Санаи 27-уми сентябри соли 2025 Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Султон Нурмаҳмадпур бо сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилояти Суғд Шарифҷон Ахмедов ба МОИ “Суғд” ташриф оварданд.
Муовини роҳбари МОИ “Суғд” Ҳакимов Н.А., дар даромадгоҳи МОИ “Суғд” меҳмононро хуш пазируфта доир ба рафти фаъолияти маъмурият ва рафти сохтмон дар ҳудуди МОИ “Суғд” ба меҳмонон маълумот доданд.
Сипас меҳмонон аз фаъолияти якчанд субъектҳои МОИ “Суғд” аз ҷумла: ҶДММ “Азияполитекс”, ҶДММ КМ ТТ “Арча-Мебел”, ҶДММ “Донаи Алмос” боздид намуда бо масъулини корхонаҳои мазкур доир ба раванди истеҳсоли маҳсулот саволу ҷавоб намуданд.
Инчунин меҳмонон аз рафти корҳои сохтмонии ҶДММ “Сайр Суғд” ва бинои нави Маъмурияти МОИ “Суғд” шиносоӣ намуданд.




Санаи 23-юми сентябри соли 2025 ташрифи намояндагони соҳаи сайёҳии Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Россия ба Маъмурияти МОИ “Суғд” доир гардид.
Роҳбари МОИ “Суғд” Муҳаммадзода М,С., дар даромадгоҳи МОИ “Суғд” меҳмононро хуш пазируфта доир ба фаъолият, афзалият ва имтиёзҳои МОИ “Суғд” маълумот доданднд.
Сипас меҳмонон аз фаъолияти якчанд субъекҳои МОИ “Суғд” аз ҷумла: ҶДММ “Азияполитекс”, ҶДММ “КФ Фортуна-Ко”, ҶДММ КМ ТТ “Арча-Мебел”, ҶДММ КМ ТТ “Афранг Пластик” ва ҶДММ “Сайёҳи Суғд” боздид намуда бо масъулини корхонаҳои мазкур доир ба раванди истеҳсоли маҳсулот саволу ҷавоб намуданд.
Санаи 18 сентябри соли 2025 дар маҷлисгоҳи Раёсати сармоягузории МИҲД вилояти Суғд, намояндагони Раёсати сармоягузории вилоят, Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд, Маъмурияти МОИ “Суғд” якҷо бо роҳбарияти субъектҳо бо доираи ҳайати соҳибкорони Ҷумҳурии Шветсария вохурӣ баргузор гардид. Тибқи барномаи тасдиқнамуда аз ҷониби мутахассиси пешбари шӯъбаи муносибатҳои байналмиллалӣ ва ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ Раҳимова У, тариқи муарифинамоӣ (презентатсия) оиди фаъолият, имтиёз ва бартариҳои МОИ “Суғд” маълумоти мушаххас пешниҳод гардид. Ҳамзамон соҳибкорони Ҷумҳурии Шветсария бо намояндагони Маъмурияти МОИ “Суғд” саволу ҷавоб намуда, хоҳиш намуданд, ки аз фаъолияти МОИ “Суғд” боздид намоянд.
Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Муҳаммадзода М.С., сафири Фавқуллода ва Мухтори Ҷумҳурии Швейтсария дар Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Салман Бал ва ҳайати соҳибкорон бо роҳбарии Лейло Багирзода, роҳбари ширкати хориҷиро ба МОИ “Суғд” хуш пазируфта, қадами онҳоро дар роҳи густариши муносибатҳои иқтисодии дуҷониба ва ҷалби бештари сармоягузоронро баланд арзёбӣ намуд.
Сипас меҳмонон аз фаъолияти якчанд субъекҳои МОИ “Суғд” аз ҷумла ҶДММ “Азияполитекс”, ҶДММ “КФ Фортуна-Ко”, ҶДММ КМ ТТ “Арча-Мебел”, ҶДММ КМ ТТ “Афранг Пластик” ва ҶДММ “Сайёҳи Суғд” боздид намуда бо роҳбарияти корхонаҳои мазкур гуфтушунид намуданд.
Санаи 17 сентябри соли 2025 ба Маъмурияти МОИ «Суғд» соҳибкорони Ҷумҳурии Белорус ҷаноби Армен Ч. ва Эдем К., бо мақсади шиносоӣ аз фаъолияти МОИ “Суғд” ташриф оварданд.
Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Муҳаммадзода Муҳаммад Султон дар маҷлисгоҳи МОИ “Суғд” меҳмононро хуш пазируфта доир ба фаъолият ва имтиёзҳои Маъмурияти МОИ “Суғд” маълумоти муфассал доданд. Сипас аз ҷониби мутахассиси пешбари шӯъбаи муносибатҳои байналмиллалӣ ва ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ Раҳимова У, тариқи муарифинамоӣ (презентатсия) оиди фаъолият, имтиёз ва бартариҳои МОИ “Суғд” маълумоти мушаххас пешниҳод гардид. Меҳмонон доир ба фаъолият, афзалият ва имтиёзҳои МОИ “Суғд” ба худ маълумоти аниқ гирифтанд ва баҳри дар оянда ҳамкорӣ намуданро иброз доштанд.
Сипас меҳмонон аз рафти фаъолияти якчанд субъекҳои МОИ “Суғд” аз ҷумла: ҶДММ “Азияполитекс”, ҶДММ “КФ Фортуна-Ко” ва ҶДММ КМ ТТ “Арча-мебел” дидан намуда, бо роҳбарияти корхонаҳои мазкур оиди фаъолият дар МОИ “Суғд” ҳамсӯҳбат шуданд. Ҳамчунин дар охир ҷонибҳо ҳамдигарро бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ намуданд.
Дар ҳафтаи сипаригашта дар Маъмурияти МОИ “Суғд” дар доираи таҷлили 34-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз се субъекти нав: ҶДММ “Синтай Метал Суғд”,ҶДММ “Фуд Агро Суғд” ва ҶДММ “Тоҷфилиз Суғд” бақайд гирифта шуд.
Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Муҳаммадзода Муҳаммад Султон Тасдиқномаи субъекти МОИ “Суғд”-ро ба роҳбарияти корхонаҳои мазкур супориданд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки ҶДММ “Синтай Метал Суғд”, аз ҷониби соҳибкорони Ҷумҳурии Халқии Чин, муассисони корхона Чжен Сюанлян ва Саймиҷианг Маймаити таъсис дода шуда, ҳаҷми умумии сармоягузорӣ 500000 доллари ИМА буда, фаъолияташро ба коркарди пусти хоми ҳайвонҳои хонагии шохдор ба роҳ мемонад. Баъди оғози фаъолият 30 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин мешаванд.
ҶДММ “Фуд Агро Суғд” аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Бузуруков Баҳодур Ҳусенходжаевич таъсис дода шуда, ҳаҷми умумии сармоягузории он 1700000 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Самти фаъолияти корхонаи мазкур ба истеҳсол, коркард ва банду басти меваи хушк равона гардидааст. Ҳангоми пурра ба истифода додани корхона 60 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда мешаванд.
Ҳамзамон субекти навбатии МОИ “Суғд” ҶДММ “Тоҷфилиз Суғд” аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Турсунбоев М.Н. таъсис дода шуда, ҳаҷми умумии сармоягузории он 1200000 сомониро ташкил медиҳад. Самти фаъолияти корхонаи мазкур ба истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ равона гардида, ҳангоми пурра ба истифода додани корхона 15-20 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда мешаванд.
Дар охир Роҳбарияти Маъмурияти МОИ “Суғд” ба роҳбари корхонаҳои мазкур барору комёбиҳоро таманно намуда, баҳри таъсиси корхонаи нав сухан намуданд.

Бо Қарори Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаб Аҳмадзода аз 8 августи соли 2025, таҳти №201, ба муносибати 34- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муҳаммадзода Муҳаммад Султон барои саҳми арзанда дар пешбурди соҳаи иқтисодиёт, иштирок дар корҳои ҷамъиятӣ бо Ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд сарфароз гардонида шудаанд.
Аҳли колективи Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” бо камоли эҳтиром Роҳбари Маъмурият, муҳтарам Муҳаммадзода Муҳаммад Султонро ба муносибати қадрдонии арзандаашон бо ин дастовард самимона табрик намуда, ба роҳбари гиромиқадри худ сиҳатмандӣ, муваффақиятҳои навин дар фаъолияти касбӣ ва комёбиҳои беназирро орзу менамоем.
Бо эҳтиром,
Аҳли колективи Маъмурияти МОИ “Суғд”
