КОРРУПСИЯ – ПАДИДАИ ХАТАРНОК

КОРРУПСИЯ – ПАДИДАИ ХАТАРНОК

КОРРУПСИЯ – ПАДИДАИ ХАТАРНОК

 

Коррупсия яке аз мушкилоти ҷиддии ҷаҳони муосир ба ҳисоб рафта, ба рушди давлат, пешрафти иқтисод, адолати иҷтимоӣ ва эътимоди мардум ба мақомоти давлатӣ таъсири манфӣ мерасонад. Ин падида дар ҳама кишварҳо, новобаста аз сатҳи рушд, дида мешавад ва мубориза бар зидди он вазифаи муҳими ҳар як қишри ҷомеа мебошад.
 
Калимаи «коррупсия» аз забони лотинӣ гирифта шуда, маънояш «вайронкунӣ», «харобсозӣ» ва ё «сӯиистифода» мебошад. Коррупсия ин истифодаи мансаб ё ваколатҳои хизматӣ ба манфиати шахсӣ мебошад. Ба ибораи дигар, вақте шахс аз вазифаи худ барои гирифтани пора, манфиати моддӣ ё дигар имтиёзҳо истифода мебарад, ин амал коррупсионӣ ҳисобида мешавад.
 
Шаклҳои маъмултарини коррупсия инҳоянд, порагирӣ ва пора додан, сӯиистифода аз мансаб, азонихудкунии маблағҳои давлатӣ, қаллобӣ ва сохтакорӣ, тақсимоти ғайриқонунии молу мулк, замин ва ғайра.
 
Коррупсия аз омилҳои гуногун сар мезанад. Яке аз сабабҳои асосӣ паст будани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад. Вақте мардум ҳуқуқу уҳдадориҳои худро хуб намедонанд, баъзе шахсон аз ин истифода бурда, ба амалҳои ғайриқонунӣ роҳ медиҳанд.
 
Инчунин, омилҳои зерин ба пайдоиши коррупсия мусоидат мекунанд: камбуди назорат ва шаффофият, паст будани масъулият ва назорати роҳбарон, мушкилоти иқтисодӣ ва бекорӣ, норасоии тарбияи ахлоқиву маънавӣ, бепарвоии ҷомеа нисбат ба қонуншиканӣ.
 
Коррупсия ба тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа зарари ҷиддӣ мерасонад. Пеш аз ҳама, он боиси коҳиш ёфтани эътимоди мардум ба давлат ва қонун мегардад. Вақте шаҳрвандон мебинанд, ки баъзе масъалаҳо танҳо бо роҳи пора ҳал мешаванд, ҳисси адолат дар ҷомеа заиф мегардад.
 
Аз ҷумла, коррупсия: рушди иқтисодиро суст мекунад, сармоягузоронро аз кишвар дур месозад, сатҳи камбизоатиро зиёд менамояд, ба рушди соҳаҳои маориф ва тандурустӣ халал мерасонад ва боиси афзоиши ҷинояткорӣ мегардад.
 
Дар натиҷа, ҷомеа аз пешрафт бозмонда, фазои нобоварӣ ва нобаробарӣ ба вуҷуд меояд.
 
Мубориза бо коррупсия танҳо вазифаи мақомоти давлатӣ нест, балки масъулияти ҳар як шаҳрванд низ мебошад. Барои пешгирии ин падида пеш аз ҳама баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ муҳим аст.
 
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мубориза бар зидди коррупсия як қатор қонунҳо ва барномаҳои давлатӣ қабул гардидаанд. Мақомоти дахлдор ҷиҳати ошкор ва пешгирии амалҳои коррупсионӣ тадбирҳои мушаххас меандешанд.
 
Роҳҳои асосии пешгирии коррупсия, риояи қатъии қонун, баланд бардоштани сатҳи дониш ва фарҳанги ҳуқуқӣ, таъмини шаффофият дар фаъолияти идораҳо, тақвияти назорати ҷамъиятӣ, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва ҳалолкорӣ.
 
Ҷавонон ҳамчун қувваи пешбарандаи ҷомеа метавонанд дар решакан намудани коррупсия саҳми назаррас гузоранд. Насли ҷавон бояд бо дониш, ахлоқи ҳамида ва эҳтиром ба қонун тарбия ёбад. Агар ҳар як ҷавон зидди пора ва дигар амалҳои ғайриқонунӣ мавқеи устувор дошта бошад, ҷомеа метавонад ба рушди устувор ноил гардад.
 
Коррупсия падидаест, ки ба амният, иқтисод ва ояндаи давлат таҳдид мекунад. Барои аз байн бурдани он ҳамкории давлат, ҷомеа ва ҳар як шаҳрванд зарур мебошад. Танҳо бо роҳи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, риояи қонун ва тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи поквиҷдонӣ метавон ҷомеаи солим ва пешрафтаро бунёд кард.
 
Мубориза бо коррупсия – мубориза барои адолат, шаффофият ва ояндаи дурахшони миллат мебошад.
 
Вобаста ба ин, имрузҳо ҳар як қишри ҷомеаро месазад, ки оид ба решакан намудани ин падидаи номатлуб мубориза баранд.
 
Қаҳорзода Меҳрубон Қаҳор – мудири шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ, кадрҳо ва корҳои махсуси Маъмурияти Минтақаи Озоди Иқтисодии Суғд
loading