Аз 1-уми январи соли 2021, арзиши иҷрораи замин барои сармоягузорон ва субъектҳои амалкунандаи МОИ “Суғд” ду маротиба кам гардид. Минбаъд андозаи арзиши иҷораи замин барои 1 метри мураббаъ $0,50 (50 сенти ИМА) барои 1 сол ташкил медиҳад. Пештар ин андоза 1 доллари ИМА-ро ташкил медод.
Хуш омадед ба МОИ “Суғд”!
Маълумоти бештар
Санаи 30 январи соли ҷорӣ, Сафири Фавқулода ва Мухтори Фаронса дар Тоҷикистон ҷаноби Мишел Тарран ба МОИ “Суғд” дар доираи сафари расмии худ ба вилояти Суғд ташриф овард. Ин нахустин сафари ӯ ба вилояти Суғд мебошад, ки баъд аз таин шудан ба ҷои собиқ сафири Фаронса хонума Ясмин Гуедар анҷом дод.
Дар оғози вохӯрӣ муовини якуми роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Сӯҳроб Зикриёзода меҳмононро хайра мақдам гуфта, нақши МОИ-ро дар рушди иқтисодиёти Тоҷикистон қайд намуд.
Баъдан, Мирзоманон Мирзоён – муовини роҳбари Маъмурият дар бораи фаъолияти минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” дар намуди рӯнамо маърӯза кард.
Пас аз муаррифии фаъолияти МОИ, ҷонибҳо ба муҳокимаи масъалаҳои мавриди таваҷҷӯҳ гузаштанд.
Пас аз вохӯрӣ, тибқи барномаи ташриф меҳмонон аз якчанд корхонаҳои МОИ дидан намуданд. Ҷаноби Мишел Тарран аз фаъолият ва молу маҳсулоти ҶСК “Ариана Металл Пласт”, ҶДММ КМ ТТ Фортуна-Кo”, ҶДММ КМ ТТ “Таҷпроф” шинос шуда, ба сифати онҳо баҳои баланд дод.
Пас аз боздид қарор оид ба таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд, аз ҷумла пешниҳоди иттилоот дар бораи афзалиятҳо ва имтиёзҳои МОИ “Суғд” ба доираҳои сощибкорию сармоягузории Фаронса ва ҷустқҷӯи имкониятҳои муаррифии молу маҳсулоти субъектҳои МОИ дар намоишҳои молу маҳсулоти Тоҷикистон дар Фаронса қабул карда шуд.
Маълумоти бештар
Новобаста аз таъсири пандемияи коронавирус, нишондиҳандаҳои иқтисодии МОИ “Суғд” дар соли 2020 тамоюли мусбиро нигоҳ дошт.
Дар инфографикаи дар зер овардашуда шумо метавонед бо рақамҳои асосии фаъолияти МОИ «Суғд» шинос шавед.
Маълумоти бештар
Муссалам аст, ки 24-уми ноябр мардуми шарафманди Тоҷикистон Рӯзи парчами давлатиро таҷлил менамоянд. Аз ин рӯ, дар баробари Суруди миллӣ, Нишони давлатӣ ва забони модарӣ Парчами давлатӣ, низ барои мардум муқаддас аст. Агар забон қалби миллат бошад, Парчамро метавон сари баланди халқ номид, зеро ҳар ҷо парчам афрохта шавад, мардуми кишвар бо сари баланд ба сӯи он менигаранд ва дар вуҷудашон ифтихори ватандорӣ дучанд эҳсос мегардад.
Бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои милат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, рӯзи 24-уми ноябр ҳамчун рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвар таҷил карда мешавад. Таҷлили бошукӯҳи ин ҷашн метавонад дар замири ҳар як фарди ватандӯст ва ҳар як сокини тоҷикистони азиз ифтихори ватандориро дучанд менамояд. Парчам ифтихор ва сарбаландии миллат мебошад. Таърихи навини давлатдори тоҷикон шоҳиди он аст,ки Парчам ва бузургдошти он барои ҳар сокини мамлакат муқаддас буда ,ба шарофати партавафшонии Парчам мардум мауттаҳид мегарданд.
Бори дигар Рӯзи Парчами давлатӣ муборак ҳамкорони азиз!
Маълумоти бештар
17 ноябри соли 2020 дар ҳудуди МОИ «Суғд» боз як корхонаи нав, ки бо истеҳсоли зарфҳои коғазӣ машғул мегардад ба қайд гирифта шуда, тасдиқномаи мақоми субъект супорида шуд.

