ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ ДАР МОИ «СУҒД»

ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ ДАР МОИ «СУҒД»

ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ ДАР МОИ «СУҒД»

31 январи соли 2024 дар МОИ «Суғд» бо иштироки муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ, кормандони Маъмурият ва субъектҳои МОИ «Суғд» вобаста ба тағйироти кадрӣ дар ҳайати роҳбарияти МОИ «Суғд» вохӯрӣ баргузор гардид.

Ҷаласаро бо сухани ифтитоҳӣ муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ ифтитоҳ намуда, аҳамияти рушди иқтисод ва ноил шудан ба комёбиҳо дар МОИ «Суғд»-ро қайд кард.

Ҳамзамон ҳамаи ҳозиринро бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Роҳбари Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» таъин намудани Муҳаммадзода М.С. шинос намуд. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифаи Роҳбари Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» озод намудани Камолиддинзода И.Ҷ., низ бинобар ба кори дигар гузаштан қироат карда шуд.

Камолиддинзода И.Ҷ. ба ҳамаи ҳозирин изҳори сипос намуда, қайд намуд, ки ба шарофати дастгирии субъектҳо ва талошҳои кормандони Маъмурият мо дар рушди МОИ «Суғд» ба комёбиҳои хуб ноил гардидем.

Раиси навтаъини МОИ «Суғд» Муҳаммадзода М.С. низ суханронӣ намуда, ба Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос намуда, омодагии худро барои ҳамкорӣ бо фидокории комил барои гузоштани саҳми худ дар рушди МОИ «Суғд» баён намуд.

loading