Category: Ахборот

ТАШРИФИ НАМОЯНДАГОНИ ИДОРАИ ГУМРУКИ УРАЛИ ХАДАМОТИ ФЕДЕРОЛИИ ГУМРУКИ ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ БА МАЪМУРИЯТИ МОИ “СУҒД”

ТАШРИФИ НАМОЯНДАГОНИ ИДОРАИ ГУМРУКИ УРАЛИ ХАДАМОТИ ФЕДЕРОЛИИ ГУМРУКИ ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ БА МАЪМУРИЯТИ МОИ “СУҒД”

25 июли соли 2023 намояндагони Идораи гумруки Урали Хадамоти федералии гумруки Федератсияи Россия бо роҳбарии сардори Раёсати гумруки минтақаи Урали Федератсияи Россия Алексей Фролов ба Маъмурияти МОИ “Суғд” ташриф оварданд.  Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд”  Камолиддинзода И. дар дидбонгоҳи гумрукии Маъмурияти МОИ “Суғд” меҳмононро бо фаъолият ва шароиту имкониятҳои МОИ “Суғд” шинос намуданд.

  

 

Сипас меҳмонон аз фаъолияти ҶДММ “КФ Фортуна-Ко” ва ҶДММ “Азияполитекс”,  дидан  намуданд. 

Маълумоти бештар
ИШТИРОКИ НАМОЯНДАГОНИ МАЪМУРИЯТИ МОИ “СУҒД” ДАР НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «СУҒД-2023»

ИШТИРОКИ НАМОЯНДАГОНИ МАЪМУРИЯТИ МОИ “СУҒД” ДАР НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «СУҒД-2023»

23 июни соли ҷорӣ дар Қасри Варзиши шаҳри Хуҷанд маросими кушодашавии Намоишгоҳи байналмилалии «Суғд-2023» баргузор гардид, ки дар он намояндагони Маъмурияти МОИ «Сугд» ва субъектҳои он:  ҶСК “Ариана металл пласт”, ҶДММ КМ ТТ “Арча мебел”, ҶДММ КМ ТТ “Силкоат Бойя” ва ҶДММ “Арча” иштирок намуданд.

 

    

 

Дар намоишгоҳи мазкур зиёда аз 500 нафар меҳмонону соҳибкорон  аз Федератсияи Россия, Ҷумҳуриҳои Белорус, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Туркия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин, Арабистони Саудӣ, Покистон, Кореяи Ҷанубӣ, Фаронса, намояндагони ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ ва шарикони рушд, иштирок варзида, аз Намоишгоҳи байналмилалии «Суғд-2023» боздид намуданд.

    

  

     

Дар намоишгоҳ маҳсулотҳои ватаниро субъектҳои пешқадами МОИ “Суғд” ба намоиш гузоштанд. Бояд қайд намуд, ки Намоишгоҳи байналмилалии «Суғд-2023» санахои 22-24 идома ёфта, дар доираи он ташкилу баргузории як қатор форуму конфронсҳо ва мулоқотҳо дар назар дошта шуд, ки роҳбарияти Маъмурияти МОИ “Суғд” дар он иштирок намуда, як қатор Ёддошти Тафоҳум ва Созишномаи Ҳамкорӣ баста шуд.

Инчунин, дар номинатсияи иштирокчии фаъол дар чорабинии мазкур Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” ва субъектҳои он: ҶСК “Ариана металл пласт”, ҶДММ КМ ТТ “Арча мебел”, ҶДММ КМ ТТ “Силкоат Бойя” ва ҶДММ “Арча” аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд.

Маълумоти бештар
ТАШРИФИ САФИРИ ФАВҚУЛЛОДА ВА МУХТОРИ ҶУМҲУРИИ ТУРКИЯ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАЪМУРИЯТИ МОИ “СУҒД”

ТАШРИФИ САФИРИ ФАВҚУЛЛОДА ВА МУХТОРИ ҶУМҲУРИИ ТУРКИЯ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАЪМУРИЯТИ МОИ “СУҒД”

22 июни соли 2023 Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Умут Аҷар ба Маъмурияти МОИ “Суғд” ташриф оварданд.  Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Камолиддинзода И. меҳмононро хуш пазируфта, бо фаъолият ва шароиту имкониятҳои МОИ “Суғд” шинос намуданд.

  

 

Сипас меҳмонон аз фаъолияти корхонахои ҶДММ КМ ТТ “Таҷпроф”, ҶДММ КМ ТТ “Арча мебел” ва ҶДММ КМ ТТ  “Силкоат Бойя” дидан  намуданд.