Фаъолияти асосии ҶДММ “Покзарф” ба истеҳсоли зарфҳои коғазӣ барои маҳсулоти намудҳои гуногуни хӯрокворӣ равона карда шудааст. Барои истеҳсоли маҳсулоти коғазӣ таҷҳизот ва технологияҳои навтарин истифода бурда мешаванд. Маҳсулоти истеҳсолшуда пурра ба стандартҳои байналмилалии сифат ҷавобгӯ буда, аз ҷиҳати экологӣ тоза безарар мебошад.
Корхона фаъолияти истеҳсолиро дар ҳудуди 500 м2 амалӣ намуда, зиёд намудани ҳудуди истеҳсолиро дар оянда ба нақша гирифтааст.
Иқтидори истеҳсолӣ 9000 дона дар як соат ташкил дода, иқтидори истеҳсолӣ аз ин миқдор зиёд мебошад.
Ширкат ният дорад, ки маҷмӯи маҳсулоти худро афзоиш дода, истеҳсоли намудҳои гуногуни зарфҳоро барои нӯшокиҳои газнок, афшураҳо ва коктейлҳо, чой, қаҳва, патароқ(попкорн), яхмос ва дигар хӯрокҳои тезпаз (фастфуд) ба роҳ монад.
Корхона фурӯши маҳсулотро дар Тоҷикистон ба роҳ монда, азми ба роҳ мондани содироти маҳсулотро ба кишварҳои ҳамсоя, аз қабили Ӯзбакистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Афғонистон дар оянда дорад.
Ёдовар мешавем, ки айни замон дар МОИ «Суғд» 30 субъект ба қайд гирифта шудааст.
Маълумоти бештар
Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи Маъмурияти МОИ “Суғд” ҷаласаи кормандони Маъмурият бахшида ба Иди “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” барпо гардид. Сараввал Роҳбари Маъмурият Камолиддинзода И. аҳли нишастро бо ҷашни “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” табрик намуда, қайд кард, ки Рӯзи 16 ноябр дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» рӯзи Президент муайян карда шудааст. Қабул шудани ин сана бе сабаб нест зеро, ки ба саҳифаҳои таърих назар кунем санаи 16 ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити барои миллати тоҷик ниҳоят ҳассосу мушкил ва сарнавиштсоз доир гардида, дар иҷлосияи тақдирсоз Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби вакилон ба ҳайси раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар соли 1994 дар асоси интихоботи президентӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Сипас суханро ба Муовини аввали худ Зикриёзода С. ҷиҳати қироати маърӯза доир ба мавзӯи ҷаласа дод.
Зикриёзода С. дар оғози маърӯзаи худ доир ба қабул шудани ин Ид дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» сухан ронда қайд намуд, ки мансаби Президентӣ муқаррароти конститутсионӣ буда, дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тартибу шартҳои ба ин мансаби олии ҳокимияти давлатӣ интихоб шудан ва лаҳзаи ба фаъолият шурӯъ намудани Президент муқаррар гардидааст.

