


СУПОРИДАНИ ТАСДИҚНОМАИ МАҚОМИ СУБЪЕКТИ МОИ “СУҒД” БА СЕ СУБЪЕКТИ НАВ
Дар ҳафтаи сипаригашта дар Маъмурияти МОИ “Суғд” дар доираи таҷлили 34-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз се субъекти нав: ҶДММ “Синтай Метал Суғд”,ҶДММ “Фуд Агро Суғд” ва ҶДММ “Тоҷфилиз Суғд” бақайд гирифта шуд.
Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Муҳаммадзода Муҳаммад Султон Тасдиқномаи субъекти МОИ “Суғд”-ро ба роҳбарияти корхонаҳои мазкур супориданд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки ҶДММ “Синтай Метал Суғд”, аз ҷониби соҳибкорони Ҷумҳурии Халқии Чин, муассисони корхона Чжен Сюанлян ва Саймиҷианг Маймаити таъсис дода шуда, ҳаҷми умумии сармоягузорӣ 500000 доллари ИМА буда, фаъолияташро ба коркарди пусти хоми ҳайвонҳои хонагии шохдор ба роҳ мемонад. Баъди оғози фаъолият 30 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин мешаванд.
ҶДММ “Фуд Агро Суғд” аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Бузуруков Баҳодур Ҳусенходжаевич таъсис дода шуда, ҳаҷми умумии сармоягузории он 1700000 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Самти фаъолияти корхонаи мазкур ба истеҳсол, коркард ва банду басти меваи хушк равона гардидааст. Ҳангоми пурра ба истифода додани корхона 60 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда мешаванд.
Ҳамзамон субекти навбатии МОИ “Суғд” ҶДММ “Тоҷфилиз Суғд” аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Турсунбоев М.Н. таъсис дода шуда, ҳаҷми умумии сармоягузории он 1200000 сомониро ташкил медиҳад. Самти фаъолияти корхонаи мазкур ба истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ равона гардида, ҳангоми пурра ба истифода додани корхона 15-20 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда мешаванд.
Дар охир Роҳбарияти Маъмурияти МОИ “Суғд” ба роҳбари корхонаҳои мазкур барору комёбиҳоро таманно намуда, баҳри таъсиси корхонаи нав сухан намуданд.

Маросими супоридани Ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, аз ҷониби Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаб Аҳмадзода ба Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Муҳаммадзода Муҳаммад Султон
Бо Қарори Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаб Аҳмадзода аз 8 августи соли 2025, таҳти №201, ба муносибати 34- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муҳаммадзода Муҳаммад Султон барои саҳми арзанда дар пешбурди соҳаи иқтисодиёт, иштирок дар корҳои ҷамъиятӣ бо Ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд сарфароз гардонида шудаанд.
Аҳли колективи Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” бо камоли эҳтиром Роҳбари Маъмурият, муҳтарам Муҳаммадзода Муҳаммад Султонро ба муносибати қадрдонии арзандаашон бо ин дастовард самимона табрик намуда, ба роҳбари гиромиқадри худ сиҳатмандӣ, муваффақиятҳои навин дар фаъолияти касбӣ ва комёбиҳои беназирро орзу менамоем.
Бо эҳтиром,
Аҳли колективи Маъмурияти МОИ “Суғд”

ТАШРИФИ САРМОЯГУЗОРОНИ ВИЛОЯТИ ШАНДУНИ ҶУМҲУРИИ ХАЛҚИИ ЧИН БА МАЪМУРИЯТИ МОИ “СУҒД”

Ташрифи намояндагони ҶДММ “Технопарк”-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон

ҶОМЕАИ МЕҲНАТИИ МАЪМУРИЯТИ МОИ “СУҒД” ДАР ДОИРАИ ҲАШАРИ УМУМИҶУМҲУРИЯВӢ БА ШАНБЕГӢ БАРОМАДАНД

ТАШРИФИ МУОВИНИ ЯКУМИ ВАЗИРИ РУШДИ ИҚТИСОД ВА САВДОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН СОЛЕҲЗОДА АШУРБОЙ АБДУВОҲИД БА МАЪМУРИЯТИ МОИ “СУҒД”

ТАШРИФИ САРМОЯГУЗОРИ ҶУМҲУРИИ ИСЛОМИИ ЭРОН ҶАЪФАР ШИВАЗӢ БА МАЪМУРИЯТИ МОИ “СУҒД”

