Category: Ахборот

Тағироти кадрӣ дар МОИ «Суғд»

Тағироти кадрӣ дар МОИ «Суғд»

22 июни соли ҷорӣ дар МОИ “Суғд” бо иштироки роҳбарияти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, кормандони Маъмурият ва субъектҳои МОИ “Суғд” бинобар тағйироти кадрӣ дар МОИ “Суғд” ҷаласаи васеъ доир гардид.

Сухани ифтитоҳиро муовини аввали раиси вилояти Суғд Хол Ҳайдар ифтитоҳ намуд. Дар баромади худ ӯ оид ба аҳамияти рушди иқтисодиёт дар давраи пандемия (COVID-19) ва дастовардҳои МОИ “Суғд” дар нимсолаи аввали соли 2020 сухан кард. Сипас сухани навбатиро ба муовини аввали Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тотористон Солеҳзода Ашӯрбой Абдувоҳид пешниҳод намуд.

Дар баромади худ Солеҳзода А.А. ҳамаи ҳозиринро бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъин намудани Камолиддинзода И.Ҷ ба вазифаи Роҳбари Маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” шинос кард. Инчунин, дар идомаи сухан ба ҳозирин қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вазифаи Роҳбари Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” озод кардани Ф. Олимзода бо сабаби ба кори дигар гузаштан шинос намуд.

Дар рафти ҷаласса Солеҳзода А.А. бо фармони Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъин намудани Зикриёзода Сӯҳроб ба вазифаи муовини аввали роҳбарони Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” шинос кард.

Хотиррасон менамоем, ки қаблан вазифаи муовини аввали роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” –ро Норматов Ӯктам Юсуфҷонович ишғол мекард. Ӯ бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифа озод гардид.

Дар навбати худ, Камолиддинзода И. дар ҷаласа баромад намуда, омодагии худро барои саҳмгузорӣ дар рушди Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” изҳор дошт.

Дар ҷаласса дар навбати худ Олимзода Ф. сухан намуда, қайд кард, ки бо дастгирии субъектҳо ва кӯшишҳои кормандони Маъмурияти МОИ “Суғд” ба чунин пешравӣ ва муваффақиятҳо ноил гардида, ба ҳамаи ҳозирин миннатдорӣ изҳор намуд.

 

Маълумоти бештар
Дар доираи Анҷумани иқтисодии Кӯлоб ба субъекти нав Тасдиқнома дода шуд

Дар доираи Анҷумани иқтисодии Кӯлоб ба субъекти нав Тасдиқнома дода шуд

Санаи 11 октябри соли ҷорӣ, дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, бахши хусусӣ, корпуси дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ Анҷумани иқтисодии минтақаҳои озоди иқтисодӣ (МОИ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Имкониятҳо барои рушд» – «Кӯлоб-2019» баргузор гардид.

Мақсади асосии баргузории Анҷумани мазкур аз муаррифии имкониятҳову афзалиятҳои минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон, ҷалби сармояи ватаниву ҳориҷӣ ва мубодилаи таҷриба бо 5-умин минтақаи озоди иқтисодии навтаъсиси Кӯлоб иборат буд.

Дар нимаи аввали рӯзи Анҷуман, дар қатори дигар роҳбарони маъмуриятҳои минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар, роҳбари маъмурияти МОИ “Суғд”-  Олимзода Фирдавс низ баромад намуда, тариқи рӯнамо вобаста ба фаъолият, имконият ва афзалиятҳои рағбатбахши МОИ “Суғд” ҳарф зад.

Инчунин намояндаи роҳбарияти Ассотсиатсияи Кедр – Нарзулло Гадойбоевич доир ба се ширкати ассотсиатсия, ки дар МОИ “Суғд” фаъолият мебаранд сухан намуда, доир афзалиятҳо ва имкониятҳои судманди фаъолиятбарӣ дар МОИ дар мисоли ҶДММ “Силкоат Бойя”, ҶДММ “Арча” ва ҶДММ “Арча-мебел” маълумот дод

Баъд аз баромади роҳбарони минтақаҳои озод, ба субъекти нави МОИ “Суғд” –ҶДММ “Донаи Алмос”, ки бо коркард, бастабандӣ ва содироти меваи хушк машғул хоҳад шуд, Тасдиқномаи мақоми субъекти МОИ ба роҳбари ҷамъият Кулова Озодамоҳ супорида шуд.

