ИШТИРОКИ СУБЪЕКТОНИ МОИ “СУҒД” ДАР НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ УНИВЕРСАЛИИ “ТОҶИКИСТОН-2024”.

ИШТИРОКИ СУБЪЕКТОНИ МОИ “СУҒД” ДАР НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ УНИВЕРСАЛИИ “ТОҶИКИСТОН-2024”.

ИШТИРОКИ СУБЪЕКТОНИ МОИ “СУҒД” ДАР НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ УНИВЕРСАЛИИ “ТОҶИКИСТОН-2024”.

Санаи 3 майи соли 2024 дар маҷмааи «Манеж»-и шаҳри Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2024» ифтитоҳ гардид, ки дар он молу маҳсулоти  65 ширкату корхонаҳои ватанӣ ва хориҷӣ ба намоиш гузошта шудаанд.

Намоишгоҳ аз ҷониби Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуда, то 5 май идома менамояд. Дар он ширкатҳои ватаниву хориҷӣ, аз ҷумла  Русия, Беларус, Узбекистон, Чин, Покистон ва  Туркия намунаи маҳсулоти мошинсозӣ, маводи кимиё, саноати сабук, нассоҷӣ, дорусозӣ, инчунин масолеҳи сохтмониро муаррифӣ доранд.

Ҳадаф аз баргузории намоишгоҳ ин муаррифии молу маҳсулоти ватанӣ, ворид намудани технологияи нав, ҷалби сармоя ва таъсиси корхонаҳои муштарак мебошад.

Барои тақвият додани ҳамкориҳо дар соҳаи саноатӣ, истеҳсолот ва хизматрасонӣ дар Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2024» дар қатори корхонаҳои бонуфузи истеҳсолии кишвар, субъектони МОИ “Суғд” аз лиҳози ҶДММ КМ ТТ “Арча-мебел”, ҶДММ “КФ Фартуна-Ко”, ҶДММ КМ “Силкоат Бойя” ва ҶДММ “Стар Пласт” иштирок намуда, маҳсулоти истеҳсолкардаи худро муаррифӣ намуданд.

 

Аксҳо аз ҷараёни баргузории намоишгоҳ

loading