Category: Ахборот

Барои соҳибкорони МОИ «Суғд» чорабинии иттилоотӣ БАТР дар мавзӯъи «Механизмҳои дастгирии соҳибкорӣ ва тиҷорат» баргузор гардид

Барои соҳибкорони МОИ «Суғд» чорабинии иттилоотӣ БАТР дар мавзӯъи «Механизмҳои дастгирии соҳибкорӣ ва тиҷорат» баргузор гардид

 
19 июни соли 2026 дар доираи барномаи расмии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) дар Маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» чорабинии машврати бо иштироки намояндагон, роҳбарият ва субъектҳои МОИ «Суғд» баргузор гардид.
Бо сухани ифтитоҳӣ муовини Маъмурияти МОИ «Суғд» Нуруллозода Зафарҷон баромад намуда, ҳамаи иштирокчиёнро хайрамақдам гуфт ва ба намояндагони Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) ба шахсияти ҷаноби Холгер Вифел изҳори сипос кард. Нуруллозода Зафарҷон махсусан таъкид намуд, ки БАТР аз рузҳои аввали фаъолият ба Маъмурияти МОИ «Суғд» дар рушди МОИ «Суғд» ёрии амали расонидааст. Ҳамчунин вай қайд намуд, ки бонк ҳамеша ташаббусҳои МОИ-ро дастгирӣ карда вохӯрии имрӯзаро тасдиқи суханаш шуморида суханро ба ҷаноби Холгер Вифел супурд.
Дар навбати худ, роҳбари БАТР дар Тоҷикистон ҷаноби Холгер Вифел аз ҳамаи иштирокчиён барои иштирок изҳори сипос намуда, нақши муҳими ин чорабини дар дастгирии соҳибкорӣ ва тиҷорат дар маҷмӯъ қайд кард.
Дар рафти чорабинӣ намояндагони БАТР Мустафо Ҷонмамадов, Муҳаммад Додабоев, Гавҳархон Мамадҷонова, Назарбегим Гулмамадова ва Рафиқҷон Акилов презентатсияи муфассалро, оид ба хизматрасониҳо ва имкониятҳои бонки, оид ба лоиҳаҳои ҷорӣ ва дурнамои БАТР-ро дар Тоҷикистон пурра инъикос менамояд, ба иштирокчиён пешниҳод намуданд.
Инчунин дар ин чорабини бо намояндагӣ аз Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Фартуна Ко» Умаров М. оид ба таҷрибаи ҳамкори бо БАТР баромад намуд, ки дар байни иштирокчиён таваҷҷуҳи махсусро ба худ ҷалб кард. Презентатсияи Умаров М. ба таври равшан нишон дод, ки БАТР на танҳо ҳамкори молиявӣ, балки шарики боэътимоди стратегӣ дар рушди устувори бизнес ва тиҷорат мебошад.
Ҳамин тариқ, чорабинии иттилоотӣ дар формати фазои ҳамкорӣ ва табодули афкор баргузор гардид.
 
 
 
ИШТИРОКИ ФАЪОЛОНАИ РОҲБАРИЯТИ МАЪМУРИЯТ ВА СУБЪЕКТҲОИ МОИ “СУҒД” ДАР ФОРУМИ ХII БАЙНАЛМИЛАЛИИ САВДО ВА САРМОЯГУЗОРИИ “СУҒД-2026”

ИШТИРОКИ ФАЪОЛОНАИ РОҲБАРИЯТИ МАЪМУРИЯТ ВА СУБЪЕКТҲОИ МОИ “СУҒД” ДАР ФОРУМИ ХII БАЙНАЛМИЛАЛИИ САВДО ВА САРМОЯГУЗОРИИ “СУҒД-2026”

