Санаи 25-уми октябри соли 2025 ба Маъмурияти МОИ “Суғд” муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Солеҳзода Ашурбой Абдувоҳид ташриф оварданд. Мақсади сафари корӣ шиносоӣ аз рафти фаъолияти Маъмурияти МОИ «Суғд», огоҳӣ аз раванди корҳои сохтмонии субъектҳои МОИ “Суғд” буд.
Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Муҳаммадзода Муҳаммад Султон меҳмони олиқадрро хуш пазируфта, ба муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳзода А.А. оиди рафти корҳои сохтмонӣ ва вазъи объектҳои ҷашнӣ гузориши муфассал пешниҳод намуданд.
Дар доираи сафари корӣ муовини якуми Вазир Солеҳзода Ашурбой Абдувоҳид ба корхонаи ҶДММ «Донаи Алмос» ташриф оварда аз тадбирҳои омодагӣ барои истиқболи меҳмонони олиқадр дидан намуданд. Баъдан, вазъияти сохтмони ҶДММ «Сайр Суғд»-ро аз наздик дидан намуданд, сипас аз раванди корҳои ҷорӣ ва омодагӣ ба ташрифи меҳмонони олиқадр бинои нави Маъмурияти МОИ «Суғд»-ро аз назар гузаронида, аз корҳои ташкилотӣ шинос гардиданд.






Санаи 24-уми октябри соли 2025 намояндагони ширкати “Салар санг”-и Эрон бо сарварии оғои Деҳқон Муҳаммад ба Маъмурияти МОИ “Суғд” ташриф оварданд.
Муовини роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Ҳакимов Н.А., меҳмононро хуш пазируфта, оиди фаъолият, имтиёз ва бартариҳои МОИ “Суғд” маълумоти мушаххас доданд.
Дар рафти вохӯрӣ меҳмонон қайд намуданд, ки ширкати “Салар санг” дар Эрон истеҳсоли сангҳои сунъӣ бо истифодаи ашёи хоми маҳаллӣ ба роҳ мондааст ва нақша дорад, ки ин самти фаъолияташро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода бо технологияҳои нави замонавӣ ташкил диҳад.
Пас аз мулоқоти судманд меҳмонон қайд намуданд, ки дар оянда баҳри ҳамкориҳои иқтисодӣ вобаста аз шароити мусоиди сармоягузорӣ дар МОИ “Суғд” ҳамкориро идома диҳанд.

Санаи 29-уми сентябри соли 2025 намояндагони ширкати “Yangzhou Bright Solar Solutions”-и Ҷумҳурии Халқии Чин бо мақсади шиносоӣ аз имкониятҳои сармоягузорӣ ба Маъмурияти МОИ “Суғд” ташриф намуданд.
Меҳмононро Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Муҳаммадзода М.С. дар маҷлисгоҳи Маъмурият хуш пазируфта, оиди фаъолият, имтиёз ва бартариҳои МОИ “Суғд” маълумоти мушаххас доданд.
Ҷаноби Франк Лианг оиди фаъолияти ширкати худ, ки ба истеҳсоли панелҳои офтобӣ машғул аст маълумот дода, бобати дар оянда ҳамкорӣ намудан бо Маъмурият ва субъектони МОИ “Суғд”-ро қайд намуданд.
Аз ин лиҳоз, санаи 30 сентябри соли 2025 дар бинои Маъмурияти МОИ “Суғд” муаррифинамоии ширкати мазкур барои роҳбарон ва намояндагони субъектони МОИ “Суғд” гузаронида шуд.
Соҳибкорони Ҷумҳурии Халқии Чин, ҷаноби Франк Лианг оиди фаъолияти ширкати худ, маълумот дода, қайд намуд, ки ширкат яке аз таъминкунандаи доираи васеи маҳсулоти системаҳои энергетикии офтобӣ, системаҳои нигаҳдории энергия (BESS), батареяҳои офтобӣ ва батареяҳои литий, панелҳои офтобӣ, контейнерҳои нигоҳдории энергия, инверторҳо, контроллерҳо, насосҳои обии офтобӣ ва чароғҳои сари роҳи офтобӣ машғул аст.
Инчунин ӯ қайд намуд, ки маҳсулотҳои ширкат ба 159 кишвар ва минтақаҳои ҷаҳон бомуваффақият амалӣ карда шуда, ҳамкориро бо шариконаш ба мӯҳлати дарозмуддат ба роҳ монда барои ҳамаи мизоҷони худ нархҳои рақобатпазир ва барои шарикони доимии худ нархҳои махсуси дастрасро пешниҳод менамоем.
Дар охир намояндагони ширкат ба саволҳои пешниҳод гардида посух дода бобати ҳамкори намудан дар ин самт сӯҳбат гузарониданд.
Санаи 26 сентябри соли 2025 мушовири иқтисодӣ, сардори шуъбаи иқтисодӣ, идораи иқтисодӣ ва экологии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо бо мақсади шиносоӣ аз фаъолият ва имкониятҳо ба Маъмурияти МОИ “Суғд” ташриф оварданд.
Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Муҳаммадзода Муҳаммад Султон дар маҷлисгоҳи Маъмурият меҳмононро истиқбол намуданд ва ба меҳмонон доир ба афзалият, лоиҳаҳои авзалиятнок ва бартариҳои МОИ “Суғд” маълумоти мушаххас доданд. Инчунин онҳо якчанд лоиҳаҳо ва имкониятҳои ҳамкории минбаъдаро музокира намуданд.
Санаи 27-уми сентябри соли 2025 Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Султон Нурмаҳмадпур бо сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилояти Суғд Шарифҷон Ахмедов ба МОИ “Суғд” ташриф оварданд.
Муовини роҳбари МОИ “Суғд” Ҳакимов Н.А., дар даромадгоҳи МОИ “Суғд” меҳмононро хуш пазируфта доир ба рафти фаъолияти маъмурият ва рафти сохтмон дар ҳудуди МОИ “Суғд” ба меҳмонон маълумот доданд.
Сипас меҳмонон аз фаъолияти якчанд субъектҳои МОИ “Суғд” аз ҷумла: ҶДММ “Азияполитекс”, ҶДММ КМ ТТ “Арча-Мебел”, ҶДММ “Донаи Алмос” боздид намуда бо масъулини корхонаҳои мазкур доир ба раванди истеҳсоли маҳсулот саволу ҷавоб намуданд.
Инчунин меҳмонон аз рафти корҳои сохтмонии ҶДММ “Сайр Суғд” ва бинои нави Маъмурияти МОИ “Суғд” шиносоӣ намуданд.




Санаи 23-юми сентябри соли 2025 ташрифи намояндагони соҳаи сайёҳии Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Россия ба Маъмурияти МОИ “Суғд” доир гардид.
Роҳбари МОИ “Суғд” Муҳаммадзода М,С., дар даромадгоҳи МОИ “Суғд” меҳмононро хуш пазируфта доир ба фаъолият, афзалият ва имтиёзҳои МОИ “Суғд” маълумот доданднд.
Сипас меҳмонон аз фаъолияти якчанд субъекҳои МОИ “Суғд” аз ҷумла: ҶДММ “Азияполитекс”, ҶДММ “КФ Фортуна-Ко”, ҶДММ КМ ТТ “Арча-Мебел”, ҶДММ КМ ТТ “Афранг Пластик” ва ҶДММ “Сайёҳи Суғд” боздид намуда бо масъулини корхонаҳои мазкур доир ба раванди истеҳсоли маҳсулот саволу ҷавоб намуданд.