


Ташрифи Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Султон Нурмаҳмадпур ба МОИ “Суғд”
Санаи 27-уми сентябри соли 2025 Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Султон Нурмаҳмадпур бо сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилояти Суғд Шарифҷон Ахмедов ба МОИ “Суғд” ташриф оварданд.
Муовини роҳбари МОИ “Суғд” Ҳакимов Н.А., дар даромадгоҳи МОИ “Суғд” меҳмононро хуш пазируфта доир ба рафти фаъолияти маъмурият ва рафти сохтмон дар ҳудуди МОИ “Суғд” ба меҳмонон маълумот доданд.
Сипас меҳмонон аз фаъолияти якчанд субъектҳои МОИ “Суғд” аз ҷумла: ҶДММ “Азияполитекс”, ҶДММ КМ ТТ “Арча-Мебел”, ҶДММ “Донаи Алмос” боздид намуда бо масъулини корхонаҳои мазкур доир ба раванди истеҳсоли маҳсулот саволу ҷавоб намуданд.
Инчунин меҳмонон аз рафти корҳои сохтмонии ҶДММ “Сайр Суғд” ва бинои нави Маъмурияти МОИ “Суғд” шиносоӣ намуданд.

ИШТИРОКИ НАМОЯНДАГОНИ МАЪМУРИЯТИ МОИ “СУҒД” ДАР ФОРУМИ ЯКУМИ “КОРГОҲИ МОЗИ” ОИД БА ҲАМКОРӢ БАЙНИ СОҲАИ САНОАТ ВА ДОНИШГОҲ

ТАШРИФИ ҲАЙАТИ НАМОЯНДАГОНИ СОҲАИ САЙЁҲИИ ҶУМҲУРИИ ТОТОРИСТОНИ ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ, БА МОИ “СУҒД”

Ташкили шанбегии дастаҷамъона дар МОИ “Суғд”

МУАРРИФИНАМОИИ МОИ “СУҒД” ДАР МАҶЛИСГОҲИ РАЁСАТИ САРМОЯГУЗОРИИ МИҲД ВИЛОЯТИ СУҒД, ҶИҲАТИ ВОХУРӢ БО ҲАЙАТИ СОҲИБКОРОНИ ҶУМҲУРИИ ШВЕЙТСАРИЯ

ТАШРИФИ СОҲИБКОРОНИ ҶУМҲУРИИ БЕЛОРУС БА МОИ “СУҒД”

СУПОРИДАНИ ТАСДИҚНОМАИ МАҚОМИ СУБЪЕКТИ МОИ “СУҒД” БА СЕ СУБЪЕКТИ НАВ
Дар ҳафтаи сипаригашта дар Маъмурияти МОИ “Суғд” дар доираи таҷлили 34-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз се субъекти нав: ҶДММ “Синтай Метал Суғд”,ҶДММ “Фуд Агро Суғд” ва ҶДММ “Тоҷфилиз Суғд” бақайд гирифта шуд.
Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Муҳаммадзода Муҳаммад Султон Тасдиқномаи субъекти МОИ “Суғд”-ро ба роҳбарияти корхонаҳои мазкур супориданд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки ҶДММ “Синтай Метал Суғд”, аз ҷониби соҳибкорони Ҷумҳурии Халқии Чин, муассисони корхона Чжен Сюанлян ва Саймиҷианг Маймаити таъсис дода шуда, ҳаҷми умумии сармоягузорӣ 500000 доллари ИМА буда, фаъолияташро ба коркарди пусти хоми ҳайвонҳои хонагии шохдор ба роҳ мемонад. Баъди оғози фаъолият 30 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин мешаванд.
ҶДММ “Фуд Агро Суғд” аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Бузуруков Баҳодур Ҳусенходжаевич таъсис дода шуда, ҳаҷми умумии сармоягузории он 1700000 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Самти фаъолияти корхонаи мазкур ба истеҳсол, коркард ва банду басти меваи хушк равона гардидааст. Ҳангоми пурра ба истифода додани корхона 60 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда мешаванд.
Ҳамзамон субекти навбатии МОИ “Суғд” ҶДММ “Тоҷфилиз Суғд” аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Турсунбоев М.Н. таъсис дода шуда, ҳаҷми умумии сармоягузории он 1200000 сомониро ташкил медиҳад. Самти фаъолияти корхонаи мазкур ба истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ равона гардида, ҳангоми пурра ба истифода додани корхона 15-20 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда мешаванд.
Дар охир Роҳбарияти Маъмурияти МОИ “Суғд” ба роҳбари корхонаҳои мазкур барору комёбиҳоро таманно намуда, баҳри таъсиси корхонаи нав сухан намуданд.

Маросими супоридани Ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, аз ҷониби Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаб Аҳмадзода ба Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Муҳаммадзода Муҳаммад Султон
Бо Қарори Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаб Аҳмадзода аз 8 августи соли 2025, таҳти №201, ба муносибати 34- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муҳаммадзода Муҳаммад Султон барои саҳми арзанда дар пешбурди соҳаи иқтисодиёт, иштирок дар корҳои ҷамъиятӣ бо Ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд сарфароз гардонида шудаанд.
Аҳли колективи Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” бо камоли эҳтиром Роҳбари Маъмурият, муҳтарам Муҳаммадзода Муҳаммад Султонро ба муносибати қадрдонии арзандаашон бо ин дастовард самимона табрик намуда, ба роҳбари гиромиқадри худ сиҳатмандӣ, муваффақиятҳои навин дар фаъолияти касбӣ ва комёбиҳои беназирро орзу менамоем.
Бо эҳтиром,
Аҳли колективи Маъмурияти МОИ “Суғд”






















































