Category: Без рубрики

ТАБРИКОТИ МУҲАММАДЗОДА МУҲАММАД СУЛТОН – РОҲБАРИ МАЪМУРИЯТИ МИНТАҚАИ ОЗОДИ ИҚТИСОДИИ “СУҒД” БА МУНОСИБАТИ 35 – СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ

ТАБРИКОТИ МУҲАММАДЗОДА МУҲАММАД СУЛТОН – РОҲБАРИ МАЪМУРИЯТИ МИНТАҚАИ ОЗОДИ ИҚТИСОДИИ “СУҒД” БА МУНОСИБАТИ 35 – СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ

 
Ҳамдиёрони гиромӣ!
Дар оғози сухан бо камоли эҳтирому самимият Ҷашни пурифтихори миллат- 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳамаи Шумо табрик ва таҳният мегӯям.
Истиқлолият барои мардуми куҳанбунёди тоҷик арзиши муқаддасу сарнавиштсоз буда, таҳти парчами он хурду бузурги кишвар барои тақвият додани пояҳои давлатдории навини худ бо азму талоши ватандӯстона заҳмат мекашанд ва дар зарфи сиву панҷ соли сипаригардида дар ҷодаи расидан ба ҳадафҳои стратегии кишварамон ба дастовардҳои бесобиқа ноил гардидаанд.
Мардуми шарифи Тоҷикистон дар ибтидои солҳои соҳибистиқлолӣ аз имтиҳони сангини таърих сарбаландона гузашта, таҳти роҳбарии хирадмандонаи абармарди арсаи сиёсат Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо заҳмати содиқона сарзамини аҷдодии худро соҳибӣ карданд ва онро ободу пешрафта гардониданд.
Имрӯз давлати озоду соҳибихтиёри мо дар арсаи байналмилалӣ соҳиби мақому манзалати шоиста буда, ҷаҳониён иқдому ташаббусҳои сулҳҷӯёнаву созандаи онро ҳамаҷониба дастгирӣ мекунанд.
Дар ҳамин замина, бояд бо ифтихор таъкид намоям, ки таҳти роҳбарии хирадмандона ва сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускор, сулҳпарвар ва ҷонибдори ҳамкориҳои созанда мавқеи шоиста пайдо намудааст.
Имрӯз ташаббусҳои созандаи кишвари мо дар масъалаҳои об, иқлим, ҳифзи пиряхҳо, рушди устувор, маърифати ҳуқуқӣ ва таҳкими сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфта, дар шакли қатъномаҳои Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шудаанд. Қабули чунин ташаббусҳо далели возеҳи афзудани обрӯю нуфузи Тоҷикистон ва эътирофи нақши созандаи сиёсати хориҷии кишвар дар ҳалли масъалаҳои муҳимми глобалӣ мебошад.
Ин дастовардҳо барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон боиси ифтихор буда, моро водор месозанд, ки бо эҳсоси баланди масъулияти шаҳрвандӣ сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолиро боз ҳам таҳким бахшем.
Агар таърихи 35-солаи даврони соҳибистиқлолии мамлакатро таҳқиқ намоем, аён мегардад, ки ин ҳама бурдбориҳо натиҷаи татбиқи сиёсати ҳадафмандона ва дурбинонаи ахтари иқболи мардуми кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Дар ҳақиқат ҳам, Пешвои миллат дар сарнавишти мардуми Тоҷикистон ба сифати ахтарест, ки дар шаби тору ноумедӣ пайроҳаи умедро равшан намуда, дар айёми дилсардиҳо бо муҳаббати худ мардумро ба зиндагӣ дилгарм карданд ва дар нобарориҳо иқболу барор бахшиданд.
Бо ҳамин орзуи нек бори дигар 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии кишвари азизамон Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз номи Муассисаи давлатии Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» ва шахсан аз номи худам ба якояки Шумо, ба аҳли хонадонатон ва ба ҳар як фарди шарафманди Тоҷикистон муборакбод гуфта, ба Ватани биҳиштосоямон истиқлоли ҷовидона ва ба ҳар фарди шарафманди диёр бахту саодати ҳамешагӣ таманно мекунам.
 
ТАШРИФИ СОҲИБКОРОН АЗ ВИЛОЯТИ ХАНТИ – МАНСИЙСКИИ ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ ТАҲТИ РОҲБАРИИ РАИСИ ШӮРОИ КОРШИНОСӢ ОИД БА САНОАТИ КУҲӢ ВА МЕТАЛЛУРГИЯ ҶАНОБИ КУЛДАШЕВ Т.Б. БА МОИ “СУҒД”

ТАШРИФИ СОҲИБКОРОН АЗ ВИЛОЯТИ ХАНТИ – МАНСИЙСКИИ ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ ТАҲТИ РОҲБАРИИ РАИСИ ШӮРОИ КОРШИНОСӢ ОИД БА САНОАТИ КУҲӢ ВА МЕТАЛЛУРГИЯ ҶАНОБИ КУЛДАШЕВ Т.Б. БА МОИ “СУҒД”

​ Санаи 13 марти соли 2026 ба МОИ “Суғд” соҳибкорони вилояти Ханти-Мансийскии Федератсияи Россия таҳти роҳбарии Раиси Шӯрои коршиносӣ оид ба саноати кӯҳӣ ва металлургияи “Маркази тиҷоратии рушди иқтисодии ИДМ” ҷаноби Кулдашев Тахир Бахридинович, бо мақсади боздид аз фаъолияти МОИ “Суғд” ташриф намуданд.
​ Ҳайати меҳмононро Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Муҳаммадзода Муҳаммад Султон дар даромадгоҳи МОИ “Суғд” хуш пазируфта, доир ба фаъолият ва афзалияту имтиёзҳои минтақа ба меҳмонон маълумоти муфассал доданд.
Ҳамзамон Роҳбарияти Маъмурияти МОИ “Суғд” соҳибкоронро аз рафти фаъолияти субъекти МОИ “Суғд” аз ҷумла: ҶДММ КФ “Фортуна-Ко”, ҶДММ КМ ТТ “Арча-мебел”, ҶДММ “Реал” ва ҶДММ “Стар пласт” шинос намуданд. Баъди боздид аз ҷараёни истеҳсоли маҳсулот ва гуфтушунид бо роҳбарияти корхона, ҳайати соҳибкорон баҳри дар оянда ҳамкорӣ намуданро қайд карданд.

 

 

 

Табрикоти Роҳбари Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” Муҳаммадзода Муҳаммад Султон ба муносибати Соли нави мелодии 2026

Табрикоти Роҳбари Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” Муҳаммадзода Муҳаммад Султон ба муносибати Соли нави мелодии 2026

Фарорасии Соли нави мелодии 2026-ро ба аҳли субъектони МОИ “Суғд”, шарикони рушд ва мардуми сарбаланди Тоҷикистони азизамон табрику таҳният гуфта, ба ҳар яки Шумо саломатӣ, умри бобаракат, саодату комёбӣ, пешрафту ободии бештар ва суботу оромии ҷовидона орзумандам.
Боиси ифтихор аст, ки таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саҳифаҳои таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва маҳз дар минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” ҳамчун соли бобарору хотирмон сабт гардид, ба монанди аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 18-уми ноябри соли 2025 дар Минтақаи озодии иқтисодии “Суғд” бинои нави Маъмурияти МОИ “Суғд”, ки дорои тамоми шароити кории муосир мебошад, ифтитоҳ ёфт, ки ин туҳфаи арзанда ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба кормандони минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” ба ҳисоб меравад.
Итминони комил дорам, ки мо бо заҳмати ватандӯстонаву аҳлонаи худ ҳамаи ҳадафҳои созандаи дар соли 2026 ба нақша гирифтаамонро сарбаландона амалӣ менамоем.
Бо изҳори ҳамин ниятҳои нек бори дигар ҳамаи шумоёнро бо фарорасии Соли нави мелолии 2026 сидқан табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки шумо зиндагии пурнишот ва ризқи фаровон, саломативу иқболи нек ва комёбиҳои рӯзафзун орзу менамоям.

Соли нав муборак бошад!

 

ТАШРИФИ САРМОЯГУЗОРОНИ ҶУМҲУРИИ МАРДУМИИ ЧИН ТАҲТИ РОҲБАРИИ МУОВИНИ МУДИРИ ДЕПАРТАМЕНТИ МАРКАЗИ ТИҶОРАТИ ҶАҲОНӢ ГРЕНЛАНДИЯ ХОНУМ КВИНА (QUEENA) БА МАЪМУРИЯТИ МОИ “СУҒД”

ТАШРИФИ САРМОЯГУЗОРОНИ ҶУМҲУРИИ МАРДУМИИ ЧИН ТАҲТИ РОҲБАРИИ МУОВИНИ МУДИРИ ДЕПАРТАМЕНТИ МАРКАЗИ ТИҶОРАТИ ҶАҲОНӢ ГРЕНЛАНДИЯ ХОНУМ КВИНА (QUEENA) БА МАЪМУРИЯТИ МОИ “СУҒД”

Санаи 10 декабри соли 2025 муовини мудири департаменти маркази тиҷорати ҷаҳонии Гренландия хонум Квина якҷо бо сармоягузорони Ҷумҳурии Мардумии Чин, намояндагони ширкати чинии “GUANGDONG AOKLY GROUP”, ки ба истеҳсоли батареяҳои сурбӣ ва литий машғул аст ба Маъмурияти МОИ “Суғд” ташриф намуданд.
Ҳайати намояндагонро Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Муҳаммадзода Муҳаммад Султон дар маҷлисгоҳи Маъмурият қабул намуда, меҳмононро аз фаъолияти минтақа ва имтиёзҳои мавҷудбударо ба сармоягузорон шинос кард ва қайд намуд, ки Маъмурияти МОИ “Суғд” омода аст баҳри ҳамкориҳои судманд бо соҳибкорон ва сармоягузорони Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳамаҷониба мусоидат намояд.
Сипас аз ҷониби мутахассиси пешбари шӯъбаи Муносибатҳои байналмилалӣ ва ҷалби сармоягузории Маъмурият, Раҳимова Умедахон ба меҳмонон тариқи муаррифинамоӣ (Презентатсия) оиди фаъолият, имтиёз ва бартариҳои МОИ “Суғд” маълумоти мушаххас пешниҳод гардид.
Дар охир ҷонибҳо омодагии худро баҳри таҳкими минбаъдаи муносибатҳои иқтисодӣ изҳор намуданд.

 

 

 

31-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

31-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамватанони гиромӣ, дӯстони азиз!
Ба муносибати 31-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шуморо бо ин руйдоди бузурги миллӣ табрик менамоем.

Конститутсия — танҳо санади ҳуқуқӣ нест, ин «Бахтномаи миллат» аст.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун қонуни асосии кишвар пояҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, ғоявию маънавии давлат ва роҳи интихобкардаи моро муайяну мушаххас намуда, сарчашмаи тамоми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳимоятгарӣ манфиатҳои ҳар як сокини Тоҷикистон мебошад.

Бахусус дар марҳилаҳои нахустини рушди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон барои миллати тоҷик қабул гардидани Конститутсияи худ ин як руйдоди таърихӣ ва дастоварди бузурге маҳсуб меёбад.
Ин аст, ки ҳамасола, Рӯзи Конститутсияро мардуми шарифи Тоҷикистон бо фараҳу шодӣ ва дастовардҳои шоёни меҳнатӣ пешвоз мегиранд.

Дар ин рӯзи муҳиму идона, ба ҳамаи Шумо, ҳамватанони азиз, саломатии устувор, бахту саодати бепоён, зиндагии осуда, иқболи нек таманно дорем!
Ба Ватани азизамон —Тоҷикистон — суботи ҷовидон ва пешрафти рӯзафзун орзу менамоем.

Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак!

Бо эҳтиром,
Муҳаммадзода Муҳаммад Султон

БАРГУЗОРИИ ПРЕСС-ТУР ЯКҶО БО НАМОЯНДАГОНИ ВАСОИТИ АХБОРИ ОММА (ВАО)  ВА БЛОГЕРОНИ МАҲАЛЛӢ БАҲРИ ШИНОСОӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ МОИ “СУҒД”

БАРГУЗОРИИ ПРЕСС-ТУР ЯКҶО БО НАМОЯНДАГОНИ ВАСОИТИ АХБОРИ ОММА (ВАО)  ВА БЛОГЕРОНИ МАҲАЛЛӢ БАҲРИ ШИНОСОӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ МОИ “СУҒД”

 

   Санаи 20 майи соли 2025 тибқи барномаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маъмурияти МОИ “Суғд” баҳри баргузории Пресс-тур бо намояндагони ВАО ва блогерони маҳаллӣ  якҷо бо намояндагони ВРИС бо мақсади шиносоӣ аз фаъолияти МОИ “Суғд” ташриф оварданд. 

   Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Муҳаммадзода Муҳаммад Султон дар маҷлисгоҳи Маъмурият меҳмононро бо руҳияи баланди меҳмондустӣ истиқбол намуда, доир ба фаъолият ва имтиёзҳои МОИ “Суғд” ба ҳозирин маълумот доданд ва намояндагони ВАО ба саволҳои додаи худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд. Ҳамчунин аз ҷониби мутахассиси пешбари шӯъбаи муносибатҳои байналмиллалӣ ва ҷалби сармоягузории Маъмурият Раҳимова У, ба меҳмонон тариқи муарифинамоии электронӣ (Презентация) маълумот пешниҳод гардид. Инчунин Роҳбари Маъмурият аҳли меҳмононро баҳри ҳамкорӣ, бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ намуданд.

      

                                                                 

   Сипас меҳмонон аз рафти фаъолияти якчанд субъекҳои МОИ “Суғд” аз ҷумла: ҶДММ КМ ТТ “Афранг Пластик”, ҶДММ “Азияполитекс”, ҶДММ КМ ТТ “Арча-мебел”, ҶДММ “КФ Фортуна-Ко”, ҶДММ КМ ТТ “Таҷпроф”  ҶДММ “Сайр Суғд”, МТҒ Донишкадаи саноат ва хизматрасонӣ, ҶДММ  “Саманди Суғд” ва “Сайёҳи Суғд” дидан намуда, аз ҷараёти рафти истеҳсоли маҳсулоти корхонаҳои мазкур аз наздик шинос шуда наворбардорӣ намуданд.

   Бояд қайд намуд, ки дар рафти боздид меҳмонон аз роҳбарияти корхонаҳо оиди фаъолият дар МОИ “Суғд” ва бартариву имтиёзҳои андозиву гумрукӣ иттилоъ гирифтанд. Инчунин кормандони корхонаҳо низ аз шароити хуби корӣ изҳори миннатдории хешро пеш аз ҳама ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри таваҷӯҳашон нисбати таъсиси корхонаҳои нави саноатӣ дар мамлакат ва ба ин васила зиёд намудани шумораи ҷойҳои кори холӣ изҳори миннатдорӣ баён намуданд.

   

    

ТАШРИФИ ҲАЙАТИ НАМОЯНДАГОНИ ҶУМҲУРИИ ҚИРҒИЗИСТОН ТАҲТИ РОҲБАРИИ ДИРЕКТОРИ МАРКАЗИ РУШДИ СОДИРОТ “ҚЫРГЫЗ ЭКСПОРТ” ТАКИРОВ У.К. БА Маъмурияти МОИ “СУҒД”

ТАШРИФИ ҲАЙАТИ НАМОЯНДАГОНИ ҶУМҲУРИИ ҚИРҒИЗИСТОН ТАҲТИ РОҲБАРИИ ДИРЕКТОРИ МАРКАЗИ РУШДИ СОДИРОТ “ҚЫРГЫЗ ЭКСПОРТ” ТАКИРОВ У.К. БА Маъмурияти МОИ “СУҒД”

 
Нимаи дуюми санаи 19 майи соли 2025 ба Маъмурияти МОИ «Суғд» ҳайати намояндагони Ҷумҳурии Қирғизистон таҳти роҳбарии Директори Муассисаи давлатии Маркази рушди содирот ва пешбурди он “Кыргыз Экспорт” дар назди Вазорати иқтисод ва тиҷорати Ҷумҳурии Қирғизистон Такиров У.К. бо мақсади шиносоӣ аз фаъолияти МОИ “Суғд” ва густариши робитаҳои сармоягузорӣ ташриф оварданд.
Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Муҳаммадзода Муҳаммад Султон дар даромадгоҳи МОИ “Суғд” меҳмононро хуш пазируфта оид ба фаъолияти минтақа маълумоти муфассал доданд. Ҳамзамон ба меҳмонон маводҳои иттилоотии минтақа тақсим карда шуд.
Сипас меҳмонон аз рафти фаъолияти якчанд субъекҳои МОИ “Суғд” аз ҷумла: ҶДММ “Азияполитекс”, ҶДММ “КФ Фортуна-Ко”, ҶДММ “Сайр Суғд” ва ҶДММ КМ ТТ “Афранг Пластик” дидан намуда, бо роҳбарияти корхонаҳои мазкур баҳри дар оянда ҳамкорӣ намудан ҳамсӯҳбат шуданд.
   
  
ТАШРИФИ ДИРЕКТОРИ ДОНИШКАДАИ ЭКОЛОГИЯ ВА ГЕОГРАФИЯИ ШАҲРИ СИНҶАНГИ ҶУМҲУРИИ ХАЛҚИИ ЧИН ХОНУМА ВАН ЛИСЯН БА МАЪМУРИЯТИ МОИ “СУҒД”

ТАШРИФИ ДИРЕКТОРИ ДОНИШКАДАИ ЭКОЛОГИЯ ВА ГЕОГРАФИЯИ ШАҲРИ СИНҶАНГИ ҶУМҲУРИИ ХАЛҚИИ ЧИН ХОНУМА ВАН ЛИСЯН БА МАЪМУРИЯТИ МОИ “СУҒД”

 

Санаи 14 майи соли 2025 ба Маъмурияти МОИ «Суғд» Директори Донишкадаи экология ва географияи шаҳри Синҷанги Ҷумҳурии Халқии Чин Хонума Ван Лисян бо мақсади шиносоӣ аз фаъолият ва робитаҳои иқтисодии МОИ “Суғд”  ташриф оварданд. 

Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Муҳаммадзода Муҳаммад Султон дар маҷлисгоҳи Маъмурият меҳмононро хуш пазируфта, доир ба фаъолият ва имтиёзҳои МОИ “Суғд” маълумоти мушаххас доданд. Ҳамчунин аз ҷониби мутахассиси пешбари шӯъбаи муносибатҳои байналмиллалӣ ва ҷалби сармоягузории Маъмурият Раҳимова У, ба меҳмонон тариқи муарифинамоии электронӣ (Презентация) маълумот пешниҳод гардид.

Ҷонибҳо доир ба корхонаҳои муштараки тоҷикию хитоӣ ва ё хусусии хитоӣ дар ҳудуди МОИ “Суғд” фаъолияткунанда  ва ҳамкориҳо бо ширкатҳои бонуфузи хитоӣ гуфтушунид намуда, баҳри дар оянда боз ҳам қавитар намудани муносибатҳои иқтисодӣ ибрози ақида намуданд. Дар охир меҳмонон аз фаъолияти яке субъекҳои МОИ “Суғд” ҶДММ “Азияполитекс” дидан намуда, бо масъулини корхонаи мазкур ҳамсӯҳбат шуданд.

   

 

loading