Category: Ахборот

Коррупсия-зуҳуроти номатлуби ҷомеа

 
Коррупсия ба пешрафти иқтисодиёт халал мерасонад, бунёди ҷомеаи демократиро заиф месозад ва ба рушди демократия таъсири манфӣ мегузорад. Гузашта аз ин, коррупсия дар ҷомеа ба риоя нашудани ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон замина фароҳам меорад ва ба пояи ахлоқ зарба мезанад.
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Дар шароити муосир коррупсия ҳамчун «яке аз ҷиддитарин мушкилоти глобалӣ эътироф шудааст, ки ба тамоми давлатҳо таъсир мерасонад. Иқтисодиёти миллиро ноустувор мегардонад, ҳуқуқи инсонро поймол мекунад, принсипҳои адолатро вайрон мекунад ва дар ҷомеа ташаннуҷи иҷтимоиро ба вуҷуд меорад».
Коррупсия яке аз масъалаҳои доғи ҷомеаи муосир маҳсуб меёбад, ки бо вуҷуди андешидани тадбирҳои зиёд, то ҳол дар бисёр кишварҳо, бахусус кишварҳои рӯ ба рушд паҳн шудааст. Ин зуҳуроти номатлуб дар шакли гуногун – гирифтани пора, сӯистифода аз ваколатҳои мансабӣ, додани пора, хешутаборӣ дар ҷойҳои корӣ ва ноадолатиҳо, – ба рушди давлат ва фазои сармоягузорӣ таъсири бениҳоят манфӣ мерасонад.
Коррупсия маънои истифодаи ғайриқонунии мансаб ё ваколати расмиро барои манфиати шахсӣ дорад. Он метавонад шаклҳои зеринро дошта бошад:
1.​Гирифтани пора- гирифтани маблағ ё нематҳо барои анҷон додани амали расмие, ки вазифаи шахси мансабдор аст;
2.​Сӯистифода аз вазифа истифодаи мавқеи мансабӣ бо мақсади расонидани манфиати шахсӣ ба худ ё дигарон;
3.​Неопотизм (хешутаборӣ)- ба кор қабул намудани афрод танҳо бо назардошти муносибаҳои шахсӣ ва салоҳият
Ин амалҳо на танҳо қонуншиканӣ мебошанд, балки адолат эътимоди мардумро ва сармоягузоронро коста мегардонад.
Коррупсия ба соҳаҳои гуногун таъсир мерасонад, вале дар бахши иқтисод ва сармоягузорӣ хусусан паёмадҳои зеринро дорад:
1.Коҳиши эътимоди сармоягузорон – ҳар як сармоягузори хориҷӣ ё ватанӣ пеш аз ворид шудан ба бозори муайян, фазои ҳуқуқӣ ва сатҳи шаффофиятро меомӯзад. Агар маълум гардад, ки дар равандҳои иҷозатдиҳӣ, бақайдгирӣ ё амалиётҳои гумрукӣ фасод ҷой дорад, сармоягузор аз ин гуна муҳит парҳез мекунад.
2. Натиҷаи манфии буҷавӣ – фасод боиси талафи маблағҳои давлатӣ ва аз худ кардани захираҳое мегардад, ки бояд барои манфиати умум сарф шаванд.
3. Коҳиши сифати инфрасохтор ва хизматрасонӣ – вақте ки қарордодҳо ба афроди наздик ё бо ришва дода мешаванд, сифат қурбонӣ мешавад. Дар натиҷа роҳҳо, шабакаҳои обрасонӣ, биноҳо ва дигар лоиҳаҳо бо камбудиҳо анҷом меёбанд.
Дар ин замина Маъмурияти МОИ “Суғд” пайваста тадбирҳои зеринро амалӣ менамояд:
*Тарғиби маданияти зиддикорупсионӣ дар байни кормандон ва резидентон
*Назорати қатъӣ аз болои равандҳои расонидани хизматрасонии давлатӣ
*Ҳамкорӣ бо Агентии давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия
*Омӯзиши мунтазами кормандон оиди қонунгузории зиддикорупсионӣ
*Баррасии шаффоф ва фаврии муроҷиати резидентон ва сармоягузорон
Ҳамзамон бо мақсади пешгирӣ намудани ҷиноятҳои хусусияти коррупсионӣ дошта, мунтаззам аз ҷониби Роҳбарият ва ҳуқуқшинос Носиров М., корҳои фаҳмондадиҳӣ, аз ҷумла омӯзиш ва таҳлили Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Муқовимат ба коррупсия” ва моддаҳои дахлдори Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавбгарии ҷиноятиро барои ҷиноятҳои хусусияти коррупсионӣ дошта пешбинӣ намудасст гузаронида мешавад (моддаи 314 КҶ ҶТ,сӯистифода аз ваколатҳои мансабӣ, моддаи 319 КҶҶТ гирифтани пора, моддаи 320 додани пора, моддаи 321 иғвои порадиҳӣ ва ғайраҳо)
Мубориза бо коррупсия на танҳо масъулияти мақомоти давлатӣ, балки вазифаи шаҳрвандии ҳар як шахси бедордил мебошад. Шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ бояд аз додани ришва худдорӣ намоянд ва дар ҳолати дучор шудан ба чунин ҳолат, ба мақомоти дахлдор муроҷиат кунанд.
Коррупсияро танҳо дар сурате метавон аз байн бурд, ки ҳамаи табақаҳои ҷомеа-давлат, бахши хусусӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва воситаҳои ахбори омма-якҷоя амал намоянд.
ИШТИРОКИ РОҲБАРИ МАЪМУРИЯТИ МОИ “СУҒД” МУҲАММАДЗОДА М.С. ДАР ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛЛАЛИИ ИҚТИСОДИИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ИШТИРОКИ РОҲБАРИ МАЪМУРИЯТИ МОИ “СУҒД” МУҲАММАДЗОДА М.С. ДАР ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛЛАЛИИ ИҚТИСОДИИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

