Category: Ахборот

ТАШРИФИ НАМОЯНДАИ ПАЛАТАИ  САВДО ВА САНОАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҶУМҲУРИИ КОРЕЯ ҶАНОБИ БЕКИ ХАН БА МАЪМУРИЯТИ МОИ “СУҒД”

ТАШРИФИ НАМОЯНДАИ ПАЛАТАИ  САВДО ВА САНОАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҶУМҲУРИИ КОРЕЯ ҶАНОБИ БЕКИ ХАН БА МАЪМУРИЯТИ МОИ “СУҒД”

29  феврали соли 2024 ба МОИ «Суғд» намояндаи  Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея  – ҷаноби Беки Хан бо мақсади шиносоӣ аз фаъолияти МОИ “Суғд” ва  ҳамкорӣ намудан ташриф овард. 

 

Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Муҳаммадзода М.С. дар маҷлисгоҳи Маъмурият меҳмононро хуш пазируфта, оиди фаъолият, имтиёз ва афзалиятҳои МОИ “Суғд” маълумоти мушаххас доданд.

Дар навбати худ ҷаноби Беки Хан қайд кард, ки худ соҳибкор аст ва мехоҳад дар МОИ “Суғд” корхонаи истеҳсоли қубурҳо барои сохтани гармхона бунёд намояд. Дар ин замина ӯ бизнес-нақшаи худ оид ба истеҳсоли ингуна қубурҳоро муаррифӣ намуд.

  

Сипас Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Муҳаммадзода М.С бизнес-нақшаи муаррифигардидаро қобили дастгири арзёбӣ намуда, омодагии худро ҷиҳати ҳамкорӣ намудан ҳангоми муроҷиати расмӣ баён намуд.

 

Маълумоти бештар
ТАШРИФИ НАМОЯНДАГОНИ РАЁСАТИ АНДОЗИ ВИЛОЯТИ СУҒД ВА НОЗИРОТИ АНДОЗИ ШАҲРИ ХУҶАНД БА МОИ “СУҒД”

ТАШРИФИ НАМОЯНДАГОНИ РАЁСАТИ АНДОЗИ ВИЛОЯТИ СУҒД ВА НОЗИРОТИ АНДОЗИ ШАҲРИ ХУҶАНД БА МОИ “СУҒД”

23 юми феврали соли 2024 намояндагони Раёсати андоз дар вилояти Суғд Исломиддинов Х.М., Ҳусейнзода Б. ва муовини нозироти андоз дар шаҳри Хуҷанд Нуризода Ф. бо мақсади фаҳмонидани пешниҳоди эъломияҳо ва ҳисоботи дигар андозҳо ба Маъмурияти МОИ “Суғд”  ташриф оварданд.

Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Муҳаммадзода М.С. дар маҷлисгоҳи Маъмурият намояндагони Раёсати андоз ва роҳбарону сармуҳосибони субъектҳои минтақаро хуш пазируфта ҷаласаи кориро ҳусни ифтитоҳ бахшиданд.

Сипас, намояндаи Раёсати андоз дар вилояти Суғд Исломиддинов Х.М. баромад карда, иштирокчиёнро бо рӯзномаи ҷаласа шинос намуданд. Инчунин дар рафти ҷаласаи корӣ бо роҳбарону сармуҳосибони субъектҳои МОИ “Суғд” оиди масъалаҳо ва муаммоҳои мавҷуда саволу ҷавоб доир гардид.

Дар охир Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Муҳаммадзода М.С. ба намояндагони Раёсати андоз дар вилояти Суғд барои ташкил ва гузаронидани ҷаласаи корӣ изҳори миннатдорӣ карда, ба ҳама бурдбориҳо таманно намуданд. 

Маълумоти бештар
ШАНБЕГИИ ДАСТАҶАМЪОНА ДАР МОИ “СУҒД”

ШАНБЕГИИ ДАСТАҶАМЪОНА ДАР МОИ “СУҒД”

17 феврали соли 2024 бо мақсади ободу зебо гардонидан ва тозаву озода нигоҳ доштани бино ва гирду  атрофи МОИ “Суғд” шанбегии дастаҷамъона баргузор гардид, ки дар он Роҳбарият ва кормандони Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” дар якҷоягӣ бо кормандони субъектҳои МОИ “Суғд” фаъолона иштирок намуда, барои ободии маҳал саҳми худро гузоштанд.

