
Дар шаҳри Брест ҷаласаи 19-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ баргузор гардид
28 июли соли 2026 дар шаҳри Брест ҷаласаи 19-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ таҳти ҳамраисии вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазири кишоварзӣ ва озуқавории Ҷумҳурии Беларус баргузор гардид.
Дар рафти ҷаласа ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва равобити байниминтақавии Тоҷикистону Беларус, инчунин густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, нақлиёт, логистика, маориф, тандурустӣ ва дигар бахшҳои дорои манфиати муштаракро баррасӣ намуданд.
Аз рӯи натиҷаҳои нишаст Протоколи ҷаласаи 19-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва Харитаи роҳ оид ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус ба имзо расид. Ҳамзамон гуфтан ба маврид аст, ки дар доираи иштироки намояндагон дар ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Белорус созишномаи ҳамкориҳо байни Муассисаи давлатии маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” ва Минтақаи озоди иқтисодии “Брест” ба имзо расонида шуданд. Ҳуҷҷати мазкур татбиқи маҷмӯи чорабиниҳои муштаракро пешбинӣ намуда, ба густариши равобити дуҷониба ва афзоиши ҳаҷми гардиши мол миёни ду кишвар равона гардидааст.





