Шӯъбаи иттилоот

ТАШРИФИ ҲАЙАТИ ҶУМҲУРИИ ИСЛОМИИ ЭРОН ТАҲТИ РОҲБАРИИ ВАЗИРИ НЕРУИ ЭРОН ҶАНОБИ АББОС АЛИОБОДӢ БА МОИ “СУҒД”

ТАШРИФИ ҲАЙАТИ ҶУМҲУРИИ ИСЛОМИИ ЭРОН ТАҲТИ РОҲБАРИИ ВАЗИРИ НЕРУИ ЭРОН ҶАНОБИ АББОС АЛИОБОДӢ БА МОИ “СУҒД”

 
Санаи 28-уми майи соли 2026, ҳайати Ҷумҳурии Исломии Эрон таҳти роҳбарии Вазири неруи Эрон ҷаноби Аббос Алиободӣ бо мақсади шиносоӣ ба МОИ “Суғд” ташриф оварданд.
Меҳмонони олиқадрро Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Муҳаммадзода Муҳаммад Султон дар даромадгоҳи МОИ “Суғд” хуш пазируфта, оиди фаъолият ва афзалияту имтиёзҳои минтақа маълумоти муфассал доданд.
Сипас, боздиди меҳмонон аз фаъолияти субъектҳои МОИ “Суғд” аз ҷумла: ҶДММ “Азияполитекс”, ҶДММ “Сайр Суғд” ва ҶДММ КФ “Фортуна-Ко” доир гардид. Дар рафти боздид ҳайати меҳмонон бо роҳбарияти субъектҳои МОИ “Суғд” саволу ҷавоб намуда, ба сифати маҳсулоти истеҳсолшуда, баҳои баланд доданд.
​Боздид ва шиносоии меҳмонон дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифта, баҳри рушди муносибатҳои иқтисодии ду кишвари бо ҳам дӯст дар оянда мусоидат хоҳад кард.
 
 
 
 
ТАШРИФИ САРМОЯГУЗОРИ ҶУМҲУРИИ МАРДУМИИ ЧИН БА МАЪМУРИЯТИ МОИ “СУҒД”

ТАШРИФИ САРМОЯГУЗОРИ ҶУМҲУРИИ МАРДУМИИ ЧИН БА МАЪМУРИЯТИ МОИ “СУҒД”

 

Санаи 22-уми майи соли 2026 Директори Генералии ширкати “Синцзян Стайлун”-и Ҷумҳурии мардумии Чин, Ҷаноби Лян Янвей ба Маъмурияти МОИ “Суғд” ташриф овард.
 
Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Муҳаммадзода Муҳаммад Султон соҳибкори хориҷиро дар маҷлисгоҳи Маъмурият ба ҳузур пазируфта, доир ба фаъолият ва имтиёзу афзалиятҳои МОИ “Суғд” маълумот доданд.
Сипас аз ҷониби мутахассиси пешбари шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ ва ҷалби сармоягузорӣ Раҳимова Умеда тариқи муаррифинамоӣ (Презентатсия) маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд.
 
Дар охир ҷонибҳо таклифу пешниҳодҳои ҳамдигарро қобили қабул дониста, баҳри дар оянда ҳамкорӣ намуданро қайд карданд.
 
 
ТАШРИФИ ҲАЙАТИ НАМОЯНДАГОНИ ҶУМҲУРИИ ЧЕХИЯ БА МОИ “СУҒД”

ТАШРИФИ ҲАЙАТИ НАМОЯНДАГОНИ ҶУМҲУРИИ ЧЕХИЯ БА МОИ “СУҒД”

 

Санаи 19-уми майи соли 2026, ҳайати намояндагони Ҷумҳурии Чехия таҳти роҳбарии Директори департаменти канданиҳои фоиданоки Вазорати саноат ва савдои Чехия, Ҷаноби Васлав Земек ба МОИ “Суғд” ташриф оварданд.
​Ҳайати меҳмононро Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Муҳаммадзода Муҳаммад Султон дар даромадгоҳи МОИ “Суғд” хуш пазируфта, доир ба фаъолият ва афзалияту имтиёзҳои минтақа ба меҳмонон маълумоти муфассал доданд.
​Сипас, боздиди меҳмонон аз фаъолияти субъектҳои МОИ “Суғд” аз ҷумла: ҶДММ “Сайр Суғд” ва ҶДММ КМ ТТ “Таҷпроф” доир гардид. Дар рафти боздид ҳайати соҳибкорони Ҷумҳурии Чехия бо роҳбарияти субъектҳои МОИ “Суғд” саволу ҷавоб намуда, ба сифати маҳсулоти истеҳсолшуда, баҳои баланд доданд.
  
