Category: Ахборот

ГУЗАРОНИДАНИ ОМӮЗИШИ ЯКРӮЗА БАРОИ СУБЪЕКТҲОИ МОИ “СУҒД”, СОҲИБКОРОН ВА БРОКЕРҲОИ ГУМРУКӢ ДАР МАЪМУРИЯТИ МОИ “СУҒД”

ГУЗАРОНИДАНИ ОМӮЗИШИ ЯКРӮЗА БАРОИ СУБЪЕКТҲОИ МОИ “СУҒД”, СОҲИБКОРОН ВА БРОКЕРҲОИ ГУМРУКӢ ДАР МАЪМУРИЯТИ МОИ “СУҒД”

 
24 сентябри соли 2026 дар толори Муассисаи давлатии Маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» омӯзиши якрӯза барои субъектҳои МОИ “Суғд”, соҳибкорон ва брокерҳои гумрукии МОИ “Суғд” баргузор гардид.
Омӯзиши мазкур дар доираи лоиҳаи Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (БРСММ) «Мусоидат ба идоракунии самаранокии марз тавассути ҷорӣ намудани мафҳуми амнияти инсонӣ дар хонаводаҳои марзӣ дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон» баргузор шуд ва ба баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ва фаҳмиши иштирокчиён оид ба ҷанбаҳои танзимкунанда ва амалии фаъолияти соҳибкорӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардид.
Ҳадафи асосии омӯзиш такмили донишу малакаи субъектҳои МОИ “Суғд”, соҳибкорон ва брокерҳои гумрукӣ дар самти ба расмиятдарории гумрукӣ, низоми андозбандӣ, талаботи меъёрӣ, хизматрасонӣ ба мизоҷон ва роҳҳои самараноки ҳамкорӣ бо мақомоти гумрук мебошад.
Семинарро намояндагони Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид ва тренерони Агентии SMART бо суханрониҳои ифтитоҳии худ оғоз намуданд.
Дар ҷараёни омӯзиш масъалаҳои муҳими марбут ба фаъолияти субъектҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар доираи панҷ сессияи омӯзишӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд:
Сессияи якум — «Қонунгузории танзимкунандаи фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон».
Сессияи дуюм — «Гумрук ва низоми андози МОИ: ҷанбаҳои амалӣ ва ҳамкорӣ бо гумрук».
Сессияи сеюм — «Муомила бо мақомоти гумрук: чӣ тавр муколамаи муассирро ба роҳ мондан мумкин аст».
Сессияи чорум — «Оинномаи хизматрасонӣ ба мизоҷон».
Сессияи панҷум — «Брендинг, маркетинг ва тиҷорати электронӣ барои субъектҳои МОИ».
Дар доираи сессияҳо иштирокчиён бо ҷанбаҳои амалии татбиқи расмиёти гумрукӣ ва андозӣ, талаботи қонунгузорӣ, усулҳои самараноки муошират ва ҳамкорӣ бо мақомоти гумрук, инчунин имкониятҳои рушди хизматрасонӣ, брендинг, маркетинг ва тиҷорати электронӣ шинос гардиданд.
Баргузории чунин омӯзишҳо барои баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва касбии субъектҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ, беҳтар намудани ҳамкории онҳо бо мақомоти давлатӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ аҳамияти муҳим дорад.
 
 
 
 
 
ТАШРИФИ ҲАЙАТИ СОҲИБКОРОНИ ҶУМҲУРИИ МАРДУМИИ ЧИН БА МОИ «СУҒД»

ТАШРИФИ ҲАЙАТИ СОҲИБКОРОНИ ҶУМҲУРИИ МАРДУМИИ ЧИН БА МОИ «СУҒД»

 
Санаи 21 сентябри соли 2026 ба Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» гуруҳи соҳибкорон аз Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳти роҳбарии Муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ ташриф оварданд.
Меҳмононро Роҳбарияти Маъмурияти МОИ “Суғд” дар даромадгоҳи минтақа қабул намуда, доир ба фаъолият ва имтиёзу имкониятҳои МОИ “Суғд” маълумот доданд.
Сипас, боздиди меҳмонон аз субъекти МОИ “Суғд”, ҶДММ “Азияполитекс” ва ҶДММ “Сайр Суғд” доир гардида, дар рафти боздид ба сифати маҳсулоти корхона аз ҷониби меҳмонон баҳои баланд дода шуд.
Таъкид гардид, ки Маъмурияти МОИ «Суғд» барои сармоягузорони хориҷӣ тамоми шароити заруриро фароҳам оварда, омода аст дар татбиқи лоиҳаҳои истеҳсолии нав ҳамкории ҳамаҷониба намояд.
 
