
ТАБРИКОТИ МУҲАММАДЗОДА МУҲАММАД СУЛТОН – РОҲБАРИ МАЪМУРИЯТИ МИНТАҚАИ ОЗОДИ ИҚТИСОДИИ “СУҒД” БА МУНОСИБАТИ 35 – СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ
Ҳамдиёрони гиромӣ!
Дар оғози сухан бо камоли эҳтирому самимият Ҷашни пурифтихори миллат- 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳамаи Шумо табрик ва таҳният мегӯям.
Истиқлолият барои мардуми куҳанбунёди тоҷик арзиши муқаддасу сарнавиштсоз буда, таҳти парчами он хурду бузурги кишвар барои тақвият додани пояҳои давлатдории навини худ бо азму талоши ватандӯстона заҳмат мекашанд ва дар зарфи сиву панҷ соли сипаригардида дар ҷодаи расидан ба ҳадафҳои стратегии кишварамон ба дастовардҳои бесобиқа ноил гардидаанд.
Мардуми шарифи Тоҷикистон дар ибтидои солҳои соҳибистиқлолӣ аз имтиҳони сангини таърих сарбаландона гузашта, таҳти роҳбарии хирадмандонаи абармарди арсаи сиёсат Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо заҳмати содиқона сарзамини аҷдодии худро соҳибӣ карданд ва онро ободу пешрафта гардониданд.
Имрӯз давлати озоду соҳибихтиёри мо дар арсаи байналмилалӣ соҳиби мақому манзалати шоиста буда, ҷаҳониён иқдому ташаббусҳои сулҳҷӯёнаву созандаи онро ҳамаҷониба дастгирӣ мекунанд.
Дар ҳамин замина, бояд бо ифтихор таъкид намоям, ки таҳти роҳбарии хирадмандона ва сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускор, сулҳпарвар ва ҷонибдори ҳамкориҳои созанда мавқеи шоиста пайдо намудааст.
Имрӯз ташаббусҳои созандаи кишвари мо дар масъалаҳои об, иқлим, ҳифзи пиряхҳо, рушди устувор, маърифати ҳуқуқӣ ва таҳкими сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфта, дар шакли қатъномаҳои Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шудаанд. Қабули чунин ташаббусҳо далели возеҳи афзудани обрӯю нуфузи Тоҷикистон ва эътирофи нақши созандаи сиёсати хориҷии кишвар дар ҳалли масъалаҳои муҳимми глобалӣ мебошад.
Ин дастовардҳо барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон боиси ифтихор буда, моро водор месозанд, ки бо эҳсоси баланди масъулияти шаҳрвандӣ сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолиро боз ҳам таҳким бахшем.
Агар таърихи 35-солаи даврони соҳибистиқлолии мамлакатро таҳқиқ намоем, аён мегардад, ки ин ҳама бурдбориҳо натиҷаи татбиқи сиёсати ҳадафмандона ва дурбинонаи ахтари иқболи мардуми кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Дар ҳақиқат ҳам, Пешвои миллат дар сарнавишти мардуми Тоҷикистон ба сифати ахтарест, ки дар шаби тору ноумедӣ пайроҳаи умедро равшан намуда, дар айёми дилсардиҳо бо муҳаббати худ мардумро ба зиндагӣ дилгарм карданд ва дар нобарориҳо иқболу барор бахшиданд.
Бо ҳамин орзуи нек бори дигар 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии кишвари азизамон Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз номи Муассисаи давлатии Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» ва шахсан аз номи худам ба якояки Шумо, ба аҳли хонадонатон ва ба ҳар як фарди шарафманди Тоҷикистон муборакбод гуфта, ба Ватани биҳиштосоямон истиқлоли ҷовидона ва ба ҳар фарди шарафманди диёр бахту саодати ҳамешагӣ таманно мекунам.


