
Барои соҳибкорони МОИ «Суғд» чорабинии иттилоотӣ БАТР дар мавзӯъи «Механизмҳои дастгирии соҳибкорӣ ва тиҷорат» баргузор гардид
19 июни соли 2026 дар доираи барномаи расмии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) дар Маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» чорабинии машврати бо иштироки намояндагон, роҳбарият ва субъектҳои МОИ «Суғд» баргузор гардид.
Бо сухани ифтитоҳӣ муовини Маъмурияти МОИ «Суғд» Нуруллозода Зафарҷон баромад намуда, ҳамаи иштирокчиёнро хайрамақдам гуфт ва ба намояндагони Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) ба шахсияти ҷаноби Холгер Вифел изҳори сипос кард. Нуруллозода Зафарҷон махсусан таъкид намуд, ки БАТР аз рузҳои аввали фаъолият ба Маъмурияти МОИ «Суғд» дар рушди МОИ «Суғд» ёрии амали расонидааст. Ҳамчунин вай қайд намуд, ки бонк ҳамеша ташаббусҳои МОИ-ро дастгирӣ карда вохӯрии имрӯзаро тасдиқи суханаш шуморида суханро ба ҷаноби Холгер Вифел супурд.
Дар навбати худ, роҳбари БАТР дар Тоҷикистон ҷаноби Холгер Вифел аз ҳамаи иштирокчиён барои иштирок изҳори сипос намуда, нақши муҳими ин чорабини дар дастгирии соҳибкорӣ ва тиҷорат дар маҷмӯъ қайд кард.
Дар рафти чорабинӣ намояндагони БАТР Мустафо Ҷонмамадов, Муҳаммад Додабоев, Гавҳархон Мамадҷонова, Назарбегим Гулмамадова ва Рафиқҷон Акилов презентатсияи муфассалро, оид ба хизматрасониҳо ва имкониятҳои бонки, оид ба лоиҳаҳои ҷорӣ ва дурнамои БАТР-ро дар Тоҷикистон пурра инъикос менамояд, ба иштирокчиён пешниҳод намуданд.
Инчунин дар ин чорабини бо намояндагӣ аз Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Фартуна Ко» Умаров М. оид ба таҷрибаи ҳамкори бо БАТР баромад намуд, ки дар байни иштирокчиён таваҷҷуҳи махсусро ба худ ҷалб кард. Презентатсияи Умаров М. ба таври равшан нишон дод, ки БАТР на танҳо ҳамкори молиявӣ, балки шарики боэътимоди стратегӣ дар рушди устувори бизнес ва тиҷорат мебошад.