22 июли соли 2025 дар шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддинзода Аҳлиддин Нуриддин, нахустин Форуми байналмиллалии иқтисодии Осиёи Марказӣ баргузор гардид, ки дар қатори ҳайати намояндагони хориҷиву ватанӣ Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Муҳаммадзода Муҳаммад Султон иштирок намуд.
Форуми мазкур бо ташаббуси Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо Шӯрои тиҷоратии Тоҷикистону Россия баргузор гардида, ба тавсеаи ҳамкориҳои минтақавӣ, таҳкими ҳампайвандии иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузории хориҷӣ равона гардида буд. Дар ҷараёни он намояндагони давлатҳои Осиёи Марказӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, доираҳои соҳибкорӣ ва коршиносони соҳа ширкат варзиданд.
Нуриддинзода Аҳлиддин Нуриддин дар кушодашавии Форум қайд намуд, ки таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон сиёсати минтақавии худро дар заминаи ҳамгироии устувор ва шарикии баробар бо кишварҳои Осиёи Марказӣ пурра ҳалли худро ёфта, таваҷҷуҳ ба рушди сабз, рақамикунонӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ гузаштааст.
Дар идомаи Форум Нуриддинзода А.Н. дар сессия бахшида ба масъалаҳои Минтақаҳои озоди иқтисодӣ, паркҳои саноатӣ ва рақамӣ суханронӣ намуда, масъалаҳои рушди кластерҳои саноатӣ, густариши паркҳои технологии рақамӣ ва истифодаи имкониятҳои платформаҳои рақамӣ барои ҳамгироии истеҳсолиро мавриди муҳокима қарор дод.
Дар сессияи бахшидашуда ба масъалаҳои густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва ташаккули обзорҳои амалии ҳамгироии минтақавӣ, Нуриддинзода А.Н. мавқеи кишварро оид ба зарурати мутобиқсозии форматҳо ва воситаҳои ҳамкорӣ ба шароити нави иқтисодии байниминтақавӣ ва талаботи рушди устувор баён намуд. Ҳамзамон зимни баргузории Форум дар панели “Паркҳои саноатӣ ва IT, минтақаҳои озоди иқтисодӣ” масъалаҳои рушди соҳаҳои гуногуни ҳамкорӣ дар сессияи мазкур муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ ҳамчун модератор иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар ҳошияи Форум, бо мақсади таҳкими ҳамкории амалӣ байни Роҳбари Маъмурияти минтақаҳои озоди иқтисодии “Суғд” Муҳаммадзода Муҳаммад Султон ва муовини Шӯрои соҳибкорони Россия ва Тоҷикистон Ирэна Мазай, Ёддошти тафоҳумӣ ба имзо расид. Имзои ин ёддошт ба тадбиқи ташаббусҳои муштараки иқтисодӣ мусоидат менамояд.

