Category: Ахборот

ИШТИРОКИ РОҲБАРИ МОИ “СУҒД” ВА СУБЪЕКТҲОИ ДАХЛДОРИ ОН ДАР ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН” ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

ИШТИРОКИ РОҲБАРИ МОИ “СУҒД” ВА СУБЪЕКТҲОИ ДАХЛДОРИ ОН ДАР ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН” ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

28 ноябри соли 2022 роҳбари МОИ “СУҒД” Камолиддинзода И.Ҷ дар маросими ҷамъбасти натиҷаҳои Озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин содироткунандаи Тоҷикистон”, ки аз ҷониби Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, иштирок намуданд.

Дар маросими мазкур МОИ “СУҒД” беҳтарин содироткунанда аз рӯи номинатсияҳои дахлдори Қоидаҳои муқаррарнамудаи  Озмун интихоб гардида, бо ҷоиза ва дипломи Озмуни “Беҳтарин содиркунандаи Тоҷикистон” барои соли 2021 ғолиб дониста шуд.

  

Инчунин субъектҳои МОИ “СУҒД”, ҶДММ КМ ТТ “Таҷпроф” ва ҶСК “Ариана металл пласт” дар ин маросим бо ҷоиза ва сертификати Озмуни мазкур дар номинатсияи “Саноатӣ” ғолиб дониста шуданд.

ИШТИРОКИ РОҲБАРИЯТИ МОИ «СУҒД» ДАР ФОРУМИ ИНВЕСТИТСИОНИИ  “MADE IN TJ” ДАР ШАҲРИ ГУЛИСТОНИ ВИЛОЯТИ СУҒД

ИШТИРОКИ РОҲБАРИЯТИ МОИ «СУҒД» ДАР ФОРУМИ ИНВЕСТИТСИОНИИ “MADE IN TJ” ДАР ШАҲРИ ГУЛИСТОНИ ВИЛОЯТИ СУҒД

Намояндагони маъмурияти МОИ “Суғд” ва субъектҳои он бо сардории муовини якуми роҳбари Маъмурияти минтақа Зикриёзода Сӯҳроб дар Форуми инвеститсионии “Made In Tj”, ки аз ҷониби Фонди ҷамъиятии “Соҳибкорӣ ва рушд” (Accelerate prosperity) 24 ноябри соли 2022 дар омӯзишгоҳи Бонки миллӣ дар шаҳри Гулистон баргузор гардид, иштирок намуданд.

Бояд қайд намуд, ки дар баробари баргузории форум намоишгоҳ низ доир гардид, ки аз ҷониби молистеҳсолкунандагони вилояти Суғд, инчунин субъектҳои минтақа, аз қабили ҶДММ КМ ТТ “Силкоат Бойя” ва ҶСК “Ариана Металл Пласт” маҳсулоти саноатии ватанӣ ба меҳмонону иштирокдорон ба намоиш гузошта шуд.

 

ТАШРИФИ ҲАЙАТИ СОҲИБКОРОНИ ТУРКИЯ БА МОИ “СУҒД”

ТАШРИФИ ҲАЙАТИ СОҲИБКОРОНИ ТУРКИЯ БА МОИ “СУҒД”

Ҳайати соҳибкорони Туркия  9 ноябри соли 2022 ба МОИ “Суғд” ташриф оварданд.  Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Камолиддинзода Илёсиддин меҳмононро бо фаъолият ва шароиту имкониятҳои МОИ “Суғд” шинос намуд.

 

Дар доираи вохўрии мазкур меҳмонон аз фаъолияти  ҶДММ КМ ТТ “Таҷпроф”, ҶДММ КМ ТТ “Арча – мебел” ва ҶСК “Ариана Метал Пласт” дидан намуданд.

Ташрифи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Тошихиро Аикӣ ба МОИ “Суғд”

Ташрифи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Тошихиро Аикӣ ба МОИ “Суғд”

Санаи 28 октябри соли 2022 Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Тошихиро Аикӣ якҷо бо намояндагони сафорати мазкур ба МОИ “Суғд” ташриф оварданд. 

Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд”  Камолиддинзода Илёсиддин меҳмононро бо фаъолият ва шароиту имкониятҳои МОИ “Суғд” шинос намуд.

         Сипас меҳмонон аз фаъолияти  ҶСК “Ариана Металл Пласт” ва  ҶДММ “КФ Фортуна-Ко”  дидан  намуданд.