Дар давоми сухани худ Зикриёзода С. дар бораи хизматҳои шоистаи Пешвои Миллат ва обруву нуфузи ин шахси барӯманд дар арсаи байналмилалӣ, ки ҳамчун шахси сулҳофару сулҳпарвар, сарҷамъкунандаи миллату мардумсолор шинохта шудааст сухан ронда, заҳматҳои ояндабинонаи роҳбари кишварро баҳри рушду нумӯъ ва ободии Ватану фароҳам овардани шароити арзанда барои мардуми кишвар, ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ ва муаррифӣ кардани Тоҷикистонро ба ҷаҳониён эътироф намуд.
Аз номи роҳбарияти Мамурияти МОИ “Суғд” кулли мардуми кишвари азизамонро бо иди “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” самимона муборакбод гуфта, ба ҳар як шумо фазои осоишу меҳру муҳаббат, файзу баракат ва ба диёри биҳиштосои Тоҷикистон сулҳу сафо ва гулгулшукуфоии ҷовидонаро таманно менамоем.
Маълумоти бештар
Имруз дар бинои асосии ҶДММ КФ “Фартуна Ко” чорабинӣ бахшида ба таҷлили 5 –солагии фаъолияти кории ширкат барпо гардид. Ёдовар бояд шуд, ки ҶДММ КФ “Фартуна Ко”соли 2015 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифта буд. Боиси фараҳмандист, ки ширкати ҶДММ КФ “Фартуна Ко” бо маҳсулоти босифати худ, яъне дару тирезаҳои миллӣ, ки ба ҳама талаботҳои замони муосир ва экологӣ ҷавобгӯ мебошанд, на танҳо дар қаламрави кишвар, балки берун аз ҳудуди он машҳур гаштааст.


Дар чорабинии мазкур Роҳбари Маъмрияти МОИ “Суғд” Камолиддинзода Илёсиддин роҳбар ва кормандони ҶДММ КФ “Фартуна Ко” табрик намуда, оид ба дастовард ва комёбиҳои корхона дар рушди иқтисодиёти мамлакат, расидан ба ҳадафи чоруми стратегияи мамлакат “Саноатикунонии босуръати кишвар” баромад кард ва ду нафар кормандони фаъол, Тоҳиров Нӯъмон сармуҳосиб ва Собиров Рашидҷон мудири амбори ҶДММ КФ “Фартуна Ко” бо Ифтихорнома аз номи Роҳбари Маъмрияти МОИ “Суғд” сарфароз намуд.


Чорабини дар сатҳи баланд ва риояи ҳама қойдаҳои эпидималогӣ гузаронида шуд.
Маълумоти бештар
1 октябри соли ҷорӣ, дар бинои Коллеҷи техникии шаҳри Хуҷанд, ки субъекти МОИ «Суғд» мебошад, Ҷаласаи ситоди доимамалкунанда оид ба тақвият додани фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, аз ҷумла гумрук ва андоз, инчунини намояндагони Маъмуриятҳои МОИ “Кулоб”, МОИ “Данғара”, МОИ “Суғд” ва роҳбарияти субъектҳои он баргузор гардид.
Ҷаласаи ситод дар шакли мизи мудаввар, ки бо ташаббуси Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд ба мавзӯи муҳокимаи натиҷаҳои фаъолияти ҳамаи минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар ва муаммоҳои ҷойдошта бахшида шуд.

Муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тотористон Солеҳзода А.А. ифтитоҳ намуда, аҳамият ва нақши МОИ-ро дар рушди иқтисоди Тоҷикистон таъкид кард. Дар сухани худ ӯ чунин қайд намуд, ки новобаста аз вазъияти кунунӣ, ки бар асари сар задани сирояти COVID-19 ба вуҷуд омадааст, ҳамаи минтақаҳои озоди иқтисодӣ ҷиҳати пешбурди фаъолияти худ кӯшиш намуда истодаанд ва албатта дар раванди фаъолияти онҳо як қатор мушкилиҳо низ ба назар мерасанд, ки бояд дар ояндаи наздик ҳалли худро ёбанд. Сипас сухан ба муовини раиси вилояти Суғд А. Яқубӣ дода шуд, ки ӯ низ дар навбати худ дар бораи баъзе мушкилоти МОИ Тоҷикистон ва роҳҳои ҳалли онҳо сухан ронд.
Роҳбари Маъмурияти МОИ «Суғд» И.Камолиддинзода дар баромади худ доир ба натиҷаҳои фаъолияти МОИ «Суғд» дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ ва муаммоҳои ҷойдошта маърӯза кард. Сипас, тибқи барнома, иштирокчиёни ҷаласа ба баррасии масъалаҳое гузаштанд, ки дар ҳамарӯза кору фаъолияти МОИ ба назар мерасанд.
Пас аз ба охир расидани ҷаласа, мувофиқи барнома, иштирокчиён ба субъектҳои МОИ «Суғд» – ҶДММ КМ ТТ «Тоҷпроф» ва ҶДММ «Арча Мебел» ташриф оварда, инчунин бо фаъолияти онҳо шинос шуданд.

