ТАЪСИСИ ДУ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲХДТ ДАР МОИ “СУҒД”

ТАЪСИСИ ДУ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲХДТ ДАР МОИ “СУҒД”

 

Дар доираи татбиқи ҳадафҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, санаи 30-юми июни соли 2026 дар маҷлисгоҳи Маъмурияти МОИ “Суғд” маҷлиси муассисони ҶДММ КФ “Фортуна-Ко” ва ҶДММ “Тоҷпанел” баргузор гардида, ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ бо номҳои “Фортуна-Ко” ва “Тоҷпанел” таъсис дода шуданд.
Дар маҷлис Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Муҳаммадзода Муҳаммад Султон, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Мунзифа Ҷабборӣ, кормандони Маъмурияти МОИ “Суғд”, роҳбари корхонаҳо, фаъолони ҳизб ва кормандони субъектҳои МОИ “Суғд” иштирок намуданд.
Ҳамзамон дар идомаи маҷлис интихоби роҳбарияти ташкилотҳои ибтидоии навтаъсис ва тасдиқи ҳайат мавриди баррасӣ қарор гирифта, қарорҳои дахлдор якдилона қабул шуданд. Ҳамчунин дар фазои тантанавӣ 60 нафар кормандони фаъоли субъектҳои МОИ “Суғд” ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қабул гардида, ба онҳо шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.
Дар анҷоми чорабинӣ роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ва роҳбарияти Маъмурияти МОИ “Суғд” аъзоёни нави ҳизбро самимона табрик намуда, баҳри рушди истеҳсолот ва пешрафти иқтисодиву иҷтимоии мамлакат саҳми назаррас гузоштанро қайд намуданд.
 
 
 
 
 
 
 
«ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТАҲКИМИ СУЛҲ БА ХОТИРИ НАСЛҲОИ ОЯНДА, СОЛҲОИ 2027-2036»

«ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТАҲКИМИ СУЛҲ БА ХОТИРИ НАСЛҲОИ ОЯНДА, СОЛҲОИ 2027-2036»

 

Сулҳ неъмати бебаҳо ва асоси рушди устувори ҳар як давлату ҷомеа мебошад. Дар ҷаҳони имрӯз, ки бо низоъҳои мусаллаҳона, таҳдидҳои амниятӣ, терроризм, ифротгароӣ, тағйирёбии иқлим ва дигар мушкилоти глобалӣ рӯ ба рӯ аст, таҳкими сулҳ ва ҳамдигарфаҳмии байни халқҳо ба яке аз вазифаҳои муҳимтарини ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари сулҳпарвар ва ташаббускор дар арсаи байналмилалӣ ҳамеша барои таҳкими сулҳу субот ва ҳамкории созанда саҳми арзишманд мегузорад.
 
25 июни соли 2026 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо ҷонибдории давлатҳои аъзо қатъномаро таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда (2027–2036)» қабул намуд. Ин ташаббуси муҳим бо пешниҳоди “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон” амалӣ гардида, ҳамчун иқдоми муҳими байналмилалӣ барои таҳкими фарҳанги сулҳ ва рушди муносибатҳои дӯстонаи байни давлатҳо арзёбӣ мешавад.
 
Ҳадафи асосии Даҳсолаи байналмилалӣ таҳкими сулҳ, пешгирии низоъҳо, рушди фарҳанги муколама, таҳаммулгароӣ, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва таҳкими ҳамкории байни давлатҳо ва наслҳо мебошад. Ин ташаббус аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват мекунад, ки барои ҳифзи сулҳи пойдор, рушди устувор ва зиндагии шоистаи наслҳои имрӯзаву оянда саъю кӯшиши муштарак намоянд.
 
Дар паёми шодбошии худ ба муносибати қабули ин қатънома Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки сулҳ танҳо маънои набудани ҷангро надорад.
 
Ба таъкиди Пешвои миллат: «Сулҳ фарҳанг аст. Сулҳ масъулият аст. Сулҳ эҳтиром ба шаъну шарафи инсон аст. Сулҳ таъмин намудани адолат ва имкониятҳои баробар барои ҳамаи инсоният аст.»
 
Ин суханон аҳаммияти амиқи сулҳро ҳамчун арзиши умумии башарӣ нишон медиҳанд. Сулҳи ҳақиқӣ танҳо дар шароите пойдор мемонад, ки дар ҷомеа адолат, ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтироми инсон ва имкониятҳои баробар барои ҳама таъмин бошад.
 
