Санаҳои 28-29 сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд Форуми дуюми сулҳи Фарғона таҳти унвони «Водии Фарғона: фазои сулҳ, эътимод ва шукуфоӣ» баргузор гардид.
Форуми мазкур ба солгарди қабули Эъломияи Хуҷанд оид ба дӯстии абадӣ бахшида шуда, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд баргузор гардид.
Дар кори Форум Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода, ҳокими вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Хайрулло Бозоров, намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон дар вилояти Ботканд Мамирҷон Раҳимов, намояндагони мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, доираҳои дипломатӣ, марказҳои таҳлилӣ ва пажӯҳишӣ, ҷомеаи илмӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, воситаҳои ахбори омма, созмонҳои ҷавонон ва занон, инчунин намояндагони ҷамоатҳои маҳаллии се кишвари водии Фарғона — Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон иштирок намуданд.
Аҳаммияти таърихии Эъломияи Хуҷанд оид ба дӯстии абадӣ, ки 31 марти соли 2025 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба имзо расидааст, таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Ҳадаф аз баргузории форуми мазкур пеш аз ҳама ба нақши созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ дар дастгирии ташаббусҳои сулҳофар, рушди муколамаи ҷомеаҳо, таҳкими эътимоди мутақобила ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди устувори минтақа таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад.
Дар рӯзи дуюми Форум баргузории як қатор чорабиниҳо баргузор гардиданд, ки ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳои ҷамъиятӣ ва гуманитарӣ, таҳкими муносибатҳои неки ҳамсоягӣ ва пешбурди ташаббусҳои мусоидаткунанда ба сулҳ, эътимоди мутақобила ва рушди устувори минтақа равона хоҳанд шуд.