


Ташрифи муовини Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Азиз Назар ба МОИ “Суғд”
17-уми феврали соли 2025 муовини Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Азиз Назар дар рафти сафари хизматӣ ба вилояти Суғд аз корхонаҳои саноатии МОИ “Суғд” дидан намуданд.
Роҳбарияти маъмурияти МОИ “Суғд” дар даромадгоҳи МОИ “Суғд” меҳмони олиқадрро хуш пазируфта, оиди фаъолият, имтиёз ва бартариҳои МОИ “Суғд” маълумоти мушаххас доданд.
Сипас, меҳмонон аз як қатор субъектҳои МОИ “Суғд” аз ҷумла : ҶДММ КМ ТТ “Таҷпроф”, ҶДММ “ Сайри Суғд”, ҶДММ КФ “Фортуна Ко”, ҶДММ “Азияполитекс” ва ҶДММ “Афранг Пластик ” дидан намуда, бо роҳбарияти корхонаҳо ҳамсуҳбат шуданд.

Омӯзиши забони англисӣ дар Маъмурияти МОИ “Суғд”
Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намудаанд: “Мо бояд ба омӯзиши забонҳои русиву англисӣ ҳамчун забонҳои муоширати байналмиллалӣ эътибори аввалиндараҷа диҳем”.
Бинобар, ин бо дастгирии Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Муҳаммадзода Муҳаммад Султон баҳри иҷрои дастуру супоришҳои зикргардида, дар Маъмурияти МОИ “Суғд” омӯзиши дарси забони англисӣ аз санаи 12.02.2025 оғоз гардид.

ҶАЛАСАИ КОРӢ ДОИР БА ИҶРОИ АМРИ РАИСИ ВИЛОЯТИ СУҒД “ОИД БА ТАЪСИСИ ГУРУҲИ КОРӢ БАРОИ АЗ ҲУДУДИ МОИ “СУҒД” БАРОВАРДАНИ СОҲИБМУЛКОНЕ, СУБЪЕКТИ МИНТАҚА МАҲСУБ НАМЕЁБАНД ”
Тибқи иҷроиши Амри Раиси вилояти Суғд таҳти №228 амр, аз санаи 1 октябри соли 2024 дар бораи “Аз ҳудуди минтақаи озоди иқтисодии Суғд баровардани соҳибмулконе, ки субъекти минтақаи озоди иқтисодӣ маҳсуб намеёбанд”, дар бинои Маъмурияти МОИ “Суғд” ҷаласаи корӣ бо иштироки муовини раиси вилояти Суғд муҳтарам Анвар Яъқубӣ ва аъзоёни гуруҳи корӣ баргузор гардид.
Сараввал муовини раиси вилояти Суғд муҳтарам Анвар Яъқубӣ ҷаласаи кориро ифтитоҳ намуда, ҷиҳати баррасии Амри Раиси вилоят гуруҳи корӣ таъсис дода шуда, хозиринро ба ҳайати он шинос намуданд.
Зимнан роҳбари Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” баромад намуда, қайд карданд, ки дар ин маврид чандин маротиба ҷаласаҳову вохӯриҳо қаблан гузаронида шуда буд.
Дар рафти ҷаласа ҳайъати гуруҳ фикру мулоҳизаҳои худро баён намуда, таклиф пешниҳод намуданд, ки тибқи талаботи муқарраргардида масъалаи мазкурро баррасӣ намоянд.
Дар натиҷа ба гуруҳи корӣ супориш дода шуд, ки ҷиҳати гузаронидани инвентаризатсия байни субъектон ва ғайрисубъектоне, ки дар ҳудуди МОИ “Суғд” фаъолият менамоянд якҷо бо кумитаи идораи замин ва геодезии вилоят ҳамкорӣ намуда, ҷиҳати бастани шартнома бо корхонаи мазкур ва гузаронидани инвентаризатсияи ҳудуди МОИ “Суғд” корбарӣ карда шавад.

ҶАЛАСАИ КОРӢ ДАР МАЪМУРИЯТИ МОИ “СУҒД”
ҶАЛАСАИ КОРӢ ДАР МАЪМУРИЯТИ МОИ “СУҒД”
Тибқи иҷроиши супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд санаи 20 январи соли равон дар бинои Маъмурияти МОИ “Суғд” Роҳбари минтақа Муҳаммадзода Муҳаммад Султон ҷаласаи корӣ доир ба ҷамъбасти соли 2024 ва вазифагузориҳои минбаъда барои соли 2025 баргузор гардид.
Роҳбари маъмурият аз нишондодҳои соли 2024 гуфта гузашта, қайд намуданд, ки дар соли 2025 як қатор вазифаву нақшаҳоро корбарӣ намуда, ҷиҳати иҷроиши он чораҳои зарурӣ андешида шавад.
– зиёд намудани сармоягузрӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ;
– ба роҳ мондани корҳои ободонӣ, кабудизоркуниву ниҳолшинонӣ дар ҳудуди МОИ “Суғд”;
– то 1 июни соли равон пурра гузаштан ба ҳуҷҷатгузории электронӣ ва ғайра
Аз натиҷаи ҷаласаи корӣ нақша – чорабинии Маъмурият барои нимсолаи аввали соли 2025 тартиб дода шуд.


СУПОРИДАНИ ТАСДИҚНОМАИ СУБЪЕКТИ МОИ “СУҒД” БА ҶДММ “САНГ ОРО”

МАЪМУРИЯТИ МОИ “СУҒД” СУБЪЕКТОНИ ФАЪОЛИ ХУДРО ҚАДРДОНӢ НАМУД
Бо ташаббуси Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Муҳаммадзода Муҳаммад Султон дар арафаи соли нави милодӣ ба субъектони фаъоли минтақа барои гузоштани саҳми назаррас дар пешрафту тараққиёти МОИ “Суғд” ва иштироки фаъол санаи 22 ноябри соли ҷорӣ дар Форуми байналмиллалии сармоягузории “Дурнамои рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо Сипосномаҳо сарфароз гардонида шуд.

Дар бинои Маъмурият роҳбари минтақа ба субъектони зерин: ҶДММ “Сайр Суғд”, ҶДММ КМ ТТ “Таҷпроф”, ҶДММ КМ ТТ “Силкоат Бойя”, ҶДММ КМ ТТ “Арча мебел”, ҶДММ КФ “Фортуна Ко”, ҶДММ “Стар Пласт”, ҶДММ “Равзана Пласт” Сипосномаҳоро ботантана супориданд ва ба корҳои ояндаи субъектон муваффақият ва пешравиву бурдбориҳо таманно намуданд.

АЁДАТИ КУДАКОНИ МАКТАБ – ИНТЕРНАТИ КАР ВА ШУНАВОИАШОН СУСТИ БА НОМИ Т. ҒАФФОРОВ ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВИ МИЛОДӢ

БАҚАЙДГИРИИ СУБЪЕКТИ НАВБАТӢ ҶДММ “БУНЁДИ СУҒД” ДАР МОИ “СУҒД”
19 декабри соли ҷорӣ дар бинои маъмурияти МОИ «Суғд» аз ҷониби роҳбари Маъмурият Муҳаммадзода Муҳаммад Султон ба соҳибкори маҳаллӣ Розиқов Абдуҷалил Раҳимбоевич Шаҳодатномаи ҳуқуқи истифодаи имтиёзҳои минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» супорида шуд.
Корхонаи мазкур ҶДММ “Бунёди Суғд” бо савдои яклухти ҳамагуна молҳои маишӣ, саноати коркарди филизот ғайр аз истеҳсоли мошинолот ва таҷҳизот, истеҳсоли ҳаргуна маҳсулоти ғайрифилизии маъданӣ машғул буда, сармояи субъекти мазкур зиёда аз 1,2 млн.сомонӣ буда, пурра аз ҷониби соҳибкори ватанӣ сармоягузорӣ карда мешавад.
Роҳбари минтақа ба соҳибкор дар кораш барору комёбӣ таманно намуда, омодагии худро барои дастгирии ҳамаҷонибаи Маъмурият изҳор дошт.



































