Ҷаласаи ситоди доимамалкунанда оид ба тақвият додани фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ

Ҷаласаи ситоди доимамалкунанда оид ба тақвият додани фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ

1 октябри соли ҷорӣ, дар бинои Коллеҷи техникии шаҳри Хуҷанд, ки субъекти МОИ «Суғд» мебошад, Ҷаласаи ситоди доимамалкунанда оид ба тақвият додани фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, аз ҷумла гумрук ва андоз, инчунини намояндагони Маъмуриятҳои МОИ “Кулоб”, МОИ “Данғара”, МОИ “Суғд” ва роҳбарияти субъектҳои он баргузор гардид.

Ҷаласаи ситод дар шакли мизи мудаввар, ки бо ташаббуси Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд ба мавзӯи муҳокимаи натиҷаҳои фаъолияти ҳамаи минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар ва муаммоҳои ҷойдошта бахшида шуд.

Муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тотористон Солеҳзода А.А. ифтитоҳ намуда, аҳамият ва нақши МОИ-ро дар рушди иқтисоди Тоҷикистон таъкид кард. Дар сухани худ ӯ чунин қайд намуд, ки новобаста аз вазъияти кунунӣ, ки бар асари сар задани сирояти COVID-19 ба вуҷуд омадааст, ҳамаи минтақаҳои озоди иқтисодӣ ҷиҳати пешбурди фаъолияти худ кӯшиш намуда истодаанд ва албатта дар раванди фаъолияти онҳо як қатор мушкилиҳо низ ба назар мерасанд, ки бояд дар ояндаи наздик ҳалли худро ёбанд. Сипас сухан ба муовини раиси вилояти Суғд А. Яқубӣ дода шуд, ки ӯ низ дар навбати худ дар бораи баъзе мушкилоти МОИ Тоҷикистон ва роҳҳои ҳалли онҳо сухан ронд.

Роҳбари Маъмурияти МОИ «Суғд» И.Камолиддинзода дар баромади худ доир ба натиҷаҳои фаъолияти МОИ «Суғд» дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ ва муаммоҳои ҷойдошта маърӯза кард. Сипас, тибқи барнома, иштирокчиёни ҷаласа ба баррасии масъалаҳое гузаштанд, ки дар ҳамарӯза кору фаъолияти МОИ ба назар мерасанд.

Пас аз ба охир расидани ҷаласа, мувофиқи барнома, иштирокчиён ба субъектҳои МОИ «Суғд» – ҶДММ КМ ТТ «Тоҷпроф» ва ҶДММ «Арча Мебел» ташриф оварда, инчунин бо фаъолияти онҳо шинос шуданд.

Нимаи дуюми рӯз, ҳайати меҳмонон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи инфрасохтори корхонаи консервабарории Исфара ба ш. Исфара рафтанд. Бояд тазаккур дод, ки дар ҳудуди ин корхона эҷоди зерминтақаи МОИ “Суғд” банақша гирифта шудааст.

Маълумоти бештар
Иштирок дар Бизнес-форум

Иштирок дар Бизнес-форум

Санаи 18 сентябри соли ҷорӣ дар ш.Душанбе Бизнес-форуми доираҳои соҳибкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид. Чорабинии мазкур бо мақсади дарёфт намудани ширкатҳои ҳамкор, муаррифии фаъолият, ҷалби сармоя ва рушди тиҷорат аз ҷониби Палатаи савдо ва саноати кишварҳо ташкил шуд. Дар ҳайати меҳмонон, дар қатори намояндагони вазорату идораҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ҳайати иборат аз зиёда аз 40 намояндагони соҳаҳои гуногуни истеҳсолот ва тиҷорати ин кишвар иштирок намуданд.  

Дар қатори намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ва соҳибкорони ватанӣ, дар Бизнес-форум муовини роҳбари Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” Мирзоён Мирзоманон иштирок намуда, оиди фаъолият, афзалияту имкониятҳои МОИ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуд. Дар баромад ӯ соҳибкорону сармоягузоронро барои иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои гуногун даъват намуда, таъкид кард, ки минтақаҳои озоди иқтисодиро ҳамчун майдони муҳим барои вусъати ҳакориҳо бояд истифода кард.

   

Маълумоти бештар
Боздиди Сафири Ҷумҳурии Қазоқистон аз МОИ “Суғд”

Боздиди Сафири Ҷумҳурии Қазоқистон аз МОИ “Суғд”

Санаи 27 августи соли ҷорӣ, Сафири фавқуллода ва мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Тажибаев Аскар Ерликович дар доираи сафари кории худ ба вилояти Суғд, аз минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” низ дидан намуд.

