Шӯъбаи иттилоот

ТАШРИФИ ДОИРАИ СОҲИБКОРИИ ҶУМҲУРИИ ИТАЛИЯ ТАҲТИ РОҲБАРИИ ПРЕЗИДЕНТИ ПАЛАТАИ САВДОИ ИТАЛИЯ – РОССИЯ ҶАНОБИ ФЕРДИНАНДО ПЕЛАЦЦО

ТАШРИФИ ДОИРАИ СОҲИБКОРИИ ҶУМҲУРИИ ИТАЛИЯ ТАҲТИ РОҲБАРИИ ПРЕЗИДЕНТИ ПАЛАТАИ САВДОИ ИТАЛИЯ – РОССИЯ ҶАНОБИ ФЕРДИНАНДО ПЕЛАЦЦО

27 апрели соли ҷорӣ ба МОИ «Суғд» доираи соҳибкории Ҷумҳурии Италия таҳти роҳбарии Президенти Палатаи савдои Италия – Россия ҷаноби Фердинандо Пелаццо бо мақсади шиносоӣ аз фаъолияти МОИ “Суғд” ва  ҳамкорӣ намудан ташриф оварданд.

 

Эшонов Хайём сардори Раёсати маъмуригардонии минтақаҳои озоди иқтисодии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳакимов Н.А. муовини роҳбари  Маъмурияти МОИ “Суғд” меҳмононро хуш пазируфта, вохурии судманд гузаронида, тариқи рӯнамо ба меҳмонон оиди фаъолият, имтиёз ва бартариҳои МОИ “Суғд” маълумот пешкаш карда шуд.

   

   

Сипас, меҳмонон аз як қатор корхонаҳои МОИ “Суғд” аз ҷумла: ҶДММ КФ “Фортуна Ко”, ҶДММ КМ ТТ “Арча мебел”, ҶДММ “Азияполитекс”, ҶДММ КМ ТТ “Таҷпроф”, ҶДММ КМ ТТ “Силкоат бойя” ва ҶСК “Ариана металл пласт” дидан намуда, бо масъулини корхонаҳо ҳамсуҳбат шуданд.

   

Дар охир аз тарафи роҳбарияти МОИ “Суғд” ба меҳмонон оиди ташкили корхонаҳои муштарак байни Тоҷикистону Италия таклифҳо пешниҳод карда шуд, ки онро меҳмонон хуш пазируфта, барои ҳамкории дуҷониба дар оянда  изҳори розигӣ баён намуданд.

 

ТАШРИФИ ГУРУҲИ СОҲИБКОРОНИ ВИЛОЯТИ ОЛТОЙИ ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ БА МОИ “СУҒД”

ТАШРИФИ ГУРУҲИ СОҲИБКОРОНИ ВИЛОЯТИ ОЛТОЙИ ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ БА МОИ “СУҒД”

12 апрели соли ҷорӣ гуруҳи соҳибкорон таҳти роҳбарии Президенти Палатаи савдо ва саноати вилояти Олтойи Федератсияи Россия ҷаноби Чесноков Б.А. бо мақсади шиносоӣ аз фаъолият ва имтиёзу афзалиятҳои МОИ “Суғд” дидан намуданд.

Роҳбарияти маъмурияти МОИ “Суғд” меҳмононро хуш пазируфта, бо фаъолияти якчанд субъектҳои минтақа, аз ҷумла: ҶДММ “Азияполитекс”, ҶСК “Ариана металл пласт” ва ҶДММ “Фортуна Ко” шинос намуданд.

Баъди боздид меҳмонон изҳори хоҳиши ҳамкорӣ намудан бо субъектҳои МОИ “Суғд” – ро намуданд.

ТАШРИФИ НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ ҶДММ “ПОЛИТРЕЙД” – и ШАҲРИ ТОЛЯТТИИ ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ БА МОИ “СУҒД”

ТАШРИФИ НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ ҶДММ “ПОЛИТРЕЙД” – и ШАҲРИ ТОЛЯТТИИ ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ БА МОИ “СУҒД”

11 апрели соли ҷорӣ ба МОИ «Суғд» муовини директори ширкати ҶДММ «Политрейд»-и шаҳри Толяттии Федератсияи Россия, ҷаноби Погребной А.А. бо мақсади шиносоӣ аз фаъолияти МОИ “Суғд” ва  ҳамкорӣ намудан ташриф овард.

Инчунин, дар рафти сафари худ Погребной А. А. бо як қатор субъектҳои  муваффақ ва калонтарин, аз қабили ҶДММ «Азияполитекс», ҶДММ «Арча Мебел», ҶДММ «Тоҷикполиэтилен» шинос шуда, хоҳиши ҳамкорӣ бо субъектҳои номбаршударо изҳор намуд.

 

ИФТИТОҲИ КОРХОНАИ САНОАТИИ НАВ ДАР МОИ “СУҒД” БО ИШТИКОРИ АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ, ҶАНОБИ ОЛӢ – МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

ТАШРИФИ МУОВИНИ ЯКУМИ ВАЗИРИ РУШДИ ИҚТИСОД ВА САВДОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МОИ “СУҒД”

ТАШРИФИ МУОВИНИ ЯКУМИ ВАЗИРИ РУШДИ ИҚТИСОД ВА САВДОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МОИ “СУҒД”

Санаи 23-24 марти соли ҷорӣ Муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Солеҳзода А.А. ба МОИ ” СУҒД” ташриф оварда, аз раванди омодагии ҶДММ ” Азияполитекс” барои ифтитоҳи расми шинос гардида, ҷиҳати дар сатҳи баланд омода намудани корхона барои оғози фаъолият ба роҳбарияти МОИ “СУҒД” ва корхона дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

ҶДММ “СУҒДБИТУМ” СУБЪЕКТИ НАВИ МОИ “СУҒД”

ҶДММ “СУҒДБИТУМ” СУБЪЕКТИ НАВИ МОИ “СУҒД”

3 марти соли ҷорӣ дар МОИ «Суғд» субъекти нав ҶДММ “СУҒДБИТУМ” ба қайд гирифта шуд. Шаҳодатномаи бақайдгириро роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Камолиддинзода И. Ҷ. ба роҳбари ҶДММ “Суғдбитум” Машрафов С.  Ғ. супорид. Роҳбари минтақа ба субъекти нав бурдбориву пешравиҳо  орзу намуд.

 

ВОХӮРИИ МАҶОЗӢ БО  МОИ «МОГИЛЕВ»-И ҶУМҲУРИИ БЕЛОРУС ВА МОИ «СУҒД»-И ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ВОХӮРИИ МАҶОЗӢ БО МОИ «МОГИЛЕВ»-И ҶУМҲУРИИ БЕЛОРУС ВА МОИ «СУҒД»-И ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Санаи 21-уми феврали соли ҷорӣ, тибқи нақша – чорабинии тартибдодашуда, байни МОИ Суғд (Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва МОИ Могилёв (Ҷумҳурии Белорусия) вохурии маҷозӣ оид ба ҳамкориҳои сармоягузорӣ ва тиҷоратию иқтисодӣ байни МОИ “Могилёв” ва МОИ “Суғд” баргузор гардид.

 

Сухани ифтитоҳӣ аз ҷониби роҳбарони маъмурияти минтақаҳо: МОИ “Могилёв” – Ярсев А.В. ва  МОИ “Суғд” – Камолиддинзода И.Ҷ. шунида шуд.

Сипас намояндагони маъмуриятҳои МОИ “Могилёв” ва МОИ “Суғд” оид ба имкониятҳои дуҷониб тариқи рӯнамо маълумот доданд.

Инчунин масъулини якчанд субъектҳои МОИ “Могилёв” ва субъектҳои МОИ “Суғд”, аз ҷумла ҶДММ КФ “Фортуна Ко”, ҶДММ КМ ТТ “Арча”, ҶДММ КМ ТТ “Силкоат Бойя”, ҶДММ КМ ТТ “Таҷпроф” ва ҶСК “Ариана Металл Пласт” тариқи рӯнамо доир ба корхонаи худ маълумот доданд.

НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДАР МАЪМУРИЯТИ МОИ “СУҒД” ОИД БА НАТИҶАҲОИ ФАЪОЛИЯТ ДАР СОЛИ 2022

НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДАР МАЪМУРИЯТИ МОИ “СУҒД” ОИД БА НАТИҶАҲОИ ФАЪОЛИЯТ ДАР СОЛИ 2022

9 феврали соли 2023 дар бинои Маъмурияти МОИ “Суғд” нишасти матбуотӣ доир ба натиҷаҳои фаъолияти МОИ “Суғд” дар соли 2022 баргузор гардид, ки дар он Роҳбари Маъмурият Камолиддинзода Илёсиддин Ҷамолиддин ба намояндагони ВАО – и вилоятиву ҷумҳуриявӣ оид ба дастовардҳо ва нақшаҳои фаъолияти  МОИ “Суғд” иттиллоъ дод.

 

Зимни баромад қайд карда шуд, ки Маъмурияти МОИ “Суғд” ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, супоришҳо ва фармоишҳои Вазорати рушди иқтисод ва савдо, татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ”, Низомномаи минтақаи озоди иқтисодии “Суғд”, нақшаи кории минтақа барои соли 2022 тадбирҳои зуруриро роҳандозӣ намуд.

Роҳбари Маъмурият Камолиддинзода И. қайд намуд, ки ҳаҷми истеҳсолоти маҳсулоти саноатӣ, хизматрасонӣ ва сохтмонии  МОИ “Суғд” дар давраи ҳисоботӣ    412,5 млн. сомониро  ташкил намуд, ки нисбат ба соли 2021 111,4 млн. сомонӣ ё 37 фоиз зиёд аст. Инчунин дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми маҳсулоти содиротии субъектҳо 135,3 млн сомониро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2021-ум 30,1 млн. сомонӣ ё 28,6 фоиз зиёд гардид.

Дар рафти нишаст зикр гардид, ки дар ин давра сармоягузорӣ асосан аз ҷониби 7 корхона, аз ҷумла ҶДММ “Оҳанкор”, ҶДММ “Азияполитекс”, ҶДММ “Донаи Алмос”,  ҶДММ “Покзарф” ҶДММ “Хуҷанд Пласт”, ҶДММ КМ ТТ “Арча Мебел” ва ҶДММ КМ ТТ “Таҷпроф” таъмин гардид, ки маҳсулотҳои истеҳсолшуда асосан ба Қазоқистон, Қирғизистон, Ўзбекистон, Олмон, Ироқ, Туркия ва Россия содирот гардиданд.

Инчунин қайд гардид, ки дар соли 2022 ҳаҷми сармоягузории мустақим 23,7 млн. сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта (18,1 млн. сомонӣ) 30,9 фоиз зиёд гардида, аз оғози фаъолияти МОИ “Суғд” ба 138,9 млн. сомонӣ баробар гардид.

            Дар соли 2022 шумораи умумии ҷойҳои корӣ дар МОИ «Суғд» ба 799 нафар баробар гардид, ки нисбат ба соли 2021 (774 нафар) 25 ҷойи корӣ  зиёд мебошад.

            Дар соли ҷорӣ аз ҷониби субъектҳои МОИ “Суғд” ба буҷети давлат аз ҳисоби пардохти андозҳои дахлдор (андоз аз даромад ва андози иҷтимоӣ)  4,95 млн. сомонӣ ворид гардид.

            Дар ин давра ҳаҷми пардохти боҷи гумрукӣ ва андоз аз арзиши иловашуда ба буҷет аз ҳисоби  субъектҳои МОИ “Суғд” 33,6 млн. сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба соли 2021 1,8 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Бо мақсади рушди фаъолияти субъектҳо Маъмурият ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи муаррифии МОИ “Суғд” дар арсаи байналмиллалӣ ва пешниҳоди маҳсулоти истеҳсолнамудаи субъектҳо дар бозорҳои хориҷӣ ҳамкориро бо намояндагӣ ва ниҳодҳои дипломатии Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷӣ ҷоннок намуда, як қатор корҳоро ба анҷом расонидааст.

Дар соли 2022 ҷиҳати таъмини иҷрои фаъолияти минтақа бо якчанд сармоягузорони ватанию хориҷӣ ва корпуси дипломатӣ зиёда аз 50 вохӯриҳо ва гуфтушунидҳои маҷозӣ, инчунин сафарҳои хизматӣ аз ҷониби Роҳбарияти маъмурият баргузор гардид.

Қайд кардан ба маврид аст, ки Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” дар маросими ҷамъбастии натиҷаҳои Озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин содироткунандагони Тоҷикистон” иштирок намуда, сазовори ҷоизаи номинатсияи “Беҳтарин содироткунандаи минтақаи озоди иқтисодӣ” барои давраи соли 2021 байни минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон гардид.

Инчунин дар рафти мулоқот қайд гардид, ки бо намояндагони МОИ “Ҷиззах”, “Қӯқанд” ва вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Узбекистон ва  ҶДММ “Осминожка”-и Федератсияи Россия ёддоштҳои тафоҳум баста шуд.

 Дар ҷамъбасти нишасти матбуот Роҳбари Маъмурият қайд намуд, ки дар семоҳаи аввал ифтитоҳи корхонаи бузурги истеҳсолӣ ҶДММ “Азияполитекс” дар ҳудуди минтақа ба нақша гирифта шуда, дар он зиёда аз 150 – 200 нафар бо ҷои кори нав таъмин хоҳанд гардид.

           

loading