Category: Ахборот

СУПОРИДАНИ ТАСДИҚНОМАИ МАҚОМИ СУБЪЕКТИ МОИ “СУҒД” БА ҶДММ “РАЙАН”

СУПОРИДАНИ ТАСДИҚНОМАИ МАҚОМИ СУБЪЕКТИ МОИ “СУҒД” БА ҶДММ “РАЙАН”

Сани 10 феврали соли 2026 зимни баргузории нишасти матбуотӣ, дар Маъмурияти МОИ “Суғд” субъекти нав бо номи ҶДММ “Райан” ба қайд гирифта шуд. Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Муҳаммадзода Муҳаммад Султон дар ҳузури намояндагони ВАО, Тасдиқномаи субъекти МОИ “Суғд”-ро ба роҳбари корхона Тоҷибоев Амирҷон супориданд.
Бояд қайд намуд, ки ҶДММ “Райан” аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Исомуддинова Мафтуна Салоҳидиновна таъсис дода шуда, самти фаъолияти корхонаи мазкур дар оянда, ба истеҳсоли нушокиҳои ташнашикан, коркард ва консервакунонии меваҷоту сабзавот равона гардидааст.
Дар охир Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Муҳаммадзода М. С. ба роҳбари корхонаи мазкур барору комёбиҳо баҳри таъсиси корхонаи нав иброз доштанд.

 

НИШАСТИ МАТБУОТӢ ОИД БА ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ МАЪМУРИЯТИ МОИ “СУҒД” ДАР СОЛИ 2025

НИШАСТИ МАТБУОТӢ ОИД БА ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ МАЪМУРИЯТИ МОИ “СУҒД” ДАР СОЛИ 2025

 
Санаи 10 феврали соли 2026 дар маҷлисгоҳи Маъмурияти МОИ “Суғд” нишасти матбуотӣ доир ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти иҷтимоию иқтисодии МОИ “Суғд” дар соли 2025 баргузор гардид, ки дар он Роҳбари Маъмурият Муҳаммадзода Муҳаммад Султон ба намояндагони ВАО оид ба дастовардҳои МОИ “Суғд” иттиллоъ доданд.
Нахуст, Роҳбари Маъмурият намояндагони ВАО-ро ба бинои нави Маъмурияти МОИ “Суғд” хуш пазируфта, саҳми аҳли қаламро ба рушди МОИ “Суғд” хуб арзёбӣ намуданд.
Зимни баромад қайд карда шуд, ки Маъмурияти МОИ “Суғд” дар соли 2025 ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, супоришҳо ва фармоишҳои бевоситаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ”, Низомномаи минтақаи озоди иқтисодии “Суғд”, Нақшаи кории минтақа барои соли 2025 тадбирҳои зуруриро роҳандозӣ намуда, фаъолият бурда истодааст.
Зикр карда шуд, ки натиҷаҳои фаъолияти иҷтимоию иқтисодии МОИ “Суғд” дар соли 2025 нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 хело рушд ёфтааст, ба монанди бақайдгирии субъектҳои нав, ҷалби бештари сармоягузориҳо, таъсиси субъекҳои нав, зиёд намудани ҷойҳои нави корӣ, рақамикунонии хизматрасониҳо, беҳтар шудани инфрасохтори МОИ “Суғд” мисоли ин гуфтаҳост.
Ҳамзамон намояндагони васоити ахбори омма ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифта, вобаста ба масъалаҳои муҳими соҳа мубодилаи афкор сурат гирифт.
Нишасти матбуотӣ дар фазои ошкоро ва ҳамкории судманд баргузор гардида, ба таҳкими робитаҳои МОИ “Суғд” бо ВАО мусоидат намуд.
Дар охир Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Муҳаммадзода М.С. ба намояндагони васоити ахбори омма изҳори миннатдории хешро бобати ҳамкории доимӣ бо МОИ “Суғд” баён дошта, як қатор намояндагони ВАО-ро бо Сипосномаи Маъмурияти МОИ “Суғд” қадрдонӣ намуданд.
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
Муколамаи маҷозӣ дар бораи рушд: Маъмурияти МОИ «Суғд» ва Маъмурияти МОИ «Могилёв» дар бораи имкониятҳои ҳамкорӣ тиҷоратӣ-иқтисодӣ муошират намуданд