Ташаббуси «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» идомаи мантиқии сиёсати сулҳпарваронаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Пеш аз ин низ Тоҷикистон бо ташаббусҳои ҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои об, рушди устувор ва ҳифзи пиряхҳо обрӯи баланд пайдо кардааст. Акнун пешниҳоди нави Тоҷикистон бори дигар собит намуд, ки кишвари мо дар ҳалли масъалаҳои муҳими ҷаҳонӣ нақши фаъол дорад.
 
Дар доираи ин Даҳсола таваҷҷуҳи махсус ба тарбияи насли наврас ва ҷавонон равона карда мешавад. Ҷавонон бояд дар рӯҳияи ватандӯстӣ, эҳтироми қонун, таҳаммулгароӣ, фарҳанги сулҳ ва масъулияти шаҳрвандӣ ба камол расанд. Ҳамчунин, рушди илму маориф, омӯзиши технологияҳои муосир, рақамикунонӣ ва зеҳни сунъӣ барои омода намудани ҷавонон ба талаботи ҷаҳони муосир аҳаммияти калон дорад.
 
Қабули ин қатънома нишон медиҳад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ташаббуси Тоҷикистон ва сиёсати сулҳпарваронаи Пешвои миллат пуштибонӣ мекунад. Дар доираи татбиқи Даҳсола баргузории конфронсҳои байналмилалӣ, барномаҳои илмӣ, фарҳангӣ ва маърифатӣ, инчунин густариши ҳамкории байни кишварҳо пешбинӣ шудааст. Тоҷикистон ният дорад соли 2027 дар шаҳри Душанбе конфронси байналмилалии сатҳи баландро бахшида ба оғози расмии Даҳсола баргузор намояд.
 
Хулоса, «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда (2027–2036)» ташаббуси муҳим ва дурбинонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардидааст. Ин ташаббус барои таҳкими сулҳу суботи ҷаҳонӣ, рушди фарҳанги муколама, эҳтироми ҳуқуқи инсон, ҳамбастагии байни халқҳо ва таъмини зиндагии шоиста барои наслҳои имрӯзаву оянда аҳаммияти бузург дорад.
 
Ҳифзи сулҳ вазифаи ҳар як инсон аст. Танҳо бо эҳтироми ҳамдигар, ҳамкорӣ, таҳаммулгароӣ ва масъулияти муштарак метавон ҷаҳони амну осуда ва ояндаи дурахшонро барои наслҳои оянда бунёд намуд.
 
Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд”
Муҳаммадзода Муҳаммад Султон
 
ДАР ДОИРАИ ФОРУМИ XII БАЙНАЛМИЛАЛИИ САВДО ВА САРМОЯГУЗОРИИ «СУҒД-2026» ТАШРИФИ НАМОЯНДАГОНИ ВИЛОЯТИ МОГИЛЁВИ ҶУМҲУРИИ БЕЛОРУССИЯ БА МОИ «СУҒД»

ДАР ДОИРАИ ФОРУМИ XII БАЙНАЛМИЛАЛИИ САВДО ВА САРМОЯГУЗОРИИ «СУҒД-2026» ТАШРИФИ НАМОЯНДАГОНИ ВИЛОЯТИ МОГИЛЁВИ ҶУМҲУРИИ БЕЛОРУССИЯ БА МОИ «СУҒД»

 
Дар доираи баргузории Форуми XII байналмилалии савдо ва сармоягузории «Суғд-2026», ҳайати намояндагони вилояти Могилёви Ҷумҳурии Белоруссия ба Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» ташриф оварданд.
Меҳмонон зимни боздид аз фаъолияти МОИ «Суғд» бо имкониятҳои мавҷудаи сармоягузорӣ, инфрасохтори истеҳсолӣ, имтиёзҳои андозиву гумрукӣ ва шароити мусоиди пешбурди соҳибкорӣ шинос шуданд. Ба ҳайати меҳмонон оид ба фаъолияти субъектҳои минтақа, лоиҳаҳои амалишаванда ва дурнамои рушди ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ маълумоти муфассал пешниҳод гардид.
Намояндагони вилояти Могилёв ба имкониятҳои фароҳамовардаи МОИ «Суғд» баҳои баланд дода, омодагии худро барои густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд иброз намуданд.
Ташрифи ҳайати вилояти Могилёв ба МОИ «Суғд» қадами муҳим дар роҳи таҳкими муносибатҳои иқтисодию тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Белоруссия арзёбӣ гардида, барои татбиқи лоиҳаҳои нави муштарак заминаи мусоид фароҳам меорад.
 
