
ИШТИРОКИ РОҲБАРИ МАЪМУРИЯТИ МОИ «СУҒД» ДАР ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ДУШАНБЕ – 2023» ВА СУПОРИДАНИ СЕРТИФИКАТ БАРОИ ҲУҚУҚИ ИСТИФОДАБАРИИ ИМТИЁЗҲОИ МОИ “СУҒД”
29-30 сентябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе – 2023» баргузор гардид, ки дар он Роҳбари Маъмурияти МОИ «Суғд» муҳтарам Камолиддинзода И. Ҷ, ва субъектҳои минтақа иштирок намуданд. Ҳамчунин, дар рафти ин Форум бо шарикони белорусии мо, байни Маъмурияти МОИ “Суғд” ва Маъмурияти МОИ “Минск” баҳри ҳамкории судманд ёддошти тафоҳум ба имзо расид.
Ҳамзамон боз як корхонаи нав соҳиби шаҳодатномаи тасдиқкунандаи мақоми субъекти МОИ “Суғд” гардид, ки онро ботантана супориданд. Роҳбари Маъмурияти МОИ «Суғд» Камолидинзода И.Ҷ. ба директори Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Хишти Сомон» муваффақиятҳои беназир ва дар фаъолияташ натиҷаҳои назаррас таманно намуд.
Дар доираи лоиҳа истеҳсоли блокҳои газобетонӣ пешбинӣ шудааст. Ҳаҷми сармоягузории ин корхона 6,6 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки аз ҳисоби сармояи худи сармоягузори тоҷик амалӣ мегардад.