Дар рафти кори Анҷуман молу маҳсулоти субъектҳои минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар ба намоиш гузошта шуданд.

Мавриди зикр аст, ки дар нимаи дуюми рӯз маросими баимзорасонии якқатор созишномаҳои ҳамкорӣ, аз ҷумлаи ёддошти тафоҳум байни минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» ва дигар минтақаҳои озоди мамлакат гузаронида шуд, ки дар он Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ ҷиҳати расонидани кӯмаки амалӣ ба минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» миёни Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб баста шуданд.

Ҳамчунин иштирокчиёни Анҷуман дар охири Анҷуман аз Минтақаи навтаъсиси озоди иқтисодии «Кӯлоб», фаъолияти корхонаи истеҳсоли риштаи ҶДММ «Ресандаи Кӯлоб», ҶДММ «Комбинати хоҷагӣ» ва маҷмааи кишоварзӣ-саноатии «Кӯлоб» дидан намуданд.

Маълумоти бештар
Боздиди намояндагони ВАО-и ҷуҳурӣ аз МОИ «Суғд»

Боздиди намояндагони ВАО-и ҷуҳурӣ аз МОИ «Суғд»

Рӯзноманигорони телвизион, радио ва рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ аз минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар боздид намуданд. Боздид аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ ташкил карда шуда, мақсад аз намоиши дастовардҳои даҳсола ва нави фаъолияти минтақаҳои озоди мамлакат иборат буд.

18 июли соли ҷорӣ, рӯзноманигорон ба МОИ “Суғд” ташриф оварданд. Нахустин субъекте, ки аз он дидан намуданд корхонаи истеҳсоли бозичиаҳои бачагона – Ариана Метал Пласт буд, ки моҳи октябри 2018 сол расман ифтитоҳ гардидааст. Айни замон корхона бо истеҳсоли дучархаҳои бачагона, фойтунчаҳо, погардак, мошиначаҳо, ҷувздонҳои пластикӣ, ки давра ба давра ҷои маҳсулоти хитоиро дар бозорҳо гирифтаистодаанд, машғул аст. Дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ, дар ин корхона маҳсулот дар ҳаҷми 8 млн. сомонӣ истеҳсол карда шуд. Аз рӯи гуфтаи роҳбари корхона Дилором Умарова, ширкати Ариана Метал Пласт бо натиҷаҳои бадастовардашуда қаноатманд нест. Бо мақсади гуногункунии маҷмӯи маҳсулоти истеҳсолшаванда, корхона азми истеҳсоли маснуоти пластикии гуногуни рӯзғорро кардааст.

Баъд аз он рӯзноманигорон аз корхонаи истеҳсоли локу ранги Силкоат бойя дидан намуданд. Дар корхонаи муштараки тоҷикӣ –туркӣ зиёда аз 120 хелҳои гуногуни локу ранг барои ороиши берун ва дохили бино истеҳсол карда мешаванд. Маҳсулоти корхона на танҳо дар бозорҳои дохили кишвар фурӯхта мешавад, балки ба мамлакатҳои Осиёи Марказӣ низ содирот карда мешавад. Дар айни ҳол гуфтушунид доир ба содироти маҳсулоти корхона ба қаламрави Россия рафта истодааст.

Инчунин намояндагони ВАО ба субъекти дигари МОИ “Суғд”, корхонаи истеҳсолкунандаи профилҳои дару тирезаи пластикии Равзана Пластик ташриф оварданд. Роҳбари ширкати мазкур Илҳом Сангин оид ба таърихи ташкилёбӣ, дастовардҳо ва дурнамои Равзана Пластик, ки ба ояндаи МОИ бовар карда буд, сухан намуд. Имрӯзҳо корхона тадриҷан маҳсулои худро зери тамғаи миллии MANZIL ба бозорҳои маҳаллӣ бароварда истодааст.