  

  

  

ҚАБУЛИ МЕҲМОНОНИ ЭКСПЕДИТСИЯИ САЙЁҲИИ “САЁҲАТ БА ҚАЛБИ АВРУОСИЁ-2025”  ДАР МАҶМААИ ФАРҲАНГИЮ ТАЪРИХИИ “ҚАЛЪАИ ХУҶАНД”

ҚАБУЛИ МЕҲМОНОНИ ЭКСПЕДИТСИЯИ САЙЁҲИИ “САЁҲАТ БА ҚАЛБИ АВРУОСИЁ-2025” ДАР МАҶМААИ ФАРҲАНГИЮ ТАЪРИХИИ “ҚАЛЪАИ ХУҶАНД”

    Санаи 13 июли соли 2025 ташрифи меҳмонони экспедитсияи сайёҳии “Саёҳат ба қалби Авруосиё-2025” ба Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” доир гардид. Дар даромадгоҳи маҷмааи таърихӣ меҳмононро бо як самимияти хоси меҳмоннавозӣ қабул карда шуд.

    Сипас таҳти роҳбарии Муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яқубӣ меҳмонон аз Намоишгоҳи молу маҳсулоти корхонаҳои вилоят дидан намуда, ба сифати маҳсулоти корхонаҳо баҳои баланд доданд.

     Ҳамзамон бояд қайд намуд, ки намояндагони Маъмурияти МОИ “Суғд” якҷо бо субъектони фаъоли худ аз ҷумла: ҶДММ КМ ТТ “Арча –мебел”, ҶДММ КФ “Фортуна-Ко”, ҶДММ КМ ТТ “Силкоат Бойя”, ҶДММ “Сайр Суғд” ва ҶДММ “Стар Пласт” дар намоишгоҳи мазкур намунаи маҳсулоти корхонаи худро ба тамошо гузошта буданд, ки диққати бештари тамошобинонро ба худ ҷалб намуд.

   

    

 

 

ИШТИРОК ДАР ФОРУМИ ИҚТИСОДӢ ВА САРМОЯГУЗОРИИ  ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН

ИШТИРОК ДАР ФОРУМИ ИҚТИСОДӢ ВА САРМОЯГУЗОРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН

 

 

8 июли соли 2025 дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қмирғизистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Форуми иқтисодӣ ва сармоягузории Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор гардид.

Дар форуми иқтисодӣ ва сармоягузории Тоҷикистон ва Қирғизистон Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Садир Жапаров иштирок ва дар ҳузури соҳибкорону сармоягузорони ду кишвар суханронӣ намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки вақтҳои охир тамоюли афзоиши ҳаҷми гардиши мол байни Тоҷикистону Қирғизистон мушоҳида мешавад ва дигар ҷанбаҳои робитаҳои иқтисодӣ, инчунин ҳамкории фарҳангию гуманитарӣ низ рушд меёбанд.

Изҳор гардид, ки натиҷаҳои Форуми имрӯза низ ба ғанигардонии муносибатҳои дуҷониба бо мазмуни нави амалӣ мусоидат хоҳанд кард.

Зимни муаррифии имкониятҳои васеи сармоягузорию тиҷоратӣ ҳавасмандии Тоҷикистон ба густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, ҳамчунин фаъолсозии робитаҳои доираҳои соҳибкории ду кишвар таъкид гардид.

Вусъат додани робитаҳои тиҷоратию иқтисодии байниминтақаҳои ду кишвар бисёр муҳим арзёбӣ карда шуд.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба иқтидори зиёди табиии Тоҷикистон ва фазои мусоиди сармоягузорӣ дар кишвар андешаронӣ намуда, иброз доштанд, ки дар қонунгузории мо барои ҳифзи соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ имтиёзҳо ва кафолатҳои ҳуқуқӣ пешбинӣ шудааст.

Гуфта шуд, ки яке аз самтҳои муҳими ҳамкорӣ дар ҷодаи сармоягузорӣ ин тавсеаи тиҷорат мутобиқ ба тамоюлҳои ҷаҳонии рушди иқтисоди “сабз” мебошад.

Ҳамзамон иттилоъ дода мешавад, ки дар ин ҳамоиши сатҳи баланд Роҳбари Маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” Муҳаммадзода Муҳаммад Султон иштирок намуда, бо намояндагони соҳибкории Ҷумҳурии Қирқизистон дидору мулоқотҳои созандаро баҳри ояндаи нек анҷом дод. Зимни гуфтушунидҳои дуҷониба, ҷонибҳо масъалаҳои муҳими рушди ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва густариши муносибатҳои иқтисодии МОИ “Суғд”-ро мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар анҷоми мулоқот Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” омодагии худро баҳри ҳамкориҳои иқтисодӣ бо доираи намояндагони Ҷумҳурии Қирғизистон баён намуд.

