Category: Ахборот

ТАШРИФИ САФИРИ ФАВҚУЛЛОДА ВА МУХТОРИ ҶУМҲУРИИ ҲИНДУСТОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ҶАНОБИ РАҶЕШ УЙКЕ БА МАЪМУРИЯТИ МОИ “СУҒД”

ТАШРИФИ САФИРИ ФАВҚУЛЛОДА ВА МУХТОРИ ҶУМҲУРИИ ҲИНДУСТОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ҶАНОБИ РАҶЕШ УЙКЕ БА МАЪМУРИЯТИ МОИ “СУҒД”

6 декабри соли 2024 Сафири Фавқуллода ва Мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Раҷеш Уйке бо мақсади шиносоӣ ба МОИ “Суғд” ташриф оварданд. 

 Роҳбари маъмурияти МОИ “Суғд” Муҳаммадзода М.С. дар даромадгоҳи МОИ “Суғд” меҳмони олиқадрро хуш пазируфта, оиди фаъолият, имтиёз ва бартариҳои МОИ “Суғд”-ро маълумоти мушаххас доданд.

 Сипас, меҳмонон аз як қатор субъектҳои МОИ “Суғд” аз ҷумла: ҶДММ КМ ТТ “Таҷпроф”, ҶДММ КФ “Фортуна Ко” ва ҶДММ “Азияполитекс” дидан намуда, бо роҳбарияти корхонаҳо ҳамсӯҳбат шуданд.

Дар анҷоми боздид Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Муҳаммадзода М.С аз мавзеъҳои хуби МОИ “Суғд”, ки барои таъсиси корхонаҳои нав дар ин ҳудуд шароити мусоид фароҳам мебошад, ба меҳмони олиқадр пешниҳод ва хоҳиш карданд, ки то дар оянда сармоягузорони Ҷумҳурии Ҳиндустонро дар МОИ “Суғд” даъват намоянд.

БАҚАЙДГИРИИ БОЗ ЯК СУБЪЕКТИ НАВ ДАР МОИ “СУҒД”

БАҚАЙДГИРИИ БОЗ ЯК СУБЪЕКТИ НАВ ДАР МОИ “СУҒД”

Санаи 27 ноябри соли ҷорӣ дар бинои Маъмурияти МОИ “СУҒД” Роҳбари Маъмурият Муҳаммадзода Муҳаммад Султон боз ба як соҳибкори ватанӣ Низомов Абулқосим Абдубаширович,  Шаҳодатномаи ҳуқуқи истифодаи имтиёзҳои минтақаи иқтисодии “Суғд” – ро супорид. Субъекти мазкур ҶДММ “Полинур” бо истеҳсоли маснуоти пластмассӣ барои бастабандӣ ва истеҳсоли қоғаз ва маснуот аз қоғазро ба роҳ монда, ният дорад дар як сол зиёда аз 500 тонна маҳсулот истеҳсол намояд. Роҳбари минтақа дар кору фаъолияти соҳибкор бурдборӣ ва пешравӣ таманно намуда, ҷиҳати дастгирии ҳамаҷониба аз тарафи маъмуриятро кафолат дод.

 

ИШТИРОКИ РОҲБАРИЯТИ МАЪМУРИЯТИ МОИ “СУҒД” ДАР ФОРУМИ “ДУРНАМОИ РУШДИ МИНТАҚАҲОИ ОЗОДИ ИҚТИСОДӢ” ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

ИШТИРОКИ РОҲБАРИЯТИ МАЪМУРИЯТИ МОИ “СУҒД” ДАР ФОРУМИ “ДУРНАМОИ РУШДИ МИНТАҚАҲОИ ОЗОДИ ИҚТИСОДӢ” ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

Санаи 22 ноябри соли 2024 таҳти роҳбарии Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Муҳаммадзода Мухаммад Султон якҷо бо субъектҳои фаъоли МОИ “Суғд” аз ҷумла: ҶДММ КФ “Фортуна-Ко “, ҶДММ КМ ТТ “Арча мебел”, ҶДММ КМ ТТ “Силкоат Бойя”, ҶДММ “САЙР Суғд”, ҶДММ “Равзана Пластик “ва ҶДММ КМ ТТ “Таҷпроф ” дар Форуми байналмилалии “Дурнамои рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ” ки дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон баргузор гардид, иштироки фаъол намуданд.

  

Дар форуми мазкур зиёда аз 150 нафар намояндагони давлатхои хориҷӣ иштирок намуданд. Ҳамчунин намояндагони субъектҳои МОИ “Суғд” дар намоишгоҳи EXPO -маҳсулоти худро ба маърази тамошобинон гузошта, доир ба сатҳу сифати маҳсулоти худ ба иштирокчиёни намоишгоҳ ,маълумоти мушаххас доданд.

       

ПАРЧАМИ МИЛЛӢ ИФТИХОРИ МОСТ!

ПАРЧАМИ МИЛЛӢ ИФТИХОРИ МОСТ!

