
Боздиди меҳмонон аз намоиши молу маҳсулоти минтақаҳои озоди иқтисодӣ
Дар доираи баргузории Форуми байналмилалии сармоягузории «Рақамикунонии минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар заминаи кишварҳои Авруосиё» меҳмонон ва иштирокчиёни форум аз намоиши молу маҳсулоти истеҳсолнамудаи субъектҳои минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд», боздид намуданд.
Дар намоишгоҳ маҳсулоти гуногуни истеҳсолии корхонаҳои МОИ «Суғд», аз ҷумла маҳсулоти саноатӣ, масолеҳи сохтмонӣ, маҳсулоти коркардшуда ва дигар молҳои рақобатпазир ба маърази тамошо гузошта шуданд.
Меҳмонон ба сифати маҳсулот, имкониятҳои истеҳсолӣ ва иқтидори содиротии субъектҳои МОИ «Суғд» таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, бо намояндагони корхонаҳо ва соҳибкорон суҳбату табодули афкор анҷом доданд.
Намоиши молу маҳсулот ҳамчун майдони муассири муаррифии имкониятҳои истеҳсолӣ ва сармоягузории минтақаҳои озоди иқтисодӣ, ҷалби сармояи нав, пайдо намудани шарикони тиҷоратӣ ва густариши ҳамкориҳои иқтисодии байналмилалӣ арзёбӣ гардид.
Бояд гуфт, ки маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхонаҳои МОИ «Суғд» ба бозорҳои як қатор кишварҳои хориҷӣ содирот гардида, ҷуғрофияи содироти он пайваста васеъ шуда истодааст.











