Санаи 23 апрели соли 2025 ба Маъмурияти МОИ «Суғд» намояндагони ширкати “Хан Хай Си Че Маой”-и шаҳри Пекини Ҷумҳурии Халқии Чин Ҷаноби Да Сзян ва Чен Ханг бо мақсади шиносоӣ аз фаъолияти МОИ “Суғд” ва густариши робитаҳои сармоягузорӣ ташриф оварданд.
Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Муҳаммадзода Муҳаммад Султон дар маҷлисгоҳи МОИ “Суғд” меҳмононро хуш пазируфта, доир ба фаъолият ва имтиёзҳои МОИ “Суғд” аз ҷониби Роҳбарияти Маъмурият тариқи муарифинамоии электронӣ (Презентатсия) ба меҳмонон маълумот пешниҳод гардид.
Намояндагони ширкати мазкур оиди фаъолияти ширкати худ қайд намуданд, ки ширкат истеҳсоли автомашинаи сабукрави тамғаи 212-ро, ки барои сайёҳон муносиб ва замонавӣ аст ба роҳ монданианд. Ҳамчунин вобаста ба шароит ва имкониятҳои мусоиди сармоягузорӣ дар МОИ “Суғд” ва аз лиҳози тараққиёти босуръати соҳаи сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, меҳмонон иқдоми дар оянда субъекти МОИ “Суғд” шуданро қайд намуданд.
Санаи 22 апрели соли 2025 намояндагони ширкати “Eco”- и Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маъмурияти МОИ “Суғд” ташриф оварданд. Меҳмононро дар маҷлисгоҳи МОИ “Суғд” Роҳбари МОИ “Суғд” Муҳаммадзода Муҳаммад Султон пешвоз гирифтанд. Сипас , ба меҳмонон дар бораи фаъолияти МОИ “Суғд” ва субъектон малумоти мушаххас пешниҳод карда шуд.
Ҳадафи ташрифи меҳмонон ба МОИ “Суғд” шиносоӣ ва мукаммал гардонидани маълумотҳо дар бораи фаъолияти МОИ “Суғд” мебошад.
Дар интиҳо меҳмонон миннатдории хешро ба Роҳбарияти МОИ “Суғд” баён намуда, хоҳиши дар оянда ҳамкориро ба роҳ монданро қайд намуданд.
Дар доираи барномаи кории форуми «Суғд — чорроҳаи Роҳи Бузурги Абрешим» Раиси Шӯрои тиҷоратии Русияву Тоҷикистон Ислом Назаралиев аз Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» боздид намуд . Роҳбари М аъмурияти МОИ Муҳаммадзода Муҳаммад Султон иштирокчиёнро бо корхонаҳои нав — резидентҳои минтақа шинос намуд. Иштирокчиён иқтидорҳои истеҳсолии ширкатҳоро, ки дар соҳаҳои истеҳсоли панелҳои сохтмонӣ, профилҳои пластикӣ ва нақлиёти барқӣ фаъолият мекунанд, дидан намуданд.Роҳбарияти МОИ “ Суғд ” омодагии худро барои қабули сармоягузорони рус, таъсиси корхонаҳои муштарак ва пешниҳоди шароити ҷолиб барои соҳибкорӣ изҳор намуд.
IMG_4474
IMG_4473
Санаи 18-уми апрели соли 2025 дар шаҳри Хуҷанд дуюмин Форуми байналмилалии сайёҳии “Суғд – чорроҳаи Роҳи бузурги Абрешим” баргузор гардид, ки дар он намояндагони соҳаи сайёҳии 10 давлати дунё–Тоҷикистон, Туркманистон, Руссия, Чин, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Аморати Муттаҳидаи Араб ва Юнон иштирок намуданд.
Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Муҳаммадзода Муҳаммад Султон пас аз иштирок дар Форум, иштирокчиёни Форуми дуюми байналмилалии сайёҳии “Суғд — чорроҳаи Роҳи бузурги Абрешим”-ро аз Маҷмааи таърихию фарҳангии “Қалъаи Хуҷанд” шинос намуданд.