Охирин манзили боздиди рӯзноманигорон корхонаҳои Арча ва Арча Мебел буд, ки дар соҳаи коркарди чӯб дар Тоҷикистон пешқадам ҳисобида мешаванд. Рӯзноманигорон аз намоишгоҳҳои ин ду корхона дидан намуданд, ки аз дару тирезаҳои чӯбӣ, мебел барои муассисаҳои мактабӣ, бемористон ва бинои идораву ташкилот, мебел барои хона ва ғайра иборат буд.

Маҳсулоти корхона чандин бор ба унвони маҳсулоти сол сазовор гаштааст. Роҳбари раёсати корхона Нарзулло Дадобоев ба рӯзгоманигорон оид ба стратегияи рушд ва нақшаҳои ояндаи корхона маълумот дод. 

22 июл боздиди намояндагони ВАО дар вилояти Хатлон, МОИ “Данғара” идома меёбад.

Маълумоти бештар
Дар МОИ «Суғд» истеҳсоли асали аз лиҳози экологӣ тоза ба роҳ монда мешавад

Дар МОИ «Суғд» истеҳсоли асали аз лиҳози экологӣ тоза ба роҳ монда мешавад

Дар даҳаи охири моҳи июн тасдиқномаи мақоми субъекти МОИ ба ширкати канадагӣ – Хантана Канада Inc. супорида шуд, ки ҳамчун филиал дар ҳудуди минтақа бо фаъолият машғул хоҳад шуд.

Фаъолияти ширкат ба коркарди сифатноки асал, бастабандӣ ва содироти он, тавассути истифодаи таҷҳизоти замонавӣ равона карда мешавад.

Раванди истеҳсолӣ дар коргоҳи хурди махсус, ки дар он таҷҳизот ва лавозимотҳои муосир васлу насб карда шудаанд ба роҳ монда мешавад. Баъд аз тоза кардани асал аз омехтаҳо, маҳсули тозакардашуда ба зарфҳои шишагии ҳаҷмашон 80 мл то 700 мл ва зарфҳои махсуси хурди 7-10 грамма ҷой дода мешавад. Ширкат бо мақсади васеъ намудани маҷмӯи маҳсулот, истеҳсоли асалро бо омехтаҳои гуногуни тароватбахшанда ба нақша гирифтааст.

Маблағи сармоягузории корхона зиёда аз 500 ҳазор доллари ИМА арзёбӣ шудааст, ки аз ҳисоби маблағҳои худии сармоягузори канадагӣ маблағгузорӣ карда мешаванд.

Дар доираи лоиҳаи мазкур, маҳсулоти тайёр ба бозорҳои ИМА, Канада, Арабистони Саудӣ, АМА, кишварҳои Иттиҳоди Аврупо аз лиҳози он ки ин давлатҳо бузургтарин воридкунандаи асал мебошанд, содирот карда мешавад. Маҳсулоти корхона барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷи аҳолӣ, тарабхонаҳо, қаҳвахона ва марказҳои табобатӣ нигаронида мешавад.

Хомашё – асали табиӣ буда, аз асалпарварони маҳаллӣ, ки бо онҳо шартномаи пешакӣ баста шудааст, харидорӣ карда мешавад. Зарфҳо ва тамғақоғазҳо барои бастабандӣ аз ширкатҳои чинӣ ва туркӣ харидорӣ карда мешаванд. Дар сурати зиёд гаштани ҳаҷми содирот, ширкати истеҳсол кардани зарфҳои шишагии худро ба нақша гирифтааст.

Корхона азми истеҳсоли маҳсулотро аз соли оянда дорад ва то соли 2021 ҳаҷми маҳсулотро ба 55 тонна дар як сол расонданист. Дар корхонаи хурди истеҳсоли зиёда аз 20 ҷойҳои кории доимӣ ташкил карда мешавад.

