Санаи 30 июни соли 2025 дар Маъмурияти МОИ “Суғд” боз як субъекти нав бо номи ҶДММ “Али-Бунён” ба қайд гирифта шуд. Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Муҳаммадзода Муҳаммад Султон Тасдиқномаи субъекти МОИ “Суғд”-ро ба роҳбарияти корхона Нуров Акмал супориданд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки ҶДММ “Али-Бунён” аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Саидализода Саъдӣ Ҳамза таъсис дода шуда, ҳаҷми умумии сармоягузории он 112000 доллари ИМА ташкил медиҳад. Самти фаъолияти корхонаи мазкур ба хизматрасониҳои сохтмонӣ равона гардидааст. Ҳангоми пурра ба истифода додани корхона 15 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда мешаванд. Иттилоъ дода мешавад, ки корхонаи мазкур дар оянда барои сохтмони субъектони навтаъсиси МОИ “Суғд” хизматрасонӣ намуда, баҳри пешбурди инфрасохтори минтақа саҳми худро мерасонад.
Дар охир Роҳбарияти Маъмурияти МОИ “Суғд” ба роҳбари корхонаи мазкур барору комёбиҳо баҳри таъсиси корхонаи нав иброз намуданд.
Санаи 30 июни соли 2025 намояндаи ширкати «Chongqing Wei Chixing Technology Co»-и Ҷумҳурии халқии Чин ҷаноби Ван Динлян ва Чэн Сюй бо мақсади шиносоӣ аз фаъолият ва имкониятҳо ба Маъмурияти МОИ “Суғд” ташриф оварданд.
Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Муҳаммадзода Муҳаммад Султон дар маҷлисгоҳи Маъмурият меҳмононро истиқбол намуданд. Инчунин аз ҷониби сармутахассиси шуъбаи муносибатҳои байналмиллалӣ ва ҷалби сармоягузорӣ ба меҳмонон доир ба афзалият ва бартарияҳои МОИ “Суғд” ҳамчунин субъектҳое, ки сармоягузориашон пурра ва ё қисман аз ҳисоби соҳибкорони хитоӣ дар МОИ “Суғд” таъсис дода шудаанд, маълумоти мушаххас доданд.
Санаи 30 июни соли 2025 ба МОИ «Суғд» Ли Юйбо ва намояндагони ширкати ҶДММ “Моҳир Семент” бо мақсади шиносоӣ ва ҳамкорӣ ба Маъмурияти МОИ “Суғд” ташриф оварданд.
Мудири шуъбаи назорат ва таҳлили иқтисодии Маъмурияти МОИ “Суғд” Сабзаев И. дар даромадгоҳи МОИ “Суғд” меҳмононро хуш пазируфта, доир ба афзалият ва имтиёзҳои гумрукию андозӣ маълумоти муфассал доданд.
Сипас меҳмонон аз рафти фаъолияти якчанд субъекҳои МОИ “Суғд” аз ҷумла: ҶДММ “Тоҷпанел” ва ҶДММ “Санг Оро” дидан намуда, бо роҳбарияти корхонаҳои мазкур оиди ҳамкорӣ намудан ҳамсӯҳбат шуданд.
Санаи 16-уми июни соли 2025 ташрифи донишҷӯёни факултети геоэкология ва туризми МДТ Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров ба МОИ “Суғд” баргузор гардид. Донишҷӯёнро муовини Роҳбари Маъмурият Ҳакимов Н.А. дар маҷлисгоҳи Маъмурият пешвоз гирифтанд. Мутахассиси пешбари шуъбаи муносибатҳои байналмиллалӣ ва ҷалби сармоягузорӣ Раҳимова У. дар бораи МОИ “Суғд” тариқи презентатсия маълумот пешниҳод намуд.
Ҳадафи ташрифи донишҷӯён ба МОИ “Суғд” шиносоӣ ва мукаммал гардонидани маълумотҳо дар бораи корхонаҳои саноатӣ мебошад. Аз ин лиҳоз донишҷӯён бо якчанд субъектони МОИ “Суғд”, аз ҷумла ҶДММ “Азияполитекс” ва ҶДММ “КФ Фортуна-Ко” аз наздик шинос шуда, доир ба фаъолияти корхонаҳои мазкур маълумот гирифтанд. Дар охир донишҷӯён миннатдории хешро ба Роҳбарияти МОИ “Суғд” баён намуданд.
Ҳамзамон санаи 11 июни соли 2025 ба Маъмурияти МОИ «Суғд» ҳайати соҳибкорони Ҷумҳурии Исломии Эрон таҳти роҳбарии роҳбари ҳайати намояндагони муштараки бозоргонии Эрону Тоҷикистон бо мақсади шиносоӣ аз фаъолияти МОИ “Суғд” ташриф оварданд.
Муовини Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Ҳакимов Н.А. дар даромадгоҳи МОИ “Суғд” меҳмононро хуш пазируфта, доир ба афзалиятҳои МОИ “Суғд” маълумот доданд. Қайд намудан ба маврид аст, ки имрузҳо бо ташаббуси бевоситаи сарони ду давлат муносибатҳои иқтисодӣ торафт тараққӣ ёфта истодааст ва Маъмурияти МОИ “Суғд” низ дари худро барои сармоягузорони ҳамзабону ҳамфарҳанг боз намудааст. Меҳмонон аз имтиёзҳои гумрукию андозӣ ва макони ҷойгиршавии минтақа аз наздик шинос шуда хоҳиши дар оянда ҳамкорӣ карданро қайд намуданд.
Сипас меҳмонон аз рафти фаъолияти якчанд субъекҳои МОИ “Суғд” аз ҷумла: ҶДММ “КФ Фортуна-Ко”, ҶДММ КМ ТТ “Арча-мебел”, ҶДММ “Азияполитекс”, ва ҶДММ КМ ТТ “Афранг пластик” дидан намуда, бо роҳбарияти корхонаҳои мазкур ҳамсӯҳбат шуданд.