Меҳмонон зимни шиносоӣ бо санъати миллии меъмории тоҷик, ба монанди кандакорӣ, наққошӣ, кундалкорӣ, гачкорӣ, коркарди бадеии чӯбу санг, кошинкорӣ, буриш ва ғайра, ки дар 5 толори намоишӣ ба таври васеъ истифода гардидааст, ба ҳунари волои ҳунармандону устоҳои чирадасти Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳои баланд доданд.
Бояд қайд намуд, ки дар Маҷмааи таърихию фарҳангии “Қалъаи Хуҷанд”, Намоиши молу маҳсулоти корхонаҳои вилояти Суғд ба пешниҳоди меҳмонон гардонида буд, ки дар қатори корхонаҳои мазкур молу маҳсулоти истеҳсолнамудаи субъектони МОИ “Суғд” аз ҷумла ҶДММ “Сайёҳи Суғд” ҷой дошт, ки диққати меҳмононро бештар ба худ ҷалб намуд.
Санаи 18 апрели соли 2025 ба Донишкадаи Саноат ва Хизматрасонӣ, меҳмонон аз Федератсияи Россия, вилояти Тюмен бо сардории муовини губернатори вилояти Тюмен Андрей Пантелеев ташриф оварданд. Кормандони донишкада меҳмононро хуш пазируфта, онҳоро дар маҷлисгоҳ қабул намуданд ва оиди донишкада тариқи муаррифинамоӣ (презентатсия) ба онҳо маълумоти мушаххас дода шуд. Сипас, онҳо аз синфхонаҳои донишкада диданӣ намуданд.
Санаи 17 апрели соли 2025 ташрифи Директори Генералии “НафтаГаз” аз Федератсияи Россия Назаралиев Ислам Замирович ба МОИ “Суғд” баргузор гардид. Меҳмононро Роҳбари МОИ “Суғд” Муҳаммадзода Муҳаммад Султон хуш пазируфта, дар бораи бартарият ва афзалиятҳои МОИ “Суғд” маълумоти мушаххас доданд. Сипас, меҳмонон аз фаъолияти якчанд субъектҳо, аз ҷумла ҶДММ “Тоҷпанел”, ҶДММ “Сайр Суғд” ва ҶДММ КМ ТТ “ Афранг Пластик” аз наздик дидан намуданд.
Санаи 7-9 апрели соли 2025 Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Муҳаммадзода Муҳаммад Султон таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволӣ давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мӯҳтарам Султон Раҳимзода, дар Конгресси Солонаи Сармоягузорӣ (AIM Congress 2025), ки дар шаҳри Абу-Дабии Аморати Муттаҳидаи Араб, ифтитоҳ ёфт намояндагӣ карданд. Дар Конгресси мазкур зиёда аз 20 000 иштирокчӣ аз 175 кишварӣ дунё ширкат варзиданд. AIM Congress яке аз платформаҳои пешсафӣ ҷаҳонӣ барои ташаккули ояндаи сармоягузориҳои байналмилалӣ мебошад.
Муҳаммадзода Муҳаммад Султон бо якқатор ширкатҳои тиҷоратӣ, сармоягузорону роҳбарони Минтақаҳои озоди иқтисодии давлатҳои хориҷӣ оид ба ҷалби сармоягузории хориҷӣ ва рушди инфрасохтор, татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ гуфтушунид гузарониданд.
Иштироки Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” дар AIM Congress 2025 нишондиҳандаи муаррифгари иштироки афзояндаи МОИ “Суғд” дар арсаи байналмилалӣ ва кушиши ҷалби сармояи босифат тавассути мутобиқ шудан ба тамоюлҳои ҷаҳонӣ мебошад.
Бояд қайд намуд, ки мулоқот дар руҳияи созанда ва ҳамдигарфаҳмӣ гузашта, омодагии ҷонибҳо барои таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ таъкид гардид.