Маълумоти бештар
Иштироки МОИ “Суғд” дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Кӯлоб-2019»

Иштироки МОИ “Суғд” дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Кӯлоб-2019»

Форуми байналмилалии сармоягузории «Кӯлоб-2019» санаи 14 июни соли ҷорӣ дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон баргузор гардид

Дар кори форум доираҳои соҳибкорию сармоягузории ватанӣ ва хориҷӣ, намояндагони мақомотҳои давлатӣ, шарикони рушд, мутахассисон ва коршиносони соҳа иштирок варзиданд.

Дар чорчӯбаи форум намоиши молу маҳсулоти истеҳсолкардаи хоҷагии халқ ташкил карда шуд, ки дар он молу маҳсулоти субъектҳои минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар, аз ҷумла МОИ “Суғд” ба намоиш гузошта шуд.

Чор нишасти панелӣ кори форумро давом доданд. Яке аз чунин нишастҳо ба мавзӯи “Минтақаҳои озоди иқтисодӣ ҳамчун омили суръатбахши саноаткунонии ҶТ” бахшида шуда буд, ки дар он роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Олимзода Фирдавс баромад намуда, оид ба дастовардҳо ва муаммоҳои пешбурди фаъолияти МОИ ҳамчун тавсия ба ташкилкунандагони минтақаи озоди иқтисодии навташкилшудаи “Кӯлоб” дар қатори роҳбарони дигар минтақаҳои озоди мамлакат суханронӣ намуд.

Маълумоти бештар
МОИ “Суғд” шарики баргузории конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ

МОИ “Суғд” шарики баргузории конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ

7-8 июни соли ҷорӣ, дар шаҳри Хуҷанд Конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Вусъати рақобатнокии иқтисодиёти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ” баргузор гардид. Чорабинӣ ба 30 солагии Истиқлоияти давлатӣ ва амалисозии 4 ҳадафи стратегияи миллӣ оид ба саноатикунонии босуръати Тоҷикистон бахшида шуда буд.

Чорабинии мазкур аз тарафи Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар ш. Хуҷанд бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, МОИ “Суғд” ва Барномаи рушди СММ ташкил карда шуд.

Дар конфронс намояндагони доираҳои соҳибкорию сармоягузорӣ, донишҷӯён ва устодони донишгоҳҳои ватанӣ ва меҳмонони хориҷӣ аз Ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Булғория ва Россия иштирок варзиданд. Намояндагони Маъмурият ва субъектҳои МОИ “Суғд” низ фаъолона иштирок намуданд.

Рӯзи нахустини конфронс дар намуди ҷаласаи умумӣ гузашт, ки дар он маърӯзаҳо ва баромадҳои иштирокчиён дар мавзӯҳои нақши бизнес-асотсиятсияҳо дар рушди соҳибкорӣ, марказҳои коворкинг ва нақши онҳо дар пешбурди кори стартапҳо, саҳми хизматрасониҳои бонкӣ ба рақобатпазирии тиҷорат, мавқеи муассисаҳои илмӣ дар тарбияи соҳибкорон, ҷанбаҳои ҳуқуқии асосҳои конститутсионӣ дар фаъолияти соҳибкории дар якчанд давлатҳои аъзои созмони ҳамкории Шанхай шунида шуданд

Мудири шӯъбаи муносибатҳои байналмилалӣ ва ҷалби сармоягузории Маъиурияти МОИ “Суғд” Мирзоён Мирзоманон низ баромад намуда, оид ба аҳамиятнокии истифодабарии иқтидори минтақаҳои озоди кишвар дар саноаткунонии мамлакат ва дар ҳамин замина баланд бардоштани рақобатпазирии соҳаи саноат дар шароити ҷаҳонишавӣ сухан намуд.

Рӯзи дуюми чорабинӣ, аз рӯи барномаи конфронс бо нишастҳои алоҳида вобаста ба мавзӯҳои махсус ва соҳавӣ давом меёбад.