Ҷаласаи панелӣ дар мавзӯи «Чӣ гуна занони соҳибкор метавонанд маҳсулоти маҳаллиро ба имкониятҳои минтақавии соҳибкорӣ табдил диҳанд»

Ҷаласаи панелӣ дар мавзӯи «Чӣ гуна занони соҳибкор метавонанд маҳсулоти маҳаллиро ба имкониятҳои минтақавии соҳибкорӣ табдил диҳанд»

 
18 июни соли 2026 дар доираи Намоишгоҳи байналмилалии савдо «Суғд-2026» Дафтари барномавии САҲА дар Душанбе чорабинии ҳамзамонро таҳти унвони «Аз МОИ то содироти онлайн» баргузор намуд, ки ба омӯзиши роҳҳои амалии густариши фаъолияти соҳибкории таҳти роҳбарии занон тавассути тиҷорати электронии фаромарзӣ бахшида шуда буд.
Дар ҷаласаи панелӣ намояндагони соҳибкорӣ аз кишварҳои Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон, инчунин намояндагони Маъмурияти МОИ «Суғд» ва занони соҳибкоре, ки фаъолияти худро дар ҳудуди МОИ «Суғд» ба роҳ мондаанд, иштирок ва суханронӣ намуданд.
Қаюмова М., сардори шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ ва ҷалби сармоягузории Маъмурияти МОИ «Суғд», ҳамчун намояндаи Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» зимни суханронии худ қайд намуд, ки МОИ танҳо ҳудудҳои дорои имтиёзҳо нестанд, балки платформаҳои омода барои воридшавии бемамониат ба бозорҳои байналмилалӣ мебошанд. Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки рушди соҳибкории таҳти роҳбарии занон тавассути тиҷорати электронии фаромарзӣ имрӯз ба яке аз масъалаҳои мубрам табдил ёфта, фурӯши маҳсулот тавассути маркетплейсҳо имкониятҳои бештарро барои пешбурди фаъолияти тиҷоратӣ фароҳам меорад.
Ҳамчунин дар ҷаласаи панелӣ Файзуллоева Ш. бо муаррифии муфассал оид ба имтиёзҳо ва афзалиятҳои пешниҳоднамудаи Маъмурияти МОИ «Суғд» баромад намуд.
Инчунин роҳбари ҶДММ «Донаи Алмос» Хазратзода О. рӯнамоии муфассалро оид ба фаъолияти кунунӣ ва дурнамои рушди корхона пешниҳод намуд.
Бо дастгирии занони соҳибкор тавассути дониш, робитаҳои корӣ ва дастрасӣ ба имкониятҳои тиҷорати рақамӣ, САҲА ба таҳкими ҳуқуқу имкониятҳои иқтисодии занон ва рушди ҳамкориҳои иқтисодии минтақавӣ мусоидат намуд.
 
 
 
Барои соҳибкорони МОИ «Суғд» чорабинии иттилоотӣ БАТР дар мавзӯъи «Механизмҳои дастгирии соҳибкорӣ ва тиҷорат» баргузор гардид

Барои соҳибкорони МОИ «Суғд» чорабинии иттилоотӣ БАТР дар мавзӯъи «Механизмҳои дастгирии соҳибкорӣ ва тиҷорат» баргузор гардид