 
 
ТАШРИФИ САРМОЯГУЗОРОН АЗ ҶУМҲУРИИ МАРДУМИИ ЧИН БА МОИ “СУҒД”

ТАШРИФИ САРМОЯГУЗОРОН АЗ ҶУМҲУРИИ МАРДУМИИ ЧИН БА МОИ “СУҒД”

 

Санаи 18-уми майи соли 2026 намояндагонони ширкати саноатию сармоягузории Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳти роҳбарии намояндаи ширкат Ҷаноби Линг Фей ба Маъмурияти МОИ “Суғд” ташриф оварданд.
 
Меҳмононро муовини якуми Роҳбари Маъмурият Ҳакимов Насимҷон Абдуғаниевич дар фазои гарму дӯстона истиқбол намуд.
 
Зимни мулоқоти дуҷониба маълум гардид, дар оянда ширкати мазкур дар ҳудуди МОИ “Суғд” корхонаи худро, ки ба коркарди ангишт машғул мешавад таъсис дода, аз хокаи ангишт лулаҳои сақомонанд (брикет) истеҳсол намояд.
 
Сипас, ҷонибҳо таклифу пешниҳодҳои ҳамдигарро қобили қабул дониста, баҳри дар ояндаи наздик корбарӣ намуданро қайд карданд.
  
 
ИШТИРОКИ РОҲБАРИЯТ, КОРМАНДОН ВА СУБЪЕКТОНИ МИНТАҚАИ ОЗОДИ ИҚТИСОДИИ “СУҒД” ДАР ДАВИ МИЛЛӢ ВА МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ

ИШТИРОКИ РОҲБАРИЯТ, КОРМАНДОН ВА СУБЪЕКТОНИ МИНТАҚАИ ОЗОДИ ИҚТИСОДИИ “СУҒД” ДАР ДАВИ МИЛЛӢ ВА МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ

 
Субҳи имрӯз, 17 майи соли 2026 дар саросари ҷумҳурӣ бо иштироки васеи сокинони мамлакат, намояндагони касбу кори гуногун, вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ ба муносибати Рӯзи ҷавонон дар маркази вилоят, баргузор гардид.
Дар ин чорабинии оммавии варзишӣ роҳбарият, кормандон ва субъектони минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” низ фаъолона иштирок намуданд.
Дави миллӣ дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2007 «Дар бораи Рӯзи дави миллӣ» ҳамасола якшанбеи сеюми моҳи май доир гардида, ҳадафи он таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушди соҳаи варзиш ва баланд бардоштани оммавияти варзиш миёни аҳолӣ мебошад.
ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ ДАР СОХТОРИ МАЪМУРИЯТИ МОИ “СУҒД”

ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ ДАР СОХТОРИ МАЪМУРИЯТИ МОИ “СУҒД”

 

Санаи 15 майи соли 2026 дар маҷлисгоҳи Маъмурияти МОИ “Суғд” тағйироти кадрии муовини Роҳбари Маъмурият доир гардид.
Сухани ифтитоҳиро Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Муҳаммадзода Муҳаммад Султон ҳусни оғоз бахшида, суханро ба намояндаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддинзода Воҳид доданд.
Сипас, намояндаи Вазорат аҳли кормандони Маъмуриятро бо Фармоиши Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ, дар бораи ба вазифаи муовини Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” таъин намудани Нуруллозода Зафар Нурулло шинос карда, ба кору фаъолияти минбаъда бурдбориҳо таманно намуд.
Дар охири баромад, Роҳбари Маъмурият Нуруллозада З.Н., -ро ба вазифаи нав шодбош гуфта, ба он кас бо масъулияти баланди касбӣ фаъолият кардан ва баҳри рушди минтақа саҳмгузоштанро ҳидоят намуданд.
 
 
  
ИШТИРОКИ АҲЛИ КОРМАНДОНИ МАЪМУРИЯТИ МОИ “СУҒД” ДАР ҶАШНИ 81-УМИН СОЛГАРДИ ИДИ ҒАЛАБА

ИШТИРОКИ АҲЛИ КОРМАНДОНИ МАЪМУРИЯТИ МОИ “СУҒД” ДАР ҶАШНИ 81-УМИН СОЛГАРДИ ИДИ ҒАЛАБА

 

Субҳи имрӯз дар назди муҷассамаи ёдгории шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, воқеъ дар мавзеи Панҷшанбеи шаҳри Хуҷанд, маросими гулчанбаргузорӣ ва ёдбуди шаҳидон баргузор гардид.
 