 
 
ТАШРИФИ НАМОЯНДАГОНИ ДАФТАРИ МИНТАҚАВИИ БАРНОМАИ МУСОИДАТ БА ИДОРАКУНИИ САРҲАДОТ ДАР ОСИЁИ МАРКАЗӢ (БОМКА 11) БА МОИ «СУҒД»

ТАШРИФИ НАМОЯНДАГОНИ ДАФТАРИ МИНТАҚАВИИ БАРНОМАИ МУСОИДАТ БА ИДОРАКУНИИ САРҲАДОТ ДАР ОСИЁИ МАРКАЗӢ (БОМКА 11) БА МОИ «СУҒД»

 
Санаи 17 сентябри соли 2026 ба Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» намояндагони Дафтари минтақавии Барномаи мусоидат ба идоракунии сарҳадот дар Осиёи Марказӣ (БОМКА 11) таҳти роҳбарии мушовир оид ба рушди бахши хусусии Барномаи БОМКА 11 Георгий Хиштовани ташриф оварданд.
Меҳмононро муовинони роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” дар маҷлисгоҳи Маъмурият қабул намуданд. Ҳамзамон доир ба фаъолият ва имтиёзу имкониятҳои МОИ “Суғд” ба ҳайати меҳмонон тариқи муаррифинамоӣ (Презентасия) маълумот дода шуд.
Ҳайати меҳмонон аз субъектҳои минтақа: ҶДММ “Азияполитекс”, ҶДММ КФ “Фортуна-Ко”, ҶДММ “Реал” ва ҶДММ “Сайр Суғд” дидан намуданд.
 
 
  
 
 
 
 
  
 
ТАШРИФИ ҲАЙАТИ НАМОЯНДАГОНИ ПАЛАТАИ САВДО ВА САНОАТИ ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ БА МОИ «СУҒД»

ТАШРИФИ ҲАЙАТИ НАМОЯНДАГОНИ ПАЛАТАИ САВДО ВА САНОАТИ ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ БА МОИ «СУҒД»

 
Санаи 16 сентябри соли 2026 ҳайати намояндагони Палатаи савдо ва саноати Федератсияи Россия ба Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» ташриф оварданд.
Меҳмононро Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” хуш пазируфта, доир ба фаъолият ва имтиёзу имкониятҳои МОИ “Суғд” маълумот пешниҳод намуданд.
Сипас ҳайати меҳмонон аз кору фаъолияти якчанд субъектҳои минтақа: ҶДММ “Азияполитекс”, ҶДММ КФ “Фортуна-Ко”, ҶДММ КМ ТТ “Силкоат Бойя”, ҶДММ “Сайр Суғд” ва Маркази агрологистикӣ дидан намуданд.
 
Боздиди меҳмонон аз намоиши молу маҳсулоти минтақаҳои озоди иқтисодӣ

Боздиди меҳмонон аз намоиши молу маҳсулоти минтақаҳои озоди иқтисодӣ

 
Дар доираи баргузории Форуми байналмилалии сармоягузории «Рақамикунонии минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар заминаи кишварҳои Авруосиё» меҳмонон ва иштирокчиёни форум аз намоиши молу маҳсулоти истеҳсолнамудаи субъектҳои минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд», боздид намуданд.
Дар намоишгоҳ маҳсулоти гуногуни истеҳсолии корхонаҳои МОИ «Суғд», аз ҷумла маҳсулоти саноатӣ, масолеҳи сохтмонӣ, маҳсулоти коркардшуда ва дигар молҳои рақобатпазир ба маърази тамошо гузошта шуданд.
Меҳмонон ба сифати маҳсулот, имкониятҳои истеҳсолӣ ва иқтидори содиротии субъектҳои МОИ «Суғд» таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, бо намояндагони корхонаҳо ва соҳибкорон суҳбату табодули афкор анҷом доданд.
Намоиши молу маҳсулот ҳамчун майдони муассири муаррифии имкониятҳои истеҳсолӣ ва сармоягузории минтақаҳои озоди иқтисодӣ, ҷалби сармояи нав, пайдо намудани шарикони тиҷоратӣ ва густариши ҳамкориҳои иқтисодии байналмилалӣ арзёбӣ гардид.
Бояд гуфт, ки маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхонаҳои МОИ «Суғд» ба бозорҳои як қатор кишварҳои хориҷӣ содирот гардида, ҷуғрофияи содироти он пайваста васеъ шуда истодааст.
 
