Иштироки МОИ «Суғд» дар Анҷумани байналмилалии блокчейн 2019

Иштироки МОИ «Суғд» дар Анҷумани байналмилалии блокчейн 2019

Иштироки МОИ «Суғд» дар Анҷумани байналмилалии блокчейн 2019

Санаҳои 21-23 январи соли ҷорӣ, дар шаҳри Саняи музофоти Хайнани Ҷумҳурии Халқии Чин Анҷумани васеи байналмилалии блокчейн 2019 баргузор гардид.

Мақсади асосии чорабинӣ муҳокимаи равандҳои татбиқи блокчейн дар кишварҳое, ки соҳаи мазкур тараққӣ накардааст, иборат буд. Дар муддати се рӯз, масъалаҳои марбути мавзӯи чорабинӣ, аз ҷумла қонунгузорӣ, ҷоригардонӣ ва ояндаи соҳа баррасӣ гардидаанд.

Бояд қайд намуд, ки блокчейн дар пешбурди самтҳои гуногуни иқтисодиёти кишварҳои мутаррақии ҷаҳон рушд карда, аллакай аз ҷониби ширкатҳои бонуфуз ба монанди IBM, JPMorgan Chase, Microsoft, Visa ва Intel истифода бурда мешавад.

Анҷуман аз тарафи Парки саноатию иттилоотии Хайнан дар ҳамкорӣ бо ҳукумати он ташкил карда шуд.

Дар чорабинӣ садҳо нафар иштирокчиён, аз ҷумла сармоягузорон, сиёсатмадорон, роҳбарони ширкатҳои тиҷоратӣ, доираҳои илмӣ аз Амрико, Осиёву Аврупо, инчунин Осиёи Марказӣ иштирок варзиданд.

Дар кори чорабинӣ Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Фирдавс Олимзода низ фаъолона иштирок намуд.

Намояндагони кишварҳои иштирокчӣ дар бораи татбиқи блокчей дар кишварҳои худ, нақши он дар пешбурди иқтисодиёт, махсусан дар рушди тиҷорат андешаҳои худро баён намуданд.

Инчунин соҳибкорони ИМА, оиди таҷрибаи муваффаққонаи истифодабарии блокчейн дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ,махсусан парвариши чорвои шохдор маърӯза карданд.

Фирдавс Олимзода дар баромади худ доир ба фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон сухан карда, аз ҷумла қайд намуд, ки МОИ дар мамлакат барои ҳамчун платформаи амалигардонӣ ва санҷиши фаъолияти инноватсионӣ таъсис дода шуда, аллакай таклифҳои лоиҳавии татбиқи низоми блокчейн, аз ҷумла истеҳсоли асъори криптӣ аз ҷониби ширкатҳои гуногуни ин соҳа пешниҳод гардидаанд.Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамеша ба низому техналогияҳои ҷадид ва муосир сиёсати дарҳои кушодро пеша кардааст дар мавриди блокчейн аввал омӯзиши амиқи таҷрибаи давлаҳои ҳамсояро таклиф кардааст..

Инчунин, иштирокчиён дар асоси барнома, аз ширкатҳои пешрафтаи музофоти Хайнан, махсусан минтақаи озоди тиҷоратии ин минтақа дидан намуданд.

Дар интиҳои Анҷуман байни кишварьои иштирокчӣ созишномаҳои бисёрҷониба ба имзо расонида шуданд.

Ҳамин тариқ, Маъмурияти МОИ ”Суғд“ ёддошти тафоҳум бо Парки саноатию иттилоотии Хайнан оид ба ҳамкориҳои мутақобилаи муфид, аз ҷумла ифтитоҳи намояндагии МОИ ва толори намоишгоҳ бо мақсади пешбурди молу маҳсулоти Тоҷикистон ба имзо расонида шуд, ки аз ҷониби парк онҳо барои истифодабарии ройгон ба мӯҳлати як сол дода шуданд.

loading