ТАҚДИМИ ТАСДИҚНОМАИ СУБЪЕКТИ НАВБАТИИ МИНТАҚАИ ОЗОДИ ИҚТИСОДИИ СУҒД БА ҶДММ “ПЕШСАФИ СУҒД”

ТАҚДИМИ ТАСДИҚНОМАИ СУБЪЕКТИ НАВБАТИИ МИНТАҚАИ ОЗОДИ ИҚТИСОДИИ СУҒД БА ҶДММ “ПЕШСАФИ СУҒД”

 
Санаи 1-уми октябри соли 2026 дар Маъмурияти МОИ “Суғд” субъекти нав бо номи ҶДММ “Пешсафи Суғд” ба қайд гирифта шуд, ки Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Муҳаммадзода Муҳаммад Султон дар фазои тантанавӣ Тасдиқномаи субъекти МОИ “Суғд”-ро ба роҳбари корхонаи мазкур Усмонов Нозимҷон Қосимович супориданд.
Корхонаи мазкур аз ҷониби сармоягузори ватанӣ Ӯрунов Шавкатбой Шарифович таъсис дода мешавад. Самти фаъолияти корхона ба истеҳсоли бастабандии қоғазӣ ва картонӣ, истеҳсоли нӯшокиҳои ғайриспиртӣ, истеҳсоли обҳои минералӣ ва дигар обҳои зарфшуда равона гардидааст.
Сипас, Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Муҳаммадзода Муҳаммад Султон ба роҳбари корхонаи мазкур барору комёбӣ таманно намуда, вобаста аз имкониятҳои мавҷуда баҳри тезонидани корҳои сохтмонӣ дастуру супоришҳо доданд.
 
 
ИШТИРОКИ РОҲБАРИ МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ МАЪМУРИЯТИ МИНТАҚАИ ОЗОДИ ИҚТИСОДИИ “СУҒД” МУҲАММАДЗОДА МУҲАММАД СУЛТОН ДАР ФОРУМИ ДУЮМИ СУЛҲИ ФАРҒОНА ТАҲТИ УНВОНИ “ВОДИИ ФАРҒОНА: ФАЗОИ СУЛҲ, ЭЪТИМОД ВА ШУКУФОИ”

ИШТИРОКИ РОҲБАРИ МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ МАЪМУРИЯТИ МИНТАҚАИ ОЗОДИ ИҚТИСОДИИ “СУҒД” МУҲАММАДЗОДА МУҲАММАД СУЛТОН ДАР ФОРУМИ ДУЮМИ СУЛҲИ ФАРҒОНА ТАҲТИ УНВОНИ “ВОДИИ ФАРҒОНА: ФАЗОИ СУЛҲ, ЭЪТИМОД ВА ШУКУФОИ”

 
Санаҳои 28-29 сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд Форуми дуюми сулҳи Фарғона таҳти унвони «Водии Фарғона: фазои сулҳ, эътимод ва шукуфоӣ» баргузор гардид.
Форуми мазкур ба солгарди қабули Эъломияи Хуҷанд оид ба дӯстии абадӣ бахшида шуда, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд баргузор гардид.
Дар кори Форум Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода, ҳокими вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Хайрулло Бозоров, намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон дар вилояти Ботканд Мамирҷон Раҳимов, намояндагони мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, доираҳои дипломатӣ, марказҳои таҳлилӣ ва пажӯҳишӣ, ҷомеаи илмӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, воситаҳои ахбори омма, созмонҳои ҷавонон ва занон, инчунин намояндагони ҷамоатҳои маҳаллии се кишвари водии Фарғона — Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон иштирок намуданд.
Аҳаммияти таърихии Эъломияи Хуҷанд оид ба дӯстии абадӣ, ки 31 марти соли 2025 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба имзо расидааст, таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Ҳадаф аз баргузории форуми мазкур пеш аз ҳама ба нақши созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ дар дастгирии ташаббусҳои сулҳофар, рушди муколамаи ҷомеаҳо, таҳкими эътимоди мутақобила ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди устувори минтақа таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад.
Дар рӯзи дуюми Форум баргузории як қатор чорабиниҳо баргузор гардиданд, ки ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳои ҷамъиятӣ ва гуманитарӣ, таҳкими муносибатҳои неки ҳамсоягӣ ва пешбурди ташаббусҳои мусоидаткунанда ба сулҳ, эътимоди мутақобила ва рушди устувори минтақа равона хоҳанд шуд.
 
