Category: Ахборот

САФАРИ РАСМИИ ҲАЙАТИ ВИЛОЯТИ СУҒД БА ВИЛОЯТИ ТЮМЕНИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ

САФАРИ РАСМИИ ҲАЙАТИ ВИЛОЯТИ СУҒД БА ВИЛОЯТИ ТЮМЕНИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ

 
Дар доираи сафари кории ҳайати вилояти Суғд ба вилояти Тюмен мулоқоти Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо Губернатори вилояти Тюмен Александр Моор баргузор гардид.
Дар мулоқот ҷонибҳо дурнамои тавсеаи ҳамкориҳои байниминтақавии Тоҷикистону Россияро мавриди баррасӣ қарор доданд. Ба таъкиди ҷонибҳо самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ байни вилоятҳои Суғду Тюмен соҳаҳои саноату кишоварзӣ, тандурустӣ, илм ва маориф, фарҳанг ва сайёҳӣ ба ҳисоб мераванд. Ҳамзамон, имкониятҳои мавҷуда барои рушди ҳамкориҳо ва таъсиси корхонаҳои муштарак, аз ҷумла дар самти коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва пахта, мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор гирифтанд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода изҳор дошт, ки вохӯрии имруза заминаи мусоид барои густариши бештари ҳамкориҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ байни ду минтақа мегардад. “Мо имкони таъсиси корхонаҳои муштарак ва тақвияти равобити тиҷоратиро дорем. Вилояти Суғд дорои иқтидори бузурги саноатӣ ва кишоварзист, ки метавонад ба вилояти Тюмен ҳамкории судманд дошта бошад”,- таъкид кард Раҷаб Аҳмадзода.
Губернатори вилояти Тюмен Александр Моор зимни баромади худ афзуд: “Вилояти Суғд намунаи равшани рушди босуръати саноату кишоврзист . Мо итминон дорем, ки бо дарназардошти ҳадафҳои стратегие, ки аз ҷониби сарони давлатҳоямон муайян шуданд, минтақаҳои мо метавонанд дар таҳкими равобити миёни Тоҷикистону Россия саҳми босазо гузоранд”.
Ёдовар мешавем, ки дар ҷараёни сафари худ ба вилояти Тюмен ҳайати вилояти Суғд аз маркази тиббии Тюмен, технопарк, Донишгоҳи давлатии Тюмен, корхонаҳои саноатӣ ва объектҳои инфрасохтори сайёҳи боздид анҷом доданд.
  
  
 
САФАРИ РАСМИИ ҲАЙАТИ ВИЛОЯТИ СУҒД БА ВИЛОЯТИ ВОРОНЕЖИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ

САФАРИ РАСМИИ ҲАЙАТИ ВИЛОЯТИ СУҒД БА ВИЛОЯТИ ВОРОНЕЖИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ

 

    Бо мақсади татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу вҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо сафари расмӣ ба вилояти Воронежи Федератсияи Русия ташриф овард.

    Дар доираи сафар, рӯзи 30 май дар толори ҳукумати Воронеж мулоқоти расмии Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо Губернатори Воронеж Александр Гусев баргузор гардид. Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои байниминтақавиро дар самтҳои иқтисод, саноат, кишоварзӣ, сайёҳӣ, маориф ва фарҳанг мавриди баррасӣ қарор доданд.

   Ҳамзамон дар доираи сафар бо иштироки доираи васеи соҳибкорону намояндагони мақомоти давлатӣ, нишасти муштараки тиҷоратӣ баргузор гардида, дар он имкониятҳои иқтисодии вилояти Суғд муаррифӣ шуданд. Раиси вилоят аз ташкили корхонаҳои муштарак, бунёди марказҳои логистикӣ, афзоиши содироти маҳсулот ва рушди инфрасохтори сайёҳӣ ҳамчун самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ ёдовар шуд.

  Бояд қайд намуд, ки  дар ҷараёни ин сафар байни Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Муҳаммадзода Муҳаммад Султон ва Роҳбари Маъмурияти МОИ “Ворорнеж” Трофименко Максим Игорович, Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд. Санади мазкур барои таъсиси корхонаҳои муштарак ва тақвияти муносибатҳои тиҷоративу сармоягузорӣ заминаи мусоид фароҳам хоҳад овард.