 

 

ВОХӮРИИ АНЪАНАВӢ БО ДОНИШҶӮЁН ДАР МАЪМУРИЯТИ МОИ «СУҒД»

ВОХӮРИИ АНЪАНАВӢ БО ДОНИШҶӮЁН ДАР МАЪМУРИЯТИ МОИ «СУҒД»

Ҳамасола  дар Маъмурияти МОИ «Суғд» вохӯриҳо бо насли ҷавон баргузор мегардад. Ҳамин тавр, санаи 13 октябри соли ҷорӣ ҳудуди 50 нафар донишҷӯёни Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ, факултаи «Иқтисод ва менеҷмент» изҳори хоҳиш намуданд, ки бо фаъолияти МОИ «Суғд» шинос шаванд.

Вохӯрӣ бо донишҷӯён аз ҷониби мутахассисони Маъмурияти МОИ «Суғд» ва муаллими калони кафедраи ДПДТТ кафедраи «Молия ва қарз» Файзиева Парвинахон ташкил карда шуд.

Донишҷӯёнро кормандони Маъмурият таҳти роҳбарии мудири шуъбаи иттилоот – Қаюмова М.И. хуш пазируфтанд.

Мутахассиси шӯъбаи сармоягузории байналмилалӣ О.Ҳалимбойзода донишҷӯёнро бо фаъолияти Раёсат аз рӯи тартиби хронологӣ, имтиёзҳои гумрукӣ ва андоз шинос намуд.Донишҷӯён тавонистанд дар бораи манфиатҳои фаъолияти соҳибкорӣ дар МОИ, бо шароити содирот ва воридоти маҳсулоти истеҳсолкардаи субъектҳо маълумот гиранд. Донишҷӯён инчунин ба масъалаи имкониятҳои кор ва шароити кор дар корхонаҳои МОИ таваҷҷӯҳ зоҳир намуданд.Дар доираи вохӯрӣ донишҷӯён барои боздид аз ҶДММ «Равзана пластик» ва ҶСП «Ариана Металл Пласт» барои шиносоии бештар бо раванди истеҳсолот ва навъҳои маҳсулот даъват карда шуданд.

Ташрифи Сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Имрон Ҳайдар ба МОИ “Суғд”

Ташрифи Сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Имрон Ҳайдар ба МОИ “Суғд”

11 октябри соли 2022 Сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Имрон Ҳайдар якҷо бо намояндаи тиҷоратии Покистон дар Тоҷикистон ҷаноби Малик Абул Маҷид ба МОИ “Суғд” ташриф оварданд.  Муовини якуми роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд”  Зикриёзода Суҳроб меҳмононро бо фаъолият ва шароиту имкониятҳои МОИ “Суғд” шинос намуд.

          

Сипас меҳмонон аз фаъолияти  ҶСК “Ариана Метал Пласт”, ҶДММ “КФ Фартуна-Ко”,ҶДММ КМ ТТ “Арча мебел”,  ва  ҶДММ КМ ТТ “Силкоат-Бойя” дидан  намуданд.

БАРНОМАИ ТАЪЛИМИИ КОРШИНОСИ БАЙНАЛМИЛЛАЛИИ БРСММ (ПРООН) АНДРЕЕВ А. БО ИШТИРОКИ АССОТСИАТСИЯИ КЛАСТЕРҲО, ТЕХНОПАРКҲО ВА ММИ-И РОССИЯ ВА “ИНСТИТУТИ ДОНИШИ ИКТИСОДИЁТ”

БАРНОМАИ ТАЪЛИМИИ КОРШИНОСИ БАЙНАЛМИЛЛАЛИИ БРСММ (ПРООН) АНДРЕЕВ А. БО ИШТИРОКИ АССОТСИАТСИЯИ КЛАСТЕРҲО, ТЕХНОПАРКҲО ВА ММИ-И РОССИЯ ВА “ИНСТИТУТИ ДОНИШИ ИКТИСОДИЁТ”

20-21 сентябри соли ҷорӣ дар Маъмурияти МОИ «Суғд» тариқи маҷозӣ семинар оид ба барномаи омӯзиши, ки аз ҷониби коршиноси байналмиллалии БРСММ (ПРООН) Андреев А. бо иштироки ассосиатсияҳои кластерҳо, технопаркҳо, ММИ-и Россия ва Институти дониши иқтисодиёт  таҳия гардидааст, баргузор гардид, ки кормандани шуъбаи муносибатҳои байналмиллали ва ҷалби сармоягузорӣ ва шӯъбаи иттилоот иштирок намуданд.

loading