 
 
ТАШРИФИ ҲАЙАТИ НАМОЯНДАГОНИ ПАЛАТАИ САВДО ВА САНОАТИ ҶУМҲУРИИ МАРДУМИИ ЧИН БА МОИ «СУҒД»

ТАШРИФИ ҲАЙАТИ НАМОЯНДАГОНИ ПАЛАТАИ САВДО ВА САНОАТИ ҶУМҲУРИИ МАРДУМИИ ЧИН БА МОИ «СУҒД»

 
28 сентябри соли 2026 ҳайати намояндагони Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» ташриф оварданд. Дар доираи ташриф меҳмонон бо фаъолияти Маъмурияти МОИ «Суғд», имкониятҳои сармоягузорӣ ва иқтидори истеҳсоливу содиротии минтақа шинос шуданд. Зимни боздид ҳайати меҳмонон аз як қатор субъектҳои фаъоли МОИ «Суғд», аз ҷумла ҶДММ «Азияполитекс» ва ҶДММ «Сайр Суғд», дидан намуда, бо фаъолияти корхонаҳо, раванди истеҳсолот, маҳсулоти истеҳсолшаванда ва имкониятҳои рушди минбаъдаи онҳо шинос шуданд.
Ҳамчунин, меҳмонон аз Маркази тақсимоти маҳсулоти кишоварзӣ (маркази агрологистикӣ) боздид намуда, масъалаҳои марбут ба рушди ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ, густариши робитаҳои иқтисодӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштаракро мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд.
Ташрифи ҳайати намояндагони тиҷоратии Ҷумҳурии Мардумии Чин ба МОИ «Суғд» барои муаррифии имкониятҳои сармоягузорӣ ва таҳкими ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ миёни ҷонибҳо заминаи мусоид фароҳам меорад.
 
 
 
ГУЗАРОНИДАНИ ОМӮЗИШИ ЯКРӮЗА БАРОИ СУБЪЕКТҲОИ МОИ “СУҒД”, СОҲИБКОРОН ВА БРОКЕРҲОИ ГУМРУКӢ ДАР МАЪМУРИЯТИ МОИ “СУҒД”

ГУЗАРОНИДАНИ ОМӮЗИШИ ЯКРӮЗА БАРОИ СУБЪЕКТҲОИ МОИ “СУҒД”, СОҲИБКОРОН ВА БРОКЕРҲОИ ГУМРУКӢ ДАР МАЪМУРИЯТИ МОИ “СУҒД”

