ТАШРИФИ ҲАЙАТИ ВАКИЛОНИ ИНСТИТУТИ ХИМИЯ-ТЕХНОЛОГИИ ШАҲРИ ТОШКАНДИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН БА МАЪМУРИЯТИ МОИ “СУҒД”

15  декабри соли ҷорӣ ба МОИ «Суғд» доираи вакилони Институти химия-технологии шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳти роҳбарии муовини ректор Шернаев А.Н. бо мақсади шиносоӣ аз фаъолияти МОИ “Суғд” ва  ҳамкорӣ намудан ташриф оварданд.  

Муовини Роҳбари маъмурияти МОИ “Суғд” Ҳакимов Н.А. меҳмононро хуш пазируфта, дар толори Донишкадаи саноат ва хизматрасонӣ мулоқоти судманд гузаронида шуд, ки дар он тариқи рӯнамо ба меҳмонон оиди фаъолият, имтиёз ва бартариҳои МОИ “Суғд” маълумот пешкаш карда шуд.

Сипас, меҳмонон аз як қатор корхонаҳои МОИ “Суғд” аз ҷумла: ҶДММ “Азияполитекс”,  ҶДММ КФ “Фортуна Ко”, ҶДММ КМ ТТ “Арча мебел” ва ҶДММ КМ ТТ “Силкоат бойя” дидан намуда, бо масъулини корхонаҳо ҳамсуҳбат шуданд.

loading