НИШАСТИ МАТБУОТИИ НАВБАТӢ ДАР МАЪМУРИЯТИ МОИ “СУҒД”
1 августи соли 2025 дар бинои Маъмурияти МОИ “Суғд” нишасти матбуотӣ доир ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти иҷтимоию иқтисодии МОИ “Суғд” дар нимсолаи аввали соли 2025 баргузор гардид, ки дар он Роҳбари Маъмурият Муҳаммадзода Муҳаммад Султон ба намояндагони ВАО оид ба дастовардҳои МОИ “Суғд” иттиллоъ доданд.
Зимни баромад қайд карда шуд, ки Маъмурияти МОИ “Суғд” дар давраи январ-июни соли 2025 ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, супоришҳо ва фармоишҳои бевоситаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ”, Низомномаи минтақаи озоди иқтисодии “Суғд”, Нақшаи кории минтақа барои соли 2025 тадбирҳои зуруриро роҳандозӣ намуда, аз натиҷааш чунин иттилоъ медиҳад.
Айни ҳол дар минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” 44 субъект ба қайд гирифта шуда, 21 адади онҳо бо фаъолияти истеҳсолӣ, сохтмонӣ ва хизматрасонӣ машғул шуданд.
Маҷмӯи маҳсулоти саноатӣ дар шаш моҳи аввали соли 2025 ба 251,3 млн. сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 139,4 фоиз ё 71,0 млн. сомонӣ зиёд мебошад.
Инчунин ҳаҷми корҳои сохтмонӣ ва хизматрасонӣ дар ҳамин давраи ҳисоботӣ ба 1,85 млн.сомонӣ расонида шудааст.
Бояд қайд кард, ки бозори фурӯши маҳсулоти субъектҳои МОИ “Суғд” ба ғайр аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар кишварҳо, аз қабили Ӯзбекистон, Қазоқистон, Туркманистон, Қирғизистон, Россия, Афғонистон, Озорбойҷон, Беларуссия, Олмон, Ироқ ва Туркияро дар бар мегирад.
Ҳаҷми маҳсулоти содиротии субъектҳо дар давраи ҳисоботӣ 86,3 млн сомониро ташкил намудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 186,6 фоиз ё 40,0 млн. сомонӣ зиёд мебошад.
Дар давраи январ-июни соли 2025 ҳаҷми сармоягузории мустақим 30,5 млн сомониро ташкил намуда, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта (28,4 млн. сомонӣ) 107,4 фоиз ё 2,1 млн. сомонӣ зиёд гардида, аз оғози фаъолияти МОИ “Суғд” ба 248,8 млн. сомонӣ баробар гардид.
Қайд кардан ба маврид аст, ки дар ин давра сармоягузорӣ асосан аз ҷониби 9 корхона, аз ҷумла ҶДММ “Сайр Суғд”, ҶДММ КМ ТТ “Таҷпроф”, ҶДММ КМ ТТ “Афранг Пластик”, ҶДММ “Тоҷпанел”, ҶДММ КМ “Ривер Суғд Фарм”, ҶДММ “Бунёди Суғд”, “ҶДММ “Саманди Суғд”, ҶДММ “Полинур” ва ҶДММ “Санг Оро” таъмин гардид.
Дар давраи ҳисоботӣ шумораи умумии ҷойҳои корӣ дар МОИ «Суғд» 950 нафарро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта (885 нафар) 107,3 фоиз ё 65 адад ҷойи нави корӣ зиёд мебошад.

Дар шаш моҳи аввали соли 2025 аз ҷониби субъектҳои МОИ “Суғд” ба буҷети давлат 6,5 млн сомонӣ аз ҳисоби пардохти андозҳои дахлдор (андоз аз даромад ва андози иҷтимоӣ) ворид гардид, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,6 млн сомонӣ зиёд гардид.
Бояд қайд намуд, ки дар давраи январ-июни соли 2025 ҷиҳати таъмини иҷрои фаъолияти минтақа бо якчанд сармоягузорони ватанию хориҷӣ ва корпусҳои дипломатӣ 25 вохӯриҳо ва гуфтушунидҳои маҷозӣ, инчунин чор маротиба сафарҳои хизматӣ аз ҷониби Роҳбарияти Маъмурият баргузор гардид.
Корҳои ободониву кабудизоркунӣ дар ҳудуди МОИ “Суғд” мунтазам дар мадди назари Маъмурият қарор дошта, дар ин самт чораҳои таъхирнопазир амалӣ гардида истодааст.
Маъмурияти МОИ “Суғд” ҷиҳати расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ саноатикунонии босуръати кишвар фаъолияти худро тақвият дода, минбаъд низ бо истифода аз имкониятҳои мавҷудбуда кӯшиш менамояд, ки дастовардҳоро дар ин самт пурзӯр намуда, ҷиҳати иҷрои саривақтии дастуру супоришҳо ва қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақшаи чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ ва Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои заруриро амалӣ намуда ба натиҷаҳои назаррас ноил гардад.

Ҳамчунин намояндагони васоити ахбори ома бо Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” саволу ҷавоб намуда, ба ҳамаи саволҳои дода худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.
Дар охир Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Муҳаммадзода М.С. ба намояндагони васоити ахбори омма изҳори миннатдории хешро бобати ҳамкории доимӣ бо МОИ “Суғд” ва саҳми онҳоро дар рушди саноати минтақа басо назаррас буданро қайд намуданд.
Сипас намояндагони васоити ахбори омма аз фаъолияти якчанд субъектҳои МОИ “Суғд” аз ҷумла: ҶДММ КМ ТТ “Афранг Пластик”, ҶДММ “Сайёҳи Суғд” ва ҶДММ КФ “Фортуна-Ко” боздид намуда бо масъулини корхонаҳои мазкур ҳамсӯҳбакт шуданд

















