 
Санаҳои 18,19-уми июни соли 2026 Роҳбарияти Маъмурияти МОИ “Суғд” ва субъектҳои минтақа дар Намоишгоҳ, Форуми ХII байналмилалии савдо ва сармоягузории «Суғд-2026”, ки дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, иштироки фаъолона дошта, молу маҳсулоти хешро пешкаши бинандагон намуданд.
Иттилоъ дода мешавад, ки дар форуми байналмилалӣ зиёда аз 500 намоянда аз 20 кишвари хориҷӣ дуру наздик ширкат дошта, зиёда аз 200 корхонаву ташкилотҳои ватаниву хориҷӣ молу маҳсулоти худро ба намоиш гузошта буданд. Боиси ифтихор аст, ки чун ҳамасола Роҳбарияти Маъмурияти МОИ “Суғд” якҷо бо субъекҳои фаъоли худ дар намоишгоҳи болозикр ширкат меварзанд ва дар намоишгоҳи имсола низ субъектҳои МОИ “Суғд” аз ҷумла: ҶДММ КМ ТТ “Силкоат Бойя”, ҶДММ КФ “Фортуна Ко”, ҶДММ КМ ТТ “Арча мебел”, ҶДММ “Стар Пласт” ва ҶДММ “Сайр Суғд” иштироки фаъол карда, молу маҳсулоти истеҳсолнамудаи худро ба меҳмонон муаррифӣ намуданд.
Дар ҳошияи форум Роҳбарият ва кормандони Маъмурияти МОИ “Суғд” бо якчанд сармоягузорон ва намояндагони доираҳои соҳибкорӣ мулоқоту гуфтушунидҳо анҷом дода, ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои нави сармоягузорӣ ва густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд мубодилаи афкор намудан.
 
 
 
 
 
  
 
  
ТАШРИФИ НАМОЯНДАГОНИ ПАЛАТАИ САВДО ВА САНОАТИ ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ БА МОИ “Суғд”

ТАШРИФИ НАМОЯНДАГОНИ ПАЛАТАИ САВДО ВА САНОАТИ ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ БА МОИ “Суғд”

 

Санаи 18-уми июни соли 2026 дар доираи Форуми байналмилалии савдо ва сармоягузории “Суғд-2026” ба МОИ “Суғд” ташрифи намояндагони палатаи савдо ва саноати Федератсияи Россия таҳти роҳбарии намояндаи тиҷоратии Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Оголева Марина Юрьевна ба Маъмурияти МОИ “Суғд” ташриф оварданд.
 
Ҳайати меҳмононро Роҳбарияти Маъмурияти МОИ “Суғд” ба ҳузур пазируфта, оиди фаъолият ва афзалияту имтиёзҳои МОИ “Суғд” аз ҷониби мутахассиси пешбари шуъбаи таъминоти ҳуқуқ, кадр ва корҳои махсус Файзуллоева Ш, Р. тариқи муаррифинамоӣ (Презентация) маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд.
 
Сипас, боздиди меҳмонон аз субъекти МОИ “Суғд”, ҶДММ “Азияполитекс” доир гардида, дар рафти боздид ба сифати маҳсулоти корхона аз ҷониби меҳмонон баҳои баланд дода шуд.
 
ТАШРИФИ СОҲИБКОРОНИ ҶУМҲУРИИ ҚИРҒИЗИСТОН БА МОИ “СУҒД”

ТАШРИФИ СОҲИБКОРОНИ ҶУМҲУРИИ ҚИРҒИЗИСТОН БА МОИ “СУҒД”

 

Санаи 17-уми июни соли 2026 доираи соҳибкорони Ҷумҳурии Қирғизистон бо мақсади шиносоӣ ва ҳамкорӣ намудан ба Маъмурияти МОИ “Суғд” ташриф оварданд.
Ҳайати сармоягузорони хориҷиро Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Муҳаммадзода Муҳаммад Султон дар даромадгоҳи Маъмурият ба ҳузур пазируфта, оиди фаъолият ва афзалияту имтиёзҳои минтақа маълумоти муфассал доданд.
Сипас, боздиди меҳмонон аз якчанд субъектҳои МОИ “Суғд” аз ҷумла: ҶДММ “Азияполитекс”, ҶДММ КМ ТТ “Арча-мебел” ва ҶДММ КФ “Фортуна-Ко” доир гардид.
  