Маълумоти бештар
Таъсиси боз як субъекти нав дар МОИ “Суғд”

Таъсиси боз як субъекти нав дар МОИ “Суғд”

Санаи 6 майи соли ҷорӣ, Комиссияи махсуси Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баррасии лоиҳаҳои сармоягузорӣ, амалисозии лоиҳаи истеҳсоли профилҳои пластикиро дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” қабул намуд. Маблағи сармоягузории лоиҳа 5,5 млн сомонӣ (қариб 580 ҳазор доллари ИМА) мебошад.

Лоиҳа аз ҷониби довталаб барои гирифтани мақоми субъекти МОИ, корхонаи тоҷикӣ-туркии “Афранг Пластик”, ки ифтитоҳи он ба моҳи сентябри соли 2019 пешбинӣ шудааст, пешниҳод гардид. Масоҳати корхона, ки аз 1468 м2 иборат мегардад, дар он истеҳсоли 350 тонна профилҳои ПВХ дар як сол ба нақша гирифта шудааст, ки ин нишондод 30% ҳаҷми умумии лоиҳавиро дар бар мегирад. Корхона ба кор даровардани иқтидори умумии ҳаҷми истеҳсолиро то соли 2021 ба 1200 тонна дар як сол расонданист.

Нархи рақобатпазири маҳсулоти сифатноки корхона имконияти натанҳо таъмин намудани бозори дохилиро дода, нчунин ба кишварҳои ҳамҷавор, аз ҷумлаАфғонистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Ӯзбекистон содирот карда мешаванд.

Дар корхона таҷҳизоти истеҳсолии замонавӣ ва навтарин насб карда шуда, дар он 28 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷои кори доимӣ таъмин мегарданд.

Санаи 14 апрел дар Маъмурияти МОИ “Суғд” тасдиқномаи мақоми субъект ба директори корхона расман супорида шуд. Роҳбари Маъмурияти Олимзода Фирдавс ба намояндаи корхона муваффақият ва дастовардҳои беназирро таманно намуд.

Маълумоти бештар
Ташрифи ҳайати кории Бонки Осиёии Рушд

Ташрифи ҳайати кории Бонки Осиёии Рушд

24 майи соли ҷорӣ, ҳайати кории Бонки Осиёии Рушд таҳти роҳбарии бахши ҳамкории иқтисодии байниминтақавии Осиёи Марказӣ (ҲИБОМ) ҷаноби Гуолианг ВУ ба минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” ташриф оварданд, ки ҳайати меҳмононро муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ ҳамраҳӣ намуд.

Ҳайати БОР дар доираи ҳадафи нахустини худ оид ба расонидани кӯмаки техникӣ ба долони иқтисодии «Тоҷикистан-Ӯзбекистон-Қазоқистон» ба вилояти Суғд ташриф овард.   

Дар оғози боздиди худ, меҳмонон аз корхонаи истеҳсолии минтақа – Ариана Метал Пласт, Арча ва  Арча мебел шинос гардида, маҳсулоти корхонаҳоро бо баҳои баланд арзёбӣ намуданд.

Баъдан дар толори маҷлисгоҳи ширкати коркарди чӯбу тахта “Арча” аз фаъолияти минтақаи озод тариқи руёна маълумот гирифтанд, ки дар он роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Олимзода Фирдавс оид ба афзалиятҳо ва сабукиҳои пешкашкунандаи минтақа ба соҳибкорону сармоягузорон сухан намуд.

Дар рафти вохӯрӣ, инчунин маълумот оид ба лоиҳаҳои рушди МОИ, аз ҷумла лоиҳаи сохтмони хати роҳи оҳани Спитамен – МОИ «Суғд» – Истиқлол ба меҳмонон дода шуд. Муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ ба меҳмонон доир ба аҳамиятнокии лоиҳа ҷиҳати пешбурд ва баланд бардоштани иқтисоди вилоят маълумот пешкаш намуд, ки аз ҷониби роҳбари ҳайати кории БОР аҳамиятнокии сохтмони лоиҳаи мазкур дар рушди муносибатҳои иқтисодии байни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ таъкид карда шуд.