 

Дар рафти шанбегӣ аз ҷониби кормандон санаҳои 10 ва 17 феврали соли 2024 дар ҳудуди МОИ “Суғд” зиёда аз 140 ниҳолҳои ҳамешасабз, 200 гулу гулбуттаҳо шинонида шуданд.

Ҳамзамон канори роҳњои мошингарди минтақа ва корхонаҳои он аз партовҳо, алафҳои бегонаю хушкшуда ва ҷойборҳо ба миқдори зиёда аз 20 м3 тоза карда шуданд.

 

 

Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” тасмим гирифт, ки минбаъд низ барои тозаю озода нигоҳ доштани мавзеъи МОИ “Суғд” дар якҷоягӣ бо субъектҳо ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани Иди Наврӯз ҳар ҳафта шанбегӣ доир менамояд. 

 

 

Маълумоти бештар
ТАШРИФИ ДИРЕКТОРИ ГЕНЕРАЛИИ ҶДММ «ГРИН ПЛЮС 1000»-и ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ БА МАЪМУРИЯТИ МОИ “СУҒД”

ТАШРИФИ ДИРЕКТОРИ ГЕНЕРАЛИИ ҶДММ «ГРИН ПЛЮС 1000»-и ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ БА МАЪМУРИЯТИ МОИ “СУҒД”

13  феврали соли 2024 ба МОИ «Суғд», директори генералии ҶДММ “Грин Плюс 1000 ”-и Федератсияи Россия Фролов А.А. ва Жидков М.Д. бо мақсади шиносоӣ аз фаъолияти МОИ “Суғд” ва ҳамкорӣ намудан  ташриф оварданд. 

 Роҳбари маъмурияти МОИ “Суғд” Муҳаммадзода М.С. дар маҷлисгоҳи МОИ “Суғд” меҳмононро хуш пазируфта, ба меҳмонон оиди фаъолият, имтиёз ва бартариҳои МОИ “Суғд” маълумоти мушаххас доданд.

  

Ҳамзамон меҳмонон аз як қатор субъектҳои МОИ “Суғд” ба монанди: ҶДММ “Донаи Алмос”, ҶДММ КФ “Фортуна Ко” ва ҶДММ КМ ТТ “Таҷпроф” дидан намуда, бо роҳбарияти корхонаҳо саволу ҷавоб намуданд.

 

Дар охир меҳмонон иброз намуданд, ки дар оянда ҳамкориро бо МОИ “Суғд” густариш медиҳанд.

Маълумоти бештар
ОБОДКОРӢ ВА ТОЗАКОРӢ ДАР МОИ “СУҒД”

ОБОДКОРӢ ВА ТОЗАКОРӢ ДАР МОИ “СУҒД”

Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақша – чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд  бахшида ба Наврузи байналмиллалӣ ва ҷашни 35 солагии Истиқлолияти давлатӣ санаи 10 феврали соли 2024 таҳти роҳбарии Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Муҳаммадзода М. С. кормандони МОИ “Суғд” баҳри ободониву тоза нигоҳ доштани ҳудуди минтақа ҳашари тозагиву ободонӣ гузаронид.

 

Дар рафти гузаронидани шанбегӣ ҷӯйборҳову заҳбурҳоро тоза карда, дар ҳудуди минтақа ва гирду атрофи он гулу буттаҳо ва дарахтони ҳамешасабз шинонида шуд.

Корҳои ободонӣ дар ин самт пайваста идома доранд.

 

Маълумоти бештар
НИШАСТИ МАТБУОТИИ НАВБАТӢ ДАР МАЪМУРИЯТИ МОИ “СУҒД”

НИШАСТИ МАТБУОТИИ НАВБАТӢ ДАР МАЪМУРИЯТИ МОИ “СУҒД”

9 феврали соли 2024 дар бинои Маъмурияти МОИ “Суғд” нишасти матбуотӣ доир ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти МОИ “Суғд” дар соли 2023 баргузор гардид, ки дар он Роҳбари Маъмурият Муҳаммадзода М.С ба намояндагони ВАО оид ба дастовардҳои МОИ “Суғд” иттиллоъ доданд.

Зимни баромад қайд карда шуд, ки Маъмурияти МОИ “Суғд” ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, супоришҳо ва фармоишҳои Вазорати рушди иқтисод ва савдо, татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ”, Низомномаи минтақаи озоди иқтисодии “Суғд”, Нақшаи кории минтақа барои соли 2023 тадбирҳои зуруриро роҳандозӣ намуд.