 
 
СУПОРИДАНИ ТАСДИҚНОМАИ МАҚОМИ СУБЪЕКТИ МОИ “СУҒД” БА ҶДММ “СУҒД ДЕКОР”

СУПОРИДАНИ ТАСДИҚНОМАИ МАҚОМИ СУБЪЕКТИ МОИ “СУҒД” БА ҶДММ “СУҒД ДЕКОР”

 
Санаи 16 июни соли 2026, дар Маъмурияти МОИ “Суғд” субъекти нав бо номи ҶДММ “Суғд Декор” ба қайд гирифта шуд. Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Муҳаммадзода Муҳаммад Султон дар ҳузури кормандони Маъмурияти МОИ “Суғд”, Тасдиқномаи субъекти МОИ “Суғд”-ро ба роҳбари корхона Нарзуллоев Алишер супориданд.
 
Бояд қайд намуд, ки ҶДММ “Суғд Декор” аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Нарзуллоев Алишер таъсис дода шуда, самти фаъолияти корхонаи мазкур дар оянда, ба истеҳсоли фанерҳо ва маснуоти чӯбин равона гардидааст.
 
Дар охир Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Муҳаммадзода М. С. ба роҳбари корхонаи мазкур барору комёбиҳо баҳри таъсиси корхонаи нав иброз доштанд.
 
 
Ташкили шанбегии навбатӣ дар МОИ “Суғд”

Ташкили шанбегии навбатӣ дар МОИ “Суғд”

 
Таҳти роҳбарии Маъмурияти МОИ “Суғд”, санаи 13 – уми июни соли 2026 бо мақсади тозаву озода нигоҳ доштани ҳудуди МОИ “Суғд”, ҳифзи муҳити зист, ба ин тариқ таъмини саломатии шаҳрвандон шанбегии дастаҷамъона ташкил карда шуд, ки дар он аҳли кормандони Маъмурияти МОИ “Суғд”, инчунин роҳбарону намояндагони субъектони МОИ ”Суғд” фаъолона иштирок намуда, баҳри ободонӣ, кабудизоркунӣ ва тоза намудани гирду атроф саҳми назарраси худро гузоштанд.
 
ТАШРИФИ НАМОЯНДАГОНИ МОИ “АЛАБУГА”-И ҶУМҲУРИИ ТОТОРИСТОН БА МАЪМУРИЯТИ МОИ “СУҒД”

ТАШРИФИ НАМОЯНДАГОНИ МОИ “АЛАБУГА”-И ҶУМҲУРИИ ТОТОРИСТОН БА МАЪМУРИЯТИ МОИ “СУҒД”

 

Санаи 12-уми июни соли 2026 намояндагони МОИ “Алабуга”-и Ҷумҳурии Тотористон таҳти роҳбарии намояндаи минтақаи мазкур хонума Гибадуллина Амина Рамилевна бо мақсади шиносоӣ ва ҳамкорӣ намудан ба Маъмурияти МОИ “Суғд” ташриф овард.
Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Муҳаммадзода Муҳаммад Султон дар маҷлисгоҳи Маъмурият меҳмононро ба ҳузур пазируфта, нахуст доир ба муносибатҳои дустонаи ду кишвар ва ҳамзамон оиди фаъолият ва афзалияту имтиёзҳои минтақа маълумоти муфассал доданд.
Инчунин аз ҷониби мутахассиси пешбари шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ ва ҷалби сармоягузории Маъмурият, Раҳимова Умеда тариқи муаррифинамоӣ (Презентасия) ба меҳмонон оиди фаъолият ва афзалияту имтиёзҳои минтақа маълумот дода шуд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба густариши минбаъдаи муносибатҳои мутақобилан судманд ва омӯзиши таҷрибаи ширкатҳои тарақикардаро қайд намуданд.
Боздид ва шиносоии меҳмонон дар фазои дӯсти ва ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт.
 