Хотиррасон мешавем, ки Бонки Осиёии Рушд дастгирӣ намудани лоиҳаро тавассути гузаронидани корҳои тадқиқотӣ барои таҳияи лоиҳаи асосноккунии техникӣ-иқтисодӣ изҳор намудааст.

Маълумоти бештар
Баррасии натиҷаҳои фаҳолияти солона дар нишасти матбуотӣ

Баррасии натиҷаҳои фаҳолияти солона дар нишасти матбуотӣ

7-уми феврали соли ҷорӣ, дар Маъмурияти МОИ “Суғд” нишасти матбуотӣ бо иштироки намояндагони ВАО-и вилояти Суғд баргузор гардид.

Роҳбари Маҳмурият Фирдавс Олимзода оид ба ҷамъбасти фаҳолияти минтақа дар соли 2018 ҳисобот дода, аз накшаҳо ва самтҳои асосии рушд барои соли 2019 маълумот дод.

То имрӯз 24 субҳектҳои МОИ “Суғд” аз имтиёзҳо ва афзалиятҳои фароҳамовардашуда истифода мебаранд. “Соли ҷорӣ, дар нақша дорем шумораи умумии субҳектҳоро ба 30 адад расонем”, – қайд намуд Ф.Олимзода.

Дар соли 2018 ду корхонаҳои бузург бо иштироки Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ гардиданд.

Корхонаи муштараки тоҷикӣ-туркии «Арча-Мебел», навъҳои гуногуни мебелро истеҳсол карда, ба сохтмони он 9 миллион сомонӣ сармоягузорӣ карда шудааст. Ҳамчунин, корхонаи истеҳсолии маҳсулоти металлу пластикии “Ариана Металл Пласт” ба кор оғоз намуд. Корхонаи мазкур аллакай бо истеҳсоли мошинчаҳои кӯдакона, фойтунча, дучарха ва пойгардак машғул аст.

Дар оянда ширкат, номгӯи маҳсулотро зиёд намуда, нақша дорад адади онҳоро ба 36 намуд хелҳои гуногуни маҳсулот, аз ҷумла таҷҳизоти маишӣ ва қисмҳои эҳтиётии автомобилҳо аз металл ва пластмасса зиёд намояд. 

Ин корхона аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ таъсис дода шуда, ба сохтмони он беш аз 14 миллион сомонӣ сармоягузорӣ карда шудааст.

Дар рафти омодагӣ барои кушодани корхонаҳо дар ҳудуди МОИ, корҳои сохтмонӣ ва ободонӣ, аз ҷумла мумфаршкунии роҳ, чарогонкунӣ, шинонидани ниҳолҳои ҳамешасабз, васлу насби шиору овезаҳо  гузаронида шудаад. Айни замон корҳои сохтмонии бинои маъмурӣ идома дорад.

Дар нишасти матбуотӣ, нишондиҳандаҳои оморӣ дар давраи ҳисоботӣ, ки тамоюли рушди мусбӣ доранд нишон дода шуданд.

Тибқи иттилои Фирдавс Олимозода ҳаҷми истеҳсолот дар соли 2018 ба 116 миллион сомонӣ баробар гардид, ки ин нишондиҳанда нисбати соли 2017 ба маблағи 36 миллион сомонӣ зиёд аст. Молу маҳсулот дар минтақа истеҳсолшуда ба кишварҳои ҳамсоя, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Туркманистон ва Афғонистон содирот карда шуда, ҳаҷми содирот ба 17 миллион сомонӣ баробар гардид.

Дар соли 2018 ҳаҷми сармоягузории субҳектҳо ба17 миллион сомонӣ баробар гардид. Дар МОИ “Суғд” зиёда аз 500 ҷойҳои корӣ ташкил карда шудааст. Дар рафти нишаст оид ба нишондиҳандаҳои субҳектҳо оид ба андози иҷтимоӣ ва андоз аз даромад ва пардохтҳои гумрукӣ ба буҷаи давлат низ маълумот дода шуд.