Ҳамзамон дар соли 2023 МОИ “Суғд” 6 субъекти нав ба қайд гирифта шуд, ки дар натиҷа шумораи субъектҳо  ба 35 адад  расид, 22 адади он ба фаъолияти истеҳсолӣ, сохтмонӣ, хизматрасонӣ ва савдо машғул мебошад.

Дар ин замина  маҷмўи маҳсулоти саноатии истеҳсолшудаи МОИ “Суғд” дар соли 2023 ба  352,9 млн. сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба соли 2022 103,0% ё 10,2 млн. сомонӣ зиёд мебошад.  

Ҳаҷми корҳои сохтмонӣ ва хизматрасонӣ бошад дар ин давра ба 23,5 млн. сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи гузашта 5,8 баробар зиёд мебошад.

 Дар соли 2023 субъектҳои МОИ “Суғд” маҳсулотҳои худро асосан ба Қазоқистон, Озарбойҷон, Ўзбекистон, Туркманистон, Ироқ, Туркия, Россия ва Афғонистон содирот карданд.

Дар соли 2023 ҳаҷми сармоягузории мустақим 32,0 млн. сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба соли 2022 135% ё худ 8,3 млн. сомонӣ зиёд гардида, аз оғози фаъолияти МОИ “Суғд” ба 171,0 млн. сомонӣ баробар мебошад.

Дар соли 2023 шумораи умумии ҷойҳои корӣ дар МОИ «Суғд» ба 910 нафар баробар гардид, ки нисбат ба соли 2022,  111 ҷойи кории нав зиёд мебошад.

Ҳамчунин намояндагони васоити ахбори омма бо Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” саволу ҷавоб намуда, ба ҳамаи саволҳояшон посухи мушаххас гирифтанд. 

 

Дар охир Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Муҳаммадзода М.С. ба намояндагони васоити ахбори омма изҳори миннатдории хешро бобати ҳамкории доимӣ бо МОИ “Суғд” баён намуда, онҳоро бо сипоснома қадрдонӣ намуданд.

Маълумоти бештар
СУПОРИДАНИ СЕРТИФИКАТИ ҲУҚУҚИ ИСТИФОДАИ ИМТИЁЗҲОИ АНДОЗ ВА ГУМРУКӢ АЗ ҶОНИБИ МОИ “СУҒД” БА ҶДММ “ТОҶПАНЕЛ”

СУПОРИДАНИ СЕРТИФИКАТИ ҲУҚУҚИ ИСТИФОДАИ ИМТИЁЗҲОИ АНДОЗ ВА ГУМРУКӢ АЗ ҶОНИБИ МОИ “СУҒД” БА ҶДММ “ТОҶПАНЕЛ”

6 феврали соли 2024 дар Маъмурияти МОИ “Суғд” маросими супоридани тасдиқномаи субъекти МОИ “Суғд” ба корхонаи нав  ҶДММ “Тоҷпанел” баргузор гардид. Ҳаҷми сармоягузорӣ дар ин ширкат 5,5 млн сомониро ташкил медиҳад, ки аз ҳисоби сармояи худи сармоягузорони ватанӣ амалӣ мешавад.

Дар доираи лоиҳа истеҳсоли панелҳои фасадӣ, масолеҳи сохтмонӣ ва пардоздиҳандаро бо иқтидори 30000 м. м. панел дар як сол ба роҳ мемонад.

Нархи рақобатпазири маҳсулоти тайёр дар оянда имкон медиҳад, ки на танҳо бозори дохилиро таъмин намояд, балки ба кишварҳои Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Афғонистон ва Россия содирот намояд.

   

Баъди ба истифода додани корхонаи мазкур зиёда аз 20 нафар бо ҷои кории доимӣ таъмин мегарданд.

Дар рафти супоридани тасдиқнома, Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Муҳаммадзода М.С. ба директори ҶДММ “Тоҷпанел” Абдураҳмонзода Д.А. дар фаъолияташ муваффақиятҳои калон ва натиҷаҳои назаррасро таманно намуд.

 

 

Маълумоти бештар
ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ ДАР МОИ «СУҒД»

ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ ДАР МОИ «СУҒД»

31 январи соли 2024 дар МОИ «Суғд» бо иштироки муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ, кормандони Маъмурият ва субъектҳои МОИ «Суғд» вобаста ба тағйироти кадрӣ дар ҳайати роҳбарияти МОИ «Суғд» вохӯрӣ баргузор гардид.

