Санаи 27 майи соли 2025 дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд форуми иқтисодию тиҷоратӣ таҳти унвони “Тоҷикистон-Белорус” бо иштироки доираҳои тиҷоратии вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Мински Ҷумҳурии Белорус доир гардид.
Дар кори форум Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода, Раиси вилояти Мински Ҷумҳурии Белорус Алексей Кушнаренко, роҳбарони ташкилоту идораҳо аз ҷумла Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Муҳаммадзода Муҳаммад Султон ва соҳибкорони ду ҷониб иштирок намуданд.
Ҳадафи асосии ин ҳамоиш густариши робитаҳои тиҷоративу сармоягузорӣ, рушди ҳамкориҳои саноативу молиявӣ, ҷалби сармоя барои таъсиси корхонаҳои муштарак, баланд бардоштани гардиши мол ва дарёфти шарикони нав мебошад.
Санаи 22 майи соли 2025 ба МОИ “Суғд” роҳбари ширкати “ALP MOTORS N1”, хонум YAO GUI FANG ҷиҳати шиносоӣ аз фаъолияти МОИ “Суғд” ва бобати дар оянда ҳамкорӣ намудан ташриф оварданд.
Роҳбари МОИ “Суғд” Муҳаммадзода Муҳаммад Султон дар маҷлисгоҳи Маъмурияти МОИ “Суғд” меҳмононро хуш пазируфта доир ба фаъолият, имтиёз ва бартариятҳои МОИ “Суғд” маълумот доданд. Директори ширкати “ALP MOTORS N1” низ оиди ба самти фаъолияти худ, ки ба истеҳсоли дучарха ва трисиклҳои барқӣ равона шудааст, ки айни ҳол дар МОИ “Қӯқанд”-и вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон қарор дорад маълумот дод.
Ҷонибҳо пас аз мулоқоти судманд доир ба фаъолияти худ ба чунин хулоса омаданд, ки баҳри густариши муносибатҳои иқтисодӣ ва ба ин васила хоҳиши дар оянда таъсиси коргоҳи худро дар МОИ “Суғд” баён намуданд.
Ҳамзамон иттилоъ дода мешавад, ки санаи 20 майи соли 2025 дар доираи баргузории Пресс-тур дар МОИ “Суғд” боз як субъекти нав бо номи ҶДММ “Суғд Агро Трейд” ба қайд гирифта шуд. Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Муҳаммадзода Муҳаммад Султон Тасдиқномаи субъекти МОИ “Суғд”-ро дар ҳузири меҳмонон ба роҳбарияти корхона супориданд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки ҶДММ “Суғд Агро Трейд” аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Отабобоев Зокиржон таъсис дода шуда, ҳаҷми умумии сармоягузории он 1 млн доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Самти фаъолияти корхонаи мазкур ба коркард ва банду басти биринҷ бо технологияҳои инноватсионӣ (лазерӣ) равона гардида, иқтидори истеҳсолии корхона дар як сол 1600 тоннаро ташкил медиҳад. Ҳангоми пурра ба истифода додани корхона 25 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда мешаванд. Дар охир Роҳбарияти Маъмурияти МОИ “Суғд” ва намояндагони ВАО ба роҳбарияти корхонаи мазкур барору комёбиҳо баҳри таъсиси корхона нав иброз намуданд.