
Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқтидори саноатии вилояти Брест ва Мински Ҷумҳурии Белорус шинос гардиданд.
Дар доираи ҷаласаи 19-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо якчанд корхонаи пешқадами саноатии вилояти Брест шинос шуданд.
Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Муҳаммадзода Муҳаммад Султон, якҷо бо аъзои ҳайат ба Минтақаи озоди иқтисодии “Брест”, Корхонаи хусусии истеҳсолию тиҷоратии воҳиди “Сифания-Экотехника”, гурӯҳи ширкатҳои “СТИМ”, инчунин Корхонаи воҳиди “Гефест-Техника” ва ҶДММ “КМББ»- вилояти Минск шинос шуданд. Зимни боздид аъзои ҳайати Тоҷикистон бо иқтидори истеҳсолии корхонаҳо, технологияҳои муосир, маҳсулоти истеҳсолшаванда ва иқтидори содиротии онҳо шинос шуданд. Дар доираи шиносоӣ таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои маҳаллисозии истеҳсолот, ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ, рушди ҳамкории саноатӣ ва тавсеаи ҳамкории сармоягузорӣ зоҳир гардид.
Намояндагони корхонаҳо дар бораи фаъолият, лоиҳаҳои амалишаванда ва дурнамои ҳамкорӣ ба шарикони тоҷикистонӣ маълумот пешниҳод намуда, барои рушди ҳамкории мутақобилан судманд изҳори омодагӣ карданд. Боздид аз иншооти саноатии Минтақаи озоди иқтисодии “Брест” имкон фароҳам овард, ки самтҳои ояндадори ҳамкории амалӣ байни МОИ “Суғд” ва МОИ “Брест” муайян гардида, ҳамзамон манфиати мутақобили ҷонибҳо барои рушди минбаъдаи робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ бори дигар таъкид карда шуд.