    Ҳайати расмии вилояти Суғд дар идомаи сафар аз як қатор корхонаҳои бузурги саноативу логистикии Воронеж, аз ҷумла шабакаи анборҳои “Пятёрочка”, корхонаи истеҳсоли нушокиҳои “Global Drinks”, корхонаи “Кобил-Групп” ва ширкати “Масленица” боздид ба амал оварданд.Ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати таъсиси корхонаҳои муштарак ва содироти маҳсулоти ватанӣ ба бозори Федератсияи Русия изҳор доштанд

   Дар охири сафар, дар толори маҷмааи таърихиву фарҳангии Столь-Фон Голштейнов вохӯрии ҷамъбастии соҳибкорони муваффақи ҳар ду минтақа баргузор гардид. Зимни он роҳбарони Суғду Варонеж аз таҷрибаҳои муваффақи ҳамкорӣ изҳори назар намуда, доир ба рушду тавсеаи ҳамкориҳои саноатӣ, дастгирии бахши хусусӣ ва пешниҳоди имтиёзҳо ба соҳибкорон табодули афкор карданд.

  

 

ТАШРИФИ ҲАЙАТИ НАМОЯНДАГОНИ ҶУМҲУРИИ БЕЛОРУС ТАҲТИ РОҲБАРИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ МИНСК  АЛЕКСЕЙ КУШНАРЕНКО БА МОИ “СУҒД”

ТАШРИФИ ҲАЙАТИ НАМОЯНДАГОНИ ҶУМҲУРИИ БЕЛОРУС ТАҲТИ РОҲБАРИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ МИНСК АЛЕКСЕЙ КУШНАРЕНКО БА МОИ “СУҒД”

 

    Нимаи дуюми санаи 27 майи соли 2025 ба Маъмурияти МОИ «Суғд» ҳайати намояндагони Ҷумҳурии Белорус таҳти роҳбарии Раиси вилояти Минск Алексей Кушнаренко бо мақсади шиносоӣ аз фаъолияти МОИ “Суғд” ва густариши  робитаҳои иқтисодӣ ташриф оварданд. 

    Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Муҳаммадзода Муҳаммад Султон дар даромадгоҳи МОИ “Суғд” меҳмононро хуш пазируфта доир ба афзалият ва имтиёзҳои гумрукию андозӣ маълумоти муфассал доданд. Ҳамзамон Роҳбарияти Маъмурият ба меҳмонон омодагии худро баҳри мустаҳкам намудани муносибатҳои иқтисодӣ баён намуданд.

    Сипас меҳмонон аз рафти фаъолияти якчанд субъекҳои МОИ “Суғд” аз ҷумла: ҶДММ “Азияполитекс”, ҶДММ “КФ Фортуна-Ко” ва ҶДММ КМ ТТ “Арча-мебел” дидан намуда, бо роҳбарияти корхонаҳои мазкур оиди фаъолият дар МОИ “Суғд” ҳамсӯҳбат шуданд. Ҳамчунин дар охир ҷонибҳо ҳамдигарро бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ намуданд.

  

   Ҳамзамон ҳайати намояндагони вилояти Мински Ҷумҳурии Белорус ба Маҷмааи таърихию фарҳангии “Қалъаи Хуҷанд” ташриф оварда, аз Намоишгоҳи молу маҳсулоти корхонаҳои вилоят аз ҷумла субектҳои МОИ “Суғд”  ҶДММ КМ ТТ “Силкоат Бойя”, ҶДММ “КФ Фортуна Ко”, ҶДММ “Азияполитекс”, ҶДММ “Тоҷпанел” ҶДММ “Сайр Суғд”, ҶДММ  “Сайёҳи Суғд” ва ҶДММ “Саманди Суғд”  дидан намуда ба сифати маҳсулоти корхонаҳои мазкур баҳои баланд доданд.

