
ҶАЛАСАИ КОРИИ НАЗДИ РОҲБАРИ МАЪМУРИЯТИ МИНТАҚАИ ОЗОДИ ИҚТИСОДИИ «СУҒД» ОИД БА НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ШАШМОҲАИ АВВАЛИ СОЛИ 2026
Аз ҷониби Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Муҳаммадзода Муҳаммад Султон ҷаласаи корӣ оид ба натиҷагирӣ аз фаъолияти шашмоҳаи аввали соли 2026 баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва кормандони масъули Маъмурият иштирок намуданд.
Зимни ҷаласа мудирони шуъбаҳои Маъмурият аз рӯи самтҳои фаъолияти худ ҳисобот пешниҳод намуда, натиҷаҳои бадастомада, иҷрои нақшаҳои корӣ, ҷалби сармоягузорӣ, ҳамкорӣ бо субъектҳои МОИ «Суғд», пешбурди корҳои ташкилӣ ва дигар масъалаҳои муҳими соҳавиро мавриди таҳлил қарор доданд.
Роҳбари Маъмурият фаъолияти ҳар як шуъбаро мавриди баррасӣ қарор дода, барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, баланд бардоштани самаранокии фаъолият, иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ва рушди минбаъдаи фаъолияти минтақа ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Дар фарҷоми ҷаласа таъкид гардид, ки ҳамаи кормандони Маъмурият бояд бо масъулияти баланд, ташаббускорӣ ва истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда барои иҷрои нишондиҳандаҳои пешбинишуда ва рушди устувори МОИ «Суғд» фаъолияти худро боз ҳам тақвият бахшида, баҳри сазовор ҷашн гирифтани 35- Солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон якдилона ҳиссаи арзандаи худро гузоранд.