Дар маросими мазкур Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Муҳаммадзода Муҳаммад Султон бо аҳли кормандони Маъмурият иштирок намуда, хотираи неки шаҳидону қурбониёни Ҷанги Бузурги Ватаниро гиромӣ доштанд.
 
ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ РОҲБАРИ МАЪМУРИЯТИ МОИ “СУҒД” МУҲАММАДЗОДА М. С., ДАР НИШАСТИ МАҶОЗӢ БО ДОИРАИ ВАСЕИ САРМОЯГУЗОРОН ВА СОҲИБКОРОНИ ҶУМҲУРИИ ТУРКИЯ

ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ РОҲБАРИ МАЪМУРИЯТИ МОИ “СУҒД” МУҲАММАДЗОДА М. С., ДАР НИШАСТИ МАҶОЗӢ БО ДОИРАИ ВАСЕИ САРМОЯГУЗОРОН ВА СОҲИБКОРОНИ ҶУМҲУРИИ ТУРКИЯ

 
Санан 4-уми майи соли 2026 Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Муҳаммадзода М.С., бо мақсади муаррифии имкониятҳои
МОИ “Суғд” бо доираи васеи сармоягузорон ва соҳибкорони Ҷумҳурии Туркия, дар хамкорӣ бо Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон
дар Туркия ва Шурои тиҷоратии Тоҷикистону Туркия, ки нишасти маҷозӣ баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни баромади худ Роҳбари Маъмурият доир ба фаъолияти субъектҳои муштараки точику туркии МОИ “Суғд” ва нақши
сармоягузорони Ҷумҳурии Туркияро дар МОИ “Суғд” хуб арзёбӣ намуданд.
  
СУПОРИДАНИ ТАСДИҚНОМАИ МАҚОМИ СУБЪЕКТИ МОИ “СУҒД” БА ҶДММ “МАЪРУФИ СУҒД”

СУПОРИДАНИ ТАСДИҚНОМАИ МАҚОМИ СУБЪЕКТИ МОИ “СУҒД” БА ҶДММ “МАЪРУФИ СУҒД”

СУПОРИДАНИ ТАСДИҚНОМАИ МАҚОМИ СУБЪЕКТИ МОИ “СУҒД” БА ҶДММ “МАЪРУФИ СУҒД”
Санаи 29 апрели соли 2026, дар Маъмурияти МОИ “Суғд” субъекти нав бо номи ҶДММ “Маъруфи Суғд” ба қайд гирифта шуд. Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Муҳаммадзода Муҳаммад Султон дар ҳузури кормандони Маъмурияти МОИ “Суғд”, Тасдиқномаи субъекти МОИ “Суғд”-ро ба роҳбари корхона Мирзошарипов Мирзошариф супориданд.
Бояд қайд намуд, ки ҶДММ “Маъруфи Суғд” аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Мирзошарипов Маъруфҷон таъсис дода шуда, самти фаъолияти корхонаи мазкур дар оянда, ба истеҳсоли маҳсулотҳои пластмасӣ ва металлӣ равона гардидааст.
Дар охир Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Муҳаммадзода М. С. ба роҳбари корхонаи мазкур барору комёбиҳо баҳри таъсиси корхонаи нав иброз доштанд.
  
 
  
ТАШРИФИ ҲАЙАТИ НАМОЯНДАГОНИ ВИЛОЯТИ ВОРОНЕЖИ ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ БА МОИ “СУҒД”

ТАШРИФИ ҲАЙАТИ НАМОЯНДАГОНИ ВИЛОЯТИ ВОРОНЕЖИ ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ БА МОИ “СУҒД”

​ Санаи 19 марти соли 2026 ҳайати намояндагони вилояти Воронежи Федератсияи Россия таҳти роҳбарии Муовини якуми Раиси Ҳукумати вилояти Воронежи Федератсияи Россия Данил Кустов ба МОИ “Суғд” ташриф оварданд.
​Ҳайати меҳмононро Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Муҳаммадзода Муҳаммад Султон дар маҷлисгоҳи Маъмурият хуш пазируфта, доир ба фаъолият ва афзалияту имтиёзҳои минтақа ба меҳмонон маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.
​​Сипас, боздиди меҳмонон аз фаъолияти субъектҳои МОИ “Суғд” аз ҷумла: ҶДММ “Азияполитекс”, ҶДММ КФ “Фортуна-Ко”, ҶДММ “Донаи Алмос”, ҶДММ “Сайр Суғд” ва ҶДММ КМ ТТ “ Афранг Пластик” доир гардид.
​ Дар охир ҷонибҳо омодагии худро баҳри таҳкими минбаъдаи муносибатҳои иқтисодӣ баён намуданд.

  

 

 

loading