20-21 сентябри соли ҷорӣ дар Маъмурияти МОИ «Суғд» тариқи маҷозӣ семинар оид ба барномаи омӯзиши, ки аз ҷониби коршиноси байналмиллалии БРСММ (ПРООН) Андреев А. бо иштироки ассосиатсияҳои кластерҳо, технопаркҳо, ММИ-и Россия ва Институти дониши иқтисодиёт таҳия гардидааст, баргузор гардид, ки кормандани шуъбаи муносибатҳои байналмиллали ва ҷалби сармоягузорӣ ва шӯъбаи иттилоот иштирок намуданд.
Маълумоти бештар
Санаи 16 сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Хуҷанд бизнес – форуми соҳибкорони вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия баргузор гардид.
Дар форуми мазкур соҳибкорони вилояти Суғд, гуруҳи соҳибкорони Федератсияи Россия ва ҳамзамон намояндагии Маъмурияти МОИ “Суғд” таҳти роҳбарияти Камолиддинзода И.Ҷ. иштирок варзиданд.
Дар рафти кори анҷуман баромадҳои муовини Раиси вилояти Суғд – Анвар Яъқубӣ, сардори Раёсати идораи амволи давлатӣ ва сармоягузории вилоят – Ахмедов Ш., муовини Вазири рушди иқтисоди Федератсияи Россия – Волвач Д., ноиб – президенти Палатаи савдо ва саноати Федератсияи Россия – Курочкин Д. ва президенти Палатаи савдо ва саноати Сибири марказӣ – Шагеев Р. шунида шуд.
Ҳамзамон дар доираи форум аз тарафи соҳибкорони вилояти Суғд молу маҳсулотҳои истеҳсолкардаашон ба намоиш гузошта шуда, инчунин барои намоиши молу маҳсулотҳои соҳибкорони Федератсияи Россия хаймаҳо ташкил гардиданд.
Маълумоти бештар
Санаи 15 сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе Форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Россия баргузор гардид, ки дар он намояндагони Маъмурияти МОИ «Суғд» таҳти роҳбарии Камолиддинзода Илёсиддин Ҷамолиддин иштирок доштанд.
Дар доираи форум бо намояндагони тиҷоратии Федератсияи Россия дар формати B2B мулоқот баргузор гардид.
Дар натиҷаи анҷуман, Роҳбари Маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» – Камолиддинзода Илёсиддин Ҷамолиддин ва Директори генералии ҶДММ «Осминожка» бо намояндагии Шрайбман М.Б. баҳри густариш додани муносибатҳо ва ҳамкории муттақобилан судманд байни МОИ «Суғд» ва ҶДММ «Осминожка» ёддошти тафоҳум ба имзо расид.
Маълумоти бештар
31 августи соли 2022 дар доираи лоиҳаи “Барномаи Бизнес-шогирдтайёркунӣ дар минтақаҳои деҳоти вилояти Суғд” вохўрии муовини якуми Роҳбари Муассисаи давлатии Маъмурияти МОИ “Суғд” бо соҳибкорони вилояти Суғд доир гардид.
Зикриёзода Суҳроб соҳибкоронро бо фаъолият ва шароиту имкониятҳои МОИ “Суғд” шинос намуд.
Ҳамзамон соҳибкорон аз фаъолияти ҶДММ “КФ Фартуна-Ко” ва ҶДММ КМ ТТ “Арча мебел” дидан намуданд.
Маълумоти бештар
Имрӯз 05 августи соли 2022 тибқи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар идораҳо, корхонаҳо муассисаҳои давлатӣ ва ташкилотҳои дигари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатиии вилояти Суғд оид ба ҷамъбасти нимсолаи якуми соли 2022 мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, №АП-1729 дар МД Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” нишасти матбуотӣ доир ба натиҷаҳои фаъолияти МОИ “Суғд” дар нимсолаи якуми соли 2022 баргузор гардид, ки дар он Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” мӯҳтарам Камолиддинзода Илёсиддин ба намояндагони ВАО оид ба натиҷаи фаъолияти МОИ “Суғд” дар нимсолаи якуми соли 2022 иттилло дод.
Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” бо назардошти дастрас шудани маълумоти васеъ дар варақаҳои иттилоотӣ баъзе нуқтаҳои асосӣ аз натиҷаи фаъолият дар нимсолаи якуми соли 2022 маълумоти амиқ дод ва сипас саволу ҷавоб сурат гирифт. Ба саволҳои пешниҳоднамудаи рӯзноманигорон посухҳои мушаххас дода шуд.
Маълумоти бештар
Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” муҳтарам Камолиддинзода И. бо мақсади тақвият ба рушди муносибатҳои иқтисодӣ ва дар ин замина ҷалби бештари сармоягузории дохилию хориҷӣ меҳмононро бо шароиту имконият ва афзалияти Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” шинос намуда, сипас аз фаъолияти ҶДММ КФ “Фортуна-Ко” ва ҶДММ “Азияполитекс” дидан карданд.
Маълумоти бештар