 
 
 
 
 
 
Ташрифи иштирокчиёни Форуми байналмиллалии сармоягузории «Рақамикунонии Минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар шароити кишварҳои АвруОсиё» ба Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд”

Ташрифи иштирокчиёни Форуми байналмиллалии сармоягузории «Рақамикунонии Минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар шароити кишварҳои АвруОсиё» ба Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд”

Санаи 28 августи соли 2026 дар доираи кори Форум, ташрифи меҳмонон ба МОИ “Суғд” доир гардид.
Меҳмононро Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Муҳаммадзода Муҳаммад Султон гарм истиқбол намуданд. Ҳамзамон аз фаъолияти якчанд субъекҳои минтақа аз ҷумла:
ҶДММ КМ ТТ ” Афранг пластик”,
рафти корҳои сохтмонии Маркази Агрологистикӣ , ҶДММ “Сайри Суғд”, ҶДММ КФ “Фортуна Ко” ва ҶДММ ” Азияполитекс” шинос шуданд.
Ташрифи иштирокчиёни форум ба МОИ «Суғд» барои таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ, табодули таҷриба дар самти рақамикунонӣ, ҷалби сармоя ва фароҳам овардани заминаҳои нави ҳамкорӣ байни минтақаҳои озоди иқтисодии кишварҳои АвруОсиё аҳамияти муҳим дорад.
 
 
 
 
  
 
ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ РОҲБАРИ МАЪМУРИЯТИ МОИ «СУҒД» ДАР ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛЛАЛИИ “РАҚАМИКУНОНИИ МИНТАҚАҲОИ ОЗОДИ ИҚТИСОДӢ ДАР ШАРОИТИ КИШВАРҲОИ АВРУОСИЁ”.

ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ РОҲБАРИ МАЪМУРИЯТИ МОИ «СУҒД» ДАР ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛЛАЛИИ “РАҚАМИКУНОНИИ МИНТАҚАҲОИ ОЗОДИ ИҚТИСОДӢ ДАР ШАРОИТИ КИШВАРҲОИ АВРУОСИЁ”.

 
Санаи 27 августи соли 2026 дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд бо иштироки Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ муҳтарам Ҳикматуллозода Неъматулло, Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ Форуми байналмиллалии “Рақамикунонии Минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар шароити кишварҳои Авруосиё” баргузор гардид.
Дар кори форум намояндагони созмонҳои байналмиллалӣ, коршиносон ва меҳмонон аз кишварҳои гуногун ва соҳибкорону сармоягузорони ватаниву хориҷӣ иштирок намуданд.
Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Муҳаммадзода Муҳаммад Султон зимни суханронии худ доир ба рақамикунонии маъмурии Минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва нақши он дар рушди минбаъдаи минтақаҳоро иброз дошт, ки рақамикунонӣ яке аз самтҳои муҳими рушди устувори минтақаҳои озоди иқтисодӣ ба ҳисоб рафта, истифодаи технологияҳои муосири иттилоотӣ метавонад раванди идоракунӣ ва хизматрасониҳоро шаффофу босуръат гардонад.
Дар суханронӣ таҷрибаи МОИ «Суғд» дар самти истифодаи технологияҳои рақамӣ, рушди хизматрасониҳои электронӣ, табодули электронии маълумот, рақамикунонии равандҳои дохилии маъмурӣ ва баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ба субъектҳои минтақа муаррифӣ гардид.
Таъкид карда шуд, ки ташкили муҳити ягонаи рақамӣ барои минтақаҳои озоди иқтисодӣ метавонад барои коҳиш додани монеаҳои маъмурӣ, кам намудани хароҷоти соҳибкорон, баланд бардоштани шаффофияти фаъолияти субъектҳо ва ҷалби бештари сармоягузорон заминаи мусоид фароҳам оварад.
Ҳамчунин, дар доираи форум мубодилаи таҷриба миёни намояндагони минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва ниҳодҳои марбутаи кишварҳои Авруосиё сурат гирифта, масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар самти рақамикунонӣ баррасӣ шуданд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки дар кори Форум байни Роҳбарияти МОИ ” Суғд” ва чор субъектҳои нави МОИ “Суғд” санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шуданд. Инчунин аз ҷониби Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба беҳтарин содироткунандагон ва истеҳсолкунандагони фаъоли субъектҳои МОИ “Суғд” -ҶДММ “Сайр Суғд”, ҶДММ КМ ТТ “Таҷпроф”, ҶДММ “Реал”, ҶДММ КФ “Фортуна-Ко” ва ҶДММ ” Азияполитекс” бо диплом ва ҷоизаҳо қадрдонӣ карда шуданд.
Иштироки Маъмурияти МОИ «Суғд» дар чунин ҳамоишҳои байналмилалӣ барои муаррифии имкониятҳои сармоягузории минтақа, табодули таҷрибаи пешқадам ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ мусоидат менамояд.
 