 

 

 

Маълумоти бештар
ТАШРИФИ СОҲИБКОРОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО РОҲБАРИИ МУОВИНИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН СУЛАЙМОНЗОДА АКРАМ РАҲИМ БА МАЪМУРИЯТИ МОИ “СУҒД”

ТАШРИФИ СОҲИБКОРОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО РОҲБАРИИ МУОВИНИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН СУЛАЙМОНЗОДА АКРАМ РАҲИМ БА МАЪМУРИЯТИ МОИ “СУҒД”

22 июни соли 2023 бо роҳбарии муовини Раиси вилояти Хатлон Сулаймонзода Акрам Раҳим гурӯҳи соҳибкорони вилояти Хатлон ба Маъмурияти МОИ “Суғд” ташриф оварданд. Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Камолиддинзода И. меҳмононро дар маҷлисгоҳи Маъмурияти МОИ “Суғд” қабул намуда, доир ба фаъолият ва шароиту имкониятҳои МОИ “Суғд” маълумот доданд.

Сипас меҳмонон аз фаъолияти ҶДММ КМ ТТ “Таҷпроф ва ҶДММ “Азияполитекс” дидан  намуданд.

Маълумоти бештар
ТАШРИФИ МУОВИНИ ВАЗИРИ РУШДИ ИҚТИСОДИ ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ ВОЛВАЧ ДМИТРИЙ ВАЛЕРЕВИЧ БА МАЪМУРИЯТИ МОИ “СУҒД”

ТАШРИФИ МУОВИНИ ВАЗИРИ РУШДИ ИҚТИСОДИ ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ ВОЛВАЧ ДМИТРИЙ ВАЛЕРЕВИЧ БА МАЪМУРИЯТИ МОИ “СУҒД”

21 июни соли 2023 муовини Вазири рушди иқтисоди Федератсияи Россия Вольвач Дмитрий Валерьевич, якҷо бо муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ ба МОИ “Суғд” ташриф оварданд.  Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Камолиддинзода И. меҳмононро бо фаъолият ва шароиту имкониятҳои МОИ “Суғд” шинос намуданд.

  

Сипас меҳмонон аз фаъолияти ҶДММ КМ ТТ “Таҷпроф”, ҶДММ “Азияполитекс”, ҶДММ “КФ Фартуна-Ко”ва ҶДММ КМ ТТ “Арча мебел”,  дидан  намуданд.

Маълумоти бештар
Тасдиқномаи ҳуқуқи истифодаи имтиёзҳои андоз ва гумрукӣ аз ҷониби МОИ «Суғд» ба ҶДММ «Ситораи Аср» дода шуд

Тасдиқномаи ҳуқуқи истифодаи имтиёзҳои андоз ва гумрукӣ аз ҷониби МОИ «Суғд» ба ҶДММ «Ситораи Аср» дода шуд

2 июни соли 2023 Маъмурияти МОИ «Суғд» маросими супоридани тасдиқномаи мақоми субъекти МОИ «Суғд» ба корхонаи нав баргузор гардид. Роҳбари Маъмурияти МОИ «Суғд» Камолиддинзода И. ба директори Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Ситораи Аср» дар фаъолияташ муваффақиятҳои калон ва натиҷаҳои назаррас таманно намуд.

Дар доираи лоиҳа истеҳсоли блокҳо барои мошинҳои кишоварзӣ пешбинӣ шудаанд.

Ҳаҷми эъломшудаи сармоягузорӣ ин ширкат 500 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, ки аз ҳисоби сармояи худи сармоягузори рус амалӣ мешавад.

Маълумоти бештар
ТАШРИФИ ДОИРАИ СОҲИБКОРОНИ ВИЛОЯТИ ЧЕЛЯБИНСК ВА ПАЛАТАИ САВДО ВА САНОАТИ МИНТАҚАИ УРАЛИ ҶАНУБИИ ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ БА МАЪМУРИЯТИ МОИ “СУҒД”

ТАШРИФИ ДОИРАИ СОҲИБКОРОНИ ВИЛОЯТИ ЧЕЛЯБИНСК ВА ПАЛАТАИ САВДО ВА САНОАТИ МИНТАҚАИ УРАЛИ ҶАНУБИИ ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ БА МАЪМУРИЯТИ МОИ “СУҒД”

12 майи соли 2023 гуруҳи соҳибкорон аз вилояти Челябински Федератсияи Россия, бо роҳбарии муовини Губернатори вилояти Челябинск Сушков С. Ю. ва Президенти Палатаи савдо ва саноати минтақаи Урали ҷанубӣ Дегтярёв Ф. Л., якҷо бо муовини Раиси вилояти Суғд  Яъқубӣ А. ба МОИ “Суғд” ташриф оварданд.  Муовини якуми роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд”  Зикриёзода С. меҳмононро бо фаъолият ва шароиту имкониятҳои МОИ “Суғд” шинос намуд.

Сипас меҳмонон аз фаъолияти ҶДММ КМ ТТ “Таҷпроф”, ҶДММ “Азияполитекс”, ҶДММ КФ “Фортуна-Ко”, ҶДММ КМ ТТ “Арча мебел”,  ва ҶСК “Ариана Металл Пласт” дидан  намуданд.