Муколамаи маҷозӣ дар бораи рушд: Маъмурияти МОИ «Суғд» ва Маъмурияти МОИ «Могилёв» дар бораи имкониятҳои ҳамкорӣ тиҷоратӣ-иқтисодӣ муошират намуданд

5 феврали соли 2026 байни Маъмурияти МОИ «Суғд» (Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва Маъмурияти МОИ «Могилёв» (Ҷумҳурии Белорус) мулоқоти самараноки онлайнӣ баргузор гардид. Чорабинӣ дар фазои муколамаи созанда, ки асоси он Ёддошти тафовуми ҳамкорӣ мебошад.

Аз тарафи МОИ «Суғд» вохӯриро муовини якуми роҳбари Маъмурият Ҳакимов Насим Абдуганиевич сарварӣ кард. Ӯро муовини роҳбари Маъмурияти МОИ «Суғд» Диловаршо Неъматзода ва сардори шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ ва ҷалби сармоягузорӣ Каюмова Муҳайё ҳамроҳӣ карданд.

Намояндагии МОИ «Могилёв»-ро муовини сардори маъмурият Виталий Владимирович Игнатович, сардори шуъбаи сармоягузорӣ ва робитаҳои хориҷии иқтисодӣ Оксана Александровна Пантус ва мутахассиси пешбари ҳамин шуъба Ирина Михайловна Мартинович ташкил медоданд.

Дар гуфтушунид имкониятҳои амалигардонии ҳамкорҳои дурнамо баҳс гардида, тарафҳо оид ба созишҳои ҷорӣ мавқеъҳоро аниқ карда, чораҳои амалӣ гардонидани онҳоро муайян намуданд.

Инчунин дар рафти вохӯрии маҷозӣ нишондодҳои иқтисодии ва имкониятҳои инфрасохтории ҳарду тараф ва пешниҳодҳо тариқи рунамо баррасӣ гардиданд.

Дар рафти вохӯри ҷонибҳо имкониятҳои содиротии маҳсулотҳои ба кишварҳо заруриро муҳокима карда, оид ба харидори намудани молҳои махсус, ки ба талаботи бозори ду кишвар ниёз доранд ва ба манфиати тиҷоратии мутақобила мебошанд, суҳбат карданд.

Барои ҷоннок кардани ҳамкорӣ самтҳои заруриро пешниҳод намуданд, ки ба афзоиши содироти мустақим мусоидат мекунанд.

Иштирокчиёни вохӯрӣ якдилона изҳор намуданд, ки мустаҳкам намудани ҳамкори байни МОИ «Суғд» ва МОИ «Могилёв»  имкониятҳои нав барои субъетҳои ҳарду тараф замина гузошта, барои васеъ намудани бозорҳо ва афзоиши мубодилаи тиҷоратии дуҷониба мусоидат мекунад.

Гуфтушунидҳои баргузоршуда ин як қадами дигари низомӣ дар рушди муносибатҳои дарозмуддати дуҷониба байни минтақаҳои озоди иқтисоди мегардад, ки мақсади ниҳоии онҳо — эҷоди шароити мусоид барои тиҷорат ва сармоягузорӣ мебошад.

ВОХУРИИ МУОВИНИ ЯКУМИ РАИСИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ МАЛИКШО НЕЪМАТЗОДА ДАР МАҶЛИСГОҲИ МАЪМУРИЯТИ МОИ “СУҒД” БО ИШТИРОКИ РОҲБАРИЯТ ВА СУБЪЕКТҲОИ МИНТАҚА, ОИД БА ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ВОХУРИИ МУОВИНИ ЯКУМИ РАИСИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ МАЛИКШО НЕЪМАТЗОДА ДАР МАҶЛИСГОҲИ МАЪМУРИЯТИ МОИ “СУҒД” БО ИШТИРОКИ РОҲБАРИЯТ ВА СУБЪЕКТҲОИ МИНТАҚА, ОИД БА ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Санаи 29 январи соли 2025 дар маҷлисгоҳи Маъмурияти МОИ “Суғд” мулоқоти муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Маликшо Неъматзода бо намояндагони Маъмурияти МОИ “Суғд, роҳбарияти субъекҳо ва ҳайати устодону донишҷӯёни Донишкадаи саноат ва хизматрасонӣ баргузор гардид.