Хамдиёрони азиз! Маъмурияти минтакаи озоди иктисодии “Сугд” Шуморо ба эхтироми бепоён ва самимияти афзун бо Иди Парчами давлатии Чумхурии Точикистон табрику муборакбод гуфта, бароятон саодати зиндаги ва барору комёбихоро таманно дорад. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ ва рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла Парчами миллӣ ҷузъи ҷудонашавандаи масъулияти шаҳрвандии ҳар фарди бедордили ҷомеа маҳсуб меёбад. Парчами миллӣ баёнгари ҳастии давлати соҳибистиқлол, рамзи иттиҳоду сарҷамъии мардуми мамлакат ва илҳомбахши кору пайкори фарзандони содиқу вафодори Ватан ба хотири пойдории дастовардҳои истиқлолият ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ мебошад. Анъанаи парчамдории халқи мо таърихи чандинҳазорсола дошта, аҷдодони шарафманди мо ҳамчун посдорони фарҳангу тамаддуни куҳан роҳи тӯлонии парчамдориро тай намудаанд. 

Бо эхтиром, Рохбари Маъмурияти минтакаи озоди иктисодии “Сугд” Мухаммадзода Мухаммад Султон

БА ИСТИФОДА ДОДАНИ КОРХОНАИ «САЙРИ СУҒД»  ДАР МОИ “СУҒД”

БА ИСТИФОДА ДОДАНИ КОРХОНАИ «САЙРИ СУҒД»  ДАР МОИ “СУҒД”

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» корхонаи «Сайри Суғд» -ро мавриди истифода қарор доданд.

Корхонаи «Сайри Суғд» дар партави сиёсати хирадмандонаву бунёдкоронаи Пешвои миллат аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Умаров Мирзо бо маблағи 23 миллион сомонӣ сохта шудааст.

   

Дар корхонаи «Сайри Суғд» бозичаҳои кӯдакона ва мотороллерҳои барқӣ истеҳсол карда мешаванд. Ҳаҷми истеҳсолот дар як моҳ 250 мотороллери барқӣ ва 20000 бозичаҳои кӯдаконаро ташкил медиҳад.

Роҳандозии истеҳсоли ин гуна нақлиёт дорои манфиати зиёд аст, зеро ҳам талаботи мардум ба он афзоиш дорад ва ҳам аз ҷиҳати экологӣ барои ҳифзи покизагии муҳити зист судбахш мебошад.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки айни замон дар корхона 14 тамғаи мотороллерҳои барқӣ истеҳсол мешаванд, ки тамғаҳои мазкур бо иқтидори борбардорӣ ва дигар мушахассоти техникӣ фарқкунандаанд. Дар ҳолати кунунӣ 60 нафар дар ду басти корӣ фаъолият доранд ва тибқи нақша дар ояндаи наздик шумораи коргарон то ба 150 нафар расонида хоҳад шуд.

 

Дар корхона технологияи зарурӣ аз Ҷумҳурии Мардумии Чин насб шудааст. Ду дастгоҳи он, ки барои буридану насби қисмҳо истифода мешаванд, ба таври автоматикӣ ва ё тариқи робот идора мешаванд.

Як қисмати ашёи хом чун моддаҳои пластикӣ аз хориҷи кишвар дастрас мегарданд. Ашёи хоми асосӣ, яъне фулузоти оҳан ватанӣ аст.

Мотороллерҳои барқии «Сайри Суғд» ба хориҷи кишвар ҳам содирот мешавад ва тибқи иттилои роҳбари корхона самтҳои содирот ояднаи наздик бештар хоҳад шуд.

 

ТАШРИФИ ҲАЙАТИ СОҲИБКОРОНИ ҶУМҲУРИИ ХАЛҚИИ ЧИН БА МАЪМУРИЯТИ МОИ “СУҒД”

ТАШРИФИ ҲАЙАТИ СОҲИБКОРОНИ ҶУМҲУРИИ ХАЛҚИИ ЧИН БА МАЪМУРИЯТИ МОИ “СУҒД”

14  ноябри соли 2024 ба МОИ «Суғд» ҳайати соҳибкорони Ҷумҳурии Халқии Чин бо мақсади шиносоӣ аз фаъолияти МОИ “Суғд” ва  ҳамкорӣ намудан ташриф оварданд.  Роҳбари маъмурияти МОИ “Суғд” Муҳаммадзода Муҳаммад Султон дар маҷлисгоҳи МОИ “Суғд” меҳмононро хуш пазируфта, оиди фаъолият, имтиёз ва бартариҳои МОИ “Суғд”-ро маълумоти мушаххас доданд.

Пас аз мулоқоти судманд соҳибкорони Ҷумҳурии Халқии Чин қайд намуданд, ки вобаста аз фазои мусоиди сармоягузорӣ дар МОИ “Суғд” дар оянда хоҳиши субъекти МОИ “Суғд”  шуданро доранд.