 
24 сентябри соли 2026 дар толори Муассисаи давлатии Маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» омӯзиши якрӯза барои субъектҳои МОИ “Суғд”, соҳибкорон ва брокерҳои гумрукии МОИ “Суғд” баргузор гардид.
Омӯзиши мазкур дар доираи лоиҳаи Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (БРСММ) «Мусоидат ба идоракунии самаранокии марз тавассути ҷорӣ намудани мафҳуми амнияти инсонӣ дар хонаводаҳои марзӣ дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон» баргузор шуд ва ба баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ва фаҳмиши иштирокчиён оид ба ҷанбаҳои танзимкунанда ва амалии фаъолияти соҳибкорӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардид.
Ҳадафи асосии омӯзиш такмили донишу малакаи субъектҳои МОИ “Суғд”, соҳибкорон ва брокерҳои гумрукӣ дар самти ба расмиятдарории гумрукӣ, низоми андозбандӣ, талаботи меъёрӣ, хизматрасонӣ ба мизоҷон ва роҳҳои самараноки ҳамкорӣ бо мақомоти гумрук мебошад.
Семинарро намояндагони Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид ва тренерони Агентии SMART бо суханрониҳои ифтитоҳии худ оғоз намуданд.
Дар ҷараёни омӯзиш масъалаҳои муҳими марбут ба фаъолияти субъектҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар доираи панҷ сессияи омӯзишӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд:
Сессияи якум — «Қонунгузории танзимкунандаи фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон».
Сессияи дуюм — «Гумрук ва низоми андози МОИ: ҷанбаҳои амалӣ ва ҳамкорӣ бо гумрук».
Сессияи сеюм — «Муомила бо мақомоти гумрук: чӣ тавр муколамаи муассирро ба роҳ мондан мумкин аст».
Сессияи чорум — «Оинномаи хизматрасонӣ ба мизоҷон».
Сессияи панҷум — «Брендинг, маркетинг ва тиҷорати электронӣ барои субъектҳои МОИ».
Дар доираи сессияҳо иштирокчиён бо ҷанбаҳои амалии татбиқи расмиёти гумрукӣ ва андозӣ, талаботи қонунгузорӣ, усулҳои самараноки муошират ва ҳамкорӣ бо мақомоти гумрук, инчунин имкониятҳои рушди хизматрасонӣ, брендинг, маркетинг ва тиҷорати электронӣ шинос гардиданд.
Баргузории чунин омӯзишҳо барои баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва касбии субъектҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ, беҳтар намудани ҳамкории онҳо бо мақомоти давлатӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ аҳамияти муҳим дорад.
 
 
 
 
 
ТАШРИФИ ҲАЙАТИ СОҲИБКОРОНИ ҶУМҲУРИИ МАРДУМИИ ЧИН БА МОИ «СУҒД»

ТАШРИФИ ҲАЙАТИ СОҲИБКОРОНИ ҶУМҲУРИИ МАРДУМИИ ЧИН БА МОИ «СУҒД»

 
Санаи 21 сентябри соли 2026 ба Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» гуруҳи соҳибкорон аз Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳти роҳбарии Муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ ташриф оварданд.
Меҳмононро Роҳбарияти Маъмурияти МОИ “Суғд” дар даромадгоҳи минтақа қабул намуда, доир ба фаъолият ва имтиёзу имкониятҳои МОИ “Суғд” маълумот доданд.
Сипас, боздиди меҳмонон аз субъекти МОИ “Суғд”, ҶДММ “Азияполитекс” ва ҶДММ “Сайр Суғд” доир гардида, дар рафти боздид ба сифати маҳсулоти корхона аз ҷониби меҳмонон баҳои баланд дода шуд.
Таъкид гардид, ки Маъмурияти МОИ «Суғд» барои сармоягузорони хориҷӣ тамоми шароити заруриро фароҳам оварда, омода аст дар татбиқи лоиҳаҳои истеҳсолии нав ҳамкории ҳамаҷониба намояд.
 
 
 
ТАШРИФИ НАМОЯНДАГОНИ ДАФТАРИ МИНТАҚАВИИ БАРНОМАИ МУСОИДАТ БА ИДОРАКУНИИ САРҲАДОТ ДАР ОСИЁИ МАРКАЗӢ (БОМКА 11) БА МОИ «СУҒД»

ТАШРИФИ НАМОЯНДАГОНИ ДАФТАРИ МИНТАҚАВИИ БАРНОМАИ МУСОИДАТ БА ИДОРАКУНИИ САРҲАДОТ ДАР ОСИЁИ МАРКАЗӢ (БОМКА 11) БА МОИ «СУҒД»