Сухани ифтитоҳиро Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Муҳаммадзода Муҳаммад Султон ҳусни оғоз бахшида, сипоси самимии худро ба муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Маликшо Неъматзода ва Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Салимзода Ҷаҳонгир бобати ҳамкорӣ ва дастгириҳои пайваста ба МОИ “Суғд” баён намуданд.

 

Зимни суханронӣ муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Маликшо Неъматзода таъкид намуд, ки Паёми Пешвои миллат ҳамчун ҳуҷҷати муҳими сиёсиву барномавӣ самтҳои афзалиятноки рушди иҷтимоию иқтисоди кишварро муайян намуда, барои саноатчиён ва ҷавонони кишвар вазифаҳои мушаххас мегузорад.

Ҳамзамон, зикр гардид, ки иштироки фаъолонаи ҷавонон, бахусус, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ, дар татбиқи ҳадафҳои Паём омили муҳими пешрафти соҳаи саноат ба шумор рафта, робитаи зичи истеҳсолот бо илм ва таҳсилот метавонад ба омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат мусоидат намояд.

Инчунин, Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” бо изҳори умед ва боварии аниқ бобати таъасуроти олӣ гирифтани намояндагони Маъмурият, соҳаи саноат ва донишҷуён аз ин мулоқоти судманд, ҳамзамон ба ин васила дар оянда зиёд намудани аъзоёни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар ташкилоти ибтидоии ҲХДТ “Ватандӯст” ва дигар ташкилотҳои ибтидоии субъектҳо қайд гардид.

Дар охири ҷаласа ба роҳбарияти субъектҳои фаъоли Маъмурияти МОИ “Суғд”  аз ҷумла: ҶДММ “Реал”, ҶДММ “Донаи Алмос”, ҶДММ “Стар Плат” ва ҶДММ КМТТ “Афранг Пластик” аз ҷониби муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Маликшо Неъматзода бо сипосномаҳои Маъмурияти МОИ “Суғд” қадрдонӣ гардида, ба 20 нафар кормандони Маъмурият ҳамчун аъзои нав шаҳодатномаҳои ҲХДТ супорида шуд.

МАЪРАКАИ ШИНОНИДАНИ ДАРАХТОНИ ҲАМЕШАСАБЗ ВА АЁДАТИ СОБИҚАДОРОНИ МЕҲНАТ ДАР ДАРОМАДГОҲИ БИНОИ НАВИ МАЪМУРИЯТИ МОИ “СУҒД”

МАЪРАКАИ ШИНОНИДАНИ ДАРАХТОНИ ҲАМЕШАСАБЗ ВА АЁДАТИ СОБИҚАДОРОНИ МЕҲНАТ ДАР ДАРОМАДГОҲИ БИНОИ НАВИ МАЪМУРИЯТИ МОИ “СУҒД”

    Ҳамзамон, дар доираи боздид дар саҳни бинои нави Маъмурияти МОИ “Суғд” бо иштироки муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Маликшо Неъматзода ва роҳбарияти Маъмурияти МОИ “Суғд” маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид. Қайд карда шуд, ки шинонидани дарахтони ҳамешасабз дар оянда барои тоза нигоҳ доштани ҳаво ва баланд бардоштани сатҳи экологии МОИ “Суғд” нақши муҳим дорад. Аз ҷониби Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” қайд гардид, ки чорабиниҳои сабзгардонӣ дар минтақа чун анъана ба роҳ монда шудааст ва минбаъд низ идома меёбад.

 

   Инчунин, дар доира сафари корӣ аз ҷониби  муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Маликшо Неъматзода аёдати собиқадорони меҳнати субъектҳои минтақа дар даромадгоҳи Маъмурияти МОИ “Суғд баргузор гардид. Зимни аёдати собиқадарони соҳа мулоқоти самимӣ анҷом дода, заҳмати чандинсолаи онҳоро дар рушди соҳаи саноат, таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ ва омода намудани мутахассисони соҳибтаҷриба махсус таъкид гардид. Собиқадорони соҳаи саноат барои таваҷҷӯҳ ва қадрдонии пайвастаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ баён намуданд.

