🧵 Оё барои истеҳсолоти нассоҷӣ таҷҳизоти нав меҷӯед?

🧵 Оё барои истеҳсолоти нассоҷӣ таҷҳизоти нав меҷӯед?

 

Дар CAITME 2026 шуморо интизоранд:

🔹 брендҳои пешсафи ҷаҳонӣ;
🔹 технологияҳои муосир барои тамоми марҳилаҳои истеҳсолот;
🔹 намоиши зиндаи кори таҷҳизот;
🔹 музокироти мустақим бо истеҳсолкунандагон ва таъминкунандагон.

Вақти худро барои ҷустуҷӯҳои тӯлонӣ сарф накунед — бо қарорҳои муосир дар як макон шинос шавед.

📅 8–10 сентябри соли 2026
📍 НВК «Узэкспоцентр», шаҳри Тошканд

👉 Пешакӣ сабти ном шавед ва бейджи онлайнии ройгон гиред:
Сабти ном барои CAITME 2026

🧵 Харидоронро ба TextileExpo Uzbekistan Sourcing Hub даъват менамоем!

🧵 Харидоронро ба TextileExpo Uzbekistan Sourcing Hub даъват менамоем!

 

Агар шумо барои хариди маҳсулоти нассоҷӣ, рушди номгӯи маҳсулоти шабакаи савдо, маркетплейс ё корхонаи истеҳсолӣ масъул бошед — ин чорабинӣ барои шумост!

TextileExpo Uzbekistan Sourcing Hub — силсилаи вохӯриҳои пешакӣ ба нақша гирифташудаи B2B бо истеҳсолкунандагони маҳсулоти нассоҷӣ аз Ӯзбекистон ва дигар кишварҳо мебошад.

✔️ Таъминкунандагони нав дар як макон
✔️ Ҷадвали инфиродии вохӯриҳо
✔️ Муоширати мустақим бо истеҳсолкунандагон
✔️ Имконияти мувофиқа намудани шартҳои таҳвили маҳсулот бевосита дар майдони чорабинӣ

📅 9 сентябри соли 2026
📍 НВК «Узэкспоцентр», шаҳри Тошканд

📩 Барои маълумот оид ба иштирок:

Яна Иванова
📧
📱 +998 94 644 48 46

Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқтидори саноатии вилояти Брест ва Мински Ҷумҳурии Белорус шинос гардиданд.

Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқтидори саноатии вилояти Брест ва Мински Ҷумҳурии Белорус шинос гардиданд.

 
Дар доираи ҷаласаи 19-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо якчанд корхонаи пешқадами саноатии вилояти Брест шинос шуданд.
Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Муҳаммадзода Муҳаммад Султон, якҷо бо аъзои ҳайат ба Минтақаи озоди иқтисодии “Брест”, Корхонаи хусусии истеҳсолию тиҷоратии воҳиди “Сифания-Экотехника”, гурӯҳи ширкатҳои “СТИМ”, инчунин Корхонаи воҳиди “Гефест-Техника” ва ҶДММ “КМББ»- вилояти Минск шинос шуданд. Зимни боздид аъзои ҳайати Тоҷикистон бо иқтидори истеҳсолии корхонаҳо, технологияҳои муосир, маҳсулоти истеҳсолшаванда ва иқтидори содиротии онҳо шинос шуданд. Дар доираи шиносоӣ таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои маҳаллисозии истеҳсолот, ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ, рушди ҳамкории саноатӣ ва тавсеаи ҳамкории сармоягузорӣ зоҳир гардид.
Намояндагони корхонаҳо дар бораи фаъолият, лоиҳаҳои амалишаванда ва дурнамои ҳамкорӣ ба шарикони тоҷикистонӣ маълумот пешниҳод намуда, барои рушди ҳамкории мутақобилан судманд изҳори омодагӣ карданд. Боздид аз иншооти саноатии Минтақаи озоди иқтисодии “Брест” имкон фароҳам овард, ки самтҳои ояндадори ҳамкории амалӣ байни МОИ “Суғд” ва МОИ “Брест” муайян гардида, ҳамзамон манфиати мутақобили ҷонибҳо барои рушди минбаъдаи робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ бори дигар таъкид карда шуд.
  
 
 
 
Дар шаҳри Брест ҷаласаи 19-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ баргузор гардид

Дар шаҳри Брест ҷаласаи 19-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ баргузор гардид

 
28 июли соли 2026 дар шаҳри Брест ҷаласаи 19-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ таҳти ҳамраисии вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазири кишоварзӣ ва озуқавории Ҷумҳурии Беларус баргузор гардид.
Дар рафти ҷаласа ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва равобити байниминтақавии Тоҷикистону Беларус, инчунин густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, нақлиёт, логистика, маориф, тандурустӣ ва дигар бахшҳои дорои манфиати муштаракро баррасӣ намуданд.
Аз рӯи натиҷаҳои нишаст Протоколи ҷаласаи 19-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва Харитаи роҳ оид ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус ба имзо расид. Ҳамзамон гуфтан ба маврид аст, ки дар доираи иштироки намояндагон дар ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Белорус созишномаи ҳамкориҳо байни Муассисаи давлатии маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” ва Минтақаи озоди иқтисодии “Брест” ба имзо расонида шуданд. Ҳуҷҷати мазкур татбиқи маҷмӯи чорабиниҳои муштаракро пешбинӣ намуда, ба густариши равобити дуҷониба ва афзоиши ҳаҷми гардиши мол миёни ду кишвар равона гардидааст.
 
 
ИШТИРОКИ НАМОЯНДАГОНИ МАЪМУРИЯТИ МОИ «СУҒД» ДАР ФОРУМИ САРМОЯГУЗОРИИ ВИЛОЯТИ СУҒД ВА МИНТАҚАҲОИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН

ИШТИРОКИ НАМОЯНДАГОНИ МАЪМУРИЯТИ МОИ «СУҒД» ДАР ФОРУМИ САРМОЯГУЗОРИИ ВИЛОЯТИ СУҒД ВА МИНТАҚАҲОИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН

Санаи 29 июли соли 2026 намояндагони Маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» таҳти роҳбарии муовини Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Нуруллозода З.Н., дар Форуми сармоягузории вилояти Суғд ва минтақаҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон иштирок намуда, имкониятҳои сармоягузорӣ ва иқтидори истеҳсолии МОИ «Суғд»-ро ба доираҳои соҳибкорӣ ва сармоягузорони кишвари ҳамсоя муаррифӣ намуданд.
Дар кори Форум зиёда аз 110 соҳибкорону намояндагони ширкатҳо аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва гурӯҳи соҳибкорони ватанӣ иштирок доштанд.
Намояндагони Маъмурияти МОИ «Суғд» зимни мулоқотҳои дуҷониба ба иштирокчиён оид ба имтиёзҳои андозию гумрукӣ, инфрасохтори муосир ва шароити мусоиди пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ дар минтақа маълумоти муфассал пешниҳод намуда, онҳоро ба ҳамкорӣ ва сармоягузорӣ дар МОИ «Суғд» даъват намуданд.
Иштирок дар чунин чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ барои густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ ва муаррифии бештари имкониятҳои Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» мусоидат намуда, барои роҳандозии лоиҳаҳои нави муштарак заминаи мусоид фароҳам меорад.

Screenshot
БАРГУЗОРИИ СЕМИНАР-МАШВАРАТ ДАР МАЪМУРИЯТИ МИНТАҚАИ ОЗОДИ ИҚТИСОДИИ “СУҒД”

БАРГУЗОРИИ СЕМИНАР-МАШВАРАТ ДАР МАЪМУРИЯТИ МИНТАҚАИ ОЗОДИ ИҚТИСОДИИ “СУҒД”

 
Дар Маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» бо иштироки намояндагони Раёсати андоз дар вилояти Суғд, Нозироти андоз дар шаҳри Хуҷанд, намояндагони Маъмурияти МОИ “Суғд” ва субъектҳои МОИ «Суғд» семинар-машварат доир ба иҷрои риояи муқаррароти қонунгузории андоз дар фаъолияти субъектҳои минтақаи озоди иқтисодӣ ва муаммоҳои ҷойдошта марбут ба пешниҳоди эъломияи андоз аз ҷониби субъектҳои МОИ “Суғд” баргузор гардид.
Зимни чорабинӣ сухани ифтитоҳиро муовини Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Нуруллозода З.Н., оғоз бахшида, намояндагони Раёсати андоз дар вилояти Суғд ва нозироти андоз дар шаҳри Хуҷандро ба ҳозирин муаррифӣ намуд. Ҳамзамон доир ба баланд бардоштани сатҳи маърифати андозии субъектҳо, шарҳу тавзеҳи муқаррароти қонунгузории амалкунанда, тартиби истифодаи имтиёзҳои андозӣ дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодӣ ва баррасии масъалаҳои ҷорӣ вобаста ба фаъолияти субъектҳои МОИ “Суғд” маъруза намуд.

Сипас, муовини сардори Раёсати андоз дар вилояти Суғд Саъдуллоев Ҳабибуллоҳ зимни суханронии худ, оид ба қонунгузории андоз, тартиби пешниҳоди ҳисоботҳои андоз, истифодаи хизматрасониҳои электронии мақомоти андоз, эъломияи андоз ва риояи уҳдадориҳои андозсупорандагон маълумоти муфассал пешниҳод намуд.

Дар идомаи чорабинӣ миёни намояндагони мақомоти андоз ва субъектҳои МОИ «Суғд» мубодилаи афкор сурат гирифта, ба саволҳои иштирокчиён ҷавобҳои мушаххас дода шуданд.

Маъмурияти МОИ «Суғд» баргузории чунин семинар-машваратҳоро дар самти беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва таҳкими ҳамкориҳои мутақобила бо мақомоти давлатӣ муҳим арзёбӣ намуда, минбаъд низ идомаи онҳоро ба нақша гирифтааст.

 
 
 
ТАШРИФИ САРМОЯГУЗОРОНИ ҶУМҲУРИИ ҲАМСОЯИ ӮЗБЕКИСТОН БА МОИ «СУҒД»

ТАШРИФИ САРМОЯГУЗОРОНИ ҶУМҲУРИИ ҲАМСОЯИ ӮЗБЕКИСТОН БА МОИ «СУҒД»

 
Санаи 16 июли соли 2026 ҳайати намояндагони ширкати дорусозии «Sogilomlik Nektari» – Ҷумҳурии Ӯзбекистон, таҳти роҳбарии муассиси ширкат хонум Тожиддинова Шоира Абдисатторовна бо мақсади шиносоӣ бо имкониятҳои сармоягузорӣ ва густариши ҳамкориҳои иқтисодиву истеҳсолӣ ба Маъмурияити МОИ “Суғд” ташриф оварданд.
 
Дар ҷараёни вохӯрӣ ба меҳмонон Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Муҳаммадзода Муҳаммад Султон доир ба фаъолияти МОИ “Суғд”, низоми имтиёзҳои андозиву гумрукӣ, инфрасохтори мавҷуда ва шароити мусоид барои таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ маълумоти муфассал доданд. Ҳамчунин, аз ҷониби мутахассиси пешбари шуъбаи муносибатҳои байналмиллалӣ ва ҷалби сармоягузорӣ Раҳимова У. тариқи муаррифинамоӣ (Презентасия) маълумот дода шуд.
 
Намояндагони ширкати «Sogilomlik Nektari» ба имкониятҳои фароҳамшуда дар МОИ «Суғд» баҳои баланд дода, омодагии худро барои омӯзиши имкониятҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва рушди ҳамкориҳои минбаъда изҳор намуданд.
 
Маъмурияти МОИ “Суғд” изҳори итминон намуд, ки чунин мулоқотҳо ба таҳкими ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Ӯзбекистон ва ҷалби сармоягузории хориҷӣ мусоидат хоҳанд кард.
 
 
 
ТАШРИФИ СОҲИБКОРОНИ ҶУМҲУРИИ МАРДУМИИ ЧИН БА МОИ «СУҒД»

ТАШРИФИ СОҲИБКОРОНИ ҶУМҲУРИИ МАРДУМИИ ЧИН БА МОИ «СУҒД»

 
Дар доираи густариши ҳамкориҳои иқтисодиву сармоягузорӣ ба Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» гурӯҳи соҳибкорон аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ташриф оварданд.
Меҳмононро Роҳбарияти Маъмурияти МОИ “Суғд” дар маҷлисгоҳи Маъмурият қабул намуданд. Ҳамзамон доир ба фаъолият ва имтиёзу имкониятҳои МОИ “Суғд” ба ҳайати меҳмонон тариқи муаррифинамоӣ (Презентасия) маълумот дода шуд.
Ҳайати меҳмонон аз ширкатҳои истеҳсолкунандаи аккумуляторҳои барқӣ ва бетони тайёр барои сохтмон буда, бо имкониятҳои сармоягузорӣ, инфрасохтор ва шароити мусоиди фаъолияти соҳибкорӣ дар МОИ «Суғд» аз наздик шинос шуда, аз субъектҳои минтақа: ҶДММ “Реал” ва ҶДММ “Стар пласт” дидан намуданд.
Зимни мулоқот масъалаҳои роҳандозии ҳамкориҳои мутақобилан судманд, татбиқи лоиҳаҳои муштарак, таъсиси иқтидорҳои нави истеҳсолӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Таъкид гардид, ки Маъмурияти МОИ «Суғд» барои сармоягузорони хориҷӣ тамоми шароити заруриро фароҳам оварда, омода аст дар татбиқи лоиҳаҳои истеҳсолии нав ҳамкории ҳамаҷониба намояд.
 
 
СЕХИ НАВИ СУБЪЕКТИ МОИ “СУҒД” ҶДММ КФ «ФОРТУНА-КО» БА ФАЪОЛИЯТ ОҒОЗ КАРД.

СЕХИ НАВИ СУБЪЕКТИ МОИ “СУҒД” ҶДММ КФ «ФОРТУНА-КО» БА ФАЪОЛИЯТ ОҒОЗ КАРД.

 
Дар Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” бо иштироки Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ва Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода сехи нави истеҳсолии — ҶДММ КФ «Фортуна-Ко» мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
 
Ифтитоҳи сехи нав боз як қадами муҳим дар роҳи рушди иқтидори истеҳсолии МОИ «Суғд» буда, ба афзоиши ҳаҷми истеҳсолот, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва таҳкими рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ мусоидат менамояд.
 
Зимни шиносоӣ бо фаъолияти корхона, меҳмонон бо имкониятҳои истеҳсолӣ ва нақшаҳои рушди минбаъдаи ҶДММ КФ «Фортуна-Ко» аз наздик шинос гардиданд.
 
 
 
 
 
Шиносоии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз корхонаҳои ифтитоҳшуда дар Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд”

Шиносоии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз корхонаҳои ифтитоҳшуда дар Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд”

 
8 июли соли 2026 Вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ зимни сафари корӣ ба вилояти Суғд аз корхонаҳои ифтитоҳшуда дар Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд”, аз ҷумла аз ҶДММ “Суғд Агро Трейд”, ҶДММ “Синтай Метал Суғд” ва ҶДММ “Сомон Кейс” дидан намуд.
Зимни боздид аз корхонаҳои мазкур ва мулоқот бо роҳбарону намояндагони онҳо Вазири рушди иқтисод ва савдо қайд кард, ки бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар тамоми шароитҳо ба соҳибкорону сармоягузорони дохилию хориҷӣ барои таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ фароҳам оварда шудааст.
Корхонаҳои қайдгардида ба истеҳсол, коркард ва банду басти инноватсионии молу маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда машғул буда, зиёда аз 180 чойҳои нави кориро таъсис доданд.
Аз ҷумла ҶДММ “Суғд Агро Трейд” самти фаъолияташ истеҳсол, коркард ва банду басти инноватсионии биринҷ буда, имконият дорад, ки дар як сол то 30 ҳазор тонна биринҷро коркард намояд.
ҶДММ “Синтай Метал Суғд” бошад ба коркарди дуюмдараҷаи хокаи кимиёвӣ машғул буда, имконияти коркарди 3000 тонна марганетс ва сурмаро дар як сол дорад.
Инчунин самти фаъолияти ҶДММ “Сомон Кейс” истеҳсоли чувздони мактабӣ буда, то 3000 дона ҷувздонро дар як моҳ истеҳсол менамояд.
 
 
 
 
loading