   

  

ИШТИРОКИ РОҲБАРИ МАЪМУРИЯТИ МОИ “СУҒД” МУҲАММАДЗОДА М.С. ДАР ФОРУМИ ИҚТИСОДИЮ ТИҶОРАТӢ ТАҲТИ УНВОНИ “ТОҶИКИСТОН-БЕЛОРУС”

ИШТИРОКИ РОҲБАРИ МАЪМУРИЯТИ МОИ “СУҒД” МУҲАММАДЗОДА М.С. ДАР ФОРУМИ ИҚТИСОДИЮ ТИҶОРАТӢ ТАҲТИ УНВОНИ “ТОҶИКИСТОН-БЕЛОРУС”

 Санаи 27 майи соли 2025 дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд форуми иқтисодию тиҷоратӣ таҳти унвони “Тоҷикистон-Белорус” бо иштироки доираҳои тиҷоратии вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Мински Ҷумҳурии Белорус доир гардид.

   Дар кори форум Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода, Раиси вилояти Мински Ҷумҳурии Белорус Алексей Кушнаренко, роҳбарони ташкилоту идораҳо аз ҷумла Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Муҳаммадзода Муҳаммад Султон ва соҳибкорони ду ҷониб иштирок намуданд.

    Ҳадафи асосии ин ҳамоиш густариши робитаҳои тиҷоративу сармоягузорӣ, рушди ҳамкориҳои саноативу молиявӣ, ҷалби сармоя барои таъсиси корхонаҳои муштарак, баланд бардоштани гардиши мол ва дарёфти шарикони нав мебошад.

   

 

Ташрифи намояндагони ширкати “ALP MOTORS N1” ба МОИ “Суғд”

Ташрифи намояндагони ширкати “ALP MOTORS N1” ба МОИ “Суғд”

Санаи 22 майи соли 2025 ба МОИ “Суғд” роҳбари ширкати “ALP MOTORS N1”, хонум YAO GUI FANG ҷиҳати шиносоӣ аз фаъолияти МОИ “Суғд” ва бобати дар оянда ҳамкорӣ намудан ташриф оварданд.
Роҳбари МОИ “Суғд” Муҳаммадзода Муҳаммад Султон дар маҷлисгоҳи Маъмурияти МОИ “Суғд” меҳмононро хуш пазируфта доир ба фаъолият, имтиёз ва бартариятҳои МОИ “Суғд” маълумот доданд. Директори ширкати “ALP MOTORS N1” низ оиди ба самти фаъолияти худ, ки ба истеҳсоли дучарха ва трисиклҳои барқӣ равона шудааст, ки айни ҳол дар МОИ “Қӯқанд”-и вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон қарор дорад маълумот дод.
Ҷонибҳо пас аз мулоқоти судманд доир ба фаъолияти худ ба чунин хулоса омаданд, ки баҳри густариши муносибатҳои иқтисодӣ ва ба ин васила хоҳиши дар оянда таъсиси коргоҳи худро дар МОИ “Суғд” баён намуданд.

   

        СУПОРИДАНИ ТАСДИҚНОМАИ МАҚОМИ СУБЪЕКТИ МОИ “СУҒД” БА ҶДММ “СУҒД АГРО ТРЕЙД”

        СУПОРИДАНИ ТАСДИҚНОМАИ МАҚОМИ СУБЪЕКТИ МОИ “СУҒД” БА ҶДММ “СУҒД АГРО ТРЕЙД”

 

     Ҳамзамон  иттилоъ дода мешавад,  ки  санаи  20 майи соли 2025  дар доираи баргузории Пресс-тур дар МОИ “Суғд” боз як субъекти нав бо номи ҶДММ “Суғд Агро Трейд” ба қайд гирифта шуд. Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Муҳаммадзода Муҳаммад Султон Тасдиқномаи субъекти МОИ “Суғд”-ро дар ҳузири меҳмонон ба роҳбарияти корхона супориданд.

