
МАЪРАКАИ ШИНОНИДАНИ ДАРАХТОНИ ҲАМЕШАСАБЗ ВА АЁДАТИ СОБИҚАДОРОНИ МЕҲНАТ ДАР ДАРОМАДГОҲИ БИНОИ НАВИ МАЪМУРИЯТИ МОИ “СУҒД”
Ҳамзамон, дар доираи боздид дар саҳни бинои нави Маъмурияти МОИ “Суғд” бо иштироки муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Маликшо Неъматзода ва роҳбарияти Маъмурияти МОИ “Суғд” маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид. Қайд карда шуд, ки шинонидани дарахтони ҳамешасабз дар оянда барои тоза нигоҳ доштани ҳаво ва баланд бардоштани сатҳи экологии МОИ “Суғд” нақши муҳим дорад. Аз ҷониби Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” қайд гардид, ки чорабиниҳои сабзгардонӣ дар минтақа чун анъана ба роҳ монда шудааст ва минбаъд низ идома меёбад.
Инчунин, дар доира сафари корӣ аз ҷониби муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Маликшо Неъматзода аёдати собиқадорони меҳнати субъектҳои минтақа дар даромадгоҳи Маъмурияти МОИ “Суғд баргузор гардид. Зимни аёдати собиқадарони соҳа мулоқоти самимӣ анҷом дода, заҳмати чандинсолаи онҳоро дар рушди соҳаи саноат, таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ ва омода намудани мутахассисони соҳибтаҷриба махсус таъкид гардид. Собиқадорони соҳаи саноат барои таваҷҷӯҳ ва қадрдонии пайвастаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ баён намуданд.


























































