Баргузории нишасти матбуотии Роҳбари Маъмурияти МОИ «Суғд» оид ба натиҷаҳои фаъолияти нимсолаи якуми соли 2026

Баргузории нишасти матбуотии Роҳбари Маъмурияти МОИ «Суғд» оид ба натиҷаҳои фаъолияти нимсолаи якуми соли 2026

Баргузории нишасти матбуотии Роҳбари Маъмурияти МОИ «Суғд» оид ба натиҷаҳои фаъолияти нимсолаи якуми соли 2026

Дар Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» санаи 17 августи соли 2026, нишасти матбуотии Роҳбари Маъмурият оид ба натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти минтақа дар нимсолаи якуми соли 2026 баргузор гардид.
Дар нишаст Роҳбари Маъмурияти МОИ «Суғд» Муҳаммадзода Муҳаммад Султон натиҷаҳои асосии фаъолияти минтақа, аз ҷумла ҷалби сармоягузорӣ, рушди истеҳсолот, афзоиши ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолшуда ва содирот, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, фаъолияти субъектҳои минтақа ва дигар нишондиҳандаҳои иқтисодиро мавриди таҳлил қарор дод.
Зикр гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ барои рушди минбаъдаи фаъолияти субъектҳои МОИ «Суғд», ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти соҳибкорӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда шуданд.
Ҳамзамон, дар нишасти матбуотӣ ба масъалаҳои ҳамкориҳои байналмилалӣ, ҷалби сармоягузорони хориҷӣ, татбиқи лоиҳаҳои нави истеҳсолӣ, зиёд намудани иқтидори содиротии корхонаҳо ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Дар идомаи нишаст Роҳбари Маъмурият ба саволҳои намояндагони воситаҳои ахбори омма вобаста ба фаъолияти МОИ «Суғд», нақшаҳои рушди минбаъда, ҷалби сармоягузорӣ ва дурнамои фаъолияти субъектҳои минтақа посухҳои мушаххас дода, ҳамзамон аҳли рӯзноманигоронро дар Форуми байналмиллалии “Рақамикунонии минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар шароити кишварҳои Авруосиё” ки санаи 27-28 августи соли 2026 дар шаҳри Гулистон баргузор мегардад даъват ба амал овард.
Сипас, дар доираи нишасти матбуотӣ аз ҷониби Роҳбари Маъмурият ба субъекти нави МОИ “Суғд” ҶДММ “Хушбахти Суғд”, ки дар оянда фаъолияташро ба хизматрасонии иноватсионӣ равона мекунад дар ҳузури намояндагони ВАО тасдиқномаи мақоми субъекти МОИ “Суғд” дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд.
Дар фарҷом таъкид гардид, ки Маъмурияти МОИ «Суғд» минбаъд низ ҷиҳати рушди истеҳсолоти саноатӣ, зиёд намудани ҳаҷми содирот, ҷалби сармоягузориҳои нав ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ чораҳои муассирро идома хоҳад дод.
Инчунин пас аз ҷамъбасти нишасти матбуоти намояндагони ВАО аз якчанд субъектҳои МОИ ” Суғд” боздид намуданд аз ҷумла: ҶДММ ” Сайр Суғд” ва Маркази агрологистикӣ.

 

 

 

  

 

 

  

   

  

  

loading