30-умин солгарди Рӯзи Кониситутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак!

30-умин солгарди Рӯзи Кониситутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак!

Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” бо камоли эҳтиром ва самимият ба муносибати ҷашни бузурги миллат  30 –умин солгарди Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод намуда, бароятон сиҳатмандии комил, рӯзгори босаодат, бахту иқболи накӯ ва дар фаъолияти пурмасъулу шарафмандона, барору комёбиҳо таманно дорем.          
Бигзор, Бахтномаи миллати тоҷик – Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чун кафили сулҳу субот, ҳомии давлату ҷомеа дар кишвари азизамон ҳамеша устувору побарҷо бошад!

ИШТИРОКИ НАМОЯНДАИ МАЪМУРИЯТИ МОИ “СУҒД” ДАР ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛЛАЛИИ “ТАДЖИКИСТАН 2024”

ИШТИРОКИ НАМОЯНДАИ МАЪМУРИЯТИ МОИ “СУҒД” ДАР ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛЛАЛИИ “ТАДЖИКИСТАН 2024”

Санаи 24 – 26 октябри соли равон дар шаҳри Душанбе намоишгоҳи универсалии байналмиллалӣ таҳти унвони “Таджикистан-2024” дар марказӣ Экспо баргузор гардид. Дар маросими кушодашавии намоишгоҳ Раиси палатаи савдо ва саноат Ҷумахонзода Ҷамшед ва муовини аввали Вазорат рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳуриии Тоҷикистон Солеҳзода Ашурбой бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуданд. Дар намоишгоҳи мазкур инчунин сафирони фавқуллодаи давлатҳои Ҷумҳурии исломии Эрон, Покистон, Белоруссия, Россия, Туркманистон ва дигарон иштирок намуданд.

   

Дар ин намоишгоҳ вохуриҳо миёни соҳибкорони кишварҳои иштирокчӣ дар формати В2В ва гуфтушунидҳо гузаронида шуд, аз ҷумла намояндаи Маъмурияти МОИ “Суғд” бо соҳибкорони хориҷӣ гуфтушунидҳо гузаронида аз имтиёзу афзалиятҳои МОИ “Суғд” маълумот дод. Дар намоишгоҳ бештар молу маҳсулотҳо, аз қабили: асбобҳои тиббӣ, ғизоӣ ва автомашинаҳои замонавии барқӣ намоиш дода шуданд.

   

ТАШРИФИ МУОВИНИ РАИСИ МНМОҶТ –  МАВСУМА МУИНӢ БА МОИ “СУҒД”

ТАШРИФИ МУОВИНИ РАИСИ МНМОҶТ – МАВСУМА МУИНӢ БА МОИ “СУҒД”

Санаи 25 октябри соли 2024 тибқи ҷадвали вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихобкунандагон ба минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ бо муовини раиси шаҳри Хуҷанд Муяссара Каҳҳорӣ ва намояндаи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Мунзифа Пулотова ташриф оварданд.
Муовини Маъмурияти МОИ “Суғд” Ҳакимов Насимҷон меҳмононро хуш пазируфта, дар толори маҷлисгохи МТҒ “Донишкадаи хизматрасонӣ ва саноат” вохӯрӣ бо роҳбарону намояндагони субъектҳои минтақа ва донишҷӯёни ин донишкада бо иштироки зиёда аз 100 нафар иштироккунандагон гузаронида шуд.
Мавсума Муинӣ зимни мулоқот доир ба муҳтавои Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ иттилоъ дода, аз ҷумла афзуд, ки Пешвои миллат зимни ироаи Паём иброз доштанд, ки таъмин намудани рушди устувор ва босуръати кишвар танзими ҳуқуқии саривақтӣ ва ҳамаҷонибаро талаб менамояд. Зимнан, таъкид намуданд, ки қонунгузорӣ бояд пайваста такмил дода шавад ва ҳамқадами ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ бошад.
Илова бар ин, ба аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон муроҷиат карда, даъват намуданд, ки биёед, минбаъд низ якҷоя кору фаъолият намуда, кишвари худро ободу зебо созем, сатҳу сифати зиндагии халқамонро баланд бардорем, баҳри вусъат бахшидани саноатикунонии кишвар, пешрафти соҳаи саноат, бунёди корхонаҳои нав ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ саҳми босазои худро гузорем.
Ҳамчунин зикр карда шуд, ки дар раванди бунёди ҷомеаи пешрафта ва адолатпарвар масъалаи ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон нақши калидӣ дорад.
Иброз гардид, ки амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем.
Дар охир Мавсума Муинӣ бо намояндагону роҳбарони субъектҳо ҳамсуҳбат гардида, тамоми иштирокдорони вохуриро бо идҳои давлатии дарпешистода Ҷашни 30 – солагии Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иди Парчами давлатӣ табрик гуфта, барои иштирок арзи сипос намуд.
loading