ШАНБЕГИИ ДАСТАҶАМЪОНА ДАР МОИ “СУҒД”

ШАНБЕГИИ ДАСТАҶАМЪОНА ДАР МОИ “СУҒД”

Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” бахшида ба сазовор ҷашн гирифтани 35 умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ободу зебо гардонидан ва тозаву озода нигоҳ доштани ҳудуду биноҳои МОИ “СУҒД” санаи 6 июни соли 2026 шанбегии дастаҷамъона ташкил карда шуд, ки дар он кормандони Маъмурияти МОИ “Суғд”, роҳбару намояндагони субъектҳои МОИ “СУҒД” фаъолона иштирок намуда, барои ободонӣ ва мунтазам тоза нигоҳ доштани ҳудуд ҳар як иштирокчии шанбегӣ саҳми худро гузоштанд.

 

 

 

  

ТАШРИФИ САРМОЯГУЗОРИ ҶУМҲУРИИ МАРДУМИИ ЧИН БА МОИ “СУҒД”

ТАШРИФИ САРМОЯГУЗОРИ ҶУМҲУРИИ МАРДУМИИ ЧИН БА МОИ “СУҒД”

 

Санаи 3-юми июни соли 2026 намояндаи ҶДММ “Шанси Чуанмин Гунҷуан”–и Ҷумҳурии Мардумии Чин, ҷаноби Ҷин Бин бо мақсади шиносоӣ ва ҳамкорӣ намудан ба Маъмурияти МОИ “Суғд” ташриф овард.
Сармоягузори хориҷиро Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Муҳаммадзода Муҳаммад Султон дар маҷлисгоҳи Маъмурият ба ҳузур пазируфта, оиди фаъолият ва афзалияту имтиёзҳои минтақа маълумоти муфассал доданд.
Зимни мулоқоти дуҷониба маълум гардид, ки ширкати мазкур ба истеҳсоли сохтори металӣ (металоконструкция) машғул буда, вобаста аз имтиёзҳои мавҷуда, оянда дар ҳудуди МОИ “Суғд” намояндагии ширкати худро таъсис доданро қайд намуд.
Сипас, ҷонибҳо таклифу пешниҳодҳои ҳамдигарро қобили қабул дониста, баҳри дар оянда корбарӣ намуданро қайд карданд.
 
 
КОРРУПСИЯ – ПАДИДАИ ХАТАРНОК

КОРРУПСИЯ – ПАДИДАИ ХАТАРНОК

 

Коррупсия яке аз мушкилоти ҷиддии ҷаҳони муосир ба ҳисоб рафта, ба рушди давлат, пешрафти иқтисод, адолати иҷтимоӣ ва эътимоди мардум ба мақомоти давлатӣ таъсири манфӣ мерасонад. Ин падида дар ҳама кишварҳо, новобаста аз сатҳи рушд, дида мешавад ва мубориза бар зидди он вазифаи муҳими ҳар як қишри ҷомеа мебошад.
 
Калимаи «коррупсия» аз забони лотинӣ гирифта шуда, маънояш «вайронкунӣ», «харобсозӣ» ва ё «сӯиистифода» мебошад. Коррупсия ин истифодаи мансаб ё ваколатҳои хизматӣ ба манфиати шахсӣ мебошад. Ба ибораи дигар, вақте шахс аз вазифаи худ барои гирифтани пора, манфиати моддӣ ё дигар имтиёзҳо истифода мебарад, ин амал коррупсионӣ ҳисобида мешавад.
 
Шаклҳои маъмултарини коррупсия инҳоянд, порагирӣ ва пора додан, сӯиистифода аз мансаб, азонихудкунии маблағҳои давлатӣ, қаллобӣ ва сохтакорӣ, тақсимоти ғайриқонунии молу мулк, замин ва ғайра.
 