 

Маълумоти бештар
ИШТИРОКИ НАМОЯНДАГОНИ МАЪМУРИЯТИ МОИ СУҒД ДАР ФОРУМИ ДУЮМИ БАЙНАЛМИЛЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ ТОШКАНД

ИШТИРОКИ НАМОЯНДАГОНИ МАЪМУРИЯТИ МОИ СУҒД ДАР ФОРУМИ ДУЮМИ БАЙНАЛМИЛЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ ТОШКАНД

27-28 апрели соли 2023 намояндагони Маъмурияти МОИ “Суғд” дар Форуми дуюми байналмиллалии сармоягузории Тошканд дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон иштирок намуданд.

Бояд қайд намуд, ки дар доираи форуми мазкур намояндагони Маъмурияти МОИ “Суғд” дар панелҳои алоҳидаи он вобаста ба мавзӯъҳои истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ, соҳаи нассоҷӣ, коркарди пӯст, савдои электронӣ ва неъруӣ сармоягузории шаҳри Тошканд иштирок намуданд.

 

Ҳамчунин дар раванди чорабинӣ бо доираҳои соҳибкорону сармоягузорони давлатҳои Ӯзбекистон, Россия, Кореяи Ҷанубӣ, Ҳиндустон, Туркия, ИМА, Чопон, Иордания, Арабистони Саудӣ ва Туркманистон гуфтушунидҳои судманд анҷом дода, оид ба фазои хуби сармоягузорӣ ва афзалиятҳои Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” бо мақсади  таъсиси корхонаҳои нави истеҳсолию хизматрасонӣ дар ҳудуди МОИ “Суғд” маълумот дода шуд.

  

Маълумоти бештар
БА ИМЗО РАСОНИДАНИ СОЗИШНОМАИ  ҲАМКОРӢ БАЙНИ МД ММОИ «СУҒД»  ВА КЛАСТЕРИ САНОАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОТОРИСТОН

БА ИМЗО РАСОНИДАНИ СОЗИШНОМАИ ҲАМКОРӢ БАЙНИ МД ММОИ «СУҒД» ВА КЛАСТЕРИ САНОАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОТОРИСТОН

3 майи соли 2023 дар шаҳри Душанбе Роҳбари Маъмурияти МОИ «Суғд» Камолиддинзода И.Ҷ. бо ҳайати Кластери саноатии Ҷумҳурии Тотористон вохӯрӣ оиди ҳамкорӣ баргузор намуд.

  

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо як қатор мавзӯъҳои ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва роҳандозии шарикии дарозмуддатро баррасӣ намуданд.

 

 

Дар натиҷаи вохўрӣ Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Роҳбари Маъмурияти МОИ «Суғд» Камолиддинзода И.Ҷ. ва Раиси Раёсати Кластери саноатии Ҷумҳурии Тотористон Майоров С.В. баста шуд.

Маълумоти бештар
ТАШРИФИ НАМОЯНДАГОНИ БОНКИ ОСИЁГИИ PУШД БА МОИ “СУҒД”

ТАШРИФИ НАМОЯНДАГОНИ БОНКИ ОСИЁГИИ PУШД БА МОИ “СУҒД”

28 апрели соли 2023 ташрифи намояндаи доимии Бонки Осиёгии Рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо сардории мушовири байналмилалӣ Ҷаноби Энди Джи ва мушовири маҳаллӣ хонум Ёқубзода Фарида ба МОИ “Суғд” доир гардид.

 

Дар ҷаласа роҳбарияти Маъмурияти МОИ “Суғд” ва Эшонов Хайём сардори Раёсати маъмуригардонии минтақаҳои озоди иқтисодии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин як қатор роҳбарону намояндагони субъектони МОИ “Суғд” иштирок доштанд.

   

Дар доираи ҷаласа роҳбарияти Маъмурияти МОИ “Суғд” ва намояндагони субъектҳои минтақа, бо намояндагони Бонки Осиёгии Рушд ҷиҳати набудани роҳи оҳан дар ҳудуди минтақа, ва мушкилоти воридоту  содирот намудани маҳсулоти истеҳсолшудаи субъетҳо аз ҳудуди минтақа баррасӣ гардид. Зимни гуфтушунидҳо дар доираи ҳали масъалаи дар боло зикргардида ва бартараф намудани камбудиҳо пешниҳодҳо шунида шуд.      

 Дар охир меҳмонон бо раванди фаъолияти як қатор субъектони МОИ “Суғд” аз ҷумла ҶДММ КФ “Фортуна Ко”, ҶДММ КМ ТТ “Арча мебел”, ҶДММ “Азияполитекс” шиносоӣ пайдо намуданд.

Маълумоти бештар
loading