 
Санаи 17 сентябри соли 2026 ба Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» намояндагони Дафтари минтақавии Барномаи мусоидат ба идоракунии сарҳадот дар Осиёи Марказӣ (БОМКА 11) таҳти роҳбарии мушовир оид ба рушди бахши хусусии Барномаи БОМКА 11 Георгий Хиштовани ташриф оварданд.
Меҳмононро муовинони роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” дар маҷлисгоҳи Маъмурият қабул намуданд. Ҳамзамон доир ба фаъолият ва имтиёзу имкониятҳои МОИ “Суғд” ба ҳайати меҳмонон тариқи муаррифинамоӣ (Презентасия) маълумот дода шуд.
Ҳайати меҳмонон аз субъектҳои минтақа: ҶДММ “Азияполитекс”, ҶДММ КФ “Фортуна-Ко”, ҶДММ “Реал” ва ҶДММ “Сайр Суғд” дидан намуданд.
 
 
  
 
 
 
 
  
 
ТАШРИФИ ҲАЙАТИ НАМОЯНДАГОНИ ПАЛАТАИ САВДО ВА САНОАТИ ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ БА МОИ «СУҒД»

ТАШРИФИ ҲАЙАТИ НАМОЯНДАГОНИ ПАЛАТАИ САВДО ВА САНОАТИ ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ БА МОИ «СУҒД»

 
Санаи 16 сентябри соли 2026 ҳайати намояндагони Палатаи савдо ва саноати Федератсияи Россия ба Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» ташриф оварданд.
Меҳмононро Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” хуш пазируфта, доир ба фаъолият ва имтиёзу имкониятҳои МОИ “Суғд” маълумот пешниҳод намуданд.
Сипас ҳайати меҳмонон аз кору фаъолияти якчанд субъектҳои минтақа: ҶДММ “Азияполитекс”, ҶДММ КФ “Фортуна-Ко”, ҶДММ КМ ТТ “Силкоат Бойя”, ҶДММ “Сайр Суғд” ва Маркази агрологистикӣ дидан намуданд.
 
ТАБРИКОТИ МУҲАММАДЗОДА МУҲАММАД СУЛТОН – РОҲБАРИ МАЪМУРИЯТИ МИНТАҚАИ ОЗОДИ ИҚТИСОДИИ “СУҒД” БА МУНОСИБАТИ 35 – СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ

ТАБРИКОТИ МУҲАММАДЗОДА МУҲАММАД СУЛТОН – РОҲБАРИ МАЪМУРИЯТИ МИНТАҚАИ ОЗОДИ ИҚТИСОДИИ “СУҒД” БА МУНОСИБАТИ 35 – СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ

 
Ҳамдиёрони гиромӣ!
Дар оғози сухан бо камоли эҳтирому самимият Ҷашни пурифтихори миллат- 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳамаи Шумо табрик ва таҳният мегӯям.
Истиқлолият барои мардуми куҳанбунёди тоҷик арзиши муқаддасу сарнавиштсоз буда, таҳти парчами он хурду бузурги кишвар барои тақвият додани пояҳои давлатдории навини худ бо азму талоши ватандӯстона заҳмат мекашанд ва дар зарфи сиву панҷ соли сипаригардида дар ҷодаи расидан ба ҳадафҳои стратегии кишварамон ба дастовардҳои бесобиқа ноил гардидаанд.
Мардуми шарифи Тоҷикистон дар ибтидои солҳои соҳибистиқлолӣ аз имтиҳони сангини таърих сарбаландона гузашта, таҳти роҳбарии хирадмандонаи абармарди арсаи сиёсат Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо заҳмати содиқона сарзамини аҷдодии худро соҳибӣ карданд ва онро ободу пешрафта гардониданд.
Имрӯз давлати озоду соҳибихтиёри мо дар арсаи байналмилалӣ соҳиби мақому манзалати шоиста буда, ҷаҳониён иқдому ташаббусҳои сулҳҷӯёнаву созандаи онро ҳамаҷониба дастгирӣ мекунанд.
Дар ҳамин замина, бояд бо ифтихор таъкид намоям, ки таҳти роҳбарии хирадмандона ва сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускор, сулҳпарвар ва ҷонибдори ҳамкориҳои созанда мавқеи шоиста пайдо намудааст.
Имрӯз ташаббусҳои созандаи кишвари мо дар масъалаҳои об, иқлим, ҳифзи пиряхҳо, рушди устувор, маърифати ҳуқуқӣ ва таҳкими сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфта, дар шакли қатъномаҳои Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шудаанд. Қабули чунин ташаббусҳо далели возеҳи афзудани обрӯю нуфузи Тоҷикистон ва эътирофи нақши созандаи сиёсати хориҷии кишвар дар ҳалли масъалаҳои муҳимми глобалӣ мебошад.
Ин дастовардҳо барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон боиси ифтихор буда, моро водор месозанд, ки бо эҳсоси баланди масъулияти шаҳрвандӣ сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолиро боз ҳам таҳким бахшем.
Агар таърихи 35-солаи даврони соҳибистиқлолии мамлакатро таҳқиқ намоем, аён мегардад, ки ин ҳама бурдбориҳо натиҷаи татбиқи сиёсати ҳадафмандона ва дурбинонаи ахтари иқболи мардуми кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Дар ҳақиқат ҳам, Пешвои миллат дар сарнавишти мардуми Тоҷикистон ба сифати ахтарест, ки дар шаби тору ноумедӣ пайроҳаи умедро равшан намуда, дар айёми дилсардиҳо бо муҳаббати худ мардумро ба зиндагӣ дилгарм карданд ва дар нобарориҳо иқболу барор бахшиданд.
Бо ҳамин орзуи нек бори дигар 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии кишвари азизамон Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз номи Муассисаи давлатии Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» ва шахсан аз номи худам ба якояки Шумо, ба аҳли хонадонатон ва ба ҳар як фарди шарафманди Тоҷикистон муборакбод гуфта, ба Ватани биҳиштосоямон истиқлоли ҷовидона ва ба ҳар фарди шарафманди диёр бахту саодати ҳамешагӣ таманно мекунам.
 
Боздиди меҳмонон аз намоиши молу маҳсулоти минтақаҳои озоди иқтисодӣ

Боздиди меҳмонон аз намоиши молу маҳсулоти минтақаҳои озоди иқтисодӣ

 
Дар доираи баргузории Форуми байналмилалии сармоягузории «Рақамикунонии минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар заминаи кишварҳои Авруосиё» меҳмонон ва иштирокчиёни форум аз намоиши молу маҳсулоти истеҳсолнамудаи субъектҳои минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд», боздид намуданд.
Дар намоишгоҳ маҳсулоти гуногуни истеҳсолии корхонаҳои МОИ «Суғд», аз ҷумла маҳсулоти саноатӣ, масолеҳи сохтмонӣ, маҳсулоти коркардшуда ва дигар молҳои рақобатпазир ба маърази тамошо гузошта шуданд.
Меҳмонон ба сифати маҳсулот, имкониятҳои истеҳсолӣ ва иқтидори содиротии субъектҳои МОИ «Суғд» таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, бо намояндагони корхонаҳо ва соҳибкорон суҳбату табодули афкор анҷом доданд.
Намоиши молу маҳсулот ҳамчун майдони муассири муаррифии имкониятҳои истеҳсолӣ ва сармоягузории минтақаҳои озоди иқтисодӣ, ҷалби сармояи нав, пайдо намудани шарикони тиҷоратӣ ва густариши ҳамкориҳои иқтисодии байналмилалӣ арзёбӣ гардид.
Бояд гуфт, ки маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхонаҳои МОИ «Суғд» ба бозорҳои як қатор кишварҳои хориҷӣ содирот гардида, ҷуғрофияи содироти он пайваста васеъ шуда истодааст.
 
 
 
 
 
 
 
loading