 
19 июни соли 2026 дар доираи барномаи расмии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) дар Маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» чорабинии машврати бо иштироки намояндагон, роҳбарият ва субъектҳои МОИ «Суғд» баргузор гардид.
Бо сухани ифтитоҳӣ муовини Маъмурияти МОИ «Суғд» Нуруллозода Зафарҷон баромад намуда, ҳамаи иштирокчиёнро хайрамақдам гуфт ва ба намояндагони Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) ба шахсияти ҷаноби Холгер Вифел изҳори сипос кард. Нуруллозода Зафарҷон махсусан таъкид намуд, ки БАТР аз рузҳои аввали фаъолият ба Маъмурияти МОИ «Суғд» дар рушди МОИ «Суғд» ёрии амали расонидааст. Ҳамчунин вай қайд намуд, ки бонк ҳамеша ташаббусҳои МОИ-ро дастгирӣ карда вохӯрии имрӯзаро тасдиқи суханаш шуморида суханро ба ҷаноби Холгер Вифел супурд.
Дар навбати худ, роҳбари БАТР дар Тоҷикистон ҷаноби Холгер Вифел аз ҳамаи иштирокчиён барои иштирок изҳори сипос намуда, нақши муҳими ин чорабини дар дастгирии соҳибкорӣ ва тиҷорат дар маҷмӯъ қайд кард.
Дар рафти чорабинӣ намояндагони БАТР Мустафо Ҷонмамадов, Муҳаммад Додабоев, Гавҳархон Мамадҷонова, Назарбегим Гулмамадова ва Рафиқҷон Акилов презентатсияи муфассалро, оид ба хизматрасониҳо ва имкониятҳои бонки, оид ба лоиҳаҳои ҷорӣ ва дурнамои БАТР-ро дар Тоҷикистон пурра инъикос менамояд, ба иштирокчиён пешниҳод намуданд.
Инчунин дар ин чорабини бо намояндагӣ аз Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Фартуна Ко» Умаров М. оид ба таҷрибаи ҳамкори бо БАТР баромад намуд, ки дар байни иштирокчиён таваҷҷуҳи махсусро ба худ ҷалб кард. Презентатсияи Умаров М. ба таври равшан нишон дод, ки БАТР на танҳо ҳамкори молиявӣ, балки шарики боэътимоди стратегӣ дар рушди устувори бизнес ва тиҷорат мебошад.
Ҳамин тариқ, чорабинии иттилоотӣ дар формати фазои ҳамкорӣ ва табодули афкор баргузор гардид.
 
 
 
ИШТИРОКИ ФАЪОЛОНАИ РОҲБАРИЯТИ МАЪМУРИЯТ ВА СУБЪЕКТҲОИ МОИ “СУҒД” ДАР ФОРУМИ ХII БАЙНАЛМИЛАЛИИ САВДО ВА САРМОЯГУЗОРИИ “СУҒД-2026”

ИШТИРОКИ ФАЪОЛОНАИ РОҲБАРИЯТИ МАЪМУРИЯТ ВА СУБЪЕКТҲОИ МОИ “СУҒД” ДАР ФОРУМИ ХII БАЙНАЛМИЛАЛИИ САВДО ВА САРМОЯГУЗОРИИ “СУҒД-2026”

 
Санаҳои 18,19-уми июни соли 2026 Роҳбарияти Маъмурияти МОИ “Суғд” ва субъектҳои минтақа дар Намоишгоҳ, Форуми ХII байналмилалии савдо ва сармоягузории «Суғд-2026”, ки дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, иштироки фаъолона дошта, молу маҳсулоти хешро пешкаши бинандагон намуданд.
Иттилоъ дода мешавад, ки дар форуми байналмилалӣ зиёда аз 500 намоянда аз 20 кишвари хориҷӣ дуру наздик ширкат дошта, зиёда аз 200 корхонаву ташкилотҳои ватаниву хориҷӣ молу маҳсулоти худро ба намоиш гузошта буданд. Боиси ифтихор аст, ки чун ҳамасола Роҳбарияти Маъмурияти МОИ “Суғд” якҷо бо субъекҳои фаъоли худ дар намоишгоҳи болозикр ширкат меварзанд ва дар намоишгоҳи имсола низ субъектҳои МОИ “Суғд” аз ҷумла: ҶДММ КМ ТТ “Силкоат Бойя”, ҶДММ КФ “Фортуна Ко”, ҶДММ КМ ТТ “Арча мебел”, ҶДММ “Стар Пласт” ва ҶДММ “Сайр Суғд” иштироки фаъол карда, молу маҳсулоти истеҳсолнамудаи худро ба меҳмонон муаррифӣ намуданд.
Дар ҳошияи форум Роҳбарият ва кормандони Маъмурияти МОИ “Суғд” бо якчанд сармоягузорон ва намояндагони доираҳои соҳибкорӣ мулоқоту гуфтушунидҳо анҷом дода, ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои нави сармоягузорӣ ва густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд мубодилаи афкор намудан.
 