 
 
 
 
 
 
 
МОИ «Суғд» — ғолиби озмуни «ТОП-35 ширкати боэътимоди сол»

МОИ «Суғд» — ғолиби озмуни «ТОП-35 ширкати боэътимоди сол»

Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» дар озмуни ҷумҳуриявии «ТОП-35 ширкати боэътимоди сол» аз рӯи номинатсияи «Минтақаи озоди иқтисодӣ» сазовори ҷойи аввал гардида, ҳамчун ғолиби озмун эътироф шуд.
Ин дастоварди арзанда аз ҷониби Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ ба Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Муҳаммадзода Муҳаммад Султон дар вазъияти тантанавор тақдим карда шуд.Ҷоизаи мазкур нишонаи боварии Ҳукумати мамлакат, эътимоди ҷомеаи соҳибкорӣ ва сармоягузорон ба фаъолияти самараноки Маъмурияти МОИ «Суғд», саҳми он дар рушди соҳибкорӣ, ҷалби сармоя, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва таҳкими иқтидори истеҳсолии кишвар мебошад.
Ғолибият дар чунин озмун барои коллективи Маъмурияти МОИ «Суғд» мояи ифтихор буда, ҳамзамон масъулияти моро ҷиҳати идомаи фаъолияти созанда, фароҳам овардани шароити мусоид барои сармоягузорон ва рушди минбаъдаи минтақа боз ҳам бештар менамояд.
Маъмурияти МОИ «Суғд» ҳамаи кормандон, субъектҳои минтақа ва шарикони худро ба муносибати ин дастоварди муҳим самимона табрик намуда, ба онҳо дар фаъолияти минбаъда комёбиҳои нав орзу менамояд.
 
  
 
Баргузории нишасти матбуотии Роҳбари Маъмурияти МОИ «Суғд» оид ба натиҷаҳои фаъолияти нимсолаи якуми соли 2026

Баргузории нишасти матбуотии Роҳбари Маъмурияти МОИ «Суғд» оид ба натиҷаҳои фаъолияти нимсолаи якуми соли 2026

Дар Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» санаи 17 августи соли 2026, нишасти матбуотии Роҳбари Маъмурият оид ба натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти минтақа дар нимсолаи якуми соли 2026 баргузор гардид.
Дар нишаст Роҳбари Маъмурияти МОИ «Суғд» Муҳаммадзода Муҳаммад Султон натиҷаҳои асосии фаъолияти минтақа, аз ҷумла ҷалби сармоягузорӣ, рушди истеҳсолот, афзоиши ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолшуда ва содирот, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, фаъолияти субъектҳои минтақа ва дигар нишондиҳандаҳои иқтисодиро мавриди таҳлил қарор дод.
Зикр гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ барои рушди минбаъдаи фаъолияти субъектҳои МОИ «Суғд», ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти соҳибкорӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда шуданд.
Ҳамзамон, дар нишасти матбуотӣ ба масъалаҳои ҳамкориҳои байналмилалӣ, ҷалби сармоягузорони хориҷӣ, татбиқи лоиҳаҳои нави истеҳсолӣ, зиёд намудани иқтидори содиротии корхонаҳо ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Дар идомаи нишаст Роҳбари Маъмурият ба саволҳои намояндагони воситаҳои ахбори омма вобаста ба фаъолияти МОИ «Суғд», нақшаҳои рушди минбаъда, ҷалби сармоягузорӣ ва дурнамои фаъолияти субъектҳои минтақа посухҳои мушаххас дода, ҳамзамон аҳли рӯзноманигоронро дар Форуми байналмиллалии “Рақамикунонии минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар шароити кишварҳои Авруосиё” ки санаи 27-28 августи соли 2026 дар шаҳри Гулистон баргузор мегардад даъват ба амал овард.
Сипас, дар доираи нишасти матбуотӣ аз ҷониби Роҳбари Маъмурият ба субъекти нави МОИ “Суғд” ҶДММ “Хушбахти Суғд”, ки дар оянда фаъолияташро ба хизматрасонии иноватсионӣ равона мекунад дар ҳузури намояндагони ВАО тасдиқномаи мақоми субъекти МОИ “Суғд” дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд.
Дар фарҷом таъкид гардид, ки Маъмурияти МОИ «Суғд» минбаъд низ ҷиҳати рушди истеҳсолоти саноатӣ, зиёд намудани ҳаҷми содирот, ҷалби сармоягузориҳои нав ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ чораҳои муассирро идома хоҳад дод.
Инчунин пас аз ҷамъбасти нишасти матбуоти намояндагони ВАО аз якчанд субъектҳои МОИ ” Суғд” боздид намуданд аз ҷумла: ҶДММ ” Сайр Суғд” ва Маркази агрологистикӣ.

 

 

 

  

 

 

  

   

  

  

loading