    Қайд кардан ба маврид аст, ки ҶДММ “Суғд Агро Трейд” аз ҷониби соҳибкори ватанӣ  Отабобоев Зокиржон  таъсис дода шуда, ҳаҷми умумии сармоягузории он 1 млн доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Самти фаъолияти корхонаи мазкур ба коркард ва банду басти  биринҷ бо технологияҳои инноватсионӣ (лазерӣ) равона гардида,  иқтидори истеҳсолии корхона дар як сол 1600 тоннаро ташкил медиҳад.  Ҳангоми пурра ба истифода додани корхона  25 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда мешаванд. Дар охир Роҳбарияти Маъмурияти МОИ “Суғд” ва намояндагони ВАО ба роҳбарияти корхонаи мазкур барору комёбиҳо баҳри таъсиси корхона нав иброз намуданд. 

  

Суханронии Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Муҳаммадзода М.С. тариқи вохурии маҷозӣ (онлайнӣ) бо аъзои Шурои соҳибкорони Россия -Тоҷикистон дар “Kazan Forum”-2025.

Суханронии Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Муҳаммадзода М.С. тариқи вохурии маҷозӣ (онлайнӣ) бо аъзои Шурои соҳибкорони Россия -Тоҷикистон дар “Kazan Forum”-2025.

 
Санаи 15 майи соли 2025 суханронии Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Муҳаммадзода Муҳаммад Султон тариқи вохурии маҷозӣ (онлайнӣ) бо аъзои Шӯрои соҳибкорони Россия-Тоҷикистон дар ХVI – Форуми байналмиллалии иқтисодии “Kazan Forum”-2025 доир гардид.
Роҳбари Маъмурият вобаста ба фаъолият ва имтиёзҳои МОИ “Суғд” ҳамчунин доир ба фаъолияти субъектҳои муштараки минтақа, ба аъзои Шӯро маълумот дода шуд.
  
Шанбегии навбатӣ дар МОИ “Суғд”

Шанбегии навбатӣ дар МОИ “Суғд”

17 майи соли 2025, бо ташаббуси Роҳбари МОИ “Суғд” Муҳаммадзода М.С. ва бо ҷалби кормандон ва корхонаҳои ҳудуди МОИ “Суғд”, шанбегии умумӣ баргузор гардид. Дар ҷараёни шанбегӣ иштирокчиён бо руҳияи баланди меҳнатдустӣ ба корҳои тозакорӣ, кабудизоркунӣ ва ободонии муҳити атроф машғул шуданд. Кӯчаву роҳравҳо рӯбучин гардида, партовҳо ҷамъоварӣ ва ба ҷойҳои муайян интиқол дода шуданд. Ҳадафи асосии баргузории чунин чорабиниҳо баланд бардоштани сатҳи тозагии муҳит, фароҳам овардани шароити хуби кору фаъолияти иқтисодӣ ва инчунин ташаккули эҳсоси масъулиятнокӣ миёни кормандон ва ширкатҳо мебошад.
 
 
 
 
 
 
 
Все реакции:

1

 
 
Баргузории Дави миллӣ дар вилояти Суғд

Баргузории Дави миллӣ дар вилояти Суғд

 
18 майи соли 2025, дар доираи чорабиниҳои Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Суғд​ Дави миллӣ баргузор шуд, ки дар он Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, роҳбарону кормандони ташкилоту идораҳо, ҷавонону донишҷӯён ва сокинон иштирок намуданд. Роҳбарият ва кормандони Маъмурияти МОИ “Суғд ” низ дар ин чорабинӣ иштирок намуданд.
Мусобиқаи варзишӣ дар маркази вилоят —​ шаҳри Хуҷанд​ аз назди Маҷмааи ҳавзҳои шиноварии «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» оғоз ёфта, тавассути кӯчаи ба номи Раҳим Ҷалил то хиёбони ба номи Раҳмон Набиев​ идома ёфт. Дар чорабинии варзишӣ беш аз 18 000 нафар иштирок карда, дар охир ба намояндагони фаъоли ташкилоту идораҳо тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.
Мақсад аз баргузории мусобиқа- таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи соҳаи варзиш ва оммавияти он байни аҳолӣ мебошад.
Дави миллӣ маъракаи умумимиллӣ буда, барои солимӣ ва оммавияти варзиш баргузор карда мешавад. ​ Он дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2007 «Дар бораи Рӯзи дави миллӣ» ҳамасола дар ҷумҳурӣ якшанбеи сеюми моҳи май гузаронида мешавад.
   
 
 
loading