БОЗДИДИ МУОВИНИ ЯКУМИ РАИСИ ҲИЗБИ ХАЛҚИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ МАЛИКШО НЕЪМАТЗОДА АЗ ФАЪОЛИЯТИ МОИ “СУҒД”

БОЗДИДИ МУОВИНИ ЯКУМИ РАИСИ ҲИЗБИ ХАЛҚИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ МАЛИКШО НЕЪМАТЗОДА АЗ ФАЪОЛИЯТИ МОИ “СУҒД”

Дар доира сафари корӣ муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Маликшо Неъматзода санаи 29 январи соли 2026 аз фаъолияти МОИ “Суғд” боздид ба амал оварданд.

​Меҳмони олиқадрро Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Муҳаммадзода Муҳаммад Султон дар даромадгоҳи минтақа хуш пазируфта, аз фаъолияти субектҳои МОИ “Суғд” шинос намуданд.

 

 

 

 

 

 

​Зимни боздид муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Маликшо Неъматзода бо ҷараёни фаъолияти истеҳсолӣ, бо истифодаи иқтидорҳои мавҷуда, татбиқи технологияҳои муосир, ва шароити меҳнатии кормандон шинос гардида ба сифати маҳсулоти субъектҳо: ҶДММ “Азияполитекс” ва ҶДММ КМ ТТ “Афранг Пластик” баҳои баланд доданд.

 

Ташкилоти намояндаи лоиҳаи (РУМТИ) HELVETAS Swiss intercooperation ба  МОИ “Суғд” ташриф оварданд

Ташкилоти намояндаи лоиҳаи (РУМТИ) HELVETAS Swiss intercooperation ба МОИ “Суғд” ташриф оварданд

Cанаи 28 январи соли 2026 ташкилоти намояндаи лоиҳаи (РУМТИ) HELVETAS Swiss intercooperation дар доираи лоиҳа бо сафари омузишӣ ба  Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” ташриф оварданд.

Намояндаи лоиҳаи (РУМТИ) HELVETAS Swiss intercooperation таҳти робарии Боронов Абдулвоҳид аз рафти истеҳсоли меҳсулоти ҶДММ “Азияполитекс” диданд намуданд.

Сипас меҳмонон аз рафти истеҳсоли ҶДММ “Донаи Алмос” шиносои пайдо карда, бевосита бо роҳбари корхона сӯҳбат гузарониданд.

Инчунин меҳмонон аз рафти корҳои сохтмонии Маркази логистикӣ боздид ва шиносоӣ гардиданд.

 

Пас аз боздиди корхонаҳои истеҳсолӣ ҳайати меҳмонон инчунин ба Маъмурияти МОИ “Суғд” ташриф оварданд.

Меҳмононро Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Муҳаммадзода Муҳаммад Султон дар маҷлисгоҳи Маъмурият хуш пазируфта, доир ба фаъолият ва афзалияту имтиёзҳои минтақа ба ҳайати маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.

Намояндаи лоиҳаи (РУМТИ) HELVETAS Swiss intercooperation аз рафти истеҳсоли меҳсулоти ҶДММ “Азияполитекс” диданд намуданд.

Намояндагои лоиҳаи HELVETAS Swiss intercooperation таҳти робарии Боронов Абдулвоҳид ба роҳбари маъмурият исҳори миннатддори барои пешвоз ва пушниҳоди маълумот мӯҳтавори баён намуда иброз кард, ки барои идома ва густариши намудани ҳамкорӣ ҷораҳо меандешад.  

Намояндагони лоиҳаи «HELVETAS Swiss Intercooperation» таҳти роҳбарии Боронов Абдулвоҳид, ба роҳбарияти маъмурият барои фароҳамии вохӯрӣ ва пешниҳоди маълумоти муфид исҳори миннатдории баён карданд.  