 
 
 
 
  
 
  
ТАШРИФИ НАМОЯНДАГОНИ ПАЛАТАИ САВДО ВА САНОАТИ ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ БА МОИ “Суғд”

ТАШРИФИ НАМОЯНДАГОНИ ПАЛАТАИ САВДО ВА САНОАТИ ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ БА МОИ “Суғд”

 

Санаи 18-уми июни соли 2026 дар доираи Форуми байналмилалии савдо ва сармоягузории “Суғд-2026” ба МОИ “Суғд” ташрифи намояндагони палатаи савдо ва саноати Федератсияи Россия таҳти роҳбарии намояндаи тиҷоратии Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Оголева Марина Юрьевна ба Маъмурияти МОИ “Суғд” ташриф оварданд.
 
Ҳайати меҳмононро Роҳбарияти Маъмурияти МОИ “Суғд” ба ҳузур пазируфта, оиди фаъолият ва афзалияту имтиёзҳои МОИ “Суғд” аз ҷониби мутахассиси пешбари шуъбаи таъминоти ҳуқуқ, кадр ва корҳои махсус Файзуллоева Ш, Р. тариқи муаррифинамоӣ (Презентация) маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд.
 
Сипас, боздиди меҳмонон аз субъекти МОИ “Суғд”, ҶДММ “Азияполитекс” доир гардида, дар рафти боздид ба сифати маҳсулоти корхона аз ҷониби меҳмонон баҳои баланд дода шуд.
 
ТАШРИФИ СОҲИБКОРОНИ ҶУМҲУРИИ ҚИРҒИЗИСТОН БА МОИ “СУҒД”

ТАШРИФИ СОҲИБКОРОНИ ҶУМҲУРИИ ҚИРҒИЗИСТОН БА МОИ “СУҒД”

 

Санаи 17-уми июни соли 2026 доираи соҳибкорони Ҷумҳурии Қирғизистон бо мақсади шиносоӣ ва ҳамкорӣ намудан ба Маъмурияти МОИ “Суғд” ташриф оварданд.
Ҳайати сармоягузорони хориҷиро Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Муҳаммадзода Муҳаммад Султон дар даромадгоҳи Маъмурият ба ҳузур пазируфта, оиди фаъолият ва афзалияту имтиёзҳои минтақа маълумоти муфассал доданд.
Сипас, боздиди меҳмонон аз якчанд субъектҳои МОИ “Суғд” аз ҷумла: ҶДММ “Азияполитекс”, ҶДММ КМ ТТ “Арча-мебел” ва ҶДММ КФ “Фортуна-Ко” доир гардид.
  
 
 
СУПОРИДАНИ ТАСДИҚНОМАИ МАҚОМИ СУБЪЕКТИ МОИ “СУҒД” БА ҶДММ “СУҒД ДЕКОР”

СУПОРИДАНИ ТАСДИҚНОМАИ МАҚОМИ СУБЪЕКТИ МОИ “СУҒД” БА ҶДММ “СУҒД ДЕКОР”

 
Санаи 16 июни соли 2026, дар Маъмурияти МОИ “Суғд” субъекти нав бо номи ҶДММ “Суғд Декор” ба қайд гирифта шуд. Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Муҳаммадзода Муҳаммад Султон дар ҳузури кормандони Маъмурияти МОИ “Суғд”, Тасдиқномаи субъекти МОИ “Суғд”-ро ба роҳбари корхона Нарзуллоев Алишер супориданд.
 
Бояд қайд намуд, ки ҶДММ “Суғд Декор” аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Нарзуллоев Алишер таъсис дода шуда, самти фаъолияти корхонаи мазкур дар оянда, ба истеҳсоли фанерҳо ва маснуоти чӯбин равона гардидааст.
 
Дар охир Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Муҳаммадзода М. С. ба роҳбари корхонаи мазкур барору комёбиҳо баҳри таъсиси корхонаи нав иброз доштанд.
 
 
Ташкили шанбегии навбатӣ дар МОИ “Суғд”

Ташкили шанбегии навбатӣ дар МОИ “Суғд”

 
Таҳти роҳбарии Маъмурияти МОИ “Суғд”, санаи 13 – уми июни соли 2026 бо мақсади тозаву озода нигоҳ доштани ҳудуди МОИ “Суғд”, ҳифзи муҳити зист, ба ин тариқ таъмини саломатии шаҳрвандон шанбегии дастаҷамъона ташкил карда шуд, ки дар он аҳли кормандони Маъмурияти МОИ “Суғд”, инчунин роҳбарону намояндагони субъектони МОИ ”Суғд” фаъолона иштирок намуда, баҳри ободонӣ, кабудизоркунӣ ва тоза намудани гирду атроф саҳми назарраси худро гузоштанд.
 
loading