, файзу баракат ва ризқу рўзии фаровон орзу намуд.

Маълумоти бештар
loading