Меҳмонон ин вохӯриро заминаи мустаҳкам барои идома ва васеъ кардани ҳамкориҳо арзёбӣ намуда, қайд карданд таваҷҷуҳи худро ба мубодилаи таҷрибаҳои амалӣ дар соҳаи истеҳсолӣ самаранок равона месозанд.

ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИИ ФАЪОЛИЯТИ КОРИИ МАЪМУРИЯТИ МОИ “СУҒД” ДАР СОЛИ 2025 ВА ВАЗИФАГУЗОРИҲО БАРОИ СОЛИ 2026

ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИИ ФАЪОЛИЯТИ КОРИИ МАЪМУРИЯТИ МОИ “СУҒД” ДАР СОЛИ 2025 ВА ВАЗИФАГУЗОРИҲО БАРОИ СОЛИ 2026

Санаи 20 январи соли 2026 дар маҷлисгоҳи Маъмурияти МОИ “Суғд” ҷаласаи корӣ таҳти роҳбарии Роҳбари Маъмурият Муҳаммадзода Муҳаммад Султон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Маъмурият ва субъектҳои МОИ “Суғд” дар соли 2025 ва ҳамчунин вазифагузориҳо барои соли 2026 баргузор гардид.

    Дар ҷаласа муовинони Роҳбари Маъмурият, сардорони шуъбаҳо ва бахшҳо, роҳбарон ва сармуҳосибони субъектҳои минтақа иштирок намуданд.

   Ҷаласа бо суханони ифтитоҳи Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Муҳаммадзода М. С. ҳусни оғоз гардида, оид ба ҷамъбасти натиҷаи фаъолияти Маъмурияти МОИ “Суғд” дар соли 2025 аз ҷониби муовини якуми Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Ҳакимов Насимҷон Абдуғаниевич гузориши муфассал тариқи рӯнамо пешниҳод гардид.

    Муҳаммадзода М. С.  ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, вобаста ба самти саноатикунонии кишвар ва таваҷҷӯҳи хос ба соҳибкорон бобати зиёд намудани шумораи ҷойҳои кории нав дар Паёми навбатиашон, ки санаи 16 декабри соли 2025 ироа карда буданд, иштирокчиёни ҷаласаро вазифагузорӣ намуданд.

    Ҳамзамон, Роҳбари Маъмурият фаъолияти  Маъмурияти МОИ “Суғд” ва субъектони минтақаро дар соли 2025 хуб арзёбӣ намуда, баҳри боз ҳам баланд бардоштани самаранокии фаъолият, беҳтар намудани ҳолати инфрасохтор, зиёд намудани ҷойҳои кории нав, сари вақт пардохт намудани маблағи барқ, иҷораи замин, зиёд намудани музди миёнаи маоши кормандон, насби панелҳои офтобӣ дар корхонаҳо, ташкили шанбегиҳо дар минтақа, шинонидани дарахтони ҳамешасабз ва гулҳои мавсимӣ дар саҳни корхонаҳо, давом додани роҳи пиёдагард дар шафати роҳҳои асосии минтақа ба масъулин дастуру супоришҳо доданд.

Ҳамчунин, дар охири ҷаласа Роҳбарият барои боз ҳам ҷоннок намудани корҳои истеҳсолию содиротӣ ва ҷалби сармоягузории дохилию хориҷӣ дастуру тавсияҳо доданд.    

ТАШРИФИ ҲАЙАТИ САРМОЯГУЗОРОНИ ҶУМҲУРИИ ҚИРҒИЗИСТОН БА МОИ “СУҒД”

ТАШРИФИ ҲАЙАТИ САРМОЯГУЗОРОНИ ҶУМҲУРИИ ҚИРҒИЗИСТОН БА МОИ “СУҒД”

 Санаи 19 январи соли 2026 ба МОИ “Суғд” ҳайати сармоягузорони Ҷумҳурии Қирғизистон таҳти роҳбарии намояндаи Иттиҳодияи дӯзандаҳои қирғизӣ ҷаноби Элбек Хабибуллоев, хонум Дуйшабаева Дилорамхан ва роҳбари Ширкати нассоҷии ҶДММ “Ecotex”-и Ҷумҳурии Қирғизистон хонум Жолдошова Айгул Нурматовна бо мақсади боздид аз МОИ “Суғд” ташриф намуданд.

Ҳайати меҳмононро муовини якуми Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд”,  Ҳакимов Н. А., ва муовини Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд”, Неъматзода Д. М., дар даромадгоҳи МОИ “Суғд” хуш пазируфта, доир ба фаъолият ва афзалияту имтиёзҳои минтақа ба ҳайати сармоягузорони Ҷумҳурии Қирғизистон маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.

Ҳамзамон, Роҳбарияти Маъмурияти МОИ “Суғд”  сармоягузоронро аз рафти фаъолияти субъекти МОИ “Суғд” ҶДММ “Азияполитекс”, ки самти фаъолияташ бо фаъолияти ширкати ташрифнамуда монандӣ дорад, шинос намуданд.

Баъди шиносои аз ҷараёни истеҳсоли маҳсулот ва гуфтушунид ҳайати сармоягузорони Ҷумҳурии Қирғизистонбо роҳбарияти корхона,  баҳри дар оянда шартномаи ҳамкорӣ бастанро мувофиқи мақсад шуморидан.

    Дар охир ҷонибҳо омодагии худро баҳри таҳкими минбаъдаи муносибатҳои иқтисодӣ изҳор намуданд.

ТАШРИФИ ДОВТАЛАБОН АЗ  ШИРКАТИ “ФУЮ”-И ШАҲРИ ЯНГ ЧУАН, ВИЛОЯТИ ШАНСИ-И ҶУМҲУРИИ МАРДУМУИИ ЧИН БА МОИ “СУҒД”

ТАШРИФИ ДОВТАЛАБОН АЗ ШИРКАТИ “ФУЮ”-И ШАҲРИ ЯНГ ЧУАН, ВИЛОЯТИ ШАНСИ-И ҶУМҲУРИИ МАРДУМУИИ ЧИН БА МОИ “СУҒД”

Имруз ба Маъмурияти МОИ “Суғд” ташрифи довталабон аз ширкати “Фую”-и шаҳри Янг Чуан,  вилояти Шанси-и Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳти роҳбарии муассиси ширкат ҷаноби Фу Юаншен, Директори ширкат ҷаноби Гуо Ҷианбин   ва муовини ширкат хонум Янг Фуян доир гардид.

    Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Муҳаммадзода Муҳаммад Султон меҳмононро дар маҷлисгоҳи Маъмурият истиқбол намуда, доир ба фаъолият, имконият, имтиёз ва мавқеъи ҷойгиршавии МОИ “Суғд” маълумот доданд. Ҳамчунин аз ҷониби сармутахассиси шуъбаи муносибатҳои байналмиллалӣ ва ҷалби сармоягузорӣ Ҳалимбойзода Озодҷон ба довталабон тариқи муаррифинамоӣ (презентасия) маълумоти мушаххас пешниҳод гардид, ки меҳмонон бо имтиёзҳои МОИ “Суғд” шинос шуданд.

     Инчунин аз ҷониби муассиси ширкат ҷаноби Фу Юаншен доир ба самтҳои фаъолияти ширкат, ҳадафҳои асосӣ ва нақшаҳои минбаъдаи ширкати худ каме маълумот пешниҳод гардид. Ба гуфтаи роҳбарият дар ширкати мазкур корҳои саноати куҳӣ аз ҷумлаи коркарди ангишт яъне аз хокаи ангишт лулаҳои сақомонанд дар халтаҳои муносиб, ки аз ҷиҳати экологи  безарар ва дер хомушшаванда мебошад хуб ба роҳ монда шудаст. Намояндагони ширкати мазкур нақша  доранд, ки дар оянда вобаста ба зиёд будани конҳои ангишт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамсарҳади Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Қирғизистон-ро доштан ба МОИ “Суғд” ширкати нави худро таъсис дода бошанд. Ҳамзамон ҷонибҳо дар оянда доир ба таъсиси корхонаи коркарди панелҳои офтобӣ дар ҳудуди МОИ “Суғд” ибрози андеша намуданд.

    Сипас роҳбарияти Маъмурият довталабонро аз заминҳои холии МОИ “Суғд”, ки барои таъсиси субектҳо пешниҳод мегардад, нишон дода шуд.

loading