Коррупсия аз омилҳои гуногун сар мезанад. Яке аз сабабҳои асосӣ паст будани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад. Вақте мардум ҳуқуқу уҳдадориҳои худро хуб намедонанд, баъзе шахсон аз ин истифода бурда, ба амалҳои ғайриқонунӣ роҳ медиҳанд.
 
Инчунин, омилҳои зерин ба пайдоиши коррупсия мусоидат мекунанд: камбуди назорат ва шаффофият, паст будани масъулият ва назорати роҳбарон, мушкилоти иқтисодӣ ва бекорӣ, норасоии тарбияи ахлоқиву маънавӣ, бепарвоии ҷомеа нисбат ба қонуншиканӣ.
 
Коррупсия ба тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа зарари ҷиддӣ мерасонад. Пеш аз ҳама, он боиси коҳиш ёфтани эътимоди мардум ба давлат ва қонун мегардад. Вақте шаҳрвандон мебинанд, ки баъзе масъалаҳо танҳо бо роҳи пора ҳал мешаванд, ҳисси адолат дар ҷомеа заиф мегардад.
 
Аз ҷумла, коррупсия: рушди иқтисодиро суст мекунад, сармоягузоронро аз кишвар дур месозад, сатҳи камбизоатиро зиёд менамояд, ба рушди соҳаҳои маориф ва тандурустӣ халал мерасонад ва боиси афзоиши ҷинояткорӣ мегардад.
 
Дар натиҷа, ҷомеа аз пешрафт бозмонда, фазои нобоварӣ ва нобаробарӣ ба вуҷуд меояд.
 
Мубориза бо коррупсия танҳо вазифаи мақомоти давлатӣ нест, балки масъулияти ҳар як шаҳрванд низ мебошад. Барои пешгирии ин падида пеш аз ҳама баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ муҳим аст.
 
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мубориза бар зидди коррупсия як қатор қонунҳо ва барномаҳои давлатӣ қабул гардидаанд. Мақомоти дахлдор ҷиҳати ошкор ва пешгирии амалҳои коррупсионӣ тадбирҳои мушаххас меандешанд.
 
Роҳҳои асосии пешгирии коррупсия, риояи қатъии қонун, баланд бардоштани сатҳи дониш ва фарҳанги ҳуқуқӣ, таъмини шаффофият дар фаъолияти идораҳо, тақвияти назорати ҷамъиятӣ, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва ҳалолкорӣ.
 
Ҷавонон ҳамчун қувваи пешбарандаи ҷомеа метавонанд дар решакан намудани коррупсия саҳми назаррас гузоранд. Насли ҷавон бояд бо дониш, ахлоқи ҳамида ва эҳтиром ба қонун тарбия ёбад. Агар ҳар як ҷавон зидди пора ва дигар амалҳои ғайриқонунӣ мавқеи устувор дошта бошад, ҷомеа метавонад ба рушди устувор ноил гардад.
 
Коррупсия падидаест, ки ба амният, иқтисод ва ояндаи давлат таҳдид мекунад. Барои аз байн бурдани он ҳамкории давлат, ҷомеа ва ҳар як шаҳрванд зарур мебошад. Танҳо бо роҳи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, риояи қонун ва тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи поквиҷдонӣ метавон ҷомеаи солим ва пешрафтаро бунёд кард.
 
Мубориза бо коррупсия – мубориза барои адолат, шаффофият ва ояндаи дурахшони миллат мебошад.
 
Вобаста ба ин, имрузҳо ҳар як қишри ҷомеаро месазад, ки оид ба решакан намудани ин падидаи номатлуб мубориза баранд.
 
Қаҳорзода Меҳрубон Қаҳор – мудири шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ, кадрҳо ва корҳои махсуси Маъмурияти Минтақаи Озоди Иқтисодии Суғд”
loading