 

  

  

ТАШРИФИ НАМОЯНДАГОНИ ҶДММ “НПО ОПТИМУМ” ДАР ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ, ТАҲТИ РОҲБАРИИ ДИРЕКТОРИ ҶАМЪИЯТИ МАЗКУР ТОЛСТОЙ М.Л. БА МАЪМУРИЯТИ МОИ “СУҒД”

ТАШРИФИ НАМОЯНДАГОНИ ҶДММ “НПО ОПТИМУМ” ДАР ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ, ТАҲТИ РОҲБАРИИ ДИРЕКТОРИ ҶАМЪИЯТИ МАЗКУР ТОЛСТОЙ М.Л. БА МАЪМУРИЯТИ МОИ “СУҒД”

 
Санаи 7-уми июли соли 2025 ташрифи намояндагони ҶДММ “НПО Оптимум” дар Федератсияи Россия, таҳти роҳбарии Директори ширкати мазкур Толстой Максим Львович ба Маъмурияти МОИ “Суғд” доир гардид.
Муовини Роҳбари МОИ “Суғд” Ҳакимов Н.А. дар маҷлисгоҳи МОИ “Суғд” меҳмононро хуш пазируфтанд. Сипас аз ҷониби мутахассиси пешбари шӯъбаи Муносибатҳои байналмиллалӣ ва ҷалби сармоягузорӣ Раҳимова Умеда тариқи муарифинамоӣ (презентатсия) оиди фаъолият, имтиёз ва бартариҳои МОИ “Суғд” маълумоти мушаххас пешниҳод гардид.
Сипас Директори ҶДММ “НПО Оптимум” дар Федератсияи Россия, Толстой Максим Львович доир ба ширкати худ, ки ба истеҳсоли лифт барои хонаҳои баландошёна ва ҳамчунин лифтҳои борбардори калонҳаҷм ба роҳ мондааст маълумот дода, қайд намуд, ки дар оянда баҳри ҳамкориҳои иқтисодӣ вобаста аз шароити мусоди сармоягузорӣ дар МОИ “Суғд” ҳамкорӣ менамояд.
Дар охир меҳмонон аз фаъолияти якчанд субъекҳои МОИ “Суғд” аз ҷумла: ҶДММ “Азияполитекс”, ҶДММ КМ ТТ “Афранг Пластик” ва ҶДММ “Сайр Суғд” боздид намуда бо масъулини корхонаҳои мазкур доир ба раванди истеҳсоли маҳсулот ва аз имтиёзҳои махсуси андозию гумрукии дар МОИ “Суғд” ҷойдошта саволу ҷавоб намуданд.
   
Шанбегии дастаҷамъона дар МОИ “Суғд”

Шанбегии дастаҷамъона дар МОИ “Суғд”

 

Бо мақсади тоза нигоҳ доштани муҳити зист ва зебоии ҳудуди МОИ “Суғд” рӯзи 5-уми июли соли 2025 шанбегии умумӣ баргузор гардид.

Аҳли кормандони Маъмурият ва субъектони МОИ “Суғд” ба тозакунии роҳравҳо, ҷӯйборҳо ва гирду атрофи ҳудуди МОИ “Суғд” саҳми назарраси худро гузоштанд.

 

 

СУПОРИДАНИ ТАСДИҚНОМАИ МАҚОМИ СУБЪЕКТИ МОИ “СУҒД” БА ҶДММ “АЛИ-БУНЁН”

СУПОРИДАНИ ТАСДИҚНОМАИ МАҚОМИ СУБЪЕКТИ МОИ “СУҒД” БА ҶДММ “АЛИ-БУНЁН”

 

        Санаи  30 июни соли 2025  дар Маъмурияти МОИ “Суғд” боз як субъекти нав бо номи ҶДММ “Али-Бунён” ба қайд гирифта шуд. Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Муҳаммадзода Муҳаммад Султон Тасдиқномаи субъекти МОИ “Суғд”-ро ба роҳбарияти корхона Нуров Акмал супориданд.

        Қайд кардан ба маврид аст, ки ҶДММ “Али-Бунён” аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Саидализода Саъдӣ Ҳамза таъсис дода шуда, ҳаҷми умумии сармоягузории он 112000 доллари ИМА ташкил медиҳад. Самти фаъолияти корхонаи мазкур ба хизматрасониҳои сохтмонӣ равона гардидааст. Ҳангоми пурра ба истифода додани корхона  15 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда мешаванд. Иттилоъ дода мешавад, ки корхонаи мазкур дар оянда барои сохтмони субъектони навтаъсиси МОИ “Суғд” хизматрасонӣ намуда, баҳри пешбурди инфрасохтори минтақа саҳми худро мерасонад.

         Дар охир Роҳбарияти Маъмурияти МОИ “Суғд” ба роҳбари корхонаи мазкур барору комёбиҳо баҳри таъсиси корхонаи нав иброз намуданд.

  

ТАШРИФИ НАМОЯНДАГОНИ  ШИРКАТИ «Chongqing Wei Chixing Technology Co»-И ҶУМҲУРИИ ХАЛҚИИ ЧИН ҶАНОБИ ВАН ДИНЛЯН ВА ЧЭН СЮЙ  БА МАЪМУРИЯТИ МОИ “СУҒД”

ТАШРИФИ НАМОЯНДАГОНИ ШИРКАТИ «Chongqing Wei Chixing Technology Co»-И ҶУМҲУРИИ ХАЛҚИИ ЧИН ҶАНОБИ ВАН ДИНЛЯН ВА ЧЭН СЮЙ БА МАЪМУРИЯТИ МОИ “СУҒД”

Санаи 30 июни соли 2025 намояндаи ширкати «Chongqing Wei Chixing Technology Co»-и Ҷумҳурии халқии Чин ҷаноби Ван  Динлян ва Чэн Сюй  бо мақсади шиносоӣ аз фаъолият ва имкониятҳо ба Маъмурияти МОИ “Суғд” ташриф оварданд.

 Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Муҳаммадзода Муҳаммад Султон  дар маҷлисгоҳи Маъмурият меҳмононро истиқбол намуданд. Инчунин аз ҷониби сармутахассиси шуъбаи муносибатҳои байналмиллалӣ ва ҷалби сармоягузорӣ ба меҳмонон доир ба афзалият ва бартарияҳои МОИ “Суғд” ҳамчунин субъектҳое, ки  сармоягузориашон пурра ва ё қисман аз ҳисоби соҳибкорони хитоӣ  дар МОИ  “Суғд” таъсис дода шудаанд, маълумоти мушаххас доданд.

  

Қадрдонии корманди Маъмурияти МОИ Суғд аз ҷониби Роҳбари Маъмурияти МОИ Суғд Муҳаммадзода Муҳаммад Султон

Қадрдонии корманди Маъмурияти МОИ Суғд аз ҷониби Роҳбари Маъмурияти МОИ Суғд Муҳаммадзода Муҳаммад Султон

 
Санаи 30 июни соли 2025 чун анъана аз ҷониби Роҳбари Маъмурияти МОИ Суғд Муҳаммадзода Муҳаммад Султон ба корманди масъулиятшинос Раҳимов Камол Каримович бинобар ба синни ниҳоии нафақа расидан бо Сипосномаи Маъмурияти МОИ Суғд ва тӯҳфаи хотиравӣ қадрдонӣ карда шуд.
Нахуст Роҳбари Маъмурият доир ба фаъолияти пурсамари Раҳимов К. К.суханронӣ намуда, баҳри дар оянда бофароғат гузаронидани даврони пирӣ ва дар оянда аёдати мунтазами аҳли Маъмуриятро аз зиндагии эшон қайд намуд.
 
ТАШРИФИ НАМОЯНДАГОНИ ҶДММ “МОҲИР СЕМЕНТ” ТАҲТИ РОҲБАРИИ НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ МАЗКУР СОҲИБКОРИ ҶУМҲУРИИ ХАЛҚИИ ЧИН ЛИ ЮЙБО БА МАЪМУРИЯТИ МОИ “СУҒД”

ТАШРИФИ НАМОЯНДАГОНИ ҶДММ “МОҲИР СЕМЕНТ” ТАҲТИ РОҲБАРИИ НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ МАЗКУР СОҲИБКОРИ ҶУМҲУРИИ ХАЛҚИИ ЧИН ЛИ ЮЙБО БА МАЪМУРИЯТИ МОИ “СУҒД”

 
Санаи 30 июни соли 2025 ба МОИ «Суғд» Ли Юйбо ва намояндагони ширкати ҶДММ “Моҳир Семент” бо мақсади шиносоӣ ва ҳамкорӣ ба Маъмурияти МОИ “Суғд” ташриф оварданд.
Мудири шуъбаи назорат ва таҳлили иқтисодии Маъмурияти МОИ “Суғд” Сабзаев И. дар даромадгоҳи МОИ “Суғд” меҳмононро хуш пазируфта, доир ба афзалият ва имтиёзҳои гумрукию андозӣ маълумоти муфассал доданд.
Сипас меҳмонон аз рафти фаъолияти якчанд субъекҳои МОИ “Суғд” аз ҷумла: ҶДММ “Тоҷпанел” ва ҶДММ “Санг Оро” дидан намуда, бо роҳбарияти корхонаҳои мазкур оиди ҳамкорӣ намудан ҳамсӯҳбат шуданд.
  
  
loading