


ТАШРИФИ ҲАЙАТИ НАМОЯНДАГОНИ ВИЛОЯТИ ВОРОНЕЖИ ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ БА МОИ “СУҒД”
Санаи 19 марти соли 2026 ҳайати намояндагони вилояти Воронежи Федератсияи Россия таҳти роҳбарии Муовини якуми Раиси Ҳукумати вилояти Воронежи Федератсияи Россия Данил Кустов ба МОИ “Суғд” ташриф оварданд.
Ҳайати меҳмононро Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Муҳаммадзода Муҳаммад Султон дар маҷлисгоҳи Маъмурият хуш пазируфта, доир ба фаъолият ва афзалияту имтиёзҳои минтақа ба меҳмонон маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.
Сипас, боздиди меҳмонон аз фаъолияти субъектҳои МОИ “Суғд” аз ҷумла: ҶДММ “Азияполитекс”, ҶДММ КФ “Фортуна-Ко”, ҶДММ “Донаи Алмос”, ҶДММ “Сайр Суғд” ва ҶДММ КМ ТТ “ Афранг Пластик” доир гардид.
Дар охир ҷонибҳо омодагии худро баҳри таҳкими минбаъдаи муносибатҳои иқтисодӣ баён намуданд.

ТАҶЛИЛИ ИДИ НАВРӮЗ ДАР МАЪМУРИЯТИ МОИ “СУҒД”
Санаи 24-уми марти соли 2026 дар Маъмурияти МОИ “Суғд”, Иди байналмилалии Наврӯзро аҳли кормандони Маъмурият ва субъектҳои МОИ “Суғд” бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил намуданд.
Ба муносибати ин ҷашни бостонӣ дар саҳни бинои Маъмурияти МОИ “Суғд” чорабинии идона баргузор гардид, ки нахуст Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Муҳаммадзода Муҳаммад Султон ҳамагонро бо Иди байналмилалии Наврӯз табрику муборакбод намуданд.
Дар доираи барномаи идона намоиши таомҳои миллӣ, дастовардҳои ҳунарҳои мардумӣ ва гӯшаҳои фарҳангӣ ташкил карда шуд. Ҳамзамон дар чорабинӣ зикр гардид, ки Наврӯз ҳамчун мероси гаронбаҳои фарҳангӣ ба ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, меҳнатдӯстиву созандагӣ ва эҳёи арзишҳои миллӣ ҳидоят менамояд.
Ҳамчунин, барномаи фарҳангии аз ҷониби донишҷӯёни Донишкадаи саноат ва хизматрасонӣ пешкаш гардида, фазои идонаро боз ҳам гарму самимӣ намуд.

ТАШРИФИ СОҲИБКОРОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БА МОИ “СУҒД”
Санаи 14-уми марти соли 2025 ҳайати соҳибкорони вилояти Хатлон ба МОИ “Суғд” ташриф оварданд.
Ҳайати меҳмононро Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Муҳаммадзода Муҳаммад Султон қабул намуда, сипас аз фаъолияти субъектҳои МОИ “Суғд” аз ҷумла: ҶДММ КМ ТТ “Афранг Пластик”, ҶДММ “Сайр Суғд” ва ҶДММ КФ “Фортуна-Ко” шинос карда шуд.

ТАҚДИМИ ТАСДИҚНОМАИ СУБЪЕКТИ НАВИ МИНТАҚАИ ОЗОДИ ИҚТИСОДИИ СУҒД БА ҶДММ “ТЕРМОДИНАМИКА СУҒД”

ТАШРИФИ РАИСИ ПАЛАТАИ САВДО ВА САНОАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН РАҲМОНАЛИЗОДА ФАРҲОДШОҲ РАҲМОНАЛӢ БА МОИ “СУҒД”

СУПОРИДАНИ ТАСДИҚНОМАИ МАҚОМИ СУБЪЕКТИ МОИ “СУҒД” БА ҶДММ “РАЙАН”
Сани 10 феврали соли 2026 зимни баргузории нишасти матбуотӣ, дар Маъмурияти МОИ “Суғд” субъекти нав бо номи ҶДММ “Райан” ба қайд гирифта шуд. Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Муҳаммадзода Муҳаммад Султон дар ҳузури намояндагони ВАО, Тасдиқномаи субъекти МОИ “Суғд”-ро ба роҳбари корхона Тоҷибоев Амирҷон супориданд.
Бояд қайд намуд, ки ҶДММ “Райан” аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Исомуддинова Мафтуна Салоҳидиновна таъсис дода шуда, самти фаъолияти корхонаи мазкур дар оянда, ба истеҳсоли нушокиҳои ташнашикан, коркард ва консервакунонии меваҷоту сабзавот равона гардидааст.
Дар охир Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Муҳаммадзода М. С. ба роҳбари корхонаи мазкур барору комёбиҳо баҳри таъсиси корхонаи нав иброз доштанд.

НИШАСТИ МАТБУОТӢ ОИД БА ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ МАЪМУРИЯТИ МОИ “СУҒД” ДАР СОЛИ 2025

Муколамаи маҷозӣ дар бораи рушд: Маъмурияти МОИ «Суғд» ва Маъмурияти МОИ «Могилёв» дар бораи имкониятҳои ҳамкорӣ тиҷоратӣ-иқтисодӣ муошират намуданд
5 феврали соли 2026 байни Маъмурияти МОИ «Суғд» (Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва Маъмурияти МОИ «Могилёв» (Ҷумҳурии Белорус) мулоқоти самараноки онлайнӣ баргузор гардид. Чорабинӣ дар фазои муколамаи созанда, ки асоси он Ёддошти тафовуми ҳамкорӣ мебошад.
Аз тарафи МОИ «Суғд» вохӯриро муовини якуми роҳбари Маъмурият Ҳакимов Насим Абдуганиевич сарварӣ кард. Ӯро муовини роҳбари Маъмурияти МОИ «Суғд» Диловаршо Неъматзода ва сардори шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ ва ҷалби сармоягузорӣ Каюмова Муҳайё ҳамроҳӣ карданд.
Намояндагии МОИ «Могилёв»-ро муовини сардори маъмурият Виталий Владимирович Игнатович, сардори шуъбаи сармоягузорӣ ва робитаҳои хориҷии иқтисодӣ Оксана Александровна Пантус ва мутахассиси пешбари ҳамин шуъба Ирина Михайловна Мартинович ташкил медоданд.
Дар гуфтушунид имкониятҳои амалигардонии ҳамкорҳои дурнамо баҳс гардида, тарафҳо оид ба созишҳои ҷорӣ мавқеъҳоро аниқ карда, чораҳои амалӣ гардонидани онҳоро муайян намуданд.
Инчунин дар рафти вохӯрии маҷозӣ нишондодҳои иқтисодии ва имкониятҳои инфрасохтории ҳарду тараф ва пешниҳодҳо тариқи рунамо баррасӣ гардиданд.
Дар рафти вохӯри ҷонибҳо имкониятҳои содиротии маҳсулотҳои ба кишварҳо заруриро муҳокима карда, оид ба харидори намудани молҳои махсус, ки ба талаботи бозори ду кишвар ниёз доранд ва ба манфиати тиҷоратии мутақобила мебошанд, суҳбат карданд.
Барои ҷоннок кардани ҳамкорӣ самтҳои заруриро пешниҳод намуданд, ки ба афзоиши содироти мустақим мусоидат мекунанд.
Иштирокчиёни вохӯрӣ якдилона изҳор намуданд, ки мустаҳкам намудани ҳамкори байни МОИ «Суғд» ва МОИ «Могилёв» имкониятҳои нав барои субъетҳои ҳарду тараф замина гузошта, барои васеъ намудани бозорҳо ва афзоиши мубодилаи тиҷоратии дуҷониба мусоидат мекунад.
Гуфтушунидҳои баргузоршуда ин як қадами дигари низомӣ дар рушди муносибатҳои дарозмуддати дуҷониба байни минтақаҳои озоди иқтисоди мегардад, ки мақсади ниҳоии онҳо — эҷоди шароити мусоид барои тиҷорат ва сармоягузорӣ мебошад.

ВОХУРИИ МУОВИНИ ЯКУМИ РАИСИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ МАЛИКШО НЕЪМАТЗОДА ДАР МАҶЛИСГОҲИ МАЪМУРИЯТИ МОИ “СУҒД” БО ИШТИРОКИ РОҲБАРИЯТ ВА СУБЪЕКТҲОИ МИНТАҚА, ОИД БА ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
Санаи 29 январи соли 2025 дар маҷлисгоҳи Маъмурияти МОИ “Суғд” мулоқоти муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Маликшо Неъматзода бо намояндагони Маъмурияти МОИ “Суғд, роҳбарияти субъекҳо ва ҳайати устодону донишҷӯёни Донишкадаи саноат ва хизматрасонӣ баргузор гардид.
Сухани ифтитоҳиро Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Муҳаммадзода Муҳаммад Султон ҳусни оғоз бахшида, сипоси самимии худро ба муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Маликшо Неъматзода ва Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Салимзода Ҷаҳонгир бобати ҳамкорӣ ва дастгириҳои пайваста ба МОИ “Суғд” баён намуданд.
Зимни суханронӣ муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Маликшо Неъматзода таъкид намуд, ки Паёми Пешвои миллат ҳамчун ҳуҷҷати муҳими сиёсиву барномавӣ самтҳои афзалиятноки рушди иҷтимоию иқтисоди кишварро муайян намуда, барои саноатчиён ва ҷавонони кишвар вазифаҳои мушаххас мегузорад.
Ҳамзамон, зикр гардид, ки иштироки фаъолонаи ҷавонон, бахусус, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ, дар татбиқи ҳадафҳои Паём омили муҳими пешрафти соҳаи саноат ба шумор рафта, робитаи зичи истеҳсолот бо илм ва таҳсилот метавонад ба омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат мусоидат намояд.
Инчунин, Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” бо изҳори умед ва боварии аниқ бобати таъасуроти олӣ гирифтани намояндагони Маъмурият, соҳаи саноат ва донишҷуён аз ин мулоқоти судманд, ҳамзамон ба ин васила дар оянда зиёд намудани аъзоёни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии ҲХДТ “Ватандӯст” ва дигар ташкилотҳои ибтидоии субъектҳо қайд гардид.
Дар охири ҷаласа ба роҳбарияти субъектҳои фаъоли Маъмурияти МОИ “Суғд” аз ҷумла: ҶДММ “Реал”, ҶДММ “Донаи Алмос”, ҶДММ “Стар Плат” ва ҶДММ КМТТ “Афранг Пластик” аз ҷониби муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Маликшо Неъматзода бо сипосномаҳои Маъмурияти МОИ “Суғд” қадрдонӣ гардида, ба 20 нафар кормандони Маъмурият ҳамчун аъзои нав шаҳодатномаҳои ҲХДТ супорида шуд.


















































