Нимаи дуюми рӯз, ҳайати меҳмонон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи инфрасохтори корхонаи консервабарории Исфара ба ш. Исфара рафтанд. Бояд тазаккур дод, ки дар ҳудуди ин корхона эҷоди зерминтақаи МОИ “Суғд” банақша гирифта шудааст.
Маълумоти бештар
Санаи 18 сентябри соли ҷорӣ дар ш.Душанбе Бизнес-форуми доираҳои соҳибкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид. Чорабинии мазкур бо мақсади дарёфт намудани ширкатҳои ҳамкор, муаррифии фаъолият, ҷалби сармоя ва рушди тиҷорат аз ҷониби Палатаи савдо ва саноати кишварҳо ташкил шуд. Дар ҳайати меҳмонон, дар қатори намояндагони вазорату идораҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ҳайати иборат аз зиёда аз 40 намояндагони соҳаҳои гуногуни истеҳсолот ва тиҷорати ин кишвар иштирок намуданд.
Дар қатори намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ва соҳибкорони ватанӣ, дар Бизнес-форум муовини роҳбари Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” Мирзоён Мирзоманон иштирок намуда, оиди фаъолият, афзалияту имкониятҳои МОИ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуд. Дар баромад ӯ соҳибкорону сармоягузоронро барои иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои гуногун даъват намуда, таъкид кард, ки минтақаҳои озоди иқтисодиро ҳамчун майдони муҳим барои вусъати ҳакориҳо бояд истифода кард.


Маълумоти бештар
Санаи 27 августи соли ҷорӣ, Сафири фавқуллода ва мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Тажибаев Аскар Ерликович дар доираи сафари кории худ ба вилояти Суғд, аз минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” низ дидан намуд.
Сараввал, дар бинои Маъмурияти МОИ “Суғд” бо роҳбарияти минтақа мулоқоти судманд барпо гардид. Дар оғози вохӯрӣ Роҳбари Маъмурият И. Камолиддинзода меҳмононро хайрамақдам гуфта, доир ба ҳамкориҳои бисёрҷабҳаи Тоҷикистону Қазоқистон сухан намуд. Сипас аз ҷониби Муовини Роҳбари Маъмурият – М. Мирзоён ба самъи меҳмонон маълумоти муфассал оид ба фаъолияти МОИ “Суғд” дода шуда, масъалаҳои бамиёномада ва имкониятҳои ҳамкорӣ муҳокима карда шуданд.
Баъдан меҳмонон бо таклифи роҳбарияти Маъмурият ба якчанд субъектҳои МОИ “Суғд”, аз ҷумла ҶСК “Ариана Метал Пласт”, ҶДММ КМ ТТ “Фортуна-Ко”, ҶДММ КМ ТТ “Арча мебел”, ҶДММ КМ ТТ “Таҷпроф” ва ҶДММ КМ ТТ “Силкоат Бойя” ташриф оварда, аз фаъолият ва молу маҳсулоти онҳо шинос шуданд. Ҷаноби Сафир Тажибаев А.Е. натиҷаҳои фаъолият ва сифати молу маҳсулоти субъектҳои МОИ “Суғд” бо баҳои баланд арзёбӣ намуд.


Дар охири ташриф, ҷаноби Сафир изҳори хоҳиши дар оянда идома додани гуфтугузорро ҷиҳати пурзӯр намудани содироти маҳсулоти минтақаро ба Қазоқистон ва ҷӯстани имкониятҳои ба роҳандозии ҳамкориро байни доираҳои соҳибкорию сармоягузории ҳар ду кишвари ба ҳам дӯст намуд.
Маълумоти бештар