 

Соли 2018, бахшида ба 10-даҳсолагии таъсисёбии минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Тоҷикистон, Маъмурияти МОИ “Суғд” бо дастгирии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шарикони рушд Форуми байналмилалии иқтисодии «Суғд-2018» ташкил намуд, ки дар он шахсони алоҳида, ки ба рушди МОИ дар Тоҷикистон саҳми назаррас гузоштаанд, мукофотонида шуданд.

Маълум гардид, ки Маъмурияти МОИ “Суғд” бо минтақаҳои озоди Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Беларус ва Хитой ҳамкорӣ менамояд. Ҳамчунин қайд гардид, ки МОИ “Суғд” созишномаҳо ва ёддоштҳои тафоҳуми ҳамкориро бо ташкилотҳои байналмилалӣ, бо мақсади ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои рушд ба имзо расонидааст.

Ф.Олимзода дар хотимаи суханронии худ қайд намуд, ки Маъмурияти МОИ “Суғд” ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои дар назди худ гузоштааш ҳаматарафа кӯшиш хоҳад намуд.

Баъд аз анҷоми нишаст, намояндагони васоити ахбор ба саволҳои худ посухи мушаххас гирифтанд.

Маълумоти бештар
Дар МОИ “Суғд” истеҳсоли филузҳои рехтаи оҳанин роҳ монда мешавад

Дар МОИ “Суғд” истеҳсоли филузҳои рехтаи оҳанин роҳ монда мешавад

21 декабри соли 2018 дар ҷаласаи Комиссия Вазорати рушди иқтисод ва савдо доир ба баррасии  бизнес-нақшаҳо ва лоиҳаҳои самоягузории довталабон барои гирифтани тасдиқномаи мақоми Субъекти минтақаҳои озоди иқтисодӣ лоиҳаи ҶДММ “Оҳанкор” баррасӣ гардида, ташкили истеҳсоли филузҳои металли сиёҳ дар минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” тасдиқ карда шуд.

Ширкат ба нақша гирифтааст, ки соли оянда истеҳсолотро ба роҳ монад. Сармоягузор нақша дорад, ки ба истеҳсолот бештар аз 1.8 миллион доллари ИМА маблағгузорӣ намояд.

Мавриди йайд аст, ки ин корхона аввалин субъекти “Суғд”, ки аз ҷониби сармоягузорони Ӯзбекистон ташкил карда мешавад. Дар раванди барқарорсозии муносибатҳои иқтисодӣ байни кишварҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон, ин амал саривақт арзёбӣ мегардад.

Лоиҳаи сохтмони бинои коргоҳ замонавӣ пешбини шуда, фаъолияти он ба коркарди дуюмдараҷаи металлҳои сиёҳ равона карда мешавад.

Раванди истеҳсолот бо таҷҳизоти замонавӣ ба роҳ монда мешавад, ки он аз ҷиҳати экологӣ тоза ва бехатар аст.

Филузҳои металлӣ барои коркарди минбаъда ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон содир карда мешаванд.

Ҳадафи лоиҳа аз қонеъ намудани талаботи бозори минтақа ба ашёи хом иборат аст.

Дар раванди омӯзиши бозор, корхона ният дорад, ки намуди маҳсулотро тақвият диҳад.

Илова бар истеҳсоли филузҳои оҳанӣ, номгӯи маҳсулот ба арматураҳо, профилҳои металлӣ,блокҳо ва ғайра зиёд карда мешавад.

22 декабри соли ҷорӣ, дар Маъмурияти МОИ «Суғд» муаррифии тантанавиии субъекти нав сурат гирифта, ба корхонаи нав Тасдиқнома тақдим карда шуд.

Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Фирдавс Олимзода ба ширкати нав муваффақиятҳо ва комёбиҳои навро таманно намуд.

Маълумоти бештар
loading