Бизнес-форум таҳти унвони “Тоҷикистон-Тотористон”

Бизнес-форум таҳти унвони “Тоҷикистон-Тотористон”

Бизнес-форум таҳти унвони “Тоҷикистон-Тотористон”

Санаи 3-юми апрели соли 2025 дар Маркази таълимии Бонки милии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон бизнес-форум таҳти унвони “Тоҷикистон-Тотористон” баргузор гардид.

Дар кори форум Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, Раиси Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Россия Рустам Миниханов ва роҳбарони ширкатҳои истеҳсолии ду тараф ва доираҳои тиҷоратӣ, инчунин Роҳбари МОИ “Суғд” Муҳаммадзода Муҳаммад Султон иштирок намуданд. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни сӯҳбат қайд намуданд, ки аз ҷониби Асогузори Сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри рушди соҳибкорӣ ва саноат, ки яке аз соҳаҳои муҳими кишвар ба ҳисоб меравад, пайваста аҳамияти хоса дода мешавад.

Дар идомаи форум ҷонибҳо бо баррасии дурнамои ҳамкорӣ барои зиёд намудани содироти маҳсулоти тару тозаи Тоҷикистон ба Тотористон, татбиқи лоиҳаи нав, бунёди корхонаҳои саноатӣ изҳори омодагӣ намуданд. Инчунин баъд аз анҷоми форум боздиди ҳайати Ҷумҳурии Тотористон аз Қасри Арбоб ва Қалъаи Хуҷанд баргузор гардид, ки аз ҷониби субъектони МОИ “Суғд” аз ҷумла, ҶДММ “ КФ Фортуна Ко”, ҶДММ  КМ ТТ “Силкоат бойя”, ҶДММ “Сайр Суғд” ва ҶДММ “Стар Пласт” маҳсулотҳо ба намоиш гузошта шуда буд.

    

   

  

loading