Ҷаласаро бо сухани ифтитоҳӣ муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ ифтитоҳ намуда, аҳамияти рушди иқтисод ва ноил шудан ба комёбиҳо дар МОИ «Суғд»-ро қайд кард.

Ҳамзамон ҳамаи ҳозиринро бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Роҳбари Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» таъин намудани Муҳаммадзода М.С. шинос намуд. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифаи Роҳбари Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» озод намудани Камолиддинзода И.Ҷ., низ бинобар ба кори дигар гузаштан қироат карда шуд.

Камолиддинзода И.Ҷ. ба ҳамаи ҳозирин изҳори сипос намуда, қайд намуд, ки ба шарофати дастгирии субъектҳо ва талошҳои кормандони Маъмурият мо дар рушди МОИ «Суғд» ба комёбиҳои хуб ноил гардидем.

Раиси навтаъини МОИ «Суғд» Муҳаммадзода М.С. низ суханронӣ намуда, ба Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос намуда, омодагии худро барои ҳамкорӣ бо фидокории комил барои гузоштани саҳми худ дар рушди МОИ «Суғд» баён намуд.

Маълумоти бештар
ТАШРИФИ НАМОЯНДАГОНИ ВИЛОЯТИ МИНСКИ ҶУМҲУРИИ БЕЛАРУС   БА МАЪМУРИЯТИ МОИ “СУҒД”

ТАШРИФИ НАМОЯНДАГОНИ ВИЛОЯТИ МИНСКИ ҶУМҲУРИИ БЕЛАРУС БА МАЪМУРИЯТИ МОИ “СУҒД”

Нимаи дуюми санаи 8  феврали соли 2024 ба МОИ «Суғд»  таҳти роҳбарии муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ , ҳайати намояндагони вилояти Мински Ҷумҳурии Белорус бо мақсади шиносоӣ аз фаъолияти МОИ “Суғд” ва густариши  робитаҳои сармоягузорӣ ташриф оварданд. 

Муовини Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Ҳакимов Н.А. дар даромадгоҳи МОИ “Суғд” меҳмононро хуш пазируфта, ба меҳмонон оиди фаъолияту имтиёзҳо, инчунин маҳсулотҳои истеҳсолнамудаи субъектони МОИ “Суғд” маълумот доданд.

Сипас, меҳмонон аз як қатор субъектҳои МОИ “Суғд” аз ҷумла: ҶДММ КМ ТТ “Таҷпроф” ва  ҶДММ КФ “Фортуна Ко” дидан намуда, бо масъулини корхонаҳо ҳамсуҳбат шуданд.

 

Маълумоти бештар
ТАШРИФИ ҲАЙАТИ НАМОЯНДАГОНИ ВАЗОРАТИ САНОАТ ВА САВДОИ ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ ВА ШӮРОИ ДОИРАҲОИ СОҲИБКОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ФЕДЕРАТСИЯИ  РОССИЯ    БА МАЪМУРИЯТИ МОИ “СУҒД”

ТАШРИФИ ҲАЙАТИ НАМОЯНДАГОНИ ВАЗОРАТИ САНОАТ ВА САВДОИ ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ ВА ШӮРОИ ДОИРАҲОИ СОҲИБКОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ БА МАЪМУРИЯТИ МОИ “СУҒД”

18  январи соли ҷорӣ ба МОИ «Суғд» таҳди роҳбарии муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ , ҳайати намояндагони Вазорати саноат ва савдои Федератсияи Россия ва Шӯрои доираҳои соҳибкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия  бо мақсади шиносоӣ аз фаъолияти МОИ “Суғд” ва густариши робитаҳои сармоягузорӣ ва истеҳсолию тиҷоратӣ ташриф оварданд. 

 Роҳбари маъмурияти МОИ “Суғд” Камолиддинзода И. дар даромадгоҳи МОИ “Суғд” меҳмононро хуш пазируфта, ба меҳмонон оиди фаъолият, имтиёз ва бартариҳои МОИ “Суғд” маълумоти мушаххас доданд.

Сипас, меҳмонон аз як қатор субъектҳоии МОИ “Суғд” аз ҷумла: ҶДММ КМ ТТ “Таҷпроф” ,  ҶДММ “Азияполитекс”, ва  ҶДММ КФ “Фартуна Ко” дидан намуда, бо масъулини корхонаҳо ҳамсуҳбат шуданд.

Маълумоти бештар
loading