Сараввал, дар бинои Маъмурияти МОИ “Суғд” бо роҳбарияти минтақа мулоқоти судманд барпо гардид. Дар оғози вохӯрӣ Роҳбари Маъмурият И. Камолиддинзода меҳмононро хайрамақдам гуфта, доир ба ҳамкориҳои бисёрҷабҳаи Тоҷикистону Қазоқистон сухан намуд. Сипас аз ҷониби Муовини Роҳбари Маъмурият – М. Мирзоён ба самъи меҳмонон маълумоти муфассал оид ба фаъолияти МОИ “Суғд” дода шуда, масъалаҳои бамиёномада ва имкониятҳои ҳамкорӣ муҳокима карда шуданд.

 

Баъдан меҳмонон бо таклифи роҳбарияти Маъмурият ба якчанд субъектҳои МОИ “Суғд”, аз ҷумла ҶСК “Ариана Метал Пласт”, ҶДММ КМ ТТ “Фортуна-Ко”, ҶДММ КМ ТТ “Арча мебел”, ҶДММ КМ ТТ “Таҷпроф” ва ҶДММ КМ ТТ “Силкоат Бойя” ташриф оварда, аз фаъолият ва молу маҳсулоти онҳо шинос шуданд. Ҷаноби Сафир Тажибаев А.Е. натиҷаҳои фаъолият ва сифати молу маҳсулоти субъектҳои МОИ “Суғд” бо баҳои баланд арзёбӣ намуд.

Дар охири ташриф, ҷаноби Сафир изҳори хоҳиши дар оянда идома додани гуфтугузорро ҷиҳати пурзӯр намудани содироти маҳсулоти минтақаро ба Қазоқистон ва ҷӯстани имкониятҳои ба роҳандозии ҳамкориро байни доираҳои соҳибкорию сармоягузории ҳар ду кишвари ба ҳам дӯст намуд.  

 

Маълумоти бештар
Дар МОИ “Суғд” доир ба ҷамъбасти фаъолият дар нимсолаи аввали соли 2020 нишасти матбуотӣ баргузор гардид

Дар МОИ “Суғд” доир ба ҷамъбасти фаъолият дар нимсолаи аввали соли 2020 нишасти матбуотӣ баргузор гардид

          28 июли соли ҷорӣ дар Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” нишасти матбуотӣ бо иштироки намояндагони ВАО-и маҳаллӣ оид ба натиҷагирӣ аз фаъолияти МОИ “Суғд”дар нимсолаи аввали соли 2020 гузаронида шуд.

        Муовини якуми роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Зикриёзода Суҳроб ҳозиринро бо натиҷа ва дастовардҳои МОИ “Суғд” дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ шинос намуд.

       Кайд  гардид, ки то имрӯз дар МОИ “Суғд” 29 субъект ба қайд гирифташуда, аз он 13 адад ба фаъолияти истеҳсолӣ ва хизматрасонӣ машғуланд.

           Дар рафти мусоҳиба Зикриёзода С. ва масъулин ба саволҳои рӯзноманигорон посух доданд.

           Рӯзноманигорон асосан оид ба  фаъолияти субъектҳои минтақаи озоди иқтисодӣ, маҳсулоти онҳо, рақобатпазирӣ ва содироти маҳсулоти истеҳсолшавандаи онҳо ба хориҷа, таъсири  бемории Короновирус Ковид-19 ба фаъолияти корхонаҳо ва нақшаҳои минбаъда таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

           Зикриёзода С. ба ҳамаи саволҳои  додашуда посухҳои мушаххас дода қайд намуд, ки Маъмурияти МОИ “Суғд” ҷиҳати иҷроиши ҳадафҳои дар назди МОИ “Суғд” гузошташуда марҳила ба марҳила тадбирҳо меандешанд.

Маълумоти бештар
Субъекти МОИ “Суғд” – ҶДММ КМ ТТ “Силкоат Бойя” љоизадори озмуни Ҷоизаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид

Субъекти МОИ “Суғд” – ҶДММ КМ ТТ “Силкоат Бойя” љоизадори озмуни Ҷоизаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид

Моҳи июни соли ҷорӣ, корхонаи муштараки тоҷики-туркии “Силкоат Бойя” ҷоизадори озмуни “Ҷоизаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ)” барои дастовардҳо дар истеҳсоли маҳсулот ва хизматрасониҳои баландсифат ва сазовори ҷоизаи «Признание делового совершенства» гардид.

Ҳадафи озмун баланд бардоштани қобилияти содиротии корхонаҳои мухталифи кишварҳои ИДМ ва ҳавасмандгардонии истеҳсоли маҳсулоти босифат, пешниҳоди хизматрасониҳои баландсифат ва ҷорӣ кардани усулҳои самараноки идоракунии сифат мебошад.

Дар ин озмун шахсони ҳуқуқии ҳама гуна шакли ташкилию ҳуқуқии давлатҳои узви ИДМ, ки бо истеҳсоли маҳсулот ё хизматрасонӣ машғул мебошанд, метавонанд иштирок намоянд.

Бояд қайд кард, ки ҷоизаи ИДМ ба ташкилотҳои давлатҳои аъзои ИДМ дар ду сол як маротиба дар асоси озмун барои баланд бардоштани сифати маҳсулот (хизматрасонӣ), таъмини бехатарии онҳо, инчунин ҷорӣ намудани усулҳои муосири идоракунии сифат дода мешавад.

Бинобар гуфтаҳои намояндаи ҶДММ КМ ТТ “Силкоат Бойя” озмун дар ду марҳила баргузор гардида, дар он комиссияи махсус довталабонро дар маҳалҳо санҷида, фаъолияти онҳоро арзёбӣ намуд.

Пас аз гузаштани ду марҳила ва иҷрои талаботи озмун ҶДММ КМ ТТ “Силкоат Бойя” сазовори “Ҷоизаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил” барои дастовардҳо дар истеҳсоли маҳсулот ва хизматрасониҳои баландсифат гардид.

Тибқи натиҷаи озмун ҶДММ “Солкоат Бойя” сазовори диплом, тӯҳфаҳо ва ҳуқуқи истифодаи тамғаи Ҷоизаи ИДМ барои мақсадҳои таблиғотӣ ба мӯҳлати се сол гардид.

Аммо, маросими мукофотонидани ғолибони озмун бо сабаби ҷорӣ гардидани чораҳои маҳдудкунанда барои пешгирии паҳншавии бемории Коронавирус (COVID-19) дар тамоми ҷаҳон ба таъхир гузошта шудааст.

         Бояд қайд намуд, ки ҶДММ КМ ТТ “Силкоат Бойя” дар ҳудуди МОИ “Суғд” аз соли 2011 муваффақона фаъолият бурда, яке аз ширкатҳои пешрафта на танҳо дар вилояти Суғд, балки дар ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Ширкати мазкур борҳо ғолибиятро дар озмунҳои гуногуни маҳаллӣ ва ҷумҳуриявӣ ба даст овардааст. Маҳсулоти истеҳсолкунандаи ин ширкат бо сифати аълои худ ҳам дар бозорҳои кишвар ва ҳам дар минтақаи Осиёи Марказӣ машҳуранд.

Маълумоти бештар
Шиносоӣ аз фаъолияти субъектҳои МОИ “Суғд”

Шиносоӣ аз фаъолияти субъектҳои МОИ “Суғд”

Аз ҳафтаи сипаришуда то имрӯз роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Камолиддинзода И. бо гуруҳи корӣ бо навбат аз кору фаъолияти субъектони МОИ “Суғд” шиносоӣ пайдо намуда, аз рафти иҷрои корҳои онҳо дидан намуд.

Дар рафти вохурӣ бо роҳбарони субъетҳо роҳбарияти МОИ “Суғд”

оид ба муаммоҳои мавҷуда, нақшаҳо ва рафти фаъолият пурсон гардида, ба кори минбаъдаи онҳо дастурҳои дахлдор пешниҳод намуд.

Бояд зикр намоем, ки айни замон дар МОИ “Суғд” 29 адад субъетҳо ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора, 15 субъект ба фаъолият бурда истода, 3 субъекти дигар дар марҳилаи корҳои сохтмонӣ ва омодагӣ ба оғози фаъолият қарор доранд.

Маълумоти бештар
Тағироти кадрӣ дар МОИ «Суғд»

Тағироти кадрӣ дар МОИ «Суғд»

22 июни соли ҷорӣ дар МОИ “Суғд” бо иштироки роҳбарияти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, кормандони Маъмурият ва субъектҳои МОИ “Суғд” бинобар тағйироти кадрӣ дар МОИ “Суғд” ҷаласаи васеъ доир гардид.

Сухани ифтитоҳиро муовини аввали раиси вилояти Суғд Хол Ҳайдар ифтитоҳ намуд. Дар баромади худ ӯ оид ба аҳамияти рушди иқтисодиёт дар давраи пандемия (COVID-19) ва дастовардҳои МОИ “Суғд” дар нимсолаи аввали соли 2020 сухан кард. Сипас сухани навбатиро ба муовини аввали Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тотористон Солеҳзода Ашӯрбой Абдувоҳид пешниҳод намуд.

Дар баромади худ Солеҳзода А.А. ҳамаи ҳозиринро бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъин намудани Камолиддинзода И.Ҷ ба вазифаи Роҳбари Маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” шинос кард. Инчунин, дар идомаи сухан ба ҳозирин қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вазифаи Роҳбари Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” озод кардани Ф. Олимзода бо сабаби ба кори дигар гузаштан шинос намуд.

Дар рафти ҷаласса Солеҳзода А.А. бо фармони Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъин намудани Зикриёзода Сӯҳроб ба вазифаи муовини аввали роҳбарони Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” шинос кард.

Хотиррасон менамоем, ки қаблан вазифаи муовини аввали роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” –ро Норматов Ӯктам Юсуфҷонович ишғол мекард. Ӯ бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифа озод гардид.

Дар навбати худ, Камолиддинзода И. дар ҷаласа баромад намуда, омодагии худро барои саҳмгузорӣ дар рушди Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” изҳор дошт.

Дар ҷаласса дар навбати худ Олимзода Ф. сухан намуда, қайд кард, ки бо дастгирии субъектҳо ва кӯшишҳои кормандони Маъмурияти МОИ “Суғд” ба чунин пешравӣ ва муваффақиятҳо ноил гардида, ба ҳамаи ҳозирин миннатдорӣ изҳор намуд.

 

Маълумоти бештар
Дар доираи Анҷумани иқтисодии Кӯлоб ба субъекти нав Тасдиқнома дода шуд

Дар доираи Анҷумани иқтисодии Кӯлоб ба субъекти нав Тасдиқнома дода шуд

Санаи 11 октябри соли ҷорӣ, дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, бахши хусусӣ, корпуси дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ Анҷумани иқтисодии минтақаҳои озоди иқтисодӣ (МОИ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Имкониятҳо барои рушд» – «Кӯлоб-2019» баргузор гардид.

Мақсади асосии баргузории Анҷумани мазкур аз муаррифии имкониятҳову афзалиятҳои минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон, ҷалби сармояи ватаниву ҳориҷӣ ва мубодилаи таҷриба бо 5-умин минтақаи озоди иқтисодии навтаъсиси Кӯлоб иборат буд.

Дар нимаи аввали рӯзи Анҷуман, дар қатори дигар роҳбарони маъмуриятҳои минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар, роҳбари маъмурияти МОИ “Суғд”-  Олимзода Фирдавс низ баромад намуда, тариқи рӯнамо вобаста ба фаъолият, имконият ва афзалиятҳои рағбатбахши МОИ “Суғд” ҳарф зад.

Инчунин намояндаи роҳбарияти Ассотсиатсияи Кедр – Нарзулло Гадойбоевич доир ба се ширкати ассотсиатсия, ки дар МОИ “Суғд” фаъолият мебаранд сухан намуда, доир афзалиятҳо ва имкониятҳои судманди фаъолиятбарӣ дар МОИ дар мисоли ҶДММ “Силкоат Бойя”, ҶДММ “Арча” ва ҶДММ “Арча-мебел” маълумот дод

Баъд аз баромади роҳбарони минтақаҳои озод, ба субъекти нави МОИ “Суғд” –ҶДММ “Донаи Алмос”, ки бо коркард, бастабандӣ ва содироти меваи хушк машғул хоҳад шуд, Тасдиқномаи мақоми субъекти МОИ ба роҳбари ҷамъият Кулова Озодамоҳ супорида шуд.

Дар рафти кори Анҷуман молу маҳсулоти субъектҳои минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар ба намоиш гузошта шуданд.

Мавриди зикр аст, ки дар нимаи дуюми рӯз маросими баимзорасонии якқатор созишномаҳои ҳамкорӣ, аз ҷумлаи ёддошти тафоҳум байни минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» ва дигар минтақаҳои озоди мамлакат гузаронида шуд, ки дар он Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ ҷиҳати расонидани кӯмаки амалӣ ба минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» миёни Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб баста шуданд.

Ҳамчунин иштирокчиёни Анҷуман дар охири Анҷуман аз Минтақаи навтаъсиси озоди иқтисодии «Кӯлоб», фаъолияти корхонаи истеҳсоли риштаи ҶДММ «Ресандаи Кӯлоб», ҶДММ «Комбинати хоҷагӣ» ва маҷмааи кишоварзӣ-саноатии «Кӯлоб» дидан